, Якшанбе, 19-октябр

НӮРБАХШИ КӮҲАНДИЁР


НӮРБАХШИ КӮҲАНДИЁР

Одамият чист? Худро дур аз шар доштан,
Некхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан.

Ҷомеаи иҷтимоии инсонӣ амалҳоеро анҷом медиҳад, ки онҳоро дар хотира нигоҳ медорад ва аз таҷрибаи худ бозтоб намуда, ба наслҳои оянда мерос мегузорад. Дар бозтоби таърихи инсонӣ на ҳар шахс абадзинда мемонад. Фақат он афроди камшумор боқӣ мегарданд, ки бо амали нек, сухани воло, зеҳни гиро, корнамоии шоиста, рафтори наку, фаъолияти босамар, дарки оқилонаву эҳсоси қаноатмандӣ ва амалҳои мондагор аз хотираҳо фаромӯш намешаванд. Зеро пайдоиши одам дар рӯйи замин аз он давр то алҳол таърихи дуру дарозе дошта, ба матлаби охирин ҳеҷ касро имкони омӯзишу таҳқиқи нуқот нагузоштааст. Вале ҳар як фард ба қадри зиндагӣ бурданаш арзиши худро доро мегардад. Ин арзиши зиндагӣ дар худ ченаки махсус гузошта, аз ҷониби шахси дигар ба қадре намоён мешавад. Ба таври лафзӣ ва ё дар китобе боқӣ мемонад.

Пешгузаштагони мо дар давом додани рӯзгору зиндагии шоиста, дар рӯйи замин тавонистаанд ҳиссаи худро ба пасмондагон мерос гузоранд. Ҳастии худро бахшида, ҳар амали неки анҷомёфтаро мисли боғи босамар сабзиш диҳанд, боровар гардонанд ва ба ҷомеаи пасин меваи расидаву шарбати хуштамъро раво бахшанд.

Сухан атрофи шахсияте меравад, ки матлаби гуфтаҳост. Бо амали нек, сухани волло, корнамоии шоиста, рафтори наку, фаъолияти босамар, дарки оқилонаву эҳсоси қаноатмандӣ ва амали мондагор дар шеваҳо ва сафҳаи китобҳо боқи монда, дар зиндагӣ ва фаъолияти эҷодию меҳнатӣ ченаки вақт гузошта, дар дохили он аз зина ба зинаи дигар, бо ҷойивазкунӣ ҳаёти иҷтимоию маънавии хешро ғанӣ гардоднид, кореро сабаб гардиду анҷомашро ба ҷой овард. Инсони баргузида боғи бузурги боровар бунёд карду ба ҷамъияти инсонӣ меваҳои хуштамъро боқӣ гузошт.

Суханҳои зикршуда, атрофи бузургмард, фидоии илму дониш, таълимбари ҳазорҳо насли созандаи тоҷик, тарбиятгари хулқи ҳамидаи атрофиён, ифшогари таърихи куҳани Хатлонзамин, чеҳракушои садҳо донишманди баруманди боргоҳи маърифат, ахтаре дар осмони илм, зиёии мувафақ, мунодии асрори хеш, муҳақиқи нотакрор, фидомарде, ки маънии дарёфти зиндагиро танҳо дар хидмат ба халқу ватан, гомбардори хушбахтию некрӯзии ояндаи насли ояндасоз, фазилатмаобу маърифатсиришт, ба таъбире шамъи сӯзону бахшандаи рӯшноии атроф, муаррихи шинохтаи хатлонзамин ва халқи тоҷик устоди зиндаёд Достӣ Шарифов мебошад, ки 58 соли ҳаёти хешро сарфи таълиму тарбия карда, ҳамчун шамъи сӯзон то нафаси охирин ба атроф рушноӣ ва ба наздикону насли ояндасози миллат ғизои маънӣ бахшид.

Ҳар як саҳифаи ҳаётии эшон ба таҷрибаҳои ҳаёт зинат ёфта, барои ояндагон манзалати китоби пурҳикматро мемонад, ки метавон ба таври ройгон истифода бурд. Мардони некнияту некном, меҳнаткашу кордон ва хирадмандро аз як тараф ранҷу заҳмат, бедорхобию серталабӣ нисбати хеш бошад, ҷониби дигар атрофиён ба асараш шуҳрат мебахшанд.

 Маҳз ҳамин атрофиёни некному некбини марди шариф Достӣ Шарифов коллективи бузурги профессорону омӯзгорон, кормандону донишҷӯёни боргоҳи маърифат Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ном Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҳамеҳанони маҳал ӯро бамаротиб ба мартабаву эҷоди аслӣ баркашиданд. Достӣ Шарифов аз зумраи он мардони заҳматқарин буданд, ки бо садоқату самимият, рузафзуниву рӯзгордорӣ, меҳнапарастиву ватандӯстӣ бедорхобӣ карда, баҳри таълиму тарбияи насли ояндасоз, пешбурди ҷомеаи солим бо зеҳну қалами намакинаш ба атрофиён маънӣ бахшиданд. Аз ин хотирот бармеояд, ки афроде аз ҷониби ҳамеҳан, аҳли деҳа, шаҳр, муассиса вирди забони аҳли ҷомеа давр мезанад, ки сифатҳои олии инсонӣ, рисолати шаҳрвандӣ, фарзи бандагӣ ва хотираи мондагорро дар қалби мардум ҷой карда бошад.

Достӣ Шарифов марди рӯзгордида буданд, ки лаҳзаи фориғ аз кор дар суҳбатҳо аз меҳнату заҳмат ва омӯзишу мутолиаи китобҳо қисса карда, рӯзҳои сахту сангини аз сар гузаронидаашро хотирот мекарду аз самари ба даст овардааш дар зиндагӣ, меҳнати содиқонаву софдилонаи файзбори рӯзгор ва натиҷаҳои ба даст овардаи хеш дар ҷодаи тадриси илму маърифат ҳидоят мекард.

Аз суҳбатҳои намакин, ба меҳнати софдилонаву рӯзгордории самимӣ тарбия ёфтани устод дар солҳои зиёд дарёфтам, ки сабаби ин ҳама заҳматқариниҳо, мутолиаи асарҳо, дӯст доштани касб, эҳтиром гузоштани шогирдон ва муросои солим бо атрофиён аз ирсияту бархурди мавҷҳои рӯзгор будааст.

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Устодро ирсияти заҳматқаринии падару бобояш таъсир расонида, бо заҳмати зиёд нони худ ва пайвандонро ҳалол соҳиб мешуд ва ба мани шогирд пайваста талқин мекард. Ҳамон гунае ки аз суҳбатҳо ва зиндагиномаи устод Достӣ Шарифов бархурдор шудам, дарк кардам,  ки аз як тараф кулфатҳои зиндагӣ бошад, ҷониби дигар мактаби меҳнатқарин зиндагиномаи гузашта ва ворисони ӯ будаанд.

Аз рӯи қиссаҳои намакини хеш, ки рӯзгорашро бо виқор ифшо менамуд, Достӣ Шарифов 23-юми июни соли 1938 дар оилаи корозмудаву сарватманд Шарифи Наим дар диёри куҳанбунёди кӯҳсори тоҷик, деҳаи Каштути ноҳияи Балҷувони собиқ вилояти Кӯлоб, чашм ба дунё ҳастӣ кушодааст. Амри тақдир риштаи таваллуди ӯро на ба деҳаи Каштути ноҳияи Балҷувон балки ба деҳаи Намозҷои деҳшӯрои Ватани ноҳияи Фархор пайваста, ҳуҷҷати камолоти хешро аз мактаби деҳаи зикршуда гирифтааст.

Достӣ Шарифов соли 1956 ба факултети таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе дохил гардида, онро соли 1961 хатм кард ва тариқи роҳхат ба мактаби миёнаи ба номи Калинини деҳаи Гулободи деҳшӯрои Ватани ноҳияи Фархор ба ҳайси омӯзгор равон гардид. Ӯ то соли 1964 дар вазифаи омӯзгор, ҷонишини директор ва баъдтар дар мансаби директори мактаби таҳсилоти умумии зикршуда, фаъолият менамояд. 16 ноябри соли 1964 ба шаҳри Душанбе равона шуда, ба маҷрои илм, тадқиқоти илмӣ, соҳаи мардумшиносию таърихшиносӣ думболи корҳои эҷодӣ мегардад.

Аммо бо таклифи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва Комитети Марказии Ҳизби Коммунистӣ ҷиҳати таъмини мутахассисони варзида ба Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб фиристода мешавад. 6-уми сентябри соли 1966 ба вазифаи муаллими калони кафедраи марксизм-ленинизми Донишкадаи омӯзгории ш. Кӯлоб ба кор оғоз мекунад. Устод истеъдоду қобилияти эҷодиашро идома дода, мустақилона дар доираи мақолаю китобчаҳои зиёди илмӣ ба эҷодиёт машғул мешавад. Моҳи марти 1974 рисолаи худро дар мавзӯи “Инкишофи мусобиқаи сотсиалистӣ дар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ дар байни анҷуманҳои ХXI-ХXIII” зери роҳбарии доктори илми таърих, профессор Ҳабибулло Холҷӯраев дифоъ намуда, соҳиби дипломи номзади илмҳои таърих мегардад.

Фаъолияти омӯзгориро идома дода, аз моҳи май соли 1975 то моҳи сентябри соли 1986 мудири кафедраи таърихи Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шуравии Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб фаъолият карда, дар ин муддат ба кори таълиму тарбияи фарзандони меҳнаткаши ҷумҳурӣ машғул шуда, аз моҳи апрели соли 1976 то январи соли 2004 4 маротиба ба ҳайси мудири кафедраҳои таърихи ҲКИШ, таърихи иҷтимоӣ-сиёсӣ, таърихи халқи тоҷик ва назарияи иқтисодӣ ва аз 26 январи соли 2004 то ба соли 2009 мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолияти меҳнатӣ намудааст. Достӣ Шарифов, ки 50 соли ҳаёташро ба касби омӯзгорӣ бахшида буд, 42 соли ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии худро дар ин боргоҳи илму маърифат сарфи кори таълиму тарбияи ҷавонон ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос барои системаи маорифи халқ бахшид.

Воқеан ҳаёти муаллим умри барқро мемонад, ки бо дурахши хеш оламро мунаввар месозад. Достӣ Шарифов аз зумраи он ситораи дурахшони илму маърифат аст, ки тамоми умри хешро пайи омӯзиш, эҷод кардани асари наву тоза, ба нашр расонидани мақолаву асарҳои илмию таҳқиқотӣ бахшидааст. Пеши назар мерасидӣ, ҳатман пас аз салом оғози калом хитоб мекард: “Мақолаи ман нашр шуд, хондӣ! Китоби ман нашр шуд, мутолиа кардӣ!” Эҷодашро мисли фарзандонаш дӯст медоштанд. Нафаре, ки мутолиа мекарду аз эҷодаш қисса мекард ӯро бо самимият эҳтиром мегузошт.

Банда, ки худро яке аз шогирдони камтарини устод медонам, дар умри хеш ба мисли устоди бузургвор Достӣ Шарифов, ки аз пайи омӯзишу кашфи асрори таърихи кишвар буда, ба миллату халқи худ содиқона хизмати арзандаро ба ҷой биёранд, камназиранд.

Достӣ Шарифов аз зумраи он донишмандону омӯзгорони асил буданд, ки аз баракати зеҳнашон атрофиёнро меомӯзониданду шогирдонро таълим медоданд. Дар ин ҷода замъи сухани Амир Хусрави Деҳлавӣ қобили ин қобилият аст:

Мард, ки аз илм тавонгар бувад,

Кай назараш бар гуҳару зар бувад.

Достӣ Шарифов дар тули фаъолият, беш аз 450 мақолаҳои омавӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, таълимию методӣ, китобҳои таърихӣ таълиф намудаанд. Таҳқиқотҳои ӯ мавзуъҳои доманадори вазъи иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва таърихии сарзамини Хатлонро фаро гирифта, дар баробари таълифи асару мақолаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар таълифи Энсиклопедияи Кӯлоб-Душанбе 2006, Энсиклопедияи Фархор-Душанбе 2010 саҳми муносиб гузоштааст.

Олими эҷодкору нотакрор буда, 25 рисола таълиф намудааст, ки 7 рисола ба таърихи пайдоиш, густариш ва равшан намудани чеҳраҳои рӯзафзуни Донишгоҳ бахшида шудааст. Номбурда 42 соли ҳаёти худро сарфи таълиму тарбия ва омода кардани кадрҳои муносиби педагогӣ дар ин боргоҳи илму маърифат фидо кардааст. Бо назардошти фаъолияти эҷодӣ, дар ҷоддаи омода кардани кадрҳои педагогӣ, мутахассисони варзидаи соҳаи таърих ва густариши корҳои илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳ саҳми бориз гузоштааст.

Ҳангоми дар вазифаи мудири кафедра қарор доштанд, бо кумаки ӯ 8 нафар узви кафедра рисолаҳои номзадии худро дифо намудаанд. Рисолаи “Боргоҳи илму маърифат” (2006) таълиф ва нашр шудааст, дар бораи таърихи нахустин макони илму маърифат дар остони ҷанубии Тоҷикистон-Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, дирӯз, имрӯзи он ва доир ба заҳматҳои аввалин поягузорони омӯзгорони ин даргоҳи хирад сухан мекунад. Рисолаи “Таърихи Университети давлатии Кӯлоб” (1995) аз таърихи пайдоиш ва густариш, заҳматҳои омӯзгорон дар ҷоддаи таълиму тарбия ва илм, рисолаи “Академик Самариддин Каримов” (1999) аз ҳаёт ва эҷодиёти нахустин Академики соҳаи илмҳои табиӣ ва риёзӣ, собиқ ректори Донишгоҳ, рисолаи “Аз рӯзгори роҳбарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб” (2005), ки ба 60 солагии таъсисёбии Донишгоҳ бахшида шудааст, аз рӯзгор ва афкори 15 нафар собиқ роҳбарони Донишгоҳ қисса мекунад. Ҳар гоҳ ва ҳар нафаре ба таълифи таърихи пайдоиш, ташаккул, рӯзгор ва афкори ин макони илму маърифат ба кори хайре даст задан хоҳад ва хотираи ин боргоҳро аз нав эҳё кунад, бе таълифоти рисолаҳои Достӣ Шарифов кореро анҷом дода наметавонад. Зеро таълифоти ӯ заминаи воқеии таърихӣ барои ҷомеаи бунёдии Донишгоҳ мебошад.

Заҳматҳо ва фидокориҳои Достӣ Шарифов аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шудаанд. Хизматҳои арзандааш бо медали “Собиқадори меҳнат” (1981), “Аълочии мактабҳои олии иттиҳоди Шуравӣ” (1988), “Аълочии маорифи Тоҷикистон” (1998), медали “Хизмати шоиста” (2006) қадрдонӣ шуда, узви иттиҳоди журналистони Тоҷикистон низ гардида буданд.

Устод Достӣ Шарифов ба қадри вақт, ба қадри умри хеш мерасид. Шабу рӯз мутолиа мекард, ҷустуҷӯ мекард, далелҳои таърихиро гирд оварда, муқоисаю тахлил мекарданд, фикру андешаҳояшро рӯи коғаз бо самимияти баланди ватандӯстӣ ба тасвири қалам дарҷ мекард. Дар ин ҷода ба ӯ чӣ қувва илҳом мебахшид? Ҷавоб яктост: ҳисси баланди меҳнатпарастӣ, ҳувияти миллӣ, дӯст доштани халқи диёр, арҷ гузошат ба асолати миллӣ буд, ки кӯшиш мекард дар ободию шукуфоии кишвар ва шуҳратёр гаштани он заррае ҳам бошад, ҳиссаи шахсиашро ҳамроҳ кунад.

Дар фарҷом мехоҳам зикр намоям, ки устоди зиндаёд, номзади илмҳои таърих, дотсент, муҳаққиқ ва равшангари таърихи диёри кӯҳанбунёди Хатлонзамин - посдор ва чеҳракушои таърихи боргоҳи илму маърифат, Достӣ Шарифов, шахсияти мондагор мебошад. Зеро ӯ ҳаёту рӯзгор ва тамоми неруи зеҳниву маънавии худро ба ин макони муқаддас бахшида буд. Бо вуҷуди он ки имрӯз посдорони номи неку кори ин марди бузург фарзандонаш - Шаҳло, Наргис, Дилафрӯз, Сурайё, Дилшод, Далер, Дилбар Шарифовҳо, инчунин, наберагону шогирдонаш мебошанд, номи ӯ ҳамеша бо ин боргоҳи илму маърифат тавъам буда, зиндаву ҷовидон боқӣ хоҳад монд.

 Бедили бузургвор мегӯяд:

Чист иқбол? – Пешбин будан,
Осмон доштан, замин будан.

Ман, ки дар ин боргоҳи илму маърифат таълим гирифтаам, болидаруҳам, ки Офаридгор иқболи маро чунин пешбинӣ намудааст, то ба ин замини ҳосилхезу осмони беғубори нилобранг қадам гузорам ва бо мактаби бузурги инсоншиносӣ, хирадсолорӣ ва маърифатафзои нури хирад пайванд ёбам.

Иброҳим Мирзошарифзода, н.и.т., дотсенти кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!