, Ҷумъа, 29-март

ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – МУШКИЛОТИ РӮЗ

 24.02.2023

ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – МУШКИЛОТИ РӮЗ

Дар айни замон ҳоводиси нангини террористӣ ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар барангехтани низоъ миёни мардуми мамолики ҷаҳон ба шумор рафта, ҳазорҳо оилаҳо қурбони ин зуҳуроти нангин гардидаанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризм ва ифротгароиро яке аз зуҳуроти номатлуби замони имрӯза ном гузошта, дар ба миён омадани оқибатҳои нангини қатлу куштор, таҳдиду истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз худ намудани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ таъсиргузор медонанд.

Камбахтона, бештари душманони миллат ва ба истилоҳ исломбадбинон терроризмро моли Ислом ва террористро мусулмон арзёбӣ мекунанд, аммо терроризм аз мусулмон нест ва мусулмон террорист буда наметавонад. Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ба ҷаҳониён иброз намуданд: “Ифротгароӣ ва терроризм, дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани Ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард”.

Терроризм ҷуз содир намудани амалҳое вайронкорӣ, қатлу куштор, фиребгарӣ, одамрабоӣ ҳеҷ манфиате надорад. Мақсади террорист танҳо бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Ҷавонон ва истиқлолият

Бо шукргузорӣ аз неъмати Истиқлолияти давлатӣ ва тинҷиву амонии кишвари биҳиштосои Тоҷикистон, ки насли ин айём бо ақлу заковати дурандешонаашон кучактарин аъмоли террористро маҳкум намуда, терроризмро ҳамчун вабои аср эътироф намуданд. Ҷавонон дуруст дарёфтанд, ки афроди ба ном “миллатдӯстон” ғайр аз амалӣ намудани аҳдофи ғаразноки худ, он ҳам ба хотири ба даст овардани низоми раҳбариву сарварӣ ва ҷамъи моликияту ғасби бойгарии мардум дигар чизе нест.

Аминем, ки ин қабил ифротгароён мақсадҳои маҳдуди худро аз манфиатҳои миллии ин миллат, ваҳдати миллӣ ва сулҳу ризоияти тоҷикон, ҷашну анъанаҳои миллӣ болотар гузошта, мехоҳанд ҷомеаи Тоҷикистони биҳиштосоро гирифтори хунрезӣ намоянд ва аз ҳолати мувозанати барои ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ёрмандии хоҷаҳои хориҷиашон кишварро берун кашанд. Дар тафаккури ин бадандешон ҷуз қатлу куштор ва зулму ситам ҳеҷ сухани дигар мақоме надорад. Маълум аст, ки эшон марги волидайн, бародару хоҳар, фарзанд ва тифлакони бегуноҳ, парешон гардидани оилаи тоҷикро берун аз хоки Ватан ва гиряи ҷонсузи модари тоҷикро бо чашми сар надидаанд. Ин аст, ки иддае аз онҳо дидаанд, вале худро нодида мегиранд.

Ҳифзи Ватан қарзӣ имонист

Барои ҳар як шаҳрванди бо ору номуси миллат ҳифзи амнияту озодӣ, ваҳдати миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ қарзи имониву виҷдонӣ маҳсуб гардида, масъулияти баландро тақозо менамояд. Маҳз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвар таъмин гардида, мардуми тоҷик ба сӯи ояндаи дурахшон бо роҳнамоиву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро гузоранд.

Хушбахтона, ҳамарӯза барои мардуми шарифи Тоҷикистон, ки бо талошу кӯшишҳои ҳамешагии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит беҳтару хубтар гардида, мардуми шарифи кишвар ба зиндагии шоистатар қадам гузошта истодаанд. Мисоли равшан он аст, ки бо гузашти начандон таърихи дур, яъне ҳаводиси солҳои 90-ум миллати тоҷик дар марҳалаи ниҳоят вазнини ҳам иқтисодӣ ҳам иҷтимоӣ ва дигар паҳлуҳои барои ҳаёт зарур қарор доштанд. Давлат имкони ҳатто пардохти маблағи як нонро надошт ва мардум пустҳои дарахтонро низ истеъмол намуданд. Ин ҳама бадбахтиро бар сари ин миллат душманону нотавонбинон дар ниқоби Ислом таҳмил намуданд ва бадбахтиро болои ин бор намуданд. Аммо эшон худ огаҳӣ аз воқеияти ин дини пок (Ислом) надоштанд. Аммо роҳбари сулҳпарвару инсондӯсти мо, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо андешаи ғалати онҳо мубориза бурда, моҷароро пешаи кори хеш карда, миллатро сарҷамъ намуд ва ба ин миллат «Сулҳ» овард. То имрӯз ҷонибдори сулҳу суббот буда, дар муқобили терроризму бедодгарӣ дар мубориза аст. Инчунин, дар ҳар як баромадашон иброз медоранд: “Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Миллали Муттаҳид мебошем”.

Дар фароварди сухан чунин хулоса кард, ки роҳи расидан ба хештаншиносии миллӣ ва дар ин замина таъмини ваҳдати миллӣ аз самте гузар дорад, ки ҳар як зиёии кишвар бояд масъулияти худро, барои пойдории давлат ва ваҳдати миллии он эҳсос намуда, бар зиддӣ нотавонбинони миллат, хосатан ба терроризму экстремизм дар мубориза баранд. Сарнавишти ҳар як қавму миллат дар дасти худи ӯст. Тақдири ҳеҷ қавме ба худии худ тағйир намеёбад, магар он ки қавм худ сарнавишти хешро тағйир надиҳад. Дар воқеъ, онҳое ки оромиву суботи мардум, хосатан хонадони худро бихоҳанд, лекин дар андешаи амну осоиши мардумони кишвар набошанд, ҳамчунин ба вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи кишвараш бетараф бошанд, дар шумори фарзонафарзандони миллат, ки ҷони худро баҳри озодиву суботи Ватан нисор менамоянд, дохил нестанд.

Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем. Аз ин рӯ, дар шароити ҷаҳонишавию душвор муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаи ҳифзи симои миллӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ ва маърифатӣ ҳуқуқии кишвар, хусусан ҷавонон, диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Мираков Т., сардори клуби ҷумҳуриявии ҳавопаймои ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон



Ба рӯйхат