,
Панҷшанбе, 23-октябр
Ҳар як ҷомеа ба шахсиятҳое ифтихор мекунад, ки бо заҳмати беназир ва садоқати бемисл роҳи илму маърифатро равшан месозанд. Онҳо устодоне ҳастанд, ки на танҳо дониш меомӯзанд, балки бо инсондӯстӣ, ахлоқи наҷиб ва панду ҳикмати зиндагӣ дар қалби шогирдон ҷо мегиранд. Чунин шахсият дар илму маорифи тоҷик устод Муродов Темур Назриевич буд, ки бо зиндагӣ ва осори пурбаракаташон нақши муҳимеро дар тарбияи ҷавонон ва таҳкими мактаби сиёсатшиносии тоҷик гузоштанд.
Зиндагӣ ва фаъолияти эшон – намунаи равшани садоқат ба илм ва масъулият дар назди ҷомеа аст. Аз овони ҷавонӣ то лаҳзаи охир, устод ҳамеша бо меҳнати софдилона ва муҳаббати беандоза ба шогирдон машҳур буданд. Мактаби илмии Муродов Темур садҳо донишҷӯ, унвонҷӯ ва пажуҳишгарро ба роҳи илму маърифат раҳнамоӣ карда, имрӯз осори илмии ӯ, аз монографияҳо то мақолаҳои пурарзиш, ҳамчун сарчашмаи боэътимоди назариявӣ ва амалии сиёсӣ хизмат мекунад.
Муродов Темур Назриевич инсоне буданд, ки соддагӣ, хоксорӣ ва инсондӯстиро бо донишу масъулияти омӯзгорӣ дар як шахсият муттаҳид карда буданд.
Устод 19 октябри соли 1958 дар шаҳри бостонии Кӯлоб, дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, аз овони ҷавонӣ роҳи пуршарафи илму маорифро пеш гирифтанд. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №18-и шаҳри Кӯлобро (1966-1976) хатм намуда, муддате ҳамчун дуредгари дараҷаи дуюм дар Идораи сохтмонии №15-и шаҳр фаъолият карданд. Пас аз хизмати сарбозӣ дар Артиши Иттиҳоди Шуравӣ (1977-1979), таҳсили олиро дар факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз карда, онро соли 1984 хатм намуданд.
Фаъолияти омӯзгориро устод аз мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №24 ноҳияи Вахш (1984-1986) оғоз карданд. Аммо муҳаббат ба илм ва таълиму тарбия онҳоро дубора ба Донишкадаи давлатии Кӯлоб овард. Аз соли 1986 то соли 2018, дар тӯли зиёда аз се даҳсола, устод дар кафедраҳои гуногун, аввал ҳамчун омӯзгори фанни забони русӣ, сипас саромӯзгори кафедраи забони русӣ ва дар охир дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ, фаъолияти пурсамар намуданд.
Таҷрибаи илмии эшон бо таҳсилу омӯзиш дар мактабҳои бузурги хориҷӣ низ ғанӣ гардид: соли 1987 дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов такмили ихтисос намуда, солҳои 1991-1992 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи М. Драгоманови шаҳри Киев таҷрибаомӯзӣ гузарониданд. Ҳамаи ин роҳ устодро ба мартабаи баландтар расонд.
Соли 2015, бо ҳимояи рисолаи номзадӣ дар мавзуи «Процесс формирования и развития политологии в вузах Республики Таджикистан в годы независимости» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба ҳайси номзади илмҳои сиёсӣ пазируфта шуданд ва соли 2020 унвони дотсентиро соҳиб гардиданд.
Мероси илмии устод гаронбаҳо аст. Муаллифи 3 монография, 3 дастурамали таълимию методӣ ва зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ дар самти масъалаҳои гуногуни илмҳои сиёсист. Китоби ӯ «Сиёсатшиносӣ» (Душанбе, 2024) ҳамчун дастури асосӣ барои донишҷӯён хизмат мекунад. Монографияаш «Политическая наука в вузах Таджикистана: состояние и особенности» (Душанбе, 2018) саҳми назаррас дар таҳлили таъриху ҷараёни ташаккули сиёсатшиносӣ дар кишвар гузошт. Дастурамали таълимии «Тарбияи идеявӣ-сиёсии ҷавонон омили муҳими мустаҳкам намудани арзишҳои миллӣ дар ҷомеаи демократӣ» (бо ҳаммуаллифон, Душанбе, 2023) бошад, равшан месозад, ки устод то охир ба масъалаҳои тарбияи насли ҷавон таваҷҷуҳи хоса доштанд.
Мақолаҳои сершумори эшон ҳар яке баҳси илмиро ғанӣ месозанд. Масалан, дар мақолаашон «Проблемы формирования политической культуры в процессе преподавания политологии в вузах Республики Таджикистан» (2015) масъалаи фарҳанги сиёсӣ баррасӣ мешавад. Дар таҳқиқоти дигар- «Экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа» (2016), хатарҳои ҷаҳони муосир мавриди пажуҳиш қарор гирифтааст. Ё дар мақолаи «Ҷаҳонишавӣ ва баъзе масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ» (2016) устод мавзуи хеле муҳимро барои ҷомеа кушодаанд. Ҳамчунин, дар таҳқиқоти муштараки худ бо Ф.Н. Яқубзода- «Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори низоми давлатдории дунявӣ» (2022), нақши Пешвои миллатро дар таҳкими давлати миллӣ бо асосҳои илмӣ ва таърихӣ шарҳ додаанд.
Дар баробари кори илмӣ, устод Муродов Темур омӯзгори асил буданд. Онҳо дарси сахтгирона мегузарониданд, аммо ҳамеша бо меҳрубонӣ ва самимият шогирдонро иҳота менамуданд. Ҳар як панди устод барои мо- шогирдон, оинаи поки зиндагӣ буд. На танҳо дониш, балки сабри устувор, масъулият ва ахлоқи накӯро аз онҳо омӯхтем.
Имрӯз даҳҳо унвонҷӯёну пажуҳишгароне, ки мактаби илмии устодро хатм кардаанд, дар муассисаҳои гуногуни илмии кишвар фаъолият доранд. Ин худ шаҳодати он аст, ки меҳнати поквиҷдонӣ ва садоқати устод ҳосили пурбаракат додааст.
Бо дард бояд гуфт, ки устод 25 феврали соли 2025 моро тарк карданд. Аммо бо эътимод мегӯем, ки номи онҳо абадан дар саҳифаҳои таърихи илму маорифи кишвар боқӣ хоҳад монд.
Хотираи неки устод ҳамеша дар ёду зеҳни мо шогирдон боқӣ хоҳад монд. Ҳамонгуна, ки адиб фармуда:
Аё устод аз хотир фаромӯшат нахоҳам кард,
Чароғи дар дили шогирд, хомӯшат нахоҳам кард,
Маро дар зиндагӣ оинаи пок аст панди ту,
Маро фахр аст паймудан раҳи пасту баланди ту.
Устод Муродов Темур Назариевич на танҳо як омӯзгор, балки як шахсияти фарҳангӣ ва маънавӣ буданд, ки бо осори худ роҳи наслҳои имрӯз ва ояндаро равшан месозанд. Онҳо барои мо намунаи омӯзгоре боқӣ монданд, ки илму ахлоқ, дониш ва муҳаббатро ҳамеша дар як ҷо медиданд.
Номи неки эшон ва мероси илмияшон ҳамчун чароғи равшангар дар роҳи илму маорифи Тоҷикистон абадан боқӣ хоҳад монд.
Яқубзода Фирӯз, н.и.с., дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДК ба ном Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ