, Панҷшанбе, 23-октябр

АЗ ДОМОНИ ОРЗУ ТО ПАЙРОҲАИ МУВАФФАҚИЯТ


АЗ ДОМОНИ ОРЗУ ТО ПАЙРОҲАИ МУВАФФАҚИЯТ

(Чанд таманниёт ва ёддошти омехтаи идона)

Бароям муҷиби ифтихору шарафи бузург аст, ки 19 сол инҷониб дар даргаҳи бароям хеле азиз ва муътабар - Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, фаъолият менамоям. Шебу фарози зиёдро афтидаву давон убур карда ва ниҳоят ба марҳилае расидем, ки шоистаи ном бурдан аст. Дар ин роҳ хидмати шоиставу бедареғи устодонам Иззатулло Тамлихоев, Соат Чалишев, Аҳмад Алиев, Қаюм Сангов, Ғоиб Мирзоев, Аламхон Кӯчарзода, Искандар Икромов, Грез Иброҳимов, Ёралӣ Содиқов, Абдулҳай Қаландар, Маҳтовбӣ Мирзоева, Латиф Барот, Бурӣ Гулназаров, Маҳмадулло Ибодов, Сайдаҳтам Юнусов, Асозода Ҳотам, Нодира Ашурова, Зайналбӣ Холиқова, Фарҳод Шафизода, Маҳмадсафар Давлатов, Бахтиёр Сафаров, Достӣ Шарифов, Гулчеҳра Муродова, Эмомназар Пирназаров, Кенҷамо Маҷидова ва дигарон роҳро бароям кушоданд, ки аз ҳамагиашон сипосгузорам ва ҳамеша иззаташонро пос медорам.

Як руҷӯи кӯтоҳ аз аёми донишҷӯӣ

Донишҷӯӣ дар донишгоҳ бароям бо назардошти мушкилиҳои будааш хеле ҷолибу хотирмон сипарӣ гардидааст. Ниҳоят 28 августи соли 2006 дар гӯшаи овезаҳои эълони натиҷаи имтиҳонот ғайриинтизор номам дар ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик пайдо гардид. Аслан хоҳиши худам таҳсил дар ихтисоси забон ва адабиёти рус буд. Каме маъюсӣ ва дилсардӣ маро фаро гирифт, мароқам ба таҳсил коҳиш ёфту завқе, ки дар замирам ҷӯш мезад, аз он ҳам нишоне боқӣ намонд. Аммо ваъдаи интиқол ба он ихтисос каме маро  таскин бахшид. Ба умеди интиқол ба ихтисоси забон ва адабиёти рус баъди чор рӯз, яъне 1 сентябри соли 2006 (ҷумъа) дарс оғоз гардид. Дар даромадгоҳи бинои факултет ҳайати онвақтаи факултет бо раҳбарии профессор Раҳим Саидов – декани факултет ҳамаи ҳайати омӯзгоронро ба мо донишҷӯёни курси якум муаррифӣ намуд ва баъди он дарси аввал оғоз гардид. Дар ҳамон дарси нахуст, ки баъди чанд рӯз ба тамрини ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ҷалб гардидем, муҳаббати таҳсил дар ин даргаҳ дар дилам ҷо шуд ва фикри интиқол ба факултети филологияи рус барои ҳамеша аз ман канор рафт. Ҷиддият, самимият ва муҳаббату эҳтироми коллективона ва садоқати шогирдон нисбат ба устодон афсонавӣ ба назар мерасид. Ҳаёти таҳсил дар факултети забон ва адабиёти тоҷик мисли саҳнаи театрӣ буд, ки гӯё нақшофарӣ дар намоише бошад. Тамоми устодон дар ҳама ҷо – дар кӯча, дар тамрингоҳ, рӯзҳои шанбегӣ, хулас дар ҳама ҷо бо забони ноби тоҷикӣ, муаддабона, лекин хеле ҷиддӣ суҳбат мекарданд, махсусан, омӯзгорони ҷавон А.Амлоев, Р. Наботов, М.Қувватова, М.Давлатова ва дигарон, ки завқи кас меомад.

Дониши комил, ҷаззобияти хоса, фарҳехтагӣ, салобати инсони муваффақ ва муносибату ғамхории устодони ин даргаҳ буд, ки масири зиндагиамро иваз намуда, роҳи солҳо тарҳрезшудаи ҳаётамро тағйир диҳам. Даъвои комилу сареҳият надорам, аммо шукр, ки дар ни роҳ низ чанд қадами муваффақона бардоштам. Дар роҳи омӯзишу таълим  аз корманди оддӣ то раҳбарӣ, ки пайи хидмати содиқона ва риёзати аз фиреб канору бо арақи чабин омехта чордаҳ сол дар як масиру як даргаҳ камари хидмату ҳиммат бастаам. Аз омӯзгор буданам, аз масире, ки ҳар қадами бардошта ҷуз аз сохтану тарбия кардан, ба роҳи муроду муваффақият раҳнамун сохтан чизи дигар нест, ифтихор дорам ва ба ягон қиммат онро иваз намекунам ва дар ин ҷуз кушиши пешрафт фикре дар сар намепарварам.

Як ташаккур аз падару модарам ва ҳамсарам

Пеши виҷдонам қарздор мемонам, агар аз саҳми падару модарам чизе нагӯям. Даврони таҳсилам дар донишгоҳ ба лаҳзаҳои мушкил рост омада буд, ки қиссаш дароз аст. Ба падару модари азизам, ки бароям ҳамаи ҳастиашонро нисор карданд, ҳамеша паҳлуям буданду ҳанӯз ҳам ҳастанд, самимона изҳори сипос ва шукргузорӣ мекунам. Дар ин радиф хидмати ҳамсари азизам, ки, хушбахтона, дар як масир фаъолият дорему заҳмати баробар мекашем, назаррас аст. Аз эшон низ поси ҳамаи заҳмат, ҳамраҳӣ ва эҳтиром самимона сипос мегӯям.

Ману остонаи донишгоҳ

Гарчанде донишгоҳро бо дипломи аъло хатм мекунам, фикру зикри кор дар донишгоҳ дар сар набуд. Ману донишгоҳ? Барои кадом донишу заҳмат? Ҳатто ҷуръат намекардем, ки ба рӯйи устодон нигоҳ карда ҳарф занем. Ҳам тарс, ҳам ҳаяҷон ва ҳам шодию сурур, зеро рӯзҳои охири хатми донишгоҳ буд, ки устоди шодравон Ғоиб Мирзоев маро даъват карда, гуфтанд: “Туро дар кафедра ба кор мегирам, агар мудирони дигар гӯянд, гӯед, ки устод Мирзоев, аллакай, маро ба кор гирифт. Боз гапамро фаромӯш накунӣ”. Ин лаҳзаест, ки ҳеҷ гоҳ онро фаромӯш намекунам. Дар хобу хаёл ва тасаввурам кор дар донишгоҳ набуд. Маҳз бовариву самимияти устод сабаб гардид, ки ин роҳро интихоб намоям. Яъне муҳаббату самимияти нафаре, ки бо ӯ итминони комил дорӣ, метавонад роҳи зиндагиатро тағйир бидиҳад. Ин гуна дастгириҳо бо тавсияи устод баъди фаъолият дар кафедраи мазкур идома ёфтан гирифт. Пас аз фаъолияти начандон зиёд ба вазифаи ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявӣ (дар он замон роҳбарии факултетро устод Грез Иброҳимов ба зимма доштанд) таъйин гардидам. Дар воқеъ, фаъолият бо чунин афрод хастанопазир буд. Албатта, дар давоми фаъолият камбудиҳо зиёд буданд, боре ҳам нашудаст, ки сухани ноҷое, носазое ва ё дуруште гуфта бошанд. Боз тавсия медоданд, ислоҳ мекарданд, меомӯзониданд ва тарбия мекарданд. Ҳеҷ гоҳ аз ёдам намеравад, ки устод Грез Иброҳимов наздам меомаданду ҳолпурсӣ мекарданд ва мегуфтанд: “Ман факултетро бо туву туро ба Худо месупорам. Нигоҳ кун, ки маро коре пеш омадааст ва супориши маъмурияти донишгоҳро бояд иҷро намоям”. Яъне чунин самимияту боварӣ ба зердаст, волотарин хислати инсонист. Чунин дастгириҳо дар ҷараёни дарс ва баромадҳо дар семинари илмӣ-методии назди кафедра низ аз ҷониби устод Ғоиб Мирзоевро беинтиҳо медонам.

Дар корзори фаъолиятҳои мухталифи донишгоҳ, дар паҳлуи шахсиятҳои барӯманди диёр С.Каримов, Р. Акбаров, Абдулло Ҳабибулло, Аламхон Кӯчарзода, И.Икромов, И. Тамлихоев, С. Чалишев, А. Алиев, Қ.Сангов, Ғ.Мирзоев, Г.Иброҳимов, Ё. Содиқов, Абдулҳай Қаландар, Л.Баротов, Б.Гулназаров, М.О.Ибодов, С.Юнусов, С.С. Мирзоев, И.Ғуломов, Ҷумъахон Алимӣ, А.Ҳалимов А., Азамов Х.С., М.Иззатова, Асозода Ҳотам, Д.Шарифов, И.Икромов, М.Х.Абдуллоев, Н.Н. Солеҳов, Г.Ҳоҷиматова, Д.Расулов, К.Иззатуллоев, Н.Расулов, М.Набиев, С.Абдулвоҳидов, Д.Сайдалиев, С.С.Холиқов, Э.Пирназаров, Ш.З.Худойдодова, Н.Ашӯрова, З.Холиқова ва амсоли инҳо, ки умри хешро нисори таълиму тарбияи насли наврас дар ин боргоҳи илму маърифат намуданд, фаъолият кардам ва аз таҷрибаи мактаби бузурги эшон баҳра гирифтам.

Корзори фаъолияти 21 ректори донишгоҳ, ки муддати 80 соли сипаригардида дар рушду нумуи ин боргоҳи илму маърифат саҳм гузоштанд, рангину мухталифанд. Ҳар нафари онҳо ба тавони худ саҳме дар рушд ва пешрафти ин богоҳ гузоштаанд. Аз ибтидо то кунун ин боргоҳро шахсиятҳои саршиносу маъруф, донишмандони варзидаи кишвар роҳабарӣ карданд, аз ҷумла Раҳмон Каримов (1945-1948), Бозор Шарифзода (1948-1948), Муҳаммадӣ Исматуллоев (1948-1950), Худойназар Мамадназаров (1951-1953), Ашраф Сиддиқов (1953-1953), Ҳамид Қосимович Хоҷаев (1953-1957), Назришо Латипов (1957-1960), Ниёз Сафаров (1960-1962), Тоҳир Умаров (1962-1971), Абдулло Раҳимов (1971-1972), Иқбол Давлатович Хушвахтов (1973-1980), Тағай Раҳмонов (1980-1990), Маҳмуд Ҳакимович Маликов (1990-1993), Самариддин Каримович Каримов (1993-2004), Хурсанд Саидович Аъзамов (2004-2008), Каримҷон Қодиров (2008-2010), Нуралӣ Назарович Солеҳов (2010-2012), Табарӣ Абдулло Ҳабибулло (2012-2020), Мирализода Абдусалом Мустафо (2020-2022), Раҳмон Дилшод Сафарбек (2022-2025) аз 28 майи соли 2025 то ҳол Сафарзода Мунир Ватан.

Ҳузури каминаи кам дар корзори фаъолияти ин даргаҳ аз замони раҳбарии Азамов Хурсанд Саидович маншаъ мегирад. Дар замони устод Азамов Х.С. ва Қодиров К.Б. донишҷӯ будам (иттифоқи касаби донишҷӯён, раиси созмони ҷавонони факултет), лекин бо мароқ ба роҳбарият таваҷҷуҳ мекардам ва аз фаъолияти онҳо то ҷое ошноӣ доштам. Фаъолияти кори омӯзгориам аз замони раҳбарии Солеҳов Н.Н. оғоз гардид ва то имрӯз бо Сафарзода М.В. панҷумин ректор аст, ки ба қавли маъруф камар бастаем.

14 соли бобарор ё?

Хушбахтона, бахт ва иқбол бофти тори сарнавишти моро ба ҳайате ихтиёр дод, ки бо фитнаву найранг бегона буданд ба қавли гуфти муосир “манёвр”-ро намедонистанд ва софдилона дар роҳи росту масири одамият будан тарбия карданду ҳеҷ гоҳ нагуфтанд, ки “ту наметавонӣ ё намешавӣ”. Хомию заъфи моро таҳаммул карданду даст гирифтанд, ҳамроҳамон қадам бардоштанд ва ба роҳи мустақилият роҳнамун сохтанд, яъне рисолати инсониашонро иҷро карданд. Маҳз ҳамин заҳматҳояшон буд, ки маҳбуби дилҳо гардиданду дар саҳифаҳои таърих номашон бо хати зарин навишта шуд ва хотироту иззаташонро ҷовидонӣ карданд (ин сипосгузорӣ поси хидматҳои устодонам).

Чордаҳ соли фаъолиятам дар донишгоҳ бо тартиби зина ба зина ба роҳ монда шуда, хушбахтона, дар ҳар самти фаъолиятам, агар пешрафт накарда бошам, яқинан мегӯям, ки муваффақият ва дасти боло доштам. Дар назар муболиға менамояд, лекин шоҳидони зиёде дар ҳаётанд, ки инро тасдиқ мекунанд ва намехоҳам аз онҳо ёдовар шавам, мабодо  “дӯстон” миннат зиннаташ диҳанд.

Ҳангоми фаъолияти корӣ дар рушд ва пешрафти ин даргаҳи азиз хидмати шабонарӯзӣ доштем, махсусан, дар таҷлили ҷашни 70-солагии муассиса, ки он замон корманди шуъбаи илм ва инноватсия будам ва масъули ду чорабинии асосии ҷашн. Ин хидматгузориро ифтихори бузург медонам ва то вопасин нафас ҳамчун фарзанди содиқи ин диёр ба ин боргоҳи муқаддас хидмад хоҳам кард.

Таманниёти идона

Шукри соҳибистиқлолӣ ва суботи комили сиёсӣ, ки кишвари азизам дар шумори амнтарин давлатҳои дунё ҷой гирифта, дар харитаи сиёсии ҷаҳон баъди ҳазор соли парокандагӣ тавассути ҷонбозиву фидокориҳои фарзанди фарзонаи кишвар, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеъ дорад. Ҳамаи рушду пешрафти кишвар маҳз аз ягонагиву ваҳдат, ки ҳамагӣ самараи истиқлолияти давлатӣ аст, ба даст омадаанд. Пешрафти бемайлони рушди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ маҳсул ва самараи даврони соҳибистиқлолист, ки имсол аз таъсиси он 80 сол пур мешавад ва тантанаи солгарди он бо натиҷагирӣ аз дастовардҳои беназир таҷлил мегардад. Бо истифода аз фурсат дар ҳошияи таҷлили ин тантанаи муҳташам коллективи азиз ва муътабари донишгоҳро самимона муборакбод намуда, баҳрашон фатҳи қуллаҳои кашфношунаи эҷод ва парвози баланду осудаи таълиму тадрисро таманно менамоям.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар тули мавҷудияти худ дар мудҳиштарин лаҳазоти таърихӣ чанд маротиб мавриди иҳонат қарор гирифта буд, бигузор он лаҳазоти шум дигар такрор наёбанд. Дар тамоми давраҳои мавҷудияти худ ин боргоҳи муқаддас баробари мушкилоту норасоиҳо рисолати худро шарафмандона иҷро намуда, мутахассисони варзидаро омода ва ба хоҷагии халқи мамлакат эҳдо намудааст. Қадамҳои устувор ва рушд, омода намудани мутахассисони варзидаи касбӣ, иҷрои рисолати таърихӣ, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ, беҳтар гардонидани сифати таълим, таъмини шароти мусоиди кору фаъолият, ташкили фазои хуби корӣ ва зиндагии шоиста ва ташаккули рушди бемайлони мактаби ахлоқу инсонгароӣ аз иҷрои шарафмандона ва хидматҳои шоистаи коллективи азизу муътабар вобастагӣ дорад, ки, хушбахтона, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ин рисолат сарбаландона иҷро гардидааст.

Танатанаи хирадафзо, сурури шодмонӣ, 80-умин баҳори муваффақияту бобарорӣ барои мардуми шарафаманд, коллективи заҳматпеша, ҳайати олимону профессорон, мардуми Кӯлоби нозанин, хосатан, олимону донишмандоне, ки заминаи таърихии ин дагаҳи муътабарро барои мо насли баъдӣ фароҳам оварданду имрӯз дар ҳаёт нестанд (рӯҳашон шод бод), фархунда бод. Ҷашн муборак!

Абдусамадзода Эраҷ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муовини ректор оид ба таълим




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!