, Чоршанбе, 22-октябр

ФАРЗОНАВУ СОҲИБДИЛЕ


ФАРЗОНАВУ СОҲИБДИЛЕ

Худойдодова Шарофат, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи журналистикаи ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Сухан гуфтан ва чизе иншо кардан дар бораи шахсиятҳои бузург масъулияти гарон аст. Аммо шахсе, ки барояш ин сатрҳоро менависам, болотар аз ситоиш аст, зеро ман ҳамчун ҳамкасб ҳарчанд дар риштаи филологӣ фаъолият барам ҳам, профессор Ислом Ғуломовро устоди худ меҳисобам ва аз мактаби хосаи ин олими тавоно ва як инсони саропо маърифату эъҷоз дарси маърифат омӯхта, дар амалияи тавонмандиҳои хеш истифода кардаам.

Замони ба сифати сармуҳаррири нашрияи донишгоҳии "Анвори дониш" кор кардан, дар саҳифаҳои он маводи устодону омӯзгорон ва донишҷӯёнро саҳифабандӣ карданӣ мешудему аз ҳар як нигоштаи Ислом Назарович як ҷаҳони тарбияву таҳрикро дармеёфтем ва анқариб дар ҳар як шумора мақолаҳои устодро нашр мекардем, ки дар партави онҳо садҳо хонандагон ба шоиставу сазовор зистан ҳидоят ёфтаанд. Ин ҷо агар аз ҳусни хатти зебову хонои устод ёдрас нашавам, ҷурм хоҳам буд.

Дар маҷмуъ, Ислом Назарович инсони наҷибу комил, ба зоҳиру ботин марди зебо ва фарзонаву соҳибдиланд.

Устод Ислом Ғуломов аз зумраи афроди сарсупурдаи пешаи омӯзгорӣ мебошанд, ки умри пурбаракати хешро сарфи таълиму тарбияи насли ҷавон кардаву аз гузашти умр ва масрафи нерӯву тавон дар ин ҷода боре изҳорӣ пушаймонӣ накардаанд. Зеро дарахти пурбори умри омӯзгорияшон самари нек ба бор овардааст ва ин ниҳолакону меваҳояш- фарзандони солеҳ, асарҳои илмиву эҷодӣ ва шогирдони ба камолрасонидаашон, имрӯз такягоҳ ва боиси ифтихорашон гардидаанд.

Айни замон исми мубораки Ислом Ғуломов вирди забони хосу оми саросари кишвар аст, зеро тавассути интишороту таълифоти пурарзиши илмӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ, бахусус методикаи таълими математика, миёни ахтарони пурҷилои илми тоҷик ва берун аз он мавқеъ пазируфтааст.

Ислом Ғуломов ба сифати як омӯзгор, муаллими калон, дотсенти кафедра дар се муҳлат декани факултаи физика - математика, ноиби ректори донишгоҳ оид ба илм адои вазифа намуда, дар ин давом дар раванди ислоҳоти маорифи кишвар бо таклифу пешниҳодоти мушаххас, бахусус бобати такмил додани маълумоти олӣ саҳми муносиб касб намудааст.

Беҳтарин ҷавҳар ва меҳвари таълифоти Ислом Ғуломовро таълими тарбиядиҳанда ташкил медиҳад. Асарҳои илмияш ҷанбаи амалии тарбиявии хосаро доро мебошанд, ки ҳар як донишомӯзро ба эҷодкорӣ ва худфаъолгардонӣ талқин мекунад. Аз шогирдонаш бисёр шунидам, ки дар ҷараёни дарси устод ҳеҷ як фазои холӣ эҳсос намегардад ва таълимгирандагон низ гузашти вақтро пайхас намекунанд.

Ин омӯзгори асил, олим ва инсони комил имрӯз низ дар ҳалқаи ҳамкорону шогирдон, гули сари сабади маҳфилҳо ҳасту ба аҳли кормандон аз хурд то бузург маслиҳатҳои муфидро дареғ намедорад.

Худи устод барору муваффақиятҳояшонро аз оилаи солим, ҳамдигарфаҳмӣ дар хонадон ва дар роҳи дуруст тарбия намудани фарзандону шогирдон медонад. Ӯ падару ҳамсари меҳрубон асту устоди сахтгиру ҳалим ва кулли шогирдон аз таълиму ҳидоятҳояш изҳори ризоияту қаноатмандӣ мекунанд.

Бароям маншаи ифтихору сарфарозист, ки ҳамкасби чунин марди фозилу соҳибдил, хушмуомилаву накӯрафтор, ҳидоятгару раҳнамои мондагор ҳастам ва аз лутфи бисёр нозуки "бибӣ гуфтанҳояшону ба бонувон эҳтиром гузоштанҳояш бархӯрдорам.

Зиҳӣ, марди накӯсиришту покниҳоду покизарӯзгору баландиқбол, устоди арҷманду гиромӣ, Ислом Ғуломов!




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!