,
Якшанбе, 19-октябр
Дар шароити феълӣ, ки инсоният дар марҳилаи наве аз пешрафти таърихии худ қарор дорад ва рақобати байни тамаддунҳо бо суръати бесобиқа тавсеа меёбад, нақши фанновариҳои муосир, бахусус соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва илмҳои компютерӣ дар ташаккули ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа беш аз пеш муҳим гардидааст. Агар то чанд вақт пеш инсонҳо донишро асосан тавассути китобу дарсҳои анъанавӣ фаро мегирифтанд, имрӯз ин раванд тавассути компютер, шабакаҳои ҷаҳонӣ ва манобеи рақамӣ шакли нав гирифтааст. Дар чунин шароит, аҳамияти шахсоне чун омӯзгорон ва муҳаққиқони масъулиятшинос, ки дар рушди зеҳни насли нав ва роҳнамоии онҳо саҳм мегиранд, ниҳоят калон ва сарнавиштсоз мебошад.
Дар миёни чунин шахсиятҳои фидоии соҳаи маориф ва илму фарҳанг, ки бо муҳаббат ба дониш, бо сидқу вафо ба касби омӯзгорӣ, бо шавқи беандоза ба муваффақияти шогирдони худ зиндагӣ карданду сабақ доданд, номи Юнусов Шамшер Юсуфович бо эҳтиром ва ифтихор зикр мешавад. Ӯ омӯзгоре буд, ки бо рӯҳияи меҳрубониву инсонгароёна дар қалби ҳар як донишҷӯ шуълаи дониш меафрӯхт.
Юнусов Шамшер Юсуфович 10-уми январи соли 1960 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, дар оилаи деҳқон ба дунё омада, дар мактаби миёнаи №7-и шаҳри Кӯлоб таҳсил намуда, онро дар соли 1977 хатм кардааст. Соли 1981 ба факултаи механика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) дохил шуда, онро соли 1986 бо ихтисоси математик ва омӯзгор бомуваффақият хатм менамояд.
Пас аз хатми донишгоҳ, фаъолияти омӯзгориашро дар мактаби миёнаи №2 шаҳри Кӯлоб оғоз бахшида, баъдан дар вазифаҳои омӯзгори кафедра, муҳаққиқ, роҳбари барномаҳои таълимӣ ва мудири кафедра дар як қатор муассисаҳои таълимии кишвар кор кардааст. Аз ҷумла, солҳои 1987-1990 дар Донишкадаи давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ), солҳои 1990-1991 ҳамчун коромӯзи илмӣ дар Институти омор ва иқтисодиёти Москва (МЭСИ) ва баъдан дар вазифаҳои масъулиятнок дар шуъбаҳои илм ва таҳсилот фаъолият дошт.
Аз соли 2008 ба ҳайси омӯзгор, мудир ва декан дар факултаву кафедраҳои донишгоҳҳои мухталиф, аз ҷумла Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (филиали Данғара), Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият намуд. Аз моҳи сентябри соли 2016 то рӯзи даргузашташ - 21 июни соли 2019, дар вазифаи мудири кафедраи иттилоот дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Устод номзади илмҳои педагогика (2009), дотсент (2013), доктори фахрии Донишгоҳи Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон (2014) буда, бо унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2012) қадрдонӣ шудааст.
Устод Юнусов Шамшер, ки тамоми ҳаёти худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшида буд, яке аз омӯзгорон ва чеҳраҳои барҷастаи соҳаи информатика ва технологияҳои иттилоотӣ дар кишвар, хосса Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳсуб меёбад. Ӯ на танҳо омӯзгори донишманд, балки меъмори равонии шогирдон, масъул дар баробари ояндаи онҳо ва устоди ҳаёт низ буд.
Аз тарзи рафтору гуфтори ӯ эҳсос мешуд, ки таълиму тарбия барои вай на танҳо вазифа, балки рисолати муқаддас буд. Муносибати самимиву ҳалимона бо донишҷӯён, дастгирии падарона ва роҳнамоии оқилонаи ӯ сабаби он мегардид, ки шогирдон на танҳо фанни информатика, балки урфу одоби инсониро, садоқат ба касб ва иродат ба донишу ахлоқро низ аз устод меомӯхтанд.
Тарзи роҳбарӣ ва идораи устод Юнусов Шамшер дар фаъолияти таълимӣ беназир буд. Ӯ ба ҳайси мудири кафедра, декан ва роҳбари барномаҳои омӯзишӣ будан, ҳамеша рӯйи сифати таълим, навоварӣ, таҳқиқотгароӣ ва амалӣ кардани донишҳо дар ҳаёти воқеӣ таъкид мекард.
Бо ташаббуси ӯ садҳо барномаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ ва китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ омода гардиданд. Устод дар замоне, ки фанни информатика дар кишвар ҳанӯз рушд накарда буд, фаҳмишу муҳтавои онро бо забони оддӣ ва фаҳмо ба ҷомеаи омӯзгорӣ ва донишҷӯён расонд.
Китобҳо ва дастурҳои ӯ, аз ҷумла «Язык программирования Паскаля», «Информационная технология», «Асосҳои забони барномасозии Basic», «Технологияи компютерӣ ва сохтани базаи маълумотҳо дар асоси Ms Access», «Модели ҳалли системаи муодилаҳои хаттӣ бо методи Крамер» ва дигар осораш то имрӯз ҳамчун маводи омӯзишии асливу муҳим истифода мешаванд. Ӯ аз нахустин омӯзгороне буд, ки ба рушди технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ (ТИК) дар соҳаи маорифи тоҷик рӯй овард ва дар ин самт заминаҳои муҳиме гузошт.
Бо вуҷуди мартаба ва дониш, Юнусов Шамшер ҳамеша дар қалби шогирдон бо меҳрубонӣ, фурӯтанӣ, инсондӯстӣ ва устувории ахлоқӣ маъруф буд. Ӯ на танҳо устоди дониш, балки устоди дилҳо низ буд.
Барои мо-шогирдонаш, ӯ намунаи омӯзгоре буд, ки дар ҳар як дарс нури умед медод, дар ҳар як машғулият муҳаббатро миёни фан ва инсон эҷод мекард ва дар ҳар як роҳнамоӣ дидгоҳи васеи ҳаётро ба мо тақдим менамуд. Диду андешаи ӯ ҳамеша роҳнамо буд ва бо ҳар амалаш нишон медод, ки омӯзгор метавонад сарнавишти наслеро дигар кунад.
Имрӯз, вақте аз даргузашти бармаҳали устод Юнусов Шамшер бо андӯҳи зиёд ёд меоварем, қалбамон пур аз ғаму эҳтиром аст. Мо ӯро на танҳо ҳамчун омӯзгор, балки ҳамчун шахсе мешиносем, ки бо тамоми ҳастияш ба илму маърифат ва ба рушди ақлу зеҳни насли наврас хидмат кард.
Роҳи зиндагии ӯ намунаи олии хидмат ба Ватан, маориф ва илм буд. Гарчанде дигар садои ӯро намешунавем, аммо шуълаи донише, ки аз қалби ӯ фурӯзон буд, то имрӯз ва то фардо дар дилу зеҳни шогирдон равшан аст.
Равонатон шоду ёдатон гиромӣ бод, устоди гиромиқадр!
Шоҳсанами Ризо, муаллими калони кафедраи таъминоти барномавӣ ва вебдизайни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ