,
Чоршанбе, 22-октябр
Вақте ки дар бораи сифатҳои наҷиб ва шоистаи инсонҳои комил, накукор ва хайрандеш сухан гуфтанӣ мешавем, дар назар чунин менамояд, ки қалам дар тасвири олами ботинию амалҳои наҷиби чунин шахсиятҳо камӣ мекунад. Воқеан, васфи сирату сифатҳои пурасорори инсони комил аз азал то имрӯз диққати кулли мутафаккирону донишмандонро ба худ ҷалб намуда, амалҳои неки онҳоро дар осори худ васфу тараннум карданд. Мувофиқи имконият лозим донистем,ки вобаста ба мавзуи мазкур дар бораи шахсияти накуному накукирдор устод Салим Мирзоев андешаи хешро баён намоем.
Аз нуқтаи назари шахсӣ ба ман савол диҳанд, ки ин хислтаҳои наҷиби инсонӣ, дар самти корҳои таълиму тарбияи ҷавонон хамчунин донишманди асил киро мешиноседу медонед, мегӯям: Салим Мирзоевро, ки ҳамеша дастгири ҷавонон, омӯзгорону муҳаққиқон дар роҳи таълим, тарбия ва илм ба ҳисоб меравад.
Бояд иброз кард, ки аз рӯзҳои аввали донишҷӯӣ меҳнати педагогӣ ва заҳматҳои пайвастаи устод дар роҳи таълиму тарбияи мо, ҷавонон ҳеҷ аз хотирам намеравад, чунки нафаре нест, ки аз хислатҳои ҷавонмардию илмдӯстӣ ва инсонпарварии устод сухан накунад. Мавсуф ҳамчун ифодакунандаи тамоми қисматҳои таркибии тарбия, махсусан, тарбияи зебопарастӣ дар донишгоҳ ба ҳисиоб мерафту меравад. Албатта, намуди зоҳирӣ, либоспӯшӣ ва бомаърифатии устод хоси худи ӯ буда, бо ин восита ӯ ҳамеша ҷавононро аз либоси миллӣ, рафтори миллӣ, муаллими касбӣ-миллӣ, ки хоси миллати тоҷик мебошад, тарбия карда, ба воя мерасонад. Устод Салим Мирзоев дар баробари ин ҳама хислатҳои наҷиби инсонӣ, инчунин, шахсияти комил, роҳнамою роҳбалад, хайрандеш ва дурандешу маслиҳатчии хуби наслҳои ояндасози ҷомеаи тозаистиқлоламон, махсусан, муҳаққиқони ҷавон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳисоб меравад. Банда низ дар раванди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва тарбиявию сиёсии хеш аз устод бисёр таҷрибаҳои муҳими илмию тарбиявиро омӯхта, дар фаъолияти кории худ истифода бурда истодаам. Устоди азизу гиромии мо, профессор Салим Мирзоев аз ҷумлаи он инсонҳоест, ки дар васфаш ҳар қадар нависему гӯем, ҳанӯз кам аст. Ӯ арзанди номи пуршарафи омӯзгор ҳаст ва хоҳад монд.
Устоди азизу меҳрубон Салим Мирзоев 83-умин баҳори умратон бехазон бод ва тамоми шодкомиҳои рӯзгорро бароятон таманно дорем.
Назаров Ҳотамшо, дотсент, мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ