,
Чоршанбе, 22-октябр
Муродова Гулчеҳра, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Соли дувоздаҳум аст, ки ки устод Шамсов Нуриддин (Шамси Хатлонӣ) устоди кафедраи сиёсатшиносӣ дар байни ҳамсабақонаш нест, ҷойи ӯ дар дилу дидагони дӯстону наздиконаш ҳамеша холист, аммо хотираи некаш ҳамеша бо мост.
Соҳиби қалби бузург, вуҷудаш маломоли муҳаббати беинтиҳои инсонӣ, нигоҳаш поку беолоиш, ҳумои хаёлаш ошён ба баландиҳои дур бол кушода, суханаш самимӣ, эътиқодаш комил ва мудом паи омeзишу офаридани каломи бадеи дилрасу маънидор.
Аз суҳбати ин марди бузурги зиндаёд ҳеҷ гоҳ сер намегаштӣ, зеро ӯ аз баҳри вуҷуди хеш ҳар замон дурдонаҳои пурқиммат берун меовард ва беихтиёр шунавандаро ба хеш ҷалб менамуд. Бо хурду калон, пиру ҷавон бо як муомилаи гуворои нотакрор муносибат менамуд.
Сухани ӯ ҳамеша пурлутф буд, бе шеър суҳбаташро тасаввур кардан ҳеҷ мумкин набуд. Адабиёти нодири классиконро азёд медонист, бахусус алоқаманди шеъри безаволи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ буд. Ӯ ҳар дафъа мегуфт, ки агар зиндагӣ дуюмбора даст медод, ман фақат ғазалҳои дилошӯб ва дилнишини ин хоҷаи беназирро ҳифз мекардам. Қиссаи бо сеҳри як ғазали Ҳофиз сайри Эрон кардани Шамси Хатлониро аҳли зиёи Кӯлобшаҳр медонанд. Яке аз орзуҳои деринаи устод низ зиёрати оромгоҳи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ буд, ки ин орзу ба василаи қироати як ғазали хоҷа ба ӯ муяссар гашт.
Гирифтори каманди рӯзгор бо ҷавонписари кӯлобӣ Шоҳрух оила бунёд кардам. Шоҳрух падари худ Шамси Хатлониро бениҳоят азиз мешуморид. Чун шомили оилаи нав гардидам дар симои падари Шоҳрух падари хешро дарёфтам.
Марди чеҳракушод, меҳрубон, самимӣ, бофарҳанг ва болутфу иноят буданд. Аз нахустин рӯзҳо ба ман таъкид намуданд, ки ӯро падар ва завҷаашро модар хонам. Ин муносибат бароям ончунон мақбул афтод, ки гӯё дар иҳотаи хонаводаам будам. Ба қавле духтари эркаи ин оила будам. Суҳбат ва муоширати тамоми хонавода бароям гуворо буд.
Келини Шамсов – муаллими донишгоҳ будан ва дар баробари ин унс гирифтан бо ин оила – ин як мактаби бузурги ҳаёт дар зиндагии ман буд. Чун ба ин оила шомил шудам, ҳамагон аз рӯзи аввал бахусус падари гиромӣ Шамсов Нуриддин маро хеле хуб пазируфтанд ва аз рӯзи аввал таъкид намуданд, ки ту барои ман келин не, балки фарзанди ман ҳастӣ. Падарам таъкид намуда буданд, овози баланди ягон нафарро нисбати Гулчеҳра нашунавам. Ва гӯё ин таъкидҳо дар он хонадон қонун шуда бошад, ки дар давоми 29 сол касе ба ман ва фарзандонам садо баланд накард ва маротибе ҳам наранҷонд. Шояд нафароне инро муболиға ҳисобанд, аммо ин ҳақиқате аст, ки ҳама метавонанд тасдиқаш кунанд.
Ҳарчанд ки маълумоти олӣ доштам ва факултети забонҳои Шарқ, шуъбаи форсии Университети давлатии ба номи В.И.Ленинро хатм карда будам, кор намекардам. Кӯдаконам хурд буданд. Падар доимо ба ман тавсия медоданд, ки вақтро беҳуда нагузарон, китоб хонда, гаҳвора ҷунбон, ки шафоати китоб ба фарзанд хеле зиёд аст. Фориғи гирудорҳои зиндагии оилавӣ ба мутолиаи китобҳо машғул мегардидам ва беҳтарин каломи мавзун аз намояндаҳои адабиёти Шарқу Ғарбро фарогир мешудам.
Бо падарам Шамси Хатлонӣ, ки махзани маърифат, хазинаи шеъру ҳикмат буданд, соатҳои дароз шеър мехондему ганҷи маънӣ мебардоштем. Ӯ акнун шеър менавишт, парвози хаёлаш ба авҷи баланд мерасид. Нахустин шунавандаи шеъри ӯ ман будам. Азбаски филолог будам, дарки маънӣ ва фаҳми сухани дилрасаш аз қалбам мегузашт.
Ӯ китобхонаи бузурге ҳам дошт, ки қариб тамоми вақтҳои холигиро дар он ҷо сипарӣ мекард. Ӯ китобҳояшро дӯст медошт ва бениҳоят эҳтиёткорона муносибат мекард. Аҷаб буданд, он лаҳзаҳое, ки агар ягон китобро аз ӯ мепурсидӣ, ӯ аввал дастонашро мешуст, баъд худаш рафта, китобро пайдо мекард.
Ҳар як сухани ӯ ба ман раҳнамо буд, намедонам аз чӣ бошад ё худнамоӣ мекардам ё мехостам ба бовариаш сазовор бошам, ки ягон суханашро ба замин намегузоштам ва бар ивази ин аз ӯ баҳои зиндагӣ мегирифтам, ки пайроҳаи зиндагии ояндаи маро муайян кард.
Ӯ барои ман як ҷаҳон хирад, баҳри беканор, устоди меҳрубон, ҳидоятгару падари мушфиқу меҳрубон буд.
Пас аз марги шавҳарам, соли 2005, ки ҳамагӣ 37 сол дошт, ман ба шаҳри Душанбе рафтам. Он солҳои ғаму андуҳу ноумедӣ падарам Шамси Хатлонӣ барои ман ситорае дар тирашаб буд. Бале ба маънои томаш шуълае дар ноумедӣ, дасти тавоное дар тангдастӣ, такягоҳе дар бепаноҳӣ, вафодоре дар дунёи бевафоӣ.
Бо исрору талаби ӯ боз баргаштам ба шаҳри Кӯлоб, ба хотири як каф дуои падар, ба хотири нишонаҳои фарзандаш, ба хотири падари писаргумкарда.
Ҳар вақте ин сатрҳоро менависам ашк мерезаму дилам садпора мешавад. Он қадар сифатҳои ҳамида дорад, он қадар хотираҳои нек дорад, намедонам кадоме аз онро иншо кунам.
Ӯ дар ҳақиқат инсони комил буд. Пас аз марги шавҳарам дубора ба Кӯлоб баргаштам, ҳарчанд мардум мегуфтанд, ки одамон дар зинда будани шавҳарашон аз хусуру хушдоман ҷудо мешаванд, ту бошӣ баъди марги шавҳарат боз ба оилаи шавҳарат мепайвандӣ. Онҳо ба ту монеаҳои зиёд эҷод мекунанд. Лекин ман суханони модарам, ки доимо мегуфт: Дуои хусуру хушдоман беҳтарин ҳадяест дар зиндагӣ. Дуои онҳо мушкилкушои ҳамаи корҳои туст, баракати зиндагии туст.
Бале, имрӯз метавонам гуфт, ки ман қарори дуруст қабул кардам. Имрӯз ҳама хушбахтиву музаффарияти ман ин баракати дуои падарам аст. Ҳамон сол, яъне соли 2005 падарам Шамси Хатлонӣ маро ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб овард. Маро ба ҳайси муаллим ба кафедраи фалсафа ва сиёсатштносӣ ба кор қабул карданд. Ӯ устоди серталаби ман буду ман шогирди меҳнатдeсти ӯ. Вай тарбиятгари фарзандони ман шуду ман муаллимаи фаъоли донишгоҳ. Ӯ бо ин амали хеш тавонист зиндагии дар нимароҳ мондаи маро боз роҳрави оянда созад. Фарзандони дeстрӯям Ҳангома, Сайидо, Мунтасир, Беназир дар оғӯши гарми навозиши падарам ва оилаи онҳо тадриҷан калон шуданд.
Шамси Хатлонӣ бароям дар баробари падари содиқ будан тавонист устоди беҳтарин бошад. Ман тавассути роҳнамоиҳои ин марди хирад тахассусамро иваз кардам. Ба риштаи сиёсатшиносӣ гузаштам ва бо ҳидоятҳои падарам омӯхтам, таҳлилу тадқиқ намудам ва вориди ин илми бениҳоят васеу мураккаб гардидам. Мактаби Шамси Хатлонӣ, ки чандин ҷавононро ба сӯи қуллаҳои илм расонида буд, маро низ озими он гардонид.
Ёд дорам 30.03.2012 сол рисолаи номзадиамро ҳимоя кардаму ӯ ашк мерехт, ашки шодӣ, ашки орзуҳои нуҳуфта. Падарам он рӯз гуфт: Ту маро сарбаланд кардӣ, ман бо ту ифтихор мекунам.
Дар зиндагӣ бе роҳбалад ба мақсад расидан хеле кори душвор аст. Вале роҳбаладе чун Шамси Хатлонӣ тавонист маро дар зиндагӣ умри дубора бахшад, то тавонам муттакои фарзандони худ ва ояндаи неки онҳо гардам. Бо дастгирӣ ва кӯмаку ҳидоятҳои Шамси Хатлонӣ тавонистам шоҳроҳи хешро дар зиндагӣ пайдо кунам, соҳиби унвон, обрӯву мартаба ва эҳтироми мардуми як гӯшаи диёр шавам.
Агарчанде ин шахси бароям муътабар аз дунё гузаштаанд, ман аминам, ки то ба фарҷом хотираи неки eро дар қалбам ҷой медиҳам ва шарораҳои афкандаи ӯро барои ҷигарбандонам ба ёдгор мемонам.
Ин ҳама муваффақияти ман – дуои туст падарҷон!
Ёдат ба хайр!