,
Чоршанбе, 22-октябр
Аюбзода Сафар Аюб, дотсент, муовини ректори ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ
Матлабе, ки манзур мегардад, маҳсули таҷрибаи бистсолаи банда ҳангоми фаъолият дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад. Ман дар ин боргоҳ – аз донишҷӯӣ то муовини ректор фаъолият карда, хотироту таҳлилҳои худро дар бораи марҳилаҳои гуногуни рушди донишгоҳ, саҳми устодону роҳбарони гузашта ва дастовардҳои имрӯзаи он баён менамоям. Ин матн ҳисобот набуда, балки эътирофи садоқат ба мактабест, ки моро парварида ва гувоҳи зиндаи талошҳои як коллективи бузург барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва мутахассисони баландпоя мебошад.
Аз замони қадам гузоштан ба донишгоҳ 24 сол ва аз замони ба кор оғоз карданам 20 сол сипарӣ гардидааст. Соли 2001 ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил гардида, онро соли 2006 хатм намудам. Дар давоми таҳсил ва кору фаъолият дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шоҳиди рушду нумуъ ва раванди омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар ин муассиса гардидаам. Дар ҷашнҳои 60-солагӣ, 70-солагӣ ва 75-солагии ин боргоҳи илму маърифат иштирок доштам.
Даврони донишҷӯӣ
Дар солҳои аввали донишҷӯии мо, декани факултети математика, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Раҳмат Акбаров буданд. Шодравон шахсияти кордон, олими пурмаҳсул ва нисбати шогирдон бисёр некбин буд. Устод дар қатори корҳои идорӣ ба навиштани китобу дастурҳои таълимӣ машғул шуда, ба тамоми курсҳои якуми факултет дарс мегуфтанд. Дар раванди суҳбату вохӯриҳо доимо таъкид мекарданд, ки “Мо нақшаҳои таълимиро такмил дода, соатҳои таълимии фанни математикаро зиёд кардаем, то ки шумо мутахассисони воқеан ҳам сатҳи баланд омода шавед”.
Дар солҳои 2001-ум вазъи моддию техникӣ ва маишии донишгоҳ ва омӯзгорон ба сатҳи ҳозира набуда, дар раванди таълим мушкилоти муайян вуҷуд дошт, аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, коллективи омӯзгорони факултет ба таълиму тарбияи ҷавонон камари ҳиммат баста буданд. Зери роҳбарии декани факултет, мудирони кафедраҳо ва устодони собиқадор семинару конференсияҳои илмӣ ташкил карда, бо маърӯзаҳо баромад мекарданд. Дар кори семинарҳои факултет донишҷӯёни фаъолро низ ҷалб менамуданд. Дар пойдорӣ, рушду нумӯи факултет саҳми профессор Ислом Ғуломов, устодони шодравон Маҳмудов Туйчӣ, Ёров Назрӣ, Ҳамидов Маҳмадалӣ, Одинамадов, Иззатуллоев К., муаллимони калон Ғуломов Ҷурахон, Давлатов Толқун бисёр назаррас арзёбӣ мегардад.
Кафедра – ячейкаи таълимӣ ва илмӣ
Кафедраи информатика ва техникаи ҳисоббарор дар сатҳи донишгоҳ фаъолият мекард. Макони ҷойгиршавӣ хобгоҳи ҳозираи омӯзгорони донишгоҳ буд. Донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо дар он ҷо рафта дарс мехонданд. Мо низ ҳамчун донишҷӯёни тахассусӣ пайваста дар кафедра қарор доштем. Мудири кафедра шодравон, номзади илмҳои физика ва математика Ҳакимов Ашур, устодони кафедра Иноятов Фаррух, Ҷалилов Д., Холов Абдураҳмон буданд. Дар он солҳо дар кафедра якчанд сифнхонаҳои бо компютерҳои «Ямаха КУВТ» ва “Carbide” муҷҷаҳаз гардонида шуда буданд. Дар солҳои охири таҳсили мо 1 адад компютери Pentium 1 ва системаи амалиётии Windows 3.1 ва баъдтар 1 адад компютери Pentium 4 ба кафедра оварда шуда буд. Бо сатҳи мавҷудаи моддию техникӣ устодони кафедраи мазкур воқеан ҳам заҳмат кашида, шогирдонро таълиму тарбия менамуданд.
Такопӯйи раёсати донишгоҳ
Солҳои аввали донишҷӯии мо академик Каримов Самариддин ректории донишгоҳро бар уҳда доштанд. Сипас ба ин вазифа номзади илмҳои таърих, дотсент Аъзамов Хурсанд Саидович таъйин гардиданд. Давраи донишҷӯии мо ба замони роҳбарии ин ду шахсияти шинохта рост омада буд. Мо дар ихтисоси навтаъсиси факултет бо номи “Муҳандис-барномасоз бо иловагии забони англисӣ” таҳсил мекардем. Дар он вақтҳо дар шаҳри Кӯлоб намояндагии даҳҳо ташкилоти байналмилалӣ мавҷуд буда, садҳо лоиҳаҳои байналмилалӣ дар сатҳи мамлакат амалӣ карда мешуданд. Аз сабаби он ки дар ташкилоти байналмилалӣ маош баландтар буд, омӯзгорони забони англисӣ зуд-зуд тарки кор мекарданд. Барои он ин корҳоро ба хотир оварда истодаем, ки раёсати донишоҳ аз ин мушкилоти мо огоҳ буда, зуд-зуд бо мо вохӯрӣ ташкил намуда, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда, чораҳои амалӣ меандешиданд. Аз ҷумла, ноиби ректор оид ба таълим, доктори илмҳои фалсафа, профессор Ибодов Маҳмадулло Орифович якчанд маротиба бо гурӯҳи мо вохӯрӣ ташкил карда буданд. Аз дигар муассисаҳо якчанд маротиба барои мо омӯзгори забонҳои хориҷӣ ва информатика даъват гардида буд.
Шароити иловагии таълим
Дар назди шуъбаи таълим лоиҳаи фонди Оғохони 4 “Инсоншиносӣ” амал мекард, ки дар он донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ ҳафтае як маротиба ҷамъ омада, дар доираи мавзуъҳои муайян ба машғулият ва суҳбату баҳсҳо ҷалб карда мешуданд. Дар доираи ин лоиҳа як маркази компютерӣ бо 8-10 адад компютерҳои Pentium 2 ташкил карда шуда буд. Машғулиятҳоро устодон, профессор Ибодов М.О., дотсент Холиқов С.С., муаллими калон Гулахмедов Шамсуддин, муллими калон Тураева Зуҳро ва шодравон номзади илмҳои фалсафа, дотсент Саъдуллоев Мадисо мегузарониданд. Таҳсил дар ин курсҳо 3 сол буда, ман аз курси 2-юм ва ба соли дуюми курс ҳамроҳ гардида будам. Машғулиятҳои бисёр ҷолиб буданд. Ҳар нимсола барои мо маводи таълимӣ дар ҳаҷми зиёда аз 500 саҳифа дода мешуд. Мавод ва машғулиятҳо аслан бо забони русӣ буданд, аммо дар раванди баҳсҳо бо забони тоҷикӣ низ суҳбатҳо ташкил карда мешуд. Машғулиятҳо бо усулҳои интерективӣ ташкил карда шуда, шогидон ба он бо хондани мавзуъ ва ақидаю саволҳои муайян иштирок мекарданд. Маводи таълими барои 1 машғулият баъзан вақт зиёда аз 80 саҳифаро ташкил медод.
Васеъшавии сохтори донишгоҳ ва дастгирии ҷавонон
Соли 2004 дар донишгоҳ вазифаи муовини ректор оид ба тарбия ташкил карда шуда, ба ин вазифа номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Иброҳимов Грез таъйин карда шуд. Устод то ин дам ба ҳайси сардори шуъбаи таълим фаъолият мекарданд. Дар соли таҳсили 2004-2005 ман донишҷӯйи курси 4-ум ва ҳамчунин раиси созмони ҷавонони факултет, ихтиёрии маркази интернетии «IАTP» (аз ҳисоби фонди Амрико дар донишгоҳ амал мекард) ҳамзамон, узви Шурои олимони донишгоҳ будам. Як рӯз профессор Ибодов М.О. дар назди маркази интернет, ки дар бинои маъмурӣ қарор дошт, манро дида гуфтанд, ки “Соати 14 назди ман оед, мо шуморо ба вазифаи раиси созмони ҷавонони донишгоҳ пешниҳод мекунем”. Ман дар вақти муайянгардида ба ошёнаи дуюм, ба ҳуҷраи кории устод рафтам. Дидам, ки устод бо ректори донишгоҳ, дотсент Аъзамов Х.С. дар роҳрав омада истодаанд. Ба устодон салом додам ва профессор Ибодов М.О. манро ба ректори донишгоҳ муаррифӣ карда, илова намуд: “Ана ҳамин бача бо гурӯҳашон ба номи вазири маориф барои ташкили синфхонаи компютерӣ ариза навишта буд”. Бо вуҷуди чунин муаррифӣ дар моҳи марти соли 2005 манро ба ҳайси раиси созмони ҷавонони донишгоҳ таъйин намуданд.
Дар даврони 3 соли фаъолият дар ин ниҳоди ҷавонон зери роҳбарии муовини ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Иброҳимов Г.И. бо як ҷаҳон таассуроту шавқу ҳавас фаъолият кардем, ки ба устод барои роҳнамоӣ ва дастгирии ҳамаҷониба изҳори сипос менамоям. Бо тавсияву роҳнамоии устод Иброҳимов Г. ман соли 2005 ва Мирсаидов Муҳамаднаим соли 2008 дар конференсияҳои ҷумҳуриявии барои донишҷӯён ташкил намудани фонди Сорос иштирок ва баромад намуда, ҳамчун беҳтарин маърӯзачӣ бо компютери Pentium 4 ҳавасманд гардонида шуда будем. Устод Иброҳимов Грез ба монанди мо садҳо шогирдонро рӯйи кор оварда, тарбия намуданд. Худо ба устод умри дароз, саломатии бениёз ва хурсандии бесобиқаро арзонӣ дорад.
Таҷлили 60-солагии донигоҳ
Ҷашни 60 солагии донигоҳ дар соли 2005 таҷлил карда шуд. Бо сабаби набудани инфрасохтори замонавӣ ва ё зиёд даъват шудани меҳмонон буд, ки чорабинӣ дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб ташкил ва гузаронида шуд. Дар арафаи ҷашни 60-солагии донишгоҳ бо қалами шодравон Достӣ Шарифов китоби “Боргоҳи илму маърифат”, ректорони донишгоҳ нашр гардида, барои олимон, омӯзгорон ва кормандоне, ки дастовардҳои назаррас доштанд, мукофотпулӣ дода шуд. Ман ҳамчун намояндагони донишҷӯён, раиси созмони ҷавонони донишгоҳ узви кумитаи тадорукоти ҷашнӣ будам ва шоҳиди он гаштам, ки ректори донишгоҳ, дотсент Аъзамов Х.С. ба нафароне, ки дар солҳои охир ақаллан 1 мақола дар рӯзномаҳо доштанд мукофотпулӣ ҷудо намуданд. Ногуфта намонад, ки устод Аъзамов Х.С. дар давоми 4 соли ректории худ тамоми биноҳои таълимиро аз таъмир бароварданд.
Қобили қайд аст, ки аз аввал то имрӯз созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъолияти хуб нишон дода, мактаби омодасозии кадрҳо ба ҳисоб мераванд.
Шоҳиди роҳбарии 8 ректори муассиса
Давоми 24 соли таҳсил ва фаъолият дар донишгоҳ бо корнамоии ректорон – академик Каримов С.К., дотсент Аъзамов Х.С., доктори илҳои фалсафа ва доктори илмҳои педагогӣ Қодиров К., профессор (онвақт дотсент) Солеҳов Н.Н., профессор, узви вобастаи АМИҶТ Абдулло Ҳабибулло, профессор Мирализода А.М., профессор Раҳмон Д.С., ва дотсент Сафарзода М.В. аз наздик шинос шудам. Ҳамаи ин шахсиятҳои бузург дар доираи имконоти мавҷуда барои донишгоҳ хизматҳои муайян кардаанд. Узр мепурсам, ки имкони ҳамаи хизматҳои онҳоро навиштанро надорам, вале киҳо бо чӣ корҳояшон зиёдтар шуҳрат доштан бо чанд сатр рӯйи қоғаз меорам.
Академик Каримов С.К. замоне, ки барои миллату давалат хело мушкил буд, донишгоҳро роҳбарӣ карда, ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ саҳм гузошта, иштироки донишҷӯёнро дар чорабиниҳои донишгоҳӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ба қадри имкон таъмин мекарданд. Дастаи “Ҳамадон”-и донишгоҳ дар ҳамон солҳо дар барномаи телевизионии “Маҳфили зарифон” борҳо дастболо гардида буд. Худо ҷойи марҳумро ҷаннат гардонад.
Дотсент Аъзамов Х.С. дар давоми 4 соли роҳбарии худ тамоми биноҳои таълимии донишгоҳро аз таъмири ҷорӣ бароварда, барои толори шурои олимон ва баъзе синфхонаҳо мизу курсӣ харидорӣ карда, маоши омӯзгоронро ҳар сол ба қадри имкон баланд бардошта, иштироки васеи омӯзгорон ва донишҷӯёнро дар чорабинии ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб таъмин намуда, дар донишгоҳ шуъбаи аспирантураро ташкил карда, барои иштироки донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва барномаи телевизионии “Маҳзар” шароити муайян ташкил карда буданд. Махсусан, кори созмонҳои ҷамъиятии донишҷӯён: созмони ҷавонон, иттифоқи касабаи донишҷӯён, шурои духтарон, шурои донишҷӯён ва декани донишҷӯён (панҷгонаи донишҷӯён) дар ин солҳо хело назаррас буданд. Аввалин компютерҳои муосир дар ҳамин солҳо барои ҳуҷраҳои кории сохторҳои раёсати донишгоҳ харидорӣ гардида буданд. Бинои таълимии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ соли 2006 таъмир гардида, ба ихтиёри факултет дода шудааст. То он замон факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар бинои ҳозираи факултети молиявию иқтисодӣ ҷойгир буд. Талабгори саломатӣ ва умри бардавоми устод ҳастем.
Доктори илмҳои фалсафа, доктори илмҳои педагогӣ Қодиров К., бисёр шахсӣ ҷиддӣ буданд. Устод ҷалби бештари донишҷӯён ба корҳои шанбегӣ, пахтачинӣ ва тамринҳо дар чорабиниҳои фарҳангиро пешгирӣ карда буданд. Дар замони ректории эшон тағйироти кадрӣ зуд-зуд сурат мегирифт. Баъзеҳо ҳатто як рӯз дар вазифа кор мекарданд. Аммо устод тавонист омӯзгорони ҷавонро ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб кунанд. Бо супориши ректор мушовирон ва муовинони ректор омӯзгорони ҷавонро сахт гирифта, баъзан маҷбуран ба зинаи аспирантура дохил мекарданд, дар ҷустуҷӯи мавзуъ ва роҳбари илмӣ кӯмак мерасониданд. Аввалин маркази компютерӣ дар ҳамин солҳо ташкил карда шуда буд. Худо устодро ҳифз кунанд.
Замони ректори профессор Солеҳов Н.Н., донишгоҳ ба марҳилаи нави рушди худ қадам монда буд. Маркази дуюми компютерӣ дар донишгоҳ ташкил карда шуда, аввалин тахтаи электронӣ харидорӣ шуд. Маркази мазкур солҳои зиёд ба ҳайси маркази тестӣ дар донишгоҳ хизмат кард. Таманнои солимӣ ва дарозумрии устодро дорем.
Доктори илмҳои физика ва математика, профессор, узви вобастаи АМИҶТ Абдулло Ҳабибулло, ҳамчун роҳбари пуркор муаррифӣ гардидааст. Дар замони роҳбарии эшон сатҳи омодакунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ ба маротиб афзуда, тамоми биноҳои донишгоҳ аз таъмир бароварда шуда, тирезаҳои ҳамаи биноҳои таълимӣ бо тирезаҳои пластикӣ иваз карда шуданд. Бинои ҳафтошёнаи маъмурию таълимӣ дар замони ректории устод аз ҷониби дирексияи сохтмонии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлил аз ҷашни 70-солагии донишгоҳ сохта ба истифода дода шуд. Маоши омӯзгорон якчанд маротиба баланд бардошта шуда, коллективи омӯзгорон дар давоми сол якчанд маротиба бо мукофотпулиҳо ҳавасманд гардонида мешуданд. Аз ҳама асосаш ин ки шумораи сафарҳои хизматии омӯзгорон ва донишҷӯён ҳеҷ маҳдудият надошт. Омӯзгорон ва донишҷӯён барои сафар дар дохил ва хориҷи кишвар бо сафархарҷӣ таъмин мешуданд. Донишҷӯёни донишгоҳ дар ҳама озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, озмунҳои телевизионӣ ва семинару конференсияҳо фаъолона иштирок мекарданд. Маркази рушди касбият ва инноватсия кушода шуд, садҳо адад компютер ва ноутбукҳо, зиёда аз 50 адад тахтаҳои электронӣ мизу курсиҳо харидорӣ гардиданд, ки то имрӯз дар хизмати омӯзгорону донишҷӯён қарор доранд. Рататсия ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар замони ректории д.и.ф.-м., профессор, узви вобастаи АМИҶТ Абдулло Ҳабибулло дар сатҳи хело баланд ба роҳ монда шуда буд. Барои мисол, ман дар 8 соли роҳбарии устод дар 4 вазифа кор кардаам. Бо зуд-зуд ҷойивазкунии кадрҳо ҳам сифати корҳо хуб мешуданд ва ҳам кадрҳо пухта мерасиданд. Худо ба устод шифои комил ато фармоянд.
Замони ректории доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо, ба хотирӣ ҳамагон ҳаст. Дар давраи роҳбари эшон дар коллективи омӯзгорон масъалаи инсонгароӣ дар ҷойи аввал меистод. Устод пайваста таъкид мекарданд, ки “Некбин бошед, якдигарро эҳтиром кунед, наистед, ки кай назди шумо меоянд, хеста пеши якдигар рафта, корҳоро дар сатҳи баланд анҷом диҳед. Шукргузор аз ҳамин давлату миллат, аз ҳамин донишгоҳ бошед. Ҳар коре мекунед ва ҳар чизе мехаред даҳсолаҳоро фикр карда амал кунед”. Устод намоҳои биноҳои асосиро дар сатҳи хело баланд таъмир карда, лабораторияҳои нав ташкил карда, барои хобгоҳи донишҷӯён системаи гармидиҳӣ ташкил карда, барои донишгоҳ сервери пуриқтидор харидорӣ карда, аз қаъри замин барои донишоҳ об бароварда, маоши кормандонро баланд бардоштанд. Инчунин маҷаллаи илмии Паёми донишгоҳро ба феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда, шурои диссертатсионӣ аз рӯйи ду равия ва се ихтисос ташкил карда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ корҳои назаррасеро анҷом дода, маблағи ҳавасмандӣ барои ҳимояҳои рисолаҳои номзадӣ ва докториро баланд бардоштанд. Дастаи донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - ватани азизи ман” ва олимпиадаҳои фаннӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил мешуданд. Ин қисми ками корҳои анҷомдодаи устод ҳастанд. Умед ба он дорем, ки устод умри дарозу оромбахш дошта бошанд.
Барои коллективи донишгоҳ ба ҳайси ректор таъйин гардидани ҷавони бохирад, хушсирату хушсимо, профессор Раҳмон Д.С. бисёр фоли нек буд. Дар даврони роҳбари ректори ҷавон дар донишгоҳ корҳои донишгоҳ дар ҳама самт чун замони роҳбарии профессор Мирализода А.М., бо маром рушд карданд. Марказу синфхонаҳо тадриҷан бо мизу курсӣ ва компютерҳои замонавӣ таъмин гардиданд, маблағи ҳавасмандӣ барои ҳимояҳои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ зиёд карда шуда, маркази таълимӣ-машваратии “Дурахшон” таъсис дода шуда, талошҳои зиёди ҳадафмандона барои болобарии сифати таълим, омодасозии донишҷӯён ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ рӯйи кор омаданд, ки натиҷаҳои хуб ба бор оварданд. Ғолибияти донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – ватани азизи ман”, “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”, олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва ташкилу баргузории ҳамоишҳои илмӣ дар ин давра бесобиқа арзёбӣ мегарданд.
Ректори ҷавон ва ояндадор
Санаи 28-уми майи соли 2025 ба ҳайси ректори ин муассисаи бонуфуз, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода М.В. таъйин гардид. Аз дохили коллективи донишгоҳ таъйин гардидани ин кадри ҷавону умедбахш аз эътимод ва дастгирии Пешвои миллат ба ҷавонон дарак дода, коллективи донишгоҳ ин рӯйдодро хело хуш пазируфтанд. Замони роҳбарии ректори ҷавон ба давраи омодагӣ аз таҷлили ҷашни 80-солагии донишгоҳ рост омад. Эшон дар муддати 4 моҳи роҳбарӣ тавонистанд, аксарияти биноҳои таълимиро аз таъмири ҷорӣ бароварда, 10 синфхонаро бо мизу курсии наву замонавӣ таъмин карда, маркази дузандагии донишгоҳро бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин намуда, як маркази иттилооти таҳлилӣ таъсис доданд. Дар ошёнаи якуми бинои маъмурӣ макони қабули меҳмонҳоро бо шароити беҳтарин таъсис дода, шиору овезаҳоро дар шакли нав ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир ташкил карданд. Маблағҳои ҳавасмандиро барои ҳимояҳои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ба маротиб баланд карда, садҳо тахтаҳои синфӣ харидорӣ карданд. Ректори ҷавон дар худи ҳамин донишгоҳ дар вазифаҳои мутахассис, сармутахасис, декани факултет (дар ду факултет), муовини декан, сардори марказ, мудири кафедра ва муовини ректор кор карда, бо набзи донишгоҳ ошно буда, беҳтарин кадри маҳаллӣ ба камол расидааст. Ба дотсент Сафарзода М.В. дар иҷрои ин рисолати таърихӣ барор таманно дорем.
Декани рақами 1
Дар солҳои 2005-2008 ман ба ҳайси раиси созмони ҷавонони донишгоҳ фаъолият мекардам. Дар он солҳо доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирзоев С.С. ба ҳайси декани факултети химия ва биология фаъолият мекарданд. Устод зиёда аз 11 сол (1996-2007) ба ҳайси декани факултети химия ва биология кор кардаанд. Ҳангоми ба ягон кори ҷамъиятӣ ба факултети мазкур ворид мегардидем, устод моро ба ҳар як гурӯҳ дароварда муаррифӣ мекарданд. Донишҷӯёнро ба хондан, иштирок дар семинару меҳфилҳо ва корҳои ҷамъиятӣ ташвиқ мекарданд. Дар ҳамон солҳо мушкилоти моддию техникӣ ва нарасидани омӯзгорон ба назар мерасид, аммо устод корро тавре ба роҳ мемонданд, ки донишҷӯён як соат низ аз машғулиятҳо берун намемонданд.
Масъалаи тозагӣ, зебогӣ ва интизоми донишҷӯёни факултет дар сатҳи хело баланд буд. Донишҷӯёни факултетро ҳангоми иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ, дар майдону толорҳои шаҳрӣ, дар шанбегиҳо аз рӯйи одобу рафторашон фарқ кардан мумкин буд. Декани рақами як дар оянда ба ҳайси роҳбари илмӣ ба ман кӯмакҳои зиёде карданд. Зери роҳбари профессор Мирзоев С.С. ман ва муовини ректор оид ба идора ва хоҷагӣ Мухторзода Муъмин Мухтор рисолаҳои номзадии худро дифоъ намудаем. Профессор Мирзоев С.С. олими пурмаҳсул буда, муаллифи 2 монография, 8 китоби дарсӣ, 16 васоити таълимию методӣ, беш аз 220 мақола ва фишурдаҳои илмӣ буда, аксарияти рисолаҳои илмии аз ҷониби муҳаққиқони донишгоҳ дар 20 соли охир таҳиягардида аз зери назари устод гузаштанд.
Модари донишҷӯён
Замони донишҷӯӣ ва кору фаъолият дар донишгоҳ модаре доштем бо номи Юсуфова Фазиламоҳ. Номбурда аз соли 2000 то охири умр ба ҳайси раиси иттифоқи касабаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият мекарданд. Ба монанди ман ҳамаи донишҷӯён шодравонро модари худ медонистанд, зеро аз дили ҳар як донишҷӯ огоҳ буд, нисбати ятимони кулл, донишҷӯёни камбизоат ва донишҷӯёни имконияташон маҳдуд пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекард. Аз он ки вай бисёр хоксор ва самимӣ буд, ҳар мушкилоте, ки доштем, аввал онро бо муаллимаи азиз дар миён мегузоштем. Худо макони охирати муаллимаи азиз Фазиламоҳ Юсуфоваро биҳишти ҷовидно гардонад, меҳри ӯ дар дили ҳазорҳо нафар хатмкардагони донишгоҳ боқӣ мондааст.
Воқеан ҳам хизмат кардаанд
Кулли олимон ва омӯзгорони донишгоҳ барои тайёр кардани мутахассисонӣ воқеан ҳам касбӣ заҳмат кашидаанду кашида истодаанд. Аз таҷриба ва шунидаву дидаҳои мо маълум аст, ки олимон ва омӯзгорони донишгоҳ Ғуломов И., Ибодов М.О., Мирзоев С.С., Абдуллоев М.Х., Иззатова М.И., Содиқов Ё., Назарзода П.С., Холиқов С.С., Баротов Ҷ., Раҳимова С., Арабоваз З. Ҷураев Б., Бегиев Ш., Собирова У., Расулов Н.С., марҳумон Акбаров Р.А., Саидов Р., Сайҷаъфаров Ш., Нуралӣ Аюбӣ, Мустафоқулов Т., Расулов Д., Маҳмудов Т., Ҳамидов М., Ёров Н., Одинамадов О., Сангов Қ., Мирзоев Ғ., Тамлихоев И., Юнусов С.С., Абдураҳмонов У., Ибодов Н. ... дар ҳиқат ҳам бо санъати баланд тадрис фарқкунанда буданду ҳастанд.
Боз ҳам шукуфон хоҳад шуд
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ, зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талошҳои пайвастаи коллективи омӯзгорону кормандон ва сиёсати дурандешонаи роҳбарон, ба як боргоҳи бонуфузи илму маърифат, ки дорои инфрасохтори замонавӣ, кадрҳои баландихтисос ва марказҳои таҳқиқотӣ табдил ёфтааст. Таҷрибаи банда дар созмонҳои ҷамъиятӣ ва вазифаҳои гуногун далели он аст, ки донишгоҳ мактаби омодасозии кадрҳои на танҳо омӯзгорӣ, балки роҳбарӣ низ ба ҳисоб меравад. Умед аст, ки дар остонаи ҷашни 80-солагӣ ва зери роҳбарии ректори ҷавон, дотсент Сафарзода Мунир Ватан донишгоҳ ба қуллаҳои боз ҳам баландтарини илму маърифат хоҳад расид.