,
Чоршанбе, 22-октябр
(Қисми 1)
Нозимова Гулрухсор, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи таърихи адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Хирмане дар канори боғ ё ёди бачагӣ
Рӯзгороне пушти саҳифаҳои умр ёди моро рангин месозад ва мебарад дунболи рӯзҳои бачагӣ.
Замоне, ки дар мактаби миёна таҳсил менамудем, фикру андешаамон андармони касби дониш буд ва он орзуҳои ширини даврони кӯдакӣ моро намегузошт, то лаҳзае ором бошем, ҳамеша ҷӯёву пӯё будем. То чашми хирад бозкушода будем, ки авзои сиёсии ҷомеа дар дилҳоямон шуълаи умеду орзуҳоро бармаҳал аз дурахшидан боз монд, аммо то нафасро дар мазҳари ҷон арзонӣ доштем, ба фардои нек умед мебастем. Ин умедҳо бар абас нарафт ва бо омадани Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат ва ҳидояту роҳнамоиҳои ӯ дар ҳаёти мардуми тоҷик саҳифаҳои нави давлатдорӣ, ки аз истиқлолияту худшиносии миллӣ сарчашма мегирифт, оғоз шуд. Дар ҳамин оғозҳои сахту сангин мо мактаби миёнаро хатм намудем ва замоне буд, ки дар фикру андешаи хурду бузург ба ҷуз аз пайдо кардани пораи ноне дигар чизи дигаре намеғунҷид. Аммо бо вуҷуди ин ҳама сахтиҳо он шуълае, ки дар қалби банда дар талоши хондан барқ мезад, ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ сабабе хомӯш нагашт ва баъд аз интизориҳои тӯлонӣ, соли 2002 маро овард ба оғуши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.
Албатта, ҳар чизе, ки дар рӯзгори мо мешавад бо ҳукми Худо мешавад ва банда ҳам то омадан ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ тақозои таҳсил дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва рӯзноманигор шуданро доштам ва бо иттифоқи воқеае, ки дар як ҷаласаи ҳукумати ноҳияи Муъминобод иштирок намуда, хоҳиши хешро аз ба даст овардани квотаи Президентӣ барои таҳсил дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод намудам. Аммо дар ин сол супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастрасии квотаи Президентӣ танҳо ба нафароне, ки мактабро ҳамон сол хатм намуда буданд, ба тавсиб расид ва бо ин далел раиси онвақтаи ноҳияи Муъминобод, зани бофазлу дониш Раъно Бобоева бо дарназардошти риояи меъёрҳои қонунӣ хоҳиши бандаро дар ин маврид иҷро карда натавонистанд. Вале дар масъалаи соҳибтахассус шуданам бетафовут намонданд ва дар ҳамон сол ин масъала роҳи ҳалли худро ёфт ва ҳам тақдир маро бо Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ пайваст. Раиси ноҳия саъю талоши бандаро озмуда, маро ба ҳузури хеш хонд ва бо раҳнамоию насиҳатҳои модарона маро розӣ кунонд, то бо роҳхати раиси ноҳия, яъне худи ӯ (ки сар фурӯд меорам пеши муҳаббату ғамхориҳои модаронаи эшон) ба факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шавам.
Бӯстоне дар ғояти фазлу камол
Дар баробари донишҷӯ шудан ва таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ тавассути дарсҳои устодони ботаҷрибаву шахсиятҳои бузурги ин боргоҳи илм, дар замири банда дилбастагии амиқе пайдо гардид, ки ҳамеша дар суҳбатҳои миёни ҳамсабақон аз он изҳори шодиву қаноат менамудам ва ин муҳаббат сарчашмаи биниши илмиву фарогирии донишҳои адабии банда дар ин ҷода гашт.
Маҳфили адабии “Парвози шоҳин”
Аввалин ёддоште, ки дар дафтари хотирот аз даврони донишҷӯӣ пеши чашм ҷилвагар мегардад, бо маҳфили адабии “Парвози шоҳин” алоқаманд аст. Банда, ки аҳли эҷод будам, то ин ки пушти мизи донишҷӯӣ нишинам, баъзан чакидаҳои қаламам дар рӯзномаи ноҳиявӣ “Субҳи меҳнат” ба табъ мерасид ва баробари ба муҳити донишҷӯӣ ворид шудан, фаъолияти маҳфили адабии “Парвози шоҳин” маро ба сӯйи худ кашид.
Узви ҳамешагии маҳфили адабии “Парвози шоҳин” гаштанам, бо чанд ҳодисае дар ҳамон як рӯз иртибот дорад. Рӯзҳои аввали дарс буд ва ҳанӯз устодонро дуруст намешинохтем ва дар дунёи худ парвоз мекардем. Вақте устоди зиндаёд, профессор Саид Раҳим, ки ҳамон вақтҳо раиси маҳфили адабии “Парвози шоҳин” буданд, мо – донишҷӯёни хощишмандро рӯйхат карда ба маҳфил даъват карданд ва банда бе ягон дудилагӣ ба маҳфил ҳозир шудам. Баъд аз маҳфил бо як таассуроти кайҳонӣ шитобон дари синфхонаро кӯбида кушодам ва аз устоди дарсдиҳанда иҷозаи нишастан хостам. Дар рӯ ба рӯям омӯзгори ҷиддиву сахтгир, дотсент Сангов Қаюм буд. Ҳарчанд устодро аз дарсҳои аввали фанни практикуми забони тоҷикӣ мешинохтам, аммо то ҳанӯз бо шахсияташ ошно набудам. Устод бо ваҷоҳати чеҳра, ки ҷиддигии ӯро даҳчанд меафзуд, пурсид: - Нисфи дарс гузаштааст, куҷо мегардед? Устод суханашро тамом накарда буд, ки бо ҳамон рӯҳияи кайҳонӣ ва қаноатмандӣ посух додам, ки: - Дар маҳфили адабии “Парвози шоҳин” будам. Банда, ки дар мизи якум менишастам, устод бо асабоният рафта ҷузвдонамро гирифта аз дар берун партофт ва гуфт: - Агар аз дарс дида маҳфил барои ту арзиши бештар дошта бошад, рав ҳамон маҳфилат ва дигар ба дарси ман наой. Сабаби асабонияти устодро баъдтар фаҳмам, он рӯз диктант доштаем. Чунин муносибати устод якдафъа маро аз осмон ба замин фурӯд овард. Баъд аз ғундоштани ҷузвдонам аз зинапояҳои дуюм ошёна поин шудам ва дар зинапояҳои миёнӣ нишаста зор-зор гиря мекардам, ки муаллимаи зиндаёду азизамон Раъно Бобохонова, ки ба мо аллакай чанд дарси забони русӣ гузашта буданд ва бо ин чанд дарс дар дилу дидаи мо ҷой гирифта буданд, маро дар ин ҳол дида пурсон шуданд. Ҳик-ҳик карда, ҳамаро як-як ба муаллима нақл кардам ва афзудам, ки шояд дер ба донишгоҳ омаданам сабаби рушд накардани банда дар илм гардад. Муаллима аз чунин муҳокимаронӣ маро сахт танбеҳ дода, баръакс, бо мисолҳои фаровоне зиёдтар ба илм ташвиқ намуданд ва суханашонро бо ҳамин ба анҷом расониданд, ки “инсон то ҷон дар рамақ дорад бо умед зиндагӣ мекунад ва хуш гуфтаанд, ки “Аз гаҳвора то ба гӯр дониш биҷӯй”. (Дар муносибат ба муаллимаи азиз, мехоҳам таъкид намоям, ки иштироки фаъоли банда ҳангоми мактабхонӣ дар озмунҳои фаннӣ, ки бештар аз рӯйи фанни адабиёти рус соҳиби ҷой мегаштам, заминае барои ҳозирҷавобию омодагии ҳамешагӣ ба дарси забони русӣ дар донишгоҳ гашта буд ва аз ин рӯ, бо муаллима зуд унс гирифтанам ҳам аз ҳамин ҷо буд). Суханҳои муаллима муассирам кард ва бо дили гарм рафтам дунболи орзуҳо. Албатта, ин бархурде буд, ки асарашро барои ҳамешагӣ дар фаъолияти минбаъдаи донишҷӯии банда гузошт.
Минбаъд кӯшиш намудам ба дарсҳои устод Қаюм Сангов сари вақт ҳозир шавам. Эҳтиромам ба устод бештар шуд ва ҳар сухане, ки аз забони эшон бармеомад бо камоли меҳру садоқат сармашқи кораш менамудам. Аз ин рӯ, ҳеҷ гоҳе нашуда буд, ки ба дарси устод Сангов Қаюм бе тайёрӣ омада бошам. Устод Сангов ба ғайр аз ин, ки методикаи забонро ба мо меомӯхтанд, инчунин бо як ҳисси хушбинӣ дар замири ҳар яки мо инсон буданро тарбия мекарданд. Махсусан, аз чунин муносибати устод баъдҳо, вақте ки бо машаққати зиёд эҳтироми устодро ба даст овардам, бархурдор гардидам. Ҳатто устод бо ҳамон ҷиддияте, ки дошт, баъзан аз нақшаҳоя тарҳрезӣ намудаашон бо мо суҳбат менамуданд. Ҳамсафари ҳаётам Амлоев Аминҷон низ мактаби устодро гузашта, аз шогирдони содиқи устод ба шумор мерафт, ҳатто мо баъзан бо шӯхӣ ӯро “Сангов”-и дуюм мегуфтем. Вақте устод Қаюм Сангов бистарӣ буданд ва ба аёдаташон рафтем, ҳамон руҳияи хушбиниашон моро боз ҳам шефта менамуд. Устод аз чоп шудани китоби навашон моро хушҳол карда, сипас пояшонро ба мо нишон дода гуфтанд, ки: “Худо хоҳад, саломатиам хубтар шавад, аз рӯйи маслиҳати пешакӣ, охирҳои тобистон рафта дар поям оҳан мемонам ва ана баъд ба дарс меравам. Ҳоло якчанд кор аст, онҳоро бояд анҷом диҳам”. Аз либоси шинами бабарнамудаи устод чунин ба назар мерасид, ки ба дарс мерафта бошанд, махсусан, соати дасташон ҳамин фикрро дар сар бедор мекард. Устод мисле, ки дар маҳали кор бошанд, гоҳ-гоҳе ба соати дасташон назар медӯхтанд ва ба назар чунин менамуд, ки ҳамин алъон ба сари дарс мераванд, бо қиёфае, ки мунтазири занги даромад бошанд, менишастанд. Дилам пур шуд, аммо боз ҳамон хислати хушбинии устод дар ман асар кард, худдорӣ кардаму садоямро даркашидам, то ашкамро набинанд (Рӯҳашон шоду ёдашон гиромӣ бод).
Аммо боз аз маҳфили адабии “Парвози шоҳин”. Бояд иқрор шавам, ки ҳарчанд рӯзи аввали ба маҳфил рафтанам хотираи ногувореро ҳамроҳ дошт ва то ҳадде ин маҳфилро дар гӯшаи дилам ба фаромӯшӣ бурд, вале баъдҳо, ки ба муҳити донишҷӯӣ ворид шудам ва дар тақсимоти вақт даст ёфтам, боз тавонистам дубора шуълаи маҳфили адабии “Парвози шоҳин”-ро дар дил барафрӯзам ва аз суҳбати устодони бузурге чун: устодони зиндаёд Шовалӣ Саидҷаъфаров, Саид Раҳим, Шамси Хатлонӣ, Нуралӣ Аюбӣ, Абдулҳай Қаландаров, Бурӣ Гулназаров, Лутфи Хомӯш, Одина Раҳмон, Аҳмадзода Неъматулло ва дигар сухансанҷону донишмандон баҳравар гардам ва ҳатто аз ҷониби раиси ҳамонвақтаи маҳфил Саид Раҳим соҳиби ҳуҷҷати аъзои маҳфил низ гаштам.
Маҳфили адабии “Парвози шоҳин” дар рушду таҳаввули ҳаёти адабии минтақаи Кӯлоб мавқеи назаррас дошт. Дар маҳфил, на танҳо шоирону нависандагон, балки алоқамандони шеъру адаб низ пайваста ширкат меварзиданд ва махсусан, тавассути ин маҳфил нақди адабӣ ҳам бо дидгоҳҳои тоза дар инкишофу такомул буд. Махсусан, ҳузури фаъоли адабиётшиноси варзида, мунаққид Шовалӣ Саидҷаъфаров дар маҳфили адабии “Парвози шоҳин” шоистаи таҳсину офарин буда, барои рушди бонизоми нақди адабӣ дар минтақаи Кӯлоб шароит фароҳам меовард ва аз ин рӯ, аз рӯйи иштирокчиёни маҳфили адабии “Парвози шоҳин” муайян кардан мумкин буд, ки ин маҳфил ҳамчун мактаби адабии минтақаи Кӯлоб баромад мекард ва дар он аз тамоми гӯшаю канори минтақаи Кӯлоб хоҳишмандон метавонистанд иштирок намоянд.
Соли аввали донишҷӯиям дар вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар курс-конференсияи адибони ҷавон баргузор гардид ва, хушбахтона, бо амри тақдир банда низ дар ин курс-конференсия бо роҳбарии адабиётшинос, мунаққид, донишманди пухтакор Шовалӣ Саидҷаъфаров ширкат намудам. Дар ин курс-конференсия ҳамсафарӣ бо донишҷӯёни курсҳои болоӣ Ҷалилова Анварбӣ ва Давлатова Мавзуна, ки имрӯз ҳам бо заҳмату талош барои рушди илми забоншиносӣ фаъолияти илмӣ пеш бурда истодаанд, боиси сарфарозии банда буд. Мо дар ин нишасти адабӣ бо шахсиятҳои номдори минтақаи Кӯлоб, вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ ошно гардидем ва аз ҳар як падидаву рӯйдоди ҳаёти донишҷӯии хеш меболидем. Махсусан, аз ҳамнишинӣ бо шахсиятҳои бузурги адабии кишвар, мо аз фаъолияти маҳфили “Хайрандеш” дар шаҳри Кӯлоб огоҳ гаштем ва минбаъд, баъди баргаштан аз ин сафар банда аъзои фаъоли маҳфили “Хайрандеш” низ гардидам.
Аз “Парвози шоҳин” то баландиҳои шеър
Маҳфили адабии “Парвози шоҳин” маро дар тӯли панҷ соли таҳсил дар донишгоҳ дар оғӯши худ парварда, ба дунёи адаб пайваст. Дар соли панҷуми таҳсил дар донишгоҳ, ба бахти банда боз курс-конференсияи адибони ҷавони Тоҷикистон дар Душанбе баргузор гашт, ки бо Парвози шоҳинона дар ин курс-конференсия низ аз ҳисоби донишгоҳ иштирок намудам ва ошноӣ бо чеҳраҳои бузурги илму адаб чун Меҳмон Бахтӣ, (ёдашон ба хайр, раиси онвақтаи Иттиффоқи нависандагони Тоҷикистон), Муъмин Қаноат, Гулназар Келдӣ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ (ёдашон гиромӣ), Ҷонибек Акобиров, Гулухсор Сафиева, Абдулҳамид Самад, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ ва даҳҳо намояндагони барҷастаи илму адабро вохӯрда, аз олами маънии эшон баҳравар гардидам.
Хӯшадонаҳое аз боғи илм
Муҳити донишгоҳ аз рӯзҳои аввали ворид шуданам ба ин боргоҳи илм ба дилам нишаст ва дигар ёди интиқол гирифтану рӯзноманигор шудан аз лавҳи хотир зудуда шуд. Чунки чи тавре муаллимаи гиромӣ, раиси онвақтаи ноҳияи Муъминобод Раъно Бобоева таъкид намуда буданд, “мутахассиси хуби соҳаи филология, метавонад беҳтарин рӯзноманигор шавад”. Банда низ аллакай аз соли дуюми таҳсил дар “Телевизиони Кӯлоб” зери роҳбарии Сафаралӣ Эргашев ба ҳайси мухбири телевизион фаъолият менамудам ва бо хидмати софдилонаю содиқона дар ин муассисаи маърифатӣ, ба аъзогии Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон низ шараф ёфтам.
Акнун боз баргардем ба муҳити донишгоҳӣ. Дар донишгоҳ соли аввали таҳсил батадриҷ фанҳоеро меомӯхтем, ки тибқи барномаи таҳсил пешбинӣ шуда буд ва аҷиб ин буд, ки барои мо аз миёни ҳамаи устодоне, ки мутахассиси хуби соҳаи худ буданд, устодони варзидае дарс мегуфт, ки дар замирашон адабиёт ҷӯш мезад ва дар ҷараёни дарс аз муҳокимарониҳои эшон ин чиз бештар зоҳир мешуд. Аз ин рӯ, новобаста аз фанни тахассусиашон дарсҳояшон бо як мароми хосса дилнишин мегузашт ва ҳар кадоми онҳо дар ҳаёти донишҷӯии мо нақши худро гузоштаанд. Омӯзгори фанни таърихамон, дотсент, устоди зиндаёд Шариф Достӣ буданд. Бисёр шахси донишманду пухтакоре буданд, огоҳиҳои васеъ аз масъалаҳои гуногун моро ба он медошт, ки то ҳанӯз фикр мекардам устод профессор аст. Дар нимсолаи аввали соли хониши курси якум, устод ҳамаи моро вазифадор карданд, то китобҳо хонда, ба он кас супорем. Вақте аз таътили зимистонӣ баргаштем ҳамаамонро як-як аз китобҳои хондаамон пурсон шуданд. Дар навбати худ гуфтам, ки китоби Артур Конан Доел “Шерлок Холмс”-ро мутолиа намудам ва баъди посухи банда афзуд, ки ин китоб фақат ҳиллаю найрангу кофтуковҳои Шерлок Холмсро бозгӯӣ менамояд ва суханони устод аз пурсуҷӯи ҳар як ҳамсабақам шигифтзадаам кард, ки чӣ қадар устод дониши фарох доранду ин ҳамаро чӣ гуна вақт ёфта хондаанд. Аз зумраи ҳамин гуна шахсиятҳо устодони зиндаёд, устоди фанни фалсафаамон дотсент Абдусаттор Абдулвоҳидов буданд. Бо устод Абдулвоҳидов хотироти зиёде моро мепайвандад. Устод Абдулвоҳидов аз ҳамнишинони профессор Ибодов Маҳмадулло Орифович буданд ва азбаски падарам бо устод Маҳмадулло Ибодов робитаҳои хешовандӣ доштанд, онҳо дӯстони боэҳтироми падарам ва шахсони наздики хонаводаи мо ба шумор мерафтанд ва падарам онҳоро мисли бародар иззату эҳтиром менамуданд. Падарам ҳар дафъа, ки ба донишгоҳ гузарашон меафтод, аз ҷараёни таҳсили банда хабардор шуда, эшонро низ зиёрат мекарданд ва аз суҳбатҳои намакинашон баҳра мебурданд. Устоди фанни психологияамон низ аз дӯстону ҳамнишинони устод Абдулвоҳидов, дотсент Расул Амиршоев буданд. Дарсҳояшон хотирмон буд. Аз ҳар гӯшае хӯшае гуфта, тамоми масъалаҳои равоншиносиро аз тариқи илм мавриди баррасӣ қарор медоданд. Дониши фарохе доштанд ва аз ҳар ваҷҳе ба мо масъалаҳои равоншиносиро гираҳкушоӣ мекарданд ва боз аз ҳар яки мо ба таври инфиродӣ назарпурсӣ карда, дарку фаҳмиши моро аз масъалаҳои психологӣ донистан мехостанд. Аз фанни педагогика ба мо ҳам дотсент Давлатмурод Расулов ва ҳам дотсент Гурез Иброҳимов дарс мегуфтанд, ки аз ҳар гӯшаву аз ҳар илме бархурдор буданд. Устод Расулов одитарин масъаларо бо забони педагогика ва мафҳумҳои педадогӣ баррасӣ менамуд. Мутахассиси варзида дар илми педагогика буданд. Устод Гурез Иброҳимов бошанд, азбаски худ филолог буданд, илми педагогикаро дар фаҳмиши филологӣ синтез намуда, бисёр дарсҳои бомаззаву хотирмон мегузаштанд. Ҳар як нуктаи муҳимми мавзуи дарсро бо ашъори шоирони бузург ва мисолҳои фаровоне аз осори арзишманди адабиёти классики мо, ба мисли “Насиҳатулмулук”-и Ғаззолӣ, “Қобуснома”-и Унсурмаолии Кайковус, “Гулистон”-и Шайх Саъдӣ, “Баҳористон”-и Мавлоно Ҷомӣ ва ғ. муассир месохтанд ва мо бо шавқ дарсҳои эшонро пазмон мешудем.
Аз фанни сиёсатшиносӣ ба мо Шамси Хатлонӣ дарс мегуфтанд. Ошноии мо бо устод аз маҳфили адабии “Парвози шоҳин” сурат гирифта буд. Шоири хубе буданд. Устод Шамси Хатлонӣ аз рӯи суханҳои худашон, давраи аспирантураро дар Маскав, бо ҳамроҳии устод Абдулвоҳидов гузашта буданд, бисёр дониши фарох доштанд ва мутахассиси хуби соҳаи худ буданд. Устод Шамси Хатлонӣ ҳам мисли устод Гурез Иброҳимов масъалаҳои илми сиёсатшиносиро аз роҳи адабиёт ба мо меомӯзонданд ва дар ҷараёни дарс ҳамеша баҳси илмӣ ороста, ба ин восита моро ба андешидан дар атрофи масъалаҳои баҳсшаванда водор мекарданд. Дар аснои суханашон зиёдтар аз Хоҷа Ҳофиз шеър мегуфтанд. Устод Шамси Хатлонӣ шефтаи Хоҷа Ҳофиз буданд ва ҳар ки шефтаи Хоҷа Ҳофиз буд, банда низ шефтаи ӯ будам. Дар муносибат ба ин мавзуъ, хотироти ширинеро аз забони ҳамсафари ҳаётам, Амлоев Аминҷон, ки шаш сол шарафи ҳамкорӣ бо ин устодони гаронмояро дар донишгоҳ дошт, шунида будам, ки зикри онро воҷиб мешуморам. Аз ихлоси устод Шамси Хатлонӣ ба Хоҷа Ҳофиз аз тариқи маҳфили адабии “Парвози шоҳин” бохабар будам ва ҳамчунин аз орзуи устод, ки зиёрати оромгоҳи Хоҷа Ҳофизро дар дил мепарвард. Аз қавли шавҳарам, иттифоқан соле баъд, аз хатми донишгоҳии мо ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Вазири маорифи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо як гурӯҳи корӣ ташриф меорад ва ректори донишгоҳ, ки он вақтҳо Аъзамов Хурсандмурод Саидович буданд, дар нишаст бо меҳмонҳои олиқадр аз ҳамин иштиёқ ва орзуи Шамси Хатлонӣ, ки ба Хоҷа Ҳофиз дошт, ёдовар мегардад. Вазири маорифи Ҷумҳурии исломии Эрон аз ин хушҳол шуда, аз тариқи сафорат роҳи ҳалли онро, ки хеле осон буд, пешбинӣ мекунад ва ҳамин тариқ устод Шамси Хатлонӣ ба зиёрати оромгоҳи Хоҷа Ҳофиз мушарраф мегардад. Баъд аз баргаштанашон аз ин сафар, рӯзе шавҳарам аз саҳни донишгоҳ мегузаштаст ва устод, ки дар назди нишастгоҳи назди бинои раёсат нишаста буд, ӯро дида, оғуши ошноӣ кушода мегӯяд: “Амлоев, биё салом кунем, ман ҳоҷӣ шудам, Ҳофизро зиёрат намудам”. Яъне ин самимияте буд, ки дар чеҳраи ҳар як устоди ин боргоҳи илм ҳамингуна нақш дошт. Устод Шамси Хатлонӣ ҳар як дарсашонро мисли дигар устодон бо ҳавсалаву шавқи тамом мегузаштанд, ки асараш дар мо низ намоён мешуд.
Хатти ниёконро ба мо Мирзоева Фирӯза мегузаштанд ва азбаски падарашон Ғоиб Мирзоев барои ҳар кадоми мо аз рӯйи одобу салиқаи баланди омӯзгорӣ идеал буданд, ӯ низ фарзанди содиқи падари хеш буда, саъй менамуд номи бошарафи падари азизашро дар аснои гузаштани дарсҳо бо донишу маҳорати баланди педагогӣ ҳифз намояд, ки шоистаи эҳтирому муҳаббати ҳар як донишҷӯ буд.
Аз муаллимҳои забон ва адабиёти русиамон муаллимаи гиромӣ Раъно Бобохонова, ки барои мо, махсусан, барои банда мазҳари ибрату пайравӣ буданд, бо дарсҳои ҷолибашон дар умқи дили мо духтарон ҷой доштанд. Хеле дӯсташ медоштем (Ҷояшон ҷаннати барин бод). Муаллими асил буданд ва ҳар як дарсро вобаста ба тарҳи мавзуъ бо назокати хосе мегузаштанд. Устод Қодиров Назирмад бошад, дарсҳои адабиёти иттиҳоди шуравиро ба мо мегузаштанд ва хеле хуб ҳам мегузаштанд. Кӯшиш мекарданд ба ин адабиёт аз даричаи нигоҳи ӯ ворид шавем ва ҳақ ҳам буданд, зеро ҷаҳонбинии васее доштанд ва бо ҳамин вижагиашон дар нигоҳи мо азиз буданд (ёдашон ба хайр).
Забони арабиро ба мо омӯзгори ҷавон Сафаров Бахтиёр, ки факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда буд, дарс мегуфт. Саъй менамуд тамоми донишҳояшро ба мо донишҷӯён диҳад ва мо низ бо мароқ дарсҳояшро меомӯхтем. Аз забони англисӣ моро муаллима Исломова дарс мегузашт. Ӯ ҳам ҷавон буд, ва саъй мекард мо аз дарси гузаштааш баҳрае ҳосил кунем. Дар дарси англисӣ банда ҳамеша вазифаи махсуси дар тахтаи синф навиштанро доштам, ба таври дигар гӯем, ёрдамчии муаллима будам ва аз ин рӯ, дар давраи санҷишу имтиҳон аввалин шуда имтиҳонро месупоридам.
Таҳрикбахшандаи улуми адабӣ
Омӯзиши фанҳои тахассусиро мо дар зинаҳои болоӣ фаро гирифтем ва раҳ ба раҳ аз ганҷинаи маърифати устодоне чун Иззатулло Тамлихоев, Саид Раҳим, Аҳмад Алиев, Ғоиб Мирзоев, Рустам Қодиров, Қаюм Сангов, Ҳабибулло Солиев, Нуралӣ Аюбӣ, Абдулмаҷид Шарифӣ илмҳои забоншиносиро фаро гирифтем, ки ҳар кадоме дар мавқеи худ устувор буда, шарафи омӯзгориро касби камол карда буданд.
Махсусан, соли аввали таҳсил, падидаи аз ҳама бузург дар илми забоншиносӣ бароям дарсҳои устод Иззатулло Тамлихоев, ки моро аз фанни муқаддимаи забоншиносӣ дарс мегуфтанд, ба шумор мерафт. Устод дар соҳаи худашон донишманди нодир буданд. Аз забони паҳлавӣ бохабар буданду атрофи пайдоиши забонҳои бумӣ, ки реша дар таъриху фарҳангӣ мо дорад, соатҳо суҳбат мекарданд. Аз таърихи забону адабиёти гузаштагони мо огоҳии хуб доштанд. Ба дарсҳои устод бо тамоюли хоссе мерафтам ва ҳамаамон дӯсташ медоштем. Бо ҳамин мароқ ба дарсҳои устодон Аҳмад Алиев ва Ғоиб Мирзоев низ зиёд таваҷҷуҳ доштем. Устод Аҳмад Алиев шахси наҷибе буданд, фурӯтану ботамкин буданд. Ба ҳар мавзуъ дақиқ назар мекарданд ва бо маърифати баланду нуктадонӣ моро вориди масъалаҳои забоншиносӣ менамуданд. Нармгуфтор буданд ва дар тамоми даврони донишҷӯии хеш ҳеҷ гоҳ садои баландашонро нашунидаем. Устод ҳамеша маънишиносиро дар мо талқин менамуданд ва бо дониши фароху маърифати баланди инсонии хеш дар тарбияи забоншиносони оянда нақш гузоштаанд. Вақте банда ба шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷат месупоридам, аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як маълумотнома лозим шуд. Он рӯз дар донишгоҳ будам ва тамоми устодонро як-як дида изҳори хушҳолӣ менамудам (фақат ҷои устод Саидҷаъфаров бароям холӣ буд), устод Алиевро вохурдаму ин хабари хушро ба эшон ҳам расонидам. Устод аввалин чизе пурсиданд, киро роҳбар гирифтани банда буд. Бо эътимод гуфтам, ки албатта устод Худоӣ Шарифовро. Беҳтарин кор мекунӣ, гуён устод Алиев донишу бузургии устод Худоӣ Шарифзодаро сутуда, аз ҳар гӯшаю канори майдони илм суханҳои судманд гуфта, маслиҳат доданд, ки аз имрӯз ба баъд дар муносибат бо масъалаҳои адабпажӯҳӣ даққиқкор бошам ва худро аз ҳар назаре такмил диҳам (ёдашон гиромӣ).
Устод Ғоиб Мирзоев бошад, бараъкси устод Аҳмад Алиев бо садои баланд ва дар навбати худ дилнишин, ки аз лаҳни хосси гуфтори эшон дарак медод, фарқ мекард. Равиши дарсашон аз дигарон тафовут дошт. Дарсҳои хотирмон доштанд. Соҳибандеша буданд. Аз ҳар дарси гузаштаашон нуктаи баланди илмиро берун оварда, бо чандин далелу шавоҳид онро тасдиқ менамуданд. Серталабу дақиқназар буданд. Донишмандии устод, мисле ки дар қиёфаашон дарҷ шуда буд ва мо донишҷӯён шахсияти ӯро ҳамчун як олими ҳамадон эътироф мекардем ва баъзан баҳсҳои дар атрофи масъалаҳои илмӣ падидаомадаро фикр мекардем, фақат устод метавонад гираҳкушоӣ намояд Маърифати баланди зебоипарастӣ доштанд ва бароямон намунаи ибрат буданд. Ҳаргиз аз дарсҳояшон хаста намешудем (ёдашон гиромӣ).
Ҳамингуна мехостам аз як шихсияти илмӣ, донишманди нотакрору соҳибдил Рустам Қодиров сухан гӯям. Устод аз фанни методикаи таълими забони тоҷикӣ дарс мегуфтанд ва солҳои таҳсили мо аз мутахассисони беҳтарини соҳа дар Тоҷикистон ба шумор мерафтанд. Мо дар дарси методикаи таълими забони тоҷикӣ дар гурӯҳи устод Сангов будем, аммо гоҳе барои ивази таҷриба устод Рустам Қодиров низ ба мо дарс мегуфт. Мисли устод Сангов ҷиддӣ буданд. Сухани гуфтаашонро дигарбора такрор намекарданд ва дар ҷараёни дарс пурсиданро дӯст намедоштанд. Аммо вақт мегузоштанд, то фикру андешаи моро дар атрофи мавзуъ шунаванд. Шахсияте бо ҷаҳонбинии васеъ буданд (ёдашон ба хайр).
Устоди дигаре, ки бо илму дониши худ дар қалбҳои мо ҷо гирифта буд, Ҳабибулло Солиев буд. Ҳар як дарси устод фарогири як ҷаҳони маънӣ буд ва корашон низ маънишиносӣ буда, масъалаҳои наҳвии забонро ба мо меомӯхтанд. Сахтгиру серталаб буданд ва бо дилсӯзӣ моро ба илм дилгарм месохтанд (ёдашон ба хайр).
Устод Нуралӣ Аюбӣ инсони заминӣ буданд, бисёр бонамак буданд ва дарсҳояшон ҳам бонамак буд. Хеле дӯсташ медоштем (ёдашон ба хайр).
Дар қатори ин устодони бузург мехоҳам нуктае чанд аз устоде, ки дар чашми мо донишҷӯён дар баробари устодони бузург мавқеъ дошт, Абдулмаҷид Шарифӣ ҳарф бизанам. Дар замони донишҷӯии мо Абдулмаҷид Шарифӣ муовини декан буданд ва дар давоми панҷ соли донишҷӯӣ чанд нимсола ба мо дарс гуфтааст ва устоде буд, ки бо лаҳни хушу мароқи том метавонист дар дили донишҷӯ асари дарси гузаштаашро гузорад. Аз шогирдони содиқи устоди зиндаёд, шахсияти бузург, професор Баҳриддин Камолиддинов буданд ва аз роҳу равиши ӯ бархурдор буданд. Хеле эҳтиромаш мекардем.
Аз шохаи илмҳои адабиётшиносӣ ба мо устодон Шовалӣ Саидҷаъфаров, Искандар Икромов, Соат Чалишев, Абдулҳай Қаландаров, Зайналбӣ Холиқова дарс мегуфтанд. Дар курси панҷум як муддат муаллимаи ҷавон Нодира Ашурова низ ба мо аз курси ихтисос дарс гуфтааст.
Устод Искандар Икромов ба мо аз таърихи аҳди қадим дарс гуфта буданд ва он ҳангом ҳам мисли имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолият доштанд ва омада дарсҳои моро гузашта мерафтанд. Устод нисбати дарсашон ҷиддӣ буданд ва бо методҳои ба худашон хос дарсро мегузаштанд.
Аз дарсҳои адабиёт бештар дарси устоди зиндаёд Шовалӣ Саидҷаъфаровро дӯст медоштем ва баъзан пазмон ҳам мешудем. Устод донишномаеро мемонданд, ки дар ҳар ҳарфу ҳиҷоашон муҳру меҳри адабиёт нуҳуфта буд.
Устод Соат Чалишев дарсро башавқ мегузаштанд ва ҳамон гуна фолклорро дар қалби мо ҷо намуда буданд. Устод ҳамеша таъкид менамуданд, ки адабиёти шифоҳиро нодида нагирем ва ҳамеша бояд дар ёд дошта бошем, ки сарчашмаи адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо аз ҳамин адабиёти шифоҳӣ нерӯ мегирад. Устод, ки дар ҷамъоварии адабиёти шифоҳӣ моро ҳамроҳӣ намуда буданд, аз суҳбатҳои алоҳидаашон низ бархурдор шуда будем. Ба шахсияти устод эҳтироми хоссаро қоил будем.
Муаллимаи азизамон Зайналбӣ Холиқова омӯзгори бо вуҷуди омӯзгори ҷавон будан, серталаб буд ва саъй менамуд ба мо нозукиҳои фанни худро омӯзад. Бо муаллима бештар аз он наздикӣ доштем, чунки куратори гурӯҳамон буд ва ҳар масъалаеро метавонистем бо эшон дар миён гузорем.
Устод Абдулҳай Қаландаров ба мо арӯз дарс медоданд ва дарсро аз рӯи шавқи худ мегузаштанд.
Муаллимаи ҷавон Нодира Ашӯрова зиёд ба мо дарс нагуфтаанд, аммо аз усули дарсашон маълум буд, ки нисбат ба мо ва ба дарси худ серталаб ҳастанд.
Идома дорад