,
Шанбе, 25-октябр
Ҷамила Давлатзода, доктори илмҳои педагогӣ
Ҳар боре, ки бо тақозое ё зарурати иштирок дар ҳамоиши илмӣ ва ё ҳимояи шогирдон ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ меоям, худро боз ҳамон донишҷӯи солҳои 1992-1997 ҳис мекунам. Он давра барои ман на танҳо замони таҳсил, балки марҳилаи аз худ кардани дониш, масъулият ва тарзи зиндагӣ буд. Ман бо орзуи омӯзгор шудан омада будам ва имрӯз хушбахтам, ки ба ҳамон орзуи кӯдакӣ расидам.
Солҳои донишҷӯӣ ҳар дарс барои ман як таҷрибаи нав буд. Ҳар суҳбат бо устодон, ҳар машғулият ва ҳатто ҳар хато дар синф маро як қадам ба ояндаи касбӣ наздиктар мекард. Ман кӯшиш мекардам, ки дарсҳоро бо шавқ хонам ва ҳар чизеро омӯхтаам, дар амал низ истифода барам. Аз ин рӯ, ба омӯзгорон саволҳо медодаму назарамро роҷеъ ба мавзуъҳои мухталиф баён мекардам, яъне, орзуи омӯзгорӣ мешикастам.
Бояд гӯям, ки аз замони таҳсил то имрӯз нақши устодам, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Иззатова Муҳаббат дар ҳаёти ман бисёр калон аст. Ӯ на танҳо фанни педагогикаро ба ман омӯзонд, балки масири андеша кардан ва масъулият ба корро нишон медод. Ҳанӯз аз он айём ҳар дарси устод барои ман рамзи ҳидоят ба оянда ва муҳаббати беандоза ба касб буд. Имрӯз, вақте ки ҳамчун доктори илм ба ин даргоҳ меоям, ҳамоно фикр мекунам, ки он замон пояи тамоми комёбиҳои касбиамро маҳз дар ин ҷой гузошта будаанд.
Донишгоҳ барои ман ҳамон замон макони омӯзиш буд ва имрӯз низ ҳамин тавр боқӣ мемонад. Он ҷоест, ки сари ҳар қадам дар саҳни он таърихи илму гузаштаи афроди муътабаи онро ба ёд меорӣ, зеро муҳити илмомӯзию шахсиятпарвар аст. Ифтихор дорам, ки замоне донишҷӯ будам ва имрӯз ҳамчун доктори илм ба ҳамон даргоҳ бармегардам, то насли навро бо ҳамон муҳаббат ва масъулият ба ҷодаи илм ҳидоят кунам.
Бояд гӯям, ки ҳамон солҳо барои ман давраи омӯзиш ва кашфи ҷаҳони нав буд бо номи педагогика. Ҳанӯз аз оғози таҳсил донишгоҳ бо толорҳои барҳаво ва китобхонаҳои пур аз китобҳои гуногун макони дӯстдоштаи ман гардид. Бинобар ин, ҳар субҳ бо шавқ ба синфхона меомадам, зеро медонистам, ки ҳар дарс як қадам ба ояндаи касбии ман хоҳад буд.
Дар байни донишҷӯён муҳити ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирӣ буд. Мо на танҳо ба омӯзиши фанҳо диққат медодем, балки дар чорабиниҳо, конфронсҳо ва маҳфилҳо иштирок мекардем. Ҳар як баҳс ва ҷамъомад барои мо як дарс аз ҳаёт буд. Маҳз ҳамон замон фаҳмидем, ки донишгоҳ танҳо таълимгоҳ нест, балки макони ташаккули шахсият ва ба даст овардани ҷаҳонбинӣ мебошад.
Баъд аз хатм, пайи фаъолияти омӯзгорӣ рафтам ва чанд сол а ин пеша машғул шудам, вале муҳаббати ин даргоҳ дигарбора соли 2003 маро ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб баргардонд, вале на ҳамчун донишҷӯ, балки чун корманди донишгоҳ. Аввал мудири кабинет дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ шудам. Он солҳо барои ман ҳаёти нав ва ҷолиб буданд, чун медонистам, ки масъулиятам бештар аз донишҷӯ будани ман аст. Ҳар қадам, ҳар қарор ва ҳар мулоқот бо устодону донишҷӯён маро водор мекард, ки бештар фикр кунам ва масъулиятшинос бошам.
Сипас, солҳои 2008-2009 мудири шуъбаи аспирантура шудам. Он ҷо ман бо донишҷӯёни донишманд кор мекардам. Ҳамон замон дарк намудам, ки роҳнамоии дуруст ва дастгирии устодон барои касбияти онҳо чӣ қадар муҳим аст. Солҳои 2009-2010 мудири шуъбаи кадрҳо шудам ва дар ин вазифа низ таҷрибаи хуби идоракунӣ омӯхтам.
Ҳамин тавр, солҳои 2010-2011 декани факултаи филологияи хориҷӣ, соли 2011-2012 мудири кафедраи тарбияи томактабӣ, аз соли 2012 то 2014 ҳамчун декани факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонии донишгоҳ кор кардам. Ҳар вазифа маро бештар водор мекард, ки ба донишҷӯён ва ҳамкасбон бо масъулият муносибат кунам ва кӯшиш намоям муҳити хуб ва фазои созандагиро эҷод созам. Аз ин рӯ, бо итминон мегӯям, ки ҳама чизеро, ки имрӯз дорам ва омӯхтам, марбут ба он солҳои кор дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аст.
Имрӯз ҳам ҳар вақте ки ба донишгоҳ меоям, ҳамон ҳавас ва эҳсоси замони кор бо донишҷӯён ва ҳамкасбон бароям зинда мешавад. Он солҳо барои ман бисёр қиматанд, зеро ман на танҳо рисолати корӣ доштам, балки муҳити созанда, устодони ғамхору роҳнамо ва ҳамкасбони меҳрубону омӯзанда доштам.
Дарвоқеъ, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тайи 80 соли фаъолияташ на танҳо макони омӯзиш ва донишандӯзии насли ҷавон буд, балки маркази тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва донишманд дар минтақа ва тамоми кишвар аст. Ҳар сол садҳо ҷавонон ихтисосҳои гуногунол хатм карда, ба ҷомеа ҳамчун мутахассисони соҳибмаҳорат ворид мешаванд.
Яке аз хусусиятҳои барҷастаи донишгоҳ ин аст, ки таълими назариявӣ ҳамеша бо таҷрибаи амалӣ ҳамроҳ аст. Донишҷӯён имконият доранд, ки на танҳо донишҳои назариявиро аз китобҳо ва лексияҳо ба даст оранд, балки бо иштирок дар дарсҳои амалӣ дар озмоишгоҳҳо, лабораторияҳо, семинарҳо ва машғулиятҳои амалӣ таҷрибаи касбиро низ омӯзанд. Ин омезиши назария ва амалия имконият медиҳад, ки муассиса насли ояндаи касбӣ ва донишмандро бо ҳамон масъулият ва сифати баланд омода кунад.
Муҳити донишгоҳ низ барои тарбияи кадрҳои варзида нақши муҳим дорад. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамкории устодон ва донишҷӯён дар асоси принсипи дастгирӣ ба роҳ монда шуда, омӯзгор ба донишҷӯ ҳамчун фарзанд ва ояндаи ҷомеа менигарад. Устодон на танҳо донишу малакаи касбиро ба онҳо меомӯзонанд, балки аҳамияти ахлоқ, масъулиятшиносӣ ва меҳнати ҳалолро низ таълим медиҳанд. Бинобар ин, ҳар як омӯзгор ҳамчун намуна дар ҳаёти донишҷӯон нақш мегузорад.
Дар давоми солҳои фаъолият донишгоҳ таваҷҷуҳи махсус ба рушди ихтисосҳои гуногун зоҳир кардааст. Аз ин рӯ, хатмкардагони донишгоҳ на танҳо омодаи кор дар мактаб ва муассисаҳои таълимӣ ҳастанд, балки ҳамчун мутахассисони баландихтисос ва донишманд, ки қобилият доранд роҳбарӣ кунанд ва барои рушди соҳаҳои гуногун саҳмгузор бошанд, ба шумор мераванд. Ҳатто баъзе хатмкардагон имрӯз ҳамчун устодони донишгоҳҳои дигар, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ фаъолият мекунанд.
Яке аз дигар самтҳои муҳими донишгоҳ ин ташкили муҳити фарогири илму фарҳанг ва омӯзиш мебошад. Бо баргузории конфронсияҳо, олимпиадаҳо, маҳфилҳои илмӣ ва симпозиуму феситивалҳо донишҷӯён имконият доранд, ки дониши иловагии худро аз доираи синфхона берун грифта, ҷаҳонбинӣ, идеяҳои нав ва малакаи таҳлили фикрро таҳким бахшанд. Ин амалҳо ба онҳо дар ташаккули шахсияти мустақил ва кадрҳои дорои ҷаҳонбинии васеъ кумак мекунад.
Ҳамин тавр, нақши донишгоҳ дар тарбияи кадрҳои варзида ва донишманд танҳо дар доираи таҳсил маҳдуд нест. Донишгоҳ ҷавононро ба корҳои ҷамъиятӣ ва тарбиявӣ низ ҷалб мекунад, ки ин барои ташаккули масъулият ва ҳисси ватандӯстиашон замина мегузорад. Ҳар донишҷӯ, ки дар донишгоҳ таълим мегирад, на танҳо малакаи касбӣ, балки маърифати иҷтимоӣ ва ахлоқиро низ соҳиб мешавад.
Дар маҷмуъ, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар тӯли солҳои фаъолияташ ҳазорон мутахассисони варзида ва донишмандро ба ҷомеа пешниҳод намудааст, ки имрӯз дар соҳаҳои таълим, илм, идоракунӣ, фарҳанг, иқтисод, иҷтимоиёт ва ғайраҳо нақши фаъол доранд. Ин собит мекунад, ки донишгоҳ на танҳо маркази омӯзиш, балки макони ташаккули шахсиятҳои соҳибмаҳорат ва қудратманд дар ҷомеа мебошад.
Ман ҳамчун дастпарвари ин боргоҳи бонуффузи таълим ба роҳбарият ва кулли омӯзгорону кормандони он самимона изҳори миннатдорӣ намуда, таманно мекунам, ки ин даргоҳи умеди ҳазорон донишҷӯ садсолаҳои дигар ҳамчун махзани тарбияи кадрҳои варзида фаъолият намоянд.