,
Шанбе, 25-октябр
«Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз муҳимтарин мактабҳои олии вилоят ва мамлакат давоми фаъолияти худ дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар тарбияи меъморони маърифату маънавиёт-омӯзгорон ва мутахассисони бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат нақши сазовор гузоштааст».
Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз дастоварди муҳими баландарзиш барои тамоми халқу миллатҳои дунё, ин сулҳу субот ва фазои орому осоишта маҳсуб мегардад. Ва хушбахтона, дар саросари кишварамон сокинони шарафманду хуштолеи Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз аз ин неъмати бебаҳо бархӯрдор буда, зери ҳидоятҳои инсондӯстона ва сулҳпарвари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳо дар тамоми самт кор ва фаъолият намуда истодаанд.
Дар сиёсати давлатӣ ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соҳаи маориф ҳамеша мавқеи афзалиятнокро ишғол менамояд, зеро маҳз тавассути низоми таҳсилоти босифат, омӯзгор қодир аст ҷомеаи солим, неруи зеҳнӣ, ба мисли гузаштагони худ нобиғаҳоро рӯй кор оварад ва онҳо дар рушди иқдисоди миллӣ, саҳми арзишманди худро гузоранд.
Омӯзгор шахсе аст, ки илму дониш, ахлоқу маърифат ва тарбияи насли наврасро ба уҳда дорад. Ӯ раҳнамоест, ки на танҳо илму таълимро ба шогирдон меомӯзонад, балки барои шаклгирии шахсияти инсон саҳми арзишманд ва муҳимро мегузорад.
Анатолий Василевич Луначарский-олим, нависанда, философи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нисбати омӯзгор ва нақши он гуфтааст: “Омӯзгор – ин шахсест, ки ҳамаи чизҳои пурқимати замонро ба насли наврас медиҳад”.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз чор ҳазор муассисаҳои таълимии миёна ва миёнаи касбӣ фаъолият доранд, ки аз ин миқдор 41 адади онро донишгоҳу донишкадаҳо ташкил медиҳад, ки дар онҳо – омӯзгорон ба таълиму тарбияи фарзандони миллат машғуланд.
Яке аз он, ин - маркази таълиму тарбия ва илм Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад, ки ҳазорҳо устодон дар ин муддат ба ҳазорон фарзандони миллат дарс гуфтан ва онҳоро таълиму касб омӯзониданд ва онҳоро дар ҷомеа барои рушду равнақи кишвари азизамон, сафарбар намуда истодаанд.
Имсол Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 80-сола мешавад, дар ин муддат ин боргоҳи илму маърифату хирад чандин омӯзгорон ва шогирдонро бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ихтироъкорӣ рӯй кор овардааст, ки имрӯзҳо ва дар гузашта низ номи миллат, давалат ва Донишгоҳро дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ намудаанд.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар 80 соли фаъолият бештар барои тайёр намудани мутахассиони соҳаи маориф диққати махсус дода, чунин низоми фаъолиятро ба роҳ мондааст. Бештар аз 80 фисади омӯзгорони муассисаҳои таълимии минтақаи Кӯлоб ин боргоҳи таълимиро хатм намудаанд, ки дар тарбия ва таълими фарзандони миллат дар гушаву канори ватани азизамон кору фаъолият доранд.
Махсусан, падарам, Сайвалӣ Гадоевич хатмкардани Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буда ва баъди хатми он бо даъват ва роҳхати роҳбарияти ҳамонвақтаи Донишгоҳ ӯро дар ин - муассиса ба кор қабул намуданд. Аз соли 1971 аз муаллими қаторӣ то соли 2018 ба ҳайси мушовири ректор оид ба таълим кор ва фаъолият намудааст. Яъне 47 соли зиндагии худро падарам ба таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ, барномаҳои таълимӣ, стандарти таълимӣ ва силлабусҳои таълимӣ сафарбар намудааст. Яъне фарзандони миллатро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст. Айни ҳол шогирдони ӯ дар тамоми гушаву канори мамлакат кору фаъолият доранд.
Яке аз шогирдони ӯ собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Абдулло Ҳабибулло нисбати Сайвалӣ Гадоевич чунин назари андешаи хешро баён доштанд: “Инсонҳои нек ва хушахлоқ ҷомеаро ислоҳ намуда, дар роҳи интихобкардаашон фидоӣ ҳастанд. Некон пайваста пайи амалишавии нақшаҳои ободгарона буда, бештар мехоҳанд, ки ватану сарзамини худро гул-гулшукуфон бубинанд. Омӯзгорон ба гурӯҳи инсонҳои нексиришт ва фазилатгустар дохил мешаванд. Онҳо дар ин дунё ба гунае зиндагӣ мекунанд, ки кору пайкор ва амалу рафтори намунавии онҳо ёди эшонро аз хотираҳо ҳеҷ гоҳ зудуда намегардонад”.
Соли 1996 бо тавсияи падарам ман низ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дохил шуда, онро соли 2001 бо муваффақият хатм намудам. Солҳое, ки мо дар Донишгоҳ таҳсил мекардем, вазъи сиёсии ватанамон мураккаб буд, ки муаллимон солҳо боз маош намегирифтанд. Лекин бо қавли падарам онҳо қарзи шаҳрвандии худро иҷро мекарданд. Яъне ба таълиму тарбия фаро гирифтани донишҷӯнро вазифаи ҷонии худ мешумурданд.
Дар вақти таҳсил ба мо устодоне, ки таълиму тарбияро меомӯзониданд, ба монандӣ: Сафаров Ҷума Холович, Салимов Қурбон, Акбаров Раҳматулло, Гадоев Сайвалӣ Гадоевич, Шарифов Ҷума, Табаров Мирзоалӣ, Неъматов Ҳаким, Исроилов Сайфиддин, Ғуломов Ислом, Ғуломов Ҷурахон, Маҳмудов Тӯйчӣ, Абдуллоев Маҳмуд, Файзов Борон, Шайдуллои Ҷабборӣ, Абдулазизов Абдулҳаким, Сайдалиев Сайҷаффар, Абдулвоҳидов, Ҷалилов, Ёров, Мирзоев, Ҳакимов Ашур, Юнусов, Ҳамидов, Дамонова Қурбонбӣ, Мустафоқулов Тошпӯлод, Валӣ Субҳон, Сайҷафаров Афзалшо, Шамси Хатлонӣ, Тураев Қурбон, Сангова Фирӯза, Мирзоева ва ғайраҳо.
Бо ифтихор мегӯям, ки устодони болозикр ба ман илму дониш додаанд ва ман сарбаландона Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ хатм намудам. Сарфароз аз он ҳастам, ки устодон моро ба роҳи рост ҳидоят намуданду ба мо таълими дурӯст доданд. Дар ин масири пуршараф нақши устодонам дар ташаккули инсоният ва омодасозии ман ҳамчун як шогирд дар тарғибу ташвиқи ҳувияти миллӣ ниҳоят муассир ва сарнавиштсоз аст.
Имрӯзҳо ба чамш мерасад, ки ҳазорҳон шогирдони устодон дар вазифаҳои масъули давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар кору фаъолият доранд. Ҳар яки онҳо методикаи кор, таълим, суханронӣ, маърифати инсониву ахлоқӣ, идоракунии маҳалливу давлатӣ, ҷалби ҷомеа ба роҳбар аз устодон омӯхтанд.
МАН БА ОН УСТОДОНЕ, КИ ДАР ОН ВАЗЪИЯТИ ҲАСОСИ ДАВЛАТДОРӢ БА НАСЛИ ҶАВОН ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ МЕДОДАНД, ИЗҲОРИ СИПОСИ ХУДРО МЕРАСОНАМ.
Ман шоҳиди он будам, ки падарам он вақтҳо устоди Донишгоҳ буданд, се сол бе маош ба кор мерафтанд. Дар он вақтҳо дар баробари дигар оилаҳо ба оилаи мо низ гурусагӣ таҳдид мекард. Лек роҳбари тозаитихоби давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки пеши беадолатиҳо, зулму харобкориҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон гирифта, як мамлакати нотиҷро ба мамлакати амнтарини руйи замин мубаддал гардонид ва тамоми шароити зиндагиро ба мардумаш фароҳам овард.
Баланд аст аз фалак шони муаллим,
Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим.
Набошад неъмате дар ҳар ду олам
Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Ин сухани пурҳикмати шеъри тоҷик нисбат ба муаллим ифодагари он аст, ки бидуни андешаи солим ва дониш, зиндагӣ маънӣ надорад. Ҳар як устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб маҳз ба ҳамин мақсад ҷиҳати парвариши андеша ва хирад талош меварзад, ки шогирдони ӯ номбардори ин миллату Ватан бошанд.
Таваҷҷуҳи роҳбари давлат ба илму маориф бештар аст ва пайваста таъкид ба амал меоранд, ки: “Зеро маҳз дониш омили асосии рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҳар як давлат, инчунин, сарчашмаи муваффақият ва зиндагии осудаи ҳар як инсон мебошад”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона ва рӯзи дониш ва дарси сулҳ ибрози андеша намудаанд, ки: “Дар 34 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст. Имрӯз дар соҳаи маориф 11 лоиҳа ба маблағи 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст”.
Эҳтироми омӯзгор дар тамоми гушаву канори мамлакат дар зинаи аввал меистад ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳо ва паёмҳои худ ба зарурати эҳтирому қадршиносии омӯзгорон таъкид менамоянд. Ин аст, ки дар солҳои охир як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул гардид, ки ҳадаф аз он — боло бурдани боз ҳам мавқеи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии омӯзгор дар ҷомеа мебошад.
Имрӯз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз коллективи 100 нафара ба коллективи 1000 нафара мубадал гаштааст. Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия биноҳои замонавӣ, айёниятҳои таълимӣ, паркҳои технологӣ, таҷҳизотҳои муосири технологӣ таъмин карда шудааст. Сол аз сол сафи донишҷӯён дар ин боргоҳи илму хиранд афзоиш ёфта, саҳми назарраси хешро дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта истодаанд.
Ҳайати омӯзгорону донишҷӯнёи бисёрнафараи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар баробари таълими фанҳои илмӣ, ба тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ дода, дар созандагиву бунёдкорӣ ва гузаронидани шанбегиҳои умумишаҳрӣ фаъолона иштирок намуда, омодаги ба ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ саҳми хешро гузошта истодаанд.
Хотирнишон кардан ба маврид аст, ки соли 2023 дар назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Олимон» таъсис ёфта, фаъолияти самарабахш намуда истодааст. Дар сатҳи вилоят аввалин шуда, дар назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шудааст. Аъзову ҷонибдорони КИИ «Олимон» садоқатмандона дар амалишавии ҳадафҳои барномавии ҳизб нақши созгор гузошта истодааст. Фаъолияти чашмраси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буд, ки пештар ҳамчун ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият дошт. Дар вилояти Хатлон яке аз сераъзотарин КИИ ба ҳисоб рафта, аксарият чорабиниҳои баргузорнамудаи КИИ «Олимон» дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ баргузор шуда, дар бештари онҳо роҳбарияти олии ҳизб ширкат меварзанд. Махсусан, соли 2024 Конференсияи байналмилалии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” дар сатҳи олӣ баргузор гардида буд.
Боварии комил дорам, ки устодони Донишгоҳ минбаъд низ фарзандони миллатро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намуда, дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи донои китоб аст”, “Илм фуруғи маърифат”, «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва инчунин дар олипиадаҳо ва озмунҳои фаннӣ фаъолона иштирок намуда, бо дастовардҳои баланди илму эҷодӣ, номи волидайн, Донишгоҳ, устодон, шаҳри Кӯлоб ва дар маҷмуъ Ватани азизамонро боз ҳам баланд мебардоранд.
80 соли пурифтихори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба роҳбарияти Донишгоҳ, коллективи меҳнатӣ, олимону профессорон, докторону номзадҳо, муаллимон ва шогирдон, хатмкардагони ин боргоҳи илму маърифат муборак ва фархунда бошад!
Салим Сайвализода – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб