,
Панҷшанбе, 23-октябр
Дар зиндагӣ муҳимтарин дағдағаи одамӣ расидан ба камоли инсонӣ будааст ва ҳадаф аз вуҷуди дунё ва ҳаёти башарӣ ҳам дарёфти ин нуқтаи атфи камолу ҷамоли инсонӣ мебошад. Худованд ҳам дунёро офарида, то бандагони ӯ дар баробари рисолати аслӣ – парастиши зоти ягона, инчунин дарку фаҳм ва дарёфти дараҷа ва мақоме, ки инсонро будааст, ба воситаи илму дониш, ахлоқу одоб ва рафтору кирдор ба он мушарраф гардад. Расидан ба ҷойгоҳи аслӣ ва мартабаи лоиқулинсон онҷое, ки “фаришта ҷо надорад ба мақоми одамият” – ин худ дарёфти камоли инсонӣ мебошад, ки на ҳар касро дар ин дунёи пур аз шебу фароз ва пасту баландҳо лоиқи ин мартабат будааст. Зеро камоли инсонӣ барои расидан ба худ мушкилоти зиёд, азхудгузаштанҳо, худфидоиҳо ва ҷонбозиҳои бисёрро талаб менамояд, ки тоқату тавони ин заҳамот ва иҷрои вазоифи бар дӯш дошта корест сахту мушкил. Устод Аламхон Кӯчарзода бе шаку тардид аз зумраи афродест, ки ба мақоми шоистаи инсонӣ расида ва инсонияти худро камол бахшидааст.
Одами тиллоӣ – унвон гирифтани матлаби пеши назари хонанда таърихчаи ҷолиб дорад ва аз камолу ҷамоли Аламхон Кӯчарзода қисса мекунад. Соли 2016 вақте банда ба риштаи унвонҷӯии шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дохил шудам, зарурати интихоби устод ё худ роҳбари илмӣ ба миён омад ва барои интихоби роҳбар аз дӯстон ва афроде, ки дар ин роҳу дар ин ҷода қадам ниҳодаанд, маслиҳату машварат пурсидам. Дар ниҳоят аз гуфтаҳои дӯстон дарёфтам, ки устод бояд нафаре бошад донишманд, инсони хуб, роҳнамои муваффақ, хушахлоқ ва дорои сифоти намунаи роҳбариву инсонӣ – яъне шахсе бошад дар камоли хубиҳо ва дорои тамоми сифатҳои ҳамидаи як инсони воқеӣ.
Барои пайдо кардани ин гуна устод ҷустуҷӯи зиёд кардаму дар охир Худойро сипос, ки тақдир маро ба назди устод Аламхон Кӯчарзода бурд. Мувофиқи ваъда ману устод бояд дар факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вомехӯрдем. Аз ин рӯ, қабл аз соати мавъуд ба Донишгоҳ рафтаму – агарчи панҷ соли таҳсилро ҳамагӣ дар як ошёна поёнтар (факултаи Шарқшиносӣ) тамом карда бошам ҳам, боре устод Кӯчарзодаро надида будам – хостам пеш аз дидор бо устод дар борааш чизе пурсаму фаҳмам. Ногоҳ чашмам ба лавҳаи фахрии дар даҳлези факулта насбкардашуда афтод, ки акси чанде аз устодони факулта онҳое, ки солиёни зиёд дар ин боргоҳ ба шогирдон дарс гуфтаву мӯйи сарро сафед ва қоматро хам кардаанд, часпонида шуда буд. Аз миёни он бузургон акси устод Аламхон Кӯчарзодаро пайдо кардаму лаҳзае чанд ба ӯ нигаристам.
Баъди чанде ба устод Кӯчарзода занг задам, ки гуфтанд ман дар кафедра ҳастам, марҳамат биёед. Пас аз салому алайк ва пурсиши аҳволу баёни мақсад устод Кӯчарзода дар аввал аз мушкилоти роҳи илму дониш, таҳқиқу пажуҳиш сухан карданд ва гуфтанд, ки агар азмат қавист, ворид шудан ба он кори олист, вагарна худатро беҳуда ташвиш надеҳ. Ман, ки пас аз фикру мулоҳизаҳои зиёд ба ин хулоса омада будам, ки бояд ба кори илмӣ машғул шавам, ҷиддӣ будани мақсадамро баён кардам. Сипас сари қавлу қарор омадем, ки минбаъд ман шогирду устод Аламхон Кӯчарзода роҳбари илмӣ мебошем.
Аз он ҷое, ки аҳли хонавода ва ҳамкорону дӯстонам медонистанд, ки ман дар ҷустуҷӯи роҳбари илмӣ ҳастам, пайваста савол медоданд, ки корат чӣ шуд? Ягон роҳбар пайдо кардӣ? Пас аз расидан ба тавофуқ бо устод Кӯчарзода ба корхона баргаштам ва яке аз ҳамкоронам, ки худ аспирант буду кори илмӣ карда истода буд аз ман пурсид, ки чӣ кор кардӣ, ягон роҳбар ёфтӣ? Гуфтам як нафарро ёфтам, аммо ростӣ намедонам чӣ гуна одам бошад, номаш Аламхон Кӯчаров будааст. Ҳамкорам бо як ҳисси хушнудӣ ҷавоб дод: “Дӯстам, бахт ба рӯят хандид, устод Аламхон Кӯчаров одами тиллоӣ ҳастанд. Ман он касро хуб мешиносам”. Пас аз шунидани ин суханҳо ҳисси хушнудӣ маро фаро гирифт ва зуд ба падарам, ки пайваста мепурсиданд: устод ёфтӣ ё не, занг задаму гуфтам як роҳбар ёфтам номаш Аламхон Кӯчаров. Падарам ҳам дар ҷавоб гуфтанд, ки: “Писарам, иқболат баландӣ кард, Аламхон Кӯчаровро ман хуб мешиносам он кас тиллоӣ одам ҳастанд. Солҳое, ки ман дар Донишгоҳ давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ таҳсил мекардам, он кас дар он донишгоҳ дарс медоданд. Агарчи маро дарс надодаанд, аммо ман ӯро хуб медонам”. Ростӣ, ҳамин ибораи “одами тиллоӣ”-ро дар сифати устод Кӯчарзода Аламхон борҳову борҳо аз забони афроди зиёд шунидам.
Ҳамин тавр, давоми чанд соле, ки бо роҳномаиҳои устод Кӯчарзода Аламхон рӯйи мавзуи “Хусусиятҳои мавзуӣ ва жанрии шеъри тоҷик дар замони Истиқлоли Тоҷикистон” таҳқиқоти илмӣ анҷом додаму бо муваффақият рисолаамро дифоъ намудам, бо тамоми ҳастиям дарк кардам, ки дар воқеъ устод Кӯчарзода Аламхон “одами тиллоӣ” ҳастанд.
Кӯчарзода Аламхон дар баробари он ки донишманди хуби риштаҳои матншиносӣ, нақди адабӣ, пажуҳишгари хуби шеъри муосир ва дар умум як адабиётшиноси муваффақи замони мо мебошанд, инчунин ахлоқу одоб, рафтору гуфтор ва хислатҳои неки башардӯстонаашон ҷойгоҳи эшонро дар миёни дӯстону ҳамкорон, шогирдон ва умуман аҳли ҷомеа қавӣ ва эътиборашонро боло бурдааст.
Ҳар нафаре, ки дар мавриди устод Кӯчарзода сухан гуфтан хоҳад, ҳатман аз ахлоқи наҷиб ва инсонияти ӯ суханро оғоз мекунад, ки ин мартабаи баланди инсонӣ, тавре дар боло гуфта шуд, ба ҳар кас муяссар намешавад. Устод Кӯчарзодаро илму ахлоқ тавъам аст ва омезиши ин ду унсури муҳимми ҳаётӣ аст, ки ӯро муътабару соҳибэҳтиром гардонидааст. Дар мавриди одамияти устод Кӯчарзода чӣ қадаре ки гӯем, кам аст ва умуман ҳама он сифатҳои неке, ки барои як инсони асилу комил дар назар гирифта мешавад, дар симову дар вуҷуди устод Кӯчарзода ба тамом дида мешавад.
Аламхон Кӯчарзода ҳамчун донишманд, адабиётшинос, матншинос, мунаққиди адабӣ ва ҳамчун шоир (баъзан шеър ҳам мегӯянд), ба камол расидиаанду пайи хизмат ба халқу миллат заҳматҳои зиёд кашидаанд.
Ӯ аз авалин касонест, ки илми матншиносиро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун фанни мустақил вориди барномаи таълимӣ намуд ва барои рушди ин бахши адабиётшиносӣ бо нашри китобу мақолаҳо, таҳқиқоти осори адибони алоҳида ва ба воя расонидани шогирдон хизматҳои бузург анҷом додааст.
Мунаққидӣ ё худ ба таҳлилу баррасӣ гирифтани осори шоирону нависандагон кори саҳл нест, зеро содиқонаву софдилона ва воқеъбинона баҳо додани заҳматҳои як адиб, пеш аз ҳама, дониши кофӣ ва дили покро тақозо менамояд, ки устод Кӯчарзода Аламхон ҳардуро дорост.
Пажуҳишҳои ӯ дар таҳқиқи осори устод Садриддин Айнӣ, ашъор ва эҷодиёти адибони наслҳои бузургсолу ҷавон ва таҳлили илмии матни осори адибони муосири тоҷик арзиши баланди илмӣ-адабӣ доранд, ки барои кушодани гиреҳҳои сарбастаи таҳқиқи илмӣ, барои муҳаққиқони дигар, аз ҷумла олимони ҷавон, сарчашмаҳои муҳим ва боъэтимоди илмӣ ба ҳисоб мераванд.
Таълифоти устод Кӯчарзода Аламхон дар бахшҳои мухталифи адабиётшиносии муосири тоҷик ба бештар аз 500 адад мерасанд, ки ба қавли муаллифони мақолаи “Заҳмат, масъулият ва хоксории устод” Аламхон Кӯчарзодаро бо боварии том метавонем донишманди соҳибмактаб унвон намоем: “Устод Кӯчарзода фидоии илму таҳқиқ ҳастанд. Чунин менамояд, ки ин кас ба равияи таҳқиқоти хеш чун ба фарзандашон муносибат мекунад. Ҷустуҷӯяшон муназзаму пайваста аст. Дер чоп мекунанд, вале хеле пухта. Андешаву ғояҳои илмиашон поя бар таҳкурсии устувори пажуҳиш доранд. То кунун чизе чоп нашудааст, ки дигарон ин ё он андешаи илмии ӯро зери шубҳа гузошта бошанд. Ӯро ҳамчун олими соҳибмактаб эътироф кардаанд”.
Бале, устод Аламхон Кӯчарзода инсони комил, олими тавонову соҳибмактаб, шахсияти соҳибэҳтиром, донишманде, ки сабку услуби таҳқиқ ва навишти худро дорад, муаллими хоскору дорои тамоми сифатҳои як омӯзгори воқеӣ ва муҳимтар аз ҳама одами тиллоӣ мебошанд. Хизмат ба халқу миллат, баланд бардоштани сатҳи дониши насли ҷавон, анҷоми таҳқиқоти илмӣ ва ҳалли муҳимтарин масъалаҳои адабиётшиносӣ ҳадафи аслӣ ва болотарин унвону ҷоизаи Аламхон Кӯчарзода аст.
Дуайт Дэвид Эйзенхауэр гуфтааст, ки: “Мо танҳо дар сурате дар зиндагӣ ё ҳар чизи дигар муваффақ мешавем, ки як ҳадафи муҳим ва таъсиргузорро таъйин кунем ва ҳамаи мулоҳизоти дигарро ба ин ҳадаф маътуф кунем” – дарвоқеъ устод Аламхон Кӯчарзодаро дар зиндагӣ ҳадаф хизмат ба халқу миллат ва расидан ба болотарин зинаи инсонӣ, яъне камоли инсонӣ будааст ва ҷойи шукру тасдиқ ин аст, ки ин ҳадафи бузург дар зиндагии ӯ муҳаққақ шудааст.
Бо он ки устод Аламхон Кӯчарзода ба синни мубораки 80 наздиканд, аммо талошу кӯшишҳояшон мардеро мемонад дар авҷи кору пайкор ва дар пеш мақсаду ниятҳои олӣ ва хеле бузургро доранд. Саодати ҳамешагӣ ва дасти болову рӯзгори ободи ин марди фидоии илму маърифат ормони шогирдон хоҳад буд.
Ҳадиятуллоҳи Амриддин, номзади илмҳои филологӣ, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон