,
Чоршанбе, 22-октябр
Таърихи ҷаҳон дар саҳифаҳои худ ашхоси номвару муътабар, шоиста, кордону роҳбарро зиёд ба қалам додааст, ки ҳар кадоми онҳо дар ҳаёти инсоният аз худ нақш, мақом, ном ва осоре боқӣ гузоштаанд. Обрӯву эътибори миллат маҳз тавассути хислати хирадмандонаву боэътибораш мегардад. Олимону донишмандон зимоми давлатдорӣ ва сарнавишти миллатро тақвият бахшида, барои наслҳои миллат давлати ободу мутараққӣ фарҳанги ғаниву оламшумул ба мерос мегузоранд.
Рӯзгор ва фаъолияти педагоги шинохта, суханвари ҳирфавӣ, олими тавоно ва омӯзгори асил Грез Иброҳимов, ки умри пурбаракати хешро сарфи таълиму тарбияи насли ҷавону наврас намудааст, намунаи чунин меросбари соҳибзаковат, посдоранда ва устоди соҳибмактаб мебошад.
Фаъолияти хуби кордонӣ, малакаи баланди роҳбарӣ, муносибати самимӣ бо дӯстону пайвандон, ҳамкорону шогирдон ва аҳли ҷомеа ӯро соҳиби эҳтиром кардааст. Хоксориву фурутанӣ, таҳаммулгароӣ, малакаи баланди муошират, соҳибдиливу соҳибмаърифатӣ хислатҳои накӯи ӯ мебошанд.
Ман, Рухшона Иброҳимова муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии педагогика фарзанди ана ҳамин падар, нуру файзи хонадон, сарчашмаи шодиву сурури кӯдакон, фариштаи хушоғушу ҳоҷатбарори заминие барои фарзандон ва гузашта аз ин, парастори дигар азизону пайвандон мебошам. Махсусан падарҷони азизу меҳрубони ман Иброҳимов Грез ҳамчун омӯзгори асилу педагоги соҳибтаҷриба обрӯву эътибори баланд дошта, боиси ифтихору сарфарозии мо фарзандон мебошад.
Ман аз тақдири худ бисёр шодам ва меболам, ки солҳо зери сояи парасторӣ, меҳру шафқати беканор, насиҳатҳои зеҳншину ҳидоятҳои чун моҳ нурафкани падари олиму нуктасанҷ ва чорасозу боҳикматам қарор дорам.
Ман дар солҳои донишҷӯиам дар факултети филологияи тоҷик, ба ростӣ он қадар майли касби омӯзгорӣ надоштам. Рӯзе падарам, устод Иброҳимов вориди синфхонаи мо шуданду худро муаррифӣ карда, аз ҳолу аҳволи шогирдон пурсон шуда, ба дарс шуруъ карданд. Дарс чунон дилчаспу гуворо мегузашт, ки мо худро гумон мекардем дар синфхона парвоз дорем. Устод бо услуби хоси худ дарсро дар сатҳи баланд гузашта, аз ҳаёт, рӯзгор адабиёти илмӣ, сарчашмаҳо ва аз оятҳои Куръон мисолу далел меовард. Ана аз ҳамон дарси аввали устод дар дили ман меҳру муҳаббати касби муаллимиро гузошт ва мақсад гузоштам, ки албатта, омӯзгор мешавам, касби падарамро давом медиҳам. Ҳар рӯз баъди анҷоми дарсҳо хона меравам, дар роҳ мисраъҳои зерини шеъриро зери лаб замзама менамоям;
Нури маъвоям ту бошӣ, эй падар,
Ганҷи волоям ту бошӣ, эй падар.
Ҳар нафас ҳар рӯзи ту Наврӯз бод,
Оламороям ту бошӣ, эй падар.
Хислати аҷиби падарам Г.Иброҳимов ҳамин аст, ки дар ҳама гуна вазъият бо чеҳраи кушодаву ризоманд ба истиқболат мебарояд ва дар зимни нигоҳи амиқ, ҷиддӣ, мулоҳизакоронае дорад.
Устод бо ҷаҳду талошҳои фидокорона ва хизмату заҳматҳои садоқатмандонааш ба қуллаҳои мурод расидааст. Ӯ анқариб дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти инсонӣ кор кардааст, ки фаъолияти собиқааш ин нуқтаро равшан месозад.
Падарам-устод Г.Иброҳимов 4-монография, 16-дастури таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва зиёда аз 110-мақолаи илмӣ-оммавӣ дар маҷаллаҳои илмиву матбуотӣ ба табъ расонидааст.
Зери роҳбарии устод Иброҳимов Г. 9-нафар муҳаққиқ рисолаи номзадии худро муваффақона дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ гардидаанд. Ҳамзамон, шогирдони зиёди дигар бо машварат ва роҳнамоии устод ба таҳқиқоти илмӣ машғул мебошанд.
Падари бузургворам ба мо ҳамеша насиҳат мекунанд, ки доимо пай илм бошед, омӯзед, дар тамоми пастиву баландиҳои зиндагӣ тобовар бошед, меҳнатдӯсту заҳматкаш ва соҳиби касбу ҳунар гардед. Падарам аз ҷавонӣ чунин гуфтаҳои бузургонро сармашқи кору фаъолият ва зиндагии худ қарор додааст:
Қимати мард на ба симу зар аст,
Қимати мард ба илму ҳунар аст.
Падарҷони азизи ман, нигоҳи меҳрубону садои дилнишинатон ҳамеша малҳами дили мо фарзандон аст.
Бидонед, ки барои мо беҳтарин ганҷинаи ҳастӣ, беминнаттарин хазинаи меҳру садоқат, офтоби гаронбаҳои тобистону моҳтоби раҳнамои шабистон, чеҳраи ҳамеша пуртабассум ва саломативу сарбаландии Шумост.
Падари бузургворам барои хизматҳои бисёрсолаи шоён, таълиму тарбияи олимони ҷавону мутахассисони оянда ва инчунин ободиву созандагиҳояшон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли (1995) «Ифтихорнома»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли (1999) унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Тоҷикистон», медали «20-соли Ғалаба дар Ҷ.Б.В»(1965) ва дигар унвонҳо сарфароз гардонида шудааст.
Барои мо фарзандон аз хурдӣ бахти баланд буд, ки падари ғамхору нозукбин ва педагоги асил ба тарбиятамон камари ҳиммат баста буданд, бо дидаи муҳаббат ҳар мушкиламонро бартараф карда, аз одитарин ҳаракаташон ҳолатамонро дарк карда, чораҷӯёна аксуламал нишон медоданд, ба равонамон осоиш ва барои комёб шуданамон бовариву тавон мебахшанд.
Чашмҳои аз мухаббат нуршарар дорад падар,
Синаи монанди оташ шуълавар дорад падар.
Падарҷонамон! Дуоямон бидеҳ, ки бо дуоятон дилҳоямон кохи нуру зиё ва роҳнамои сафеду кушода аст. Падари меҳрубону хубам, аз заҳматҳое, ки дар ин солҳо барои мо фарзандон кашидаед, сипосгузорем ва аз Худо мехоҳем сояи меҳрубониятон то абад бар сарамон поянда бошад.
Тавре дар боло ишора кардем, банда бо дуои падар касби омӯзгориро пешаи худ қарор додам ва ҳамеша хурсандам, ки касби падарро интихоб намудам, чунончи мегӯянд:
Мероси падар хоҳӣ, илми падар омӯз,
Мероси падар харҷ тавон кард ба ду рӯз.
Иброҳимова Рухшона, ассистенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ