, Панҷшанбе, 23-октябр

ЁДЕ АЗ УСТОД РАСУЛОВ ДАВЛАТМУРОД


ЁДЕ АЗ УСТОД РАСУЛОВ ДАВЛАТМУРОД

Дар тайёрнамоӣ ва ба камол расонидани мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат нақши устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, аз ҷумла зиёии хирадафрӯзу педагоги асил, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Расулов Давлатмурод нақши ниҳоят калон дорад.

Расулов Давлатмурод соли 1939 дар деҳаи Ашурқовони ноҳияи Балҷувон дар оилаи деҳқон ба дунё омода буд. Соли 1953 мактаби ҳафтсолаи №1-и ноҳяи Балҷувонро хатм намудааст. Дар замони муҳоҷиркунии аҳолӣ ҳамроҳи оилаашон кӯчида  ба совети  қишлоқи Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб омадаанд. Ӯ дар синни наврасӣ (8-солагӣ) аз падару  модар  маҳрум  гардида, бародари калонаш шодравон Расулов Сангаҳмад ӯро тарбия ва ба камол расонидааст.

Расулов  Давлатмурод  соли  1958  мактаби  миёнаи  онвақта ба номи А.С. Макаренкоро  хатм  намуда, худи ҳамон сол  ба  шуъбаи  таърихи  факултаи  таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (пештара Университети давлатии  Тоҷикистон  ба номи  В.И.Ленин)  дохил  шуда,  соли  1961  онро  бо  ихтисоси   муаллими  фанни  таърих  хатм  намудааст.

Баъди  хатми  университет дар давоми  солҳои  1961-1965  вазифаи  муаллими  фанҳои  таърих  ва педагогикаро дар  собиқ  омӯзишгоҳи  педагогии  шаҳри Кӯлоб ба ҷо овардааст. Моҳи июли соли 1965  ректори  институти  давлати  педагогии  шаҳри  Кӯлоб шодравон  Умаров  Тоир  Умарович ӯро  даъват  намуда, хоҳиш  менамояд, ки ба донишҷӯёни таълими  ғоибонаи  факултети  филологияи рус  аз  фанни  педагогика  дарс  гӯяд.

Устод Расулов Д. ҳамчун педагог сухани ин шахси муътабарро  рад  накарда,  розӣ  мешавад  ва аз  иҷрои  ин  вазифа  бо сарбаландӣ  мебарояд.  Баъди  ҷамъбасти дарсҳо Умаров Т.У.  Расуловро  ба  наздаш  даъват  намуда, мегӯяд, ки мо шуморо ба вазифаи муаллими  кафедраи педагогика  ба кор  қабул менамоем. Расулов Д. ба ин  таклиф  розигӣ  медиҳад. Ҳамин тавр аз моҳи августи соли 1965 то охири умраш муаллим Расулов Давлатмурод дар  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба  номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият намуданд.  Дар  давоми  фаъолияти  педагогиаш дар ин  даргоҳи илму  фарҳанг  вазифаҳои   гуногунро иҷро намудааст. Аз ҷумла солҳои 1965-1968 муаллими кафедраи педагогика ва психология, солҳои 1968-1970 хизмат бо рутбаи  лейтинанти  калон  дар  сафи  қувваҳои  Мусаллаҳи  Иттиҳоди Шуравӣ, солҳои 1970- 1971 муаллими  кафедраи педагогика  ва  психологияи Институти  давлатии Кӯлоб,  март - апрели соли 1971  мудири  кафедраи  педагогика ва  психология ИДПК, декабри  соли 1971 - декабри  1974 ҷонишини  декани  факултети педагогикаи  ИДПК, солҳои 1974-1980  муаллими  калони  кафедраи  педагогика  ва  психологияи  институт, солҳои 1981-1983 ҷонишини  декани  факултети педагогикаи  институт, аз  соли 1983  то соли  1994  декани  факултети  педагогикаи  Институти  давлатии Кӯлоб,  аз  соли  1994  то  соли  1997  мудири  кафедраи  педагогика ва  психологияи  таълими  ибтидоии Донишгоҳи  давлатии Кӯлоб  ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, аз  соли 1999  то  ноябри  соли 2012  мудири  кафедраи  педагогика  ва  психологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба  номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, аз  соли  2012  то моҳи майи соли 2022 дар вазифаи  дотсенти  кафедраи  педагогикаи ҳамин донишгоҳ кору фаъолият намуданд.

Устод   Расулов Давлатмурод фаъолияти педагогиашро  бо  иҷро  кардани корҳои  илми - таҳқиқотӣ  ҳамоҳанг  намуда, соли  1989  дар  назди Академияи илмҳои  педагогии  Иттиҳоди  Шуравӣ,  шаҳри Москва  рисолаи  номзадӣ дифоъ  намудаанд.

Устод  Расулов Давлатмурод  дар  давоми  фаъолияти  педагогию  илмӣ - тадқиқотияш як  силсила асару мақолаҳоро  навиштаю  чоп  намудааст, ки  муаллимони  фанни педагогика ва  донишҷӯён  аз  онҳо самаранок  истифода  бурда  истодаанд. Аз ҷумла, китобҳои дарсӣ барои мактабҳои олӣ ба монандӣ  «Педагогика» (назарияи  тарбия), Душанбе: “Студент”, 2009.- 4 ҷузъи чопӣ, дар асоси истифодаи  мероси адабӣ - педагогии  мутафаккирони  тоҷику  форс, адабиёти  даҳонии  халқ таҳия шуда ба  педагогикаи  этникии халқи  тоҷик  наздик  карда  шудааст. Дидактика (китоби  дарсӣ барои  донишҷӯёни  мактабӣ  олӣ.- Душанбе: Графика. Принт, . 2013.-13, 2 ҷ.ч. Инъикоси  масъалаи  таълиму  тарбия дар  «Қобуснома»- и  Кайковус (васоити  таълимӣ). - Кӯлоб, Сада, 2006 6,5ҷ.ч. Инъикоси  масъалаҳои  ватандӯстӣ ва  дӯстию  рафиқи дар  педагогикаи  халқу тоҷик (васоити таълимӣ) Кӯлоб, 1996.,- 4 ҷ.ч. Инъкоси  масъалаҳои   таълиму  тарбия дар «Синбоднома».- Душанбе, 2013, (васоити таълимӣ иборат аз 2. ҷ.ч) Тайёрии касбӣ- педагогии  муаллими  оянда ба  тарбияи шаҳрвандии хонандагон (тавсияҳои методӣ), Кӯлоб, 2008.- 2,5 ҷ.ч. Ба  тарбияи шаҳрвандӣ  тайёр  намудани муаллимони оянда (дастури  методӣ), Кӯлоб 2014, 4,5 ҷ.ч ва ғайра.

Ҳамчунин устод муаллифи барномаҳои  таълимӣ низ буданд, аз ҷумла Барномаи  таълимии педагогика  барои   донишҷӯёни  шуъбаи методикаи таълими ибтидоӣ.- Кӯлоб, Сада, 1993, 1ҷ.ч., Барномаи  таълимӣ аз фанни «Этикаи  касбӣ».- Кӯлоб, 2015, 1,5 ҷ.ч., Барномаи  таълимӣ аз фанни Педагогикаи мактаби олӣ - Кӯлоб 2015, 1,5 ҷ.ч., Барномаи  таълимӣ аз  фанни «Асосҳои  маҳорати  педагогӣ», Кӯлоб, “Сада”, 1997.-1,5ҷ.ч ва  ғайра.

Устод  Расулов Давлатмурод  инчунин зиёда  50  мақолаи  илмӣ  ва  илми методӣ ба табъ расонидааст, ки номгӯйи зер  “Ташкил  ва  роҳбарӣ ба  корҳои  илми- таҳқиқотии  донишҷӯён”, Одоби  педагогии омӯзгор, омӯзгори  мактаби олӣ, талабот ва  тайёрии касбӣ, илмӣ,  методии он”.  “Мактабу  маорифи шаҳри бостонии Кӯлоб дар солҳои  соҳибистиқлолӣ”, ҷавонон дар замони  соҳибистиқлолӣ”, “Нақши  таълими  педагогика дар  тайёр  намудани   муаллимони  оянда”, “Мартабаи  баланд”, “Ба  худмаълумотгирӣ  тайёр  намудани   донишҷӯён, маданияти  педагогӣ омӯзгори  мактабӣ олӣ”. “Роҳҳою воситаҳои  самаранок  ба роҳ мондани   тарбияи  ҳуқуқии  хонандагон” бахше аз матолиби устодро дар бар мегиранд.

Устод  Расулов  Давлатмурод дар давраи фаъолияти кориашон роҳбарии  мавзуъҳои  фармоишии “Педагогикаи  ниёгон воситаи  тавонои такмилдиҳии  хонандагон”  ва “Тайёр намудани  муаллимони  оянда”-ро  низ  бар ӯҳда дошт.

Ӯ дар  давоми  фаъолияти  педагогиаш дар донишгоҳ аз  сикли  фанҳои  педагогӣ: «Педагогика», «Таърихи педагогика ва таҳсилот»,  «Методикаи корҳои тарбиявӣ», «Педагогикаи коррексионӣ», «Педагогикаи  махсус» ба донишҷӯён дарс мегуфтанд.  Дарсҳои  лексионӣ, семинарию   амалии  устод Расулов Д. аз ҷиҳати  илмию  методӣ ба  дараҷаи  баланд  мегузаштанд ва  барои  муаллимони  ҷавон  ёрии методӣ мерасониданд. Устод  Расулов Д. дар  ҳамкорӣ  бо собиқ ноиби  ректор  профессор Ибодов Маҳмадулло дар  курсҳои  такмили  омӯзгорони  донишгоҳ дар  мавзуъҳои актуалии  педагогикаи  умумӣ ва  педагогикаи   мактабӣ  олӣ  дарс  додааст. Ӯ ба  масъалаи  тайёр  намудани   кадрҳои  дорои унвони  илмӣ низ  кӯшишу  талош  менамуд.

Зери   роҳбарии Расулов Д.  якчанд нафар омӯзгорони  кафедраи  педагогика рисолаи  номзадӣ  дифо  намуда ба  дараҷаи  илмӣ - номзади илмҳои  педагогӣ ноил  гардиданд. Аз ҷумла, дотсенти кафедраи педагогика Давлатова Ниёзбӣ дар мавзуи  “Ташаккули сифатҳои мусбати хонандагони  синфҳои  ибтидоӣ дар ҷараёни  таълим ва  корҳои  беруназдарсӣ”, Гулруи Суҳроб «Ташаккули худшиносии миллии хонандагон дар ҷараёни  таълими  таърихи  халқи  тоҷик ва  корҳои  беруназдарсӣ», ки ҳоло дар вазифаи мудири кафедраи методикаи фанҳои гуманитарӣ фаъолият намуда истодааст, рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Собиқ  муаллимаи  факултаи  забонҳои  хориҷӣ Шарифхоҷаева  Саодат низ дар мавзуи  «Ташаккули  худшиносии  ватандӯстии  донишҷӯён  дар раванди  таълим ва корҳои  беруназдарсӣ» бо роҳбарии муаллим рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд.

Барои ман низ боиси ифтихор ва шарафи бузург аст, ки бо роҳбариву дастгирии устоди иззатманд дар мавзуи “Ташаккули муносибатҳои байни  ҳамдигарӣ дар  коллективи  хонандагон” рисолаи номзадӣ дифоъ намудаву то ба имрӯз дар пешбурди фаъолияти илмиву омӯзгорӣ аз тавсияву роҳнамоиҳои устоди гиромӣ бо шавқи баланд истифода бурда истодаасм.

 Устод Расулов Д. ба масъалаи рушди корҳои   илмии  донишҷӯён  низ диққати ҷиддӣ медод ва дар давоми ҳар соли таҳсил  зери роҳбарии бевоситаи  ӯ 3-4  нафар  донишҷӯён дар  мавзуъҳои  актуалии педагогӣ  бо маърӯза дар маҳфилҳои фаннии кафедра  «Педагоги ҷавон» баромад  менамуданд.

Дар асоси ба ҳисоб  гирифтани натиҷа ва маҳсули фаъолияти  педагогию илмӣ-тадқиқотӣ, устод Расулов Давлатмурод ба қатори  олимони намоёни соҳаи илми педагогика дар китоби «Олимони  педагогикаи тоҷик».- Душанбе, 2015 ҷой дода шудааст.

Хизмату саҳми устод Расулов  Давлатмуродро  дар  тайёр  намудани   мутахассисони  баландмаълумоти  соҳаи  илму  маориф  ва  тайёр намудани  омӯзгорони  ҷавон дар  ноил  гардидан  ба  унвони  илмӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баҳои  сазовор  дода, устод Расулов Давлатмуродро мукофотҳои баланди  давлатӣ «Ордени  дӯстӣ» (2001) «Корманди  шоистаи  Тоҷикистон» (2017) мукофотонида шудааст.

Д. Расулов  олим - педагоги мулоҳизакор, дурандеш, ростқавл, поквиҷдон ва  қатъиву ҷиддӣ, камгап вале нисбатӣ  ба худ  ва  шогирдон, ҷиддию серталаб  буданд.

    Рӯҳи устоди иззатманд шоду маъвои охираташон обод бод.

Лоиқов Парвиз, дотсент, мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими они ДДК ба номи А.Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!