, Шанбе, 25-октябр

БА ЁДИ ТЕМУР МУРОДОВ-НОБИҒАИ РӮЗГОР, ҲАМКУРС ВА ШОГИРДИ ДОНИШМАНД


БА ЁДИ ТЕМУР МУРОДОВ-НОБИҒАИ РӮЗГОР, ҲАМКУРС ВА ШОГИРДИ ДОНИШМАНД

Муҳаммад Абдураҳмон, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

Бо ифтихори самимӣ Донишгоҳи муътабари худро ба ҷашни 80- солагии пур аз меҳру муҳаббати бепоён табрику таҳният мегӯям. Донишгоҳи азизам, ҳарчанд туро васфи саросари пур аз эҳсосоти бачагӣ кунам ҳам, вале ба хайёлам ту ба ҳеҷ васфу шарҳу баёни банда, намеғунҷӣ. Зеро ту бузургу тавоно, бароям аз ҳама бузургтарин Университетҳои сатҳи ҷаҳонӣ болотарӣ. Ту дар замоне ба рӯи мо дарҳои худро боз кардӣ, ки мо дигар имконияти таҳсилро дар дигар ҷойҳои дур надоштем. Ҳамон замон, ту Донишгоҳи мардуми камбизоат ва доништалаб будӣ, ки то ҳанӯз меҳри туро дар дидаву ҷонамон парвариш дорем. Устодони сахтгиру шуҷоӣ туро ҳеҷ вақт фаромӯшт нахоҳем кард. Мо аз онҳо одамият, шуҷоатмандӣ ва илму маърифат омӯхтаем, ки ҳамеша саодатманди Тоҷикистони азиз бошем. Бо ин ҳама гуфтаҳо мехоҳам дар остонаи ин иди бузурги 80-солагӣ чанд сухан дар бораи омӯзгори қавӣ, ҳамкурси азиз ва шогирди сиёсатшиносам-Муродов Темур Назриевич, суҳбат дошта бошам.

Дарвоқеъ, Темурҷони мо бисёр марди шариф, боназокат, оромтабиат ва соҳибсухану донишманде буд, ки ҳамеша аз қиссаҳои хоксориашон худаш қиссаҳои аҷиб мебофт. Ҳамеша кӯшиш мекард, ки ноаён монад, ба касе зарар нарасонад. Аммо тафаккури хеле озод ва озодандешӣ дошт, ки мегуфт "Оқибаташ ба хайр бошад”. Дар дониш ва баҳси илмӣ ҳамто надошт, асабӣ намешуд, вале хеле зирак буд, коре мекард, ки ҳамсуҳбаташро наранҷонад. Вале замоне, ки сухан дар бораи илми бунёдӣ мерафт ба нафари ноҳақ, дуруғгӯй, нодон бисёр шадидона муносибат мекард. Дар тамоми вақти дӯстиамон ду маротиб дар чунин ҳолати асабият ӯро дида будам.

Дафъаи аввал, замоне ки муаллими фанни “Старославянский” Абгариян С. дар тахтаи синфхона матнеро аз асари “Слово о полку ..” навишта шарҳ додан гирифт. Темури мо шарҳи ӯро қабул накарда, бо тарзи дигар ва хеле оташин суханронӣ кард, ки мо ҳеҷ вақт ӯро чунин надида будем.

Мо дарвоқеъ намедонистем, ки Темур ин забонро хеле бараъло медонист. Барои мо ин кашфиёт буд . Устоди фани мазкур ҳам дар ҳайрат монда буд, ки читавр ва аз куҷо Муродов Т.Н. забони қадимаи русиро медонад ва ҳеҷ бовариашон намеомад, ки дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб чунин донишҷӯён бошанд. Агар касе ба Донишгоҳ ва донишҷӯёни мо сухан аз камсаводӣ мезад, Темури моро ҷонаш мебаромад, дигар тоқати мусоҳиба надошт. Ҳар чи қадар метавонист, мусоҳибро бечора карда, дар хок мезад. Дарвоқеъ, донишманди асил буд ва ҷаҳонбинии баланди илмӣ дошт. Дар тарҷумаи асарҳои илмии русӣ назире надошт, аммо ҳамеша хоксорӣ менамуд.

Дафъаи дуюм, ман ки сардори гурӯҳ ва ӯ раиси профсоюз буд бо ҳамдигар дӯстии хеле қавӣ доштем ва гоҳ-гоҳе шухиҳои дӯстона ҳам мекардем. Як рӯз бо ҳам дар суҳбат будем, ки Довуд ном ҳамкурсамон бо мо ҳамроҳ шуда, чанд сухани аҷиб гуфт. Ӯ ба Темур муроҷиат карда гуфт: “Домулло медонам, ки девонагии ту аз ошиқ шудан бо фалон духтари ҳамкурсамон мебошад. Ҳаминро дон, ки ту ӯро дӯст медорию ӯ бошад маро, мани бечора каси дигарро нағз мебинам. Пас чӣ бояд кард?” Темур хеле оташин шуду гуфт: ”Эй курнамак туро ба Худо месупорам, ҷазои ман ҳамин аст, ки туро нашинохтам ва ба нафаре ошно шудам, ки на ақл дораду на дониш, ҳайфи ҷурагиамон”.

Ин ду лаҳза ҳеҷ аз хотирам дӯр намешаванд, хостам, ки каме диламро дар бораи ҳамкурси азизам холӣ кунам, рӯхашон шод бод, ки бисёр марди фозил буданду ҷавобҳои мантиқиро дӯст медоштанд.

Зиндагӣ ва фаъолияти шогирди азизам, номзади идмҳои сиёсӣ, дотсент Муродов Темур Назриевич ҳамеша – намунаи ибрат буд. Аз замоне, ки ӯро мешинохтам то лаҳзаи охир, ӯ ҳамеша бо меҳнати софдилона аз дигарон фарқ мекард, бисёр марди заҳматкаш дар соҳаи илму маърифат буданд. Ӯ мактаби илмии худро дошт, садҳо донишҷӯ, унвонҷӯ ва аспирантро ба роҳи илму маърифат сафарбар мекарданд. Баъзе шогирдҳояшон, ки ба мушкилиҳои роҳбарию илмӣ-техникӣ рӯ ба рӯ мегаштанд онҳоро ба гардани камина бо умеду орзу бор мекарданд, ки аз илм дилканда нашаванд.

Ӯ муаллим аз азал буданд, дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, аз овони ҷавонӣ роҳи пуршарафи илму маорифро пеш гирифтанд. Мактаби миёнаи умумии №18-и шаҳри Кӯлобро хатм кардааст. Пас аз хизмати ҳарбӣ дар Артиши Иттифоқи Советӣ, таҳсили олиро дар факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии Кӯлоб оғоз карда, онро соли 1984 хатм намуданд.

Т.Н. Муроов дар кафедраҳои гуногун, аввал ҳамчун омӯзгори фанни забони русӣ, сипас саромӯзгори кафедраи забони русӣ ва дар охир дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ, фаъолияти пурсамар намуданд.

Таҷрибаи илмии эшон бо таҳсилу омӯзиш дар мактабҳои бузурги хориҷӣ низ ғанӣ гардид: соли 1987 дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов такмили ихтисос намуда, солҳои 1991-1992 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи М. Драгоманови шаҳри Киев таҷрибаомӯзӣ гузаронидааст.

Ҳамаи ин роҳ ӯро ба мартабаи дигар расонид. Дар гуфтугӯе бо ман гуфта буд; «Ман аз нозукиҳои забони русӣ каме бохабар шудам, аммо дилам ба илмҳои ҷомеашиносӣ бисёртар майл дорад. Мехоҳам бо шумо ҳамкорӣ дошта бошам» Ҳамин тавр, ҳам шуд. Мо кори илмӣ-таҳқиқотиро оғоз намуда соли 2015 , ӯ рисолаи номзадиро дар мавзуи «Процесс формирования и развития политологии в вузах Республики Таджикистан в годы независимости» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мувафақият дифо кард.

Баъдан, корҳои зиёди илмӣ-бунёдиеро ба анҷом расониданд. Ӯ муаллифи 3 монография, 3 дастурамали таълимию методӣ, 1 китоби дарсӣ ва зиёда аз 60 мақолаи илмӣ дар самти масъалаҳои мухталифи илмҳои сиёсӣ мебошад. Китоби охирони ӯ, ки зери таҳрири банда бо номи «Сиёсатшиносӣ» соли 2024 ҳамчун дастури таълимӣ аз чоп баромад, хеле китоби пурмуҳтаво ва хонданибоб аст. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки он вақт саломатиашон начандон хуб буд, бо шогирдашон Фирӯзҷон наздам омада буданд, гуфт, ки бисёр мехоҳам чопи ҳамин китобамро дар зиндагиам бубинам, вале намедонам, ки умр вафо мекарда бошад?

Ба ростӣ айни ҳол, ғайрат карда наметавонам гӯям, ки ӯ кай ҷаҳонро падруд гуфт, дилам тоқат надорад. Ба хайёлам ӯ ҳоло ҳам дар Кӯлоби бостониӣ, дар Донишгоҳ, дар факултети дӯстдоштаамон ҳаст, вале бо боварии том мегӯям, ки кору пайкори Темури мо, муаллими ростқавлу поксиришт абадан дар хотираи мо ва саҳифаҳои таърихи илму маорифи Ватани азизамон боқӣ мемонад.

Ҳамкурси бо одобу бомаърифат, шогирде, ки барои ман нобиғаи рӯзгор, марди дунёи илму маърифат буданд, ҳамеша дар зеҳну тафаккурам намунаи омӯзгори ботамкин боқӣ мемонад. Худованд ӯро биомурзад ва ёдашон ба хайр бод.

Салом Донишгоҳи азиз, муборак бошад! Моро бубахш барои шикваҳои рӯзгор, мо бо туем .




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!