,
Чоршанбе, 22-октябр
Холиқова Зайналбӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики ДДК ба номи А. Рӯдакӣ
Дар ҷомеаи имрӯза кам нестанд устодоне, ки пайваста дар пайи таълиму тарбияи шогирдонанд ва кам нестанд олимоне, ки доимо аз пайи пажӯҳиш ва таҳқиқи масоиле оид ба рушди илму маориф бошанд.
Устод Содиқов Ёралӣ аз зумраи инсонҳоест, ки умри азизи хешро сарфи таълиму тарбияи ҷавонон намудаву ҳамеша дар хизмати халқу Ватан ҳастанд.
Устод Содиқов Ё. 5-уми январи соли 1945, деҳаи Нонҷемаси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар хонадони деҳқон ба дунё омадааст.
Солҳои 1951-1958 дар мактаби 7-солаи ноҳияи Восеъ таҳсили илм намуда, солҳои 1958 то 1961 дар мактаби №16-и шаҳри Кӯлоб таҳсилашро идома додааст. Соли 1961 ба Институти давлатии педагогии шаҳри Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ) дохил шуда, онро соли 1966 бомуваффақият хатм менамояд. Баъди хатми донишгоҳ ба хизмати ҳарбӣ рафта, дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ба солҳои 1966-1967 рост меояд, адои хизмат намудааст. Баъди хизмат соли 1968 ба ҳайси ассистент, омӯзгор, муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии шаҳри Кӯлоб ба фаъолият пардохта, то соли 1976 кор мекунанд ва соли 1976 ба шуъбаи аспирантураи Институти забон ва адабиёти АИ РСС Тоҷикистон бо мақсади оғоз бахшидан ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, дохил мешаванд ва соли 1981 зери роҳбарии академики АИ ҶТ Раҷаб Амонов дар мавзуи «Ташаккул ва такомули повести бачагонаи тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд.
Устод Содиқов Ё. аз соли 1977 то соли 1993 муаллими калон ва аз соли 1993 то соли 2000 дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, аз соли 2000 то 2007 муаллими фанҳои забон ва адабиёти тоҷики литсейи тоҷикӣ-туркӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Душанбе, солҳои 2007-2015 мушовири илмии директори генералии Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаи Кӯлоб, аз соли 2015 то соли 2024 дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, аз моҳи сентябри соли 2024 мушовири илмии директори генералии Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаи Кӯлоб шуда кор карда омада истодаанд.
Устод аз соли аз соли 2004 Аълочии маорифи Тоҷикистон ҳастанд.
Устод Содиқов Ё. дар давоми фаъолияти кориашон як қатор мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ таълиф намудаанд. Агар устодро муаллифи беш аз 100 мақола гӯем, хато намекунем, шояд аз ин зиёд бошаду кам не. Устод дар конференсияҳои сатҳи ҷумҳурифвӣ ва байналмилаӣ иштироки фаъолона доранд. Содиқов Ё. дар шаҳрҳои Николаеви Украина, Москва ва Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад кардаанд.
Дотсент Содиқов Ё. барои хизматҳои шоёнашон сазовори як қатор медалу ифтихорномаҳо гардидаанд: «Барои меҳнати шоён ба муносибати 100-солагии зодрӯзи В.И.Ленин» (1970, Москва), нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2004), Ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидаанд.
Чуноне ки дар фавқ зикр намудем устод Содиқов Ёралӣ осори зиёди илмӣ таълиф намудаанд, ки ин ҷо мехоҳем чанде аз онҳоро зикр намоем: Қайдҳо оид ба насри бачагонаи Пӯлод Толис // Маҷмуаи илмии Институти давлатии педагогии Кӯлоб, Ҷузъи V, 1972; Оид ба хусусиятҳои услубии аввалин повестҳои бачагонаи тоҷик // Маҷмуаи илмии Институти давлатии педагогии Душанбе, ҷилди 92, 1974; Баъзе масъалаҳои иҷтимоӣ ва ахлоқӣ дар повестҳои фантастикии Абдумалик Баҳорӣ //Маҷмуаи илмии Институти давлатии педагогии Кӯлоб, ҷилди VI, 1976; Имрӯзи повести бачагона // Садои Шарқ, 1980, № 9; Панҷ соли насри бачагона // Садои Шарқ, №3, 1986; Назари Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар бораи ҳуқуқи волидайн ва фарзандон // Рӯдакӣ. Фаслномаи адабӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон. Шумораи 32-юм, тирамоҳи 2011 (бо ҳуруфи форсӣ); Достони «Комде ва Мадан»-и Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ // Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. Маҷаллаи илмӣ. № 1-2, Кӯлоб, 2013 ва ғ.
Устод дар зиндагии шахсияшон низ умри хубу зиндагии осудаҳолонаро аз сар гузаронида истодаанд. Дар хона шавҳари меҳрубон ва падари ғамхор ҳастанд. Фарзандонашонро дар рӯҳияи меҳнатдӯстию меҳанпарварӣ таробия намудаву дар хизмати халқу диёр гузоштаанд. Завҷаи меҳрубонашон – апаи Майрамбӣ бисёр зани хушмуомила, хушрафтор, хушгуфтор ва ба қадри ҳар як инсон мерасидагӣ ҳастанд.
Агар сарвари оила шахси тарбиятдида бошад, ҳамаи аъзоёни он оила албатта хушахлоқу ботарбия ба воя мерасанд. Падару модар хушмуомила бошанд, фарзандон низ пайрави волидайни хеш мегарданд. Аз ин ҷост, ки фарзандони устод низ мисли худашон шахсиятҳои хубу нек камол ёфтаанд.
Устод вақтҳои фориғ аз дарс баъзе хотироти рангини хешро аз ҳаёти шахсиашон ба мо қиссаҳо мекунанд, ки мехоҳам ин ҷо чанде аз онҳоро зикр намоям: «Соли 1954 буд, ману модарам ба пахтачинӣ мерафтем, -нақл мекунанд устод Содиқов Ёралӣ. Ҳамаи занҳо ду ҷӯяк мегирифтанд, модарам, ки қобилияти хуби пахтачинӣ доштанд чор ҷӯяк мегирифтанд. Ман пеш-пеши модарам пахтаҳоро сар-сар карда мечидам, модарам бошанд аз қафои ман тоза карда, чида меомаданд. Дар он солҳо занҳои фаъоли пахтачинро барои комёбиҳои хоҷагии халқ ба шаҳри Москва мефиристоданд ва ин насиби модари ман гардид. Боре, занҳо ба модарам шӯхӣ карда гуфтанд:
– Апаи Ҳилолбӣ агар ба Масква бравӣ, ба бачата сару по мехарӣ? Модарам дар ҷавоб гуфтанд:
– Ҳо, хо агане чӣ гуфта бден.
– Амолӣ бачат арӯсша ёфтай? Гуфтанд занҳо.
– Ҳо ёфтай? Ҷавоб дод модарам. Кӣ бдай ӯ арӯс? Боз пурсиданд занҳо.
– Гулбарг, – гуфт модарам.
– Оҳӣ, ӯ Гулбарги хшрӯ ами сағераи сиёҳи хдта мегира?
Модарам ҷавоб надода, ман, ки дар гуфтугӯи онҳо ҳозир будам, хомӯш наистода посухи онҳоро додам, – гуфтанд устод:
– Оташ гуфтай метм дхтарма Ёралира!
– Оҳ ин бача зангир шидай, гуфта ҳама занҳо хандиданд.
Он ҳангом ман дар синфи дуюм мехондам», – гуфтанд устод.
Лаҳзаи дигари хотирмон аз ҳаёти устод Содиқов Ёралӣ ин аст: «Соли 1963 ба пахтачинӣ рафтем, – нақл мекунанд устод. Абдулҳай Қаландар як курс аз мо боло мехонданд. Хеле шахси донишманд буданд Абдулҳай. Дар он ҷо се рӯз байтбарак кардем. Чун ман ҳам кам намеомадам, Абдулҳай таклиф карданд, ки ҳардумон ҷӯра мешавем ва ба дарсҳо бо тайёрии хуб меоем, набояд касе аз мо баҳои паст гирад. Ман розӣ шудам ва аз ҳамон сол ҷурагии ману Абдулҳай оғоз ёфт».
Устод аз лаҳзаҳои хизматашон дар шаҳи Украина ёдовар шуда, гуфтанд, ки барои хизмати хубу шоиста аз байни 1000 нафар маршали авиатсия – Казаков ба ман раҳматнома эълон карданд.
Ана ҳамин тавр, як қатор қиссаҳоро аз ҳаёту фаъолияти устод ёдовар шудан мумкин аст, ки дар тарбияи ҷавонон созгоранд.
Хислатҳои хуби устод буданд, ки то имрӯз дар байни коллектви омӯзгорону донишҷӯён обрӯю эътиборашон кам нагардида, баръакс афзуда истодааст.
Мо шогирдон даст ба дуо мебардорем, ки умри устодамон дароз бод, тансиҳатию хонаободӣ насибашон бошад ва ин шоҳбайтро ба устод мебахшем:
Хуршедсифат басо ҷаҳонгир шавед,
Садсола шаведу пас аз он пир шавед.
Ҷашни 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба устоди азизам Содиқов Ё. ва тамоми омӯзгорону устодон ва донишандӯзони донишгоҳ мубораку фархунда бод!