,
Ҷумъа, 17-октябр
Муаррифии фарзандони барӯманди миллат вазифаи дастпарварон ва маҳсули заҳматҳои онҳо, ки дар ҷодаи касби хеш шахсиятҳо тарбия кардаанд, маҳсуб меёбад. Дастпарворону шогирдони чунин шахсиятҳо бояд дар муаррифии шахсияту заҳматҳои устодон саҳим бошанд. Вобаста ба ин аз хидмату заҳматҳои беҳтарин омӯзгор, методист, тарбиятгар, меҳнатдӯст, одил, ғамхору хушсалиқа, омӯзгоре, ки касбашро на ҳамчун воситаи пешбурди рӯзгузаронӣ, балки ҳамчун ишқ қабул карда буд, устоди зиндаёдам номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қаюм Сангов нуктаҳои ҷолибро хотирнишон мекунем.
Устод Қаюм Сангов яке аз омӯзгорони сахтгир, ошиқ ба касби худ, ғамхору дилсӯз, ҳамчунин методисти шинохтаи кишвар маҳсуб меёфт. Замоне қадам ба ин даргаҳи муқаддас ниҳодам, бароямон тавзеҳ аз сахтгириҳои ин устод расид. То андозае моро тарс фаро гирифт, ки аз имтиҳони устод намегузарем. Кор то ҷое расид, ки зергурӯҳи устодро, ки аз фанни практикуми забони тоҷикӣ дарс мегуфтанд, интихоб накунем. Таваккал карда, дар зергурӯҳи устод шомил гардидем. Баъди гузашти вақт лаззати дарси устодро чашидему интихоби худро дурусту лозимӣ донистем. Имрӯз ба мақоми омӯзгорӣ расидем, албатта, ҳамон усулҳои хоссае, ки устод ба мо дарс мегуфтанд, пайравӣ аз он мекунем.
Хотирае аз хотироти аҷиб
Соли 2012 бо як қарори дахлдори Вазорати маориф низоми таҳсилоти кредитӣ роиҷ гардиду равнди анъанавии таҳсил аз миён рафт. Аз рӯйи кор омадани ин раванд устод тамоман розӣ набуд ва то охирин лаҳзаи ҳаёт онро напазируфт ва “шайтонизатсия” номаш мебурд. Ҳамон шабу рӯз бо назардошти вазъи мураккаб, ки ҷомеаи омӯзгорону донишҷӯён аз низоми нави таълим шиква мекарданд, дар яке аз нашрияҳои онвақта дар ҳаммуаллифӣ бо дӯстам Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ як мақола дар мавриди иқдоми саривақтӣ набудани низоми таҳсилоти кредитӣ бо номи “НИЗОМИ КРЕДИТӢ МОРО МЕҒАВҶАД” (Ё худ эҷоди монеа барои омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) навишта будем. Шодравон Сангов Қ. аз аввалин нафароне буд, ки бо иштиёқи зиёд назар (интервю) дода гуфт: “Пешвои мардуми Ҳинд Маҳатма Гандӣ як ҷумлаи аҷиб дорад: “Мо намегӯем, ки шамоли беруна дар хонаи мо гардиш накунад, гардиш кунад, аммо ҳеҷ вақт намегузорем, ки моро аз по зада афтонад”. Низоми нави таҳсил як кори бефоида аст. Вазорати маорифро мебояд дар ин самт чора андешад, вагарна ҳама бесавод мешавад... Ин раванд умри зиёд надорад, дер ё зуд аз миён меравад, аммо мардуми зиёд аз таъсири он зиён мебинад...”. Дар воқеъ баъди даҳ сол низоми кредитии таҳсилот масири ибтидоии худро иваз кард, аммо умр вафо накард, ки татбиқи амалии пешгӯии худро устоди заҳматкашу ҳалолкор ва дилсӯз ба ин наслу миллат Қаюм Сангов, ки бо дурӯғу фитна, саҳнабозиву фиребкорӣ ва найранг тамоман бегона буд, бубинад.
Бояд иброз дошт, ки устод барои ҳамаи хатмкунандагони факултети филологияи тоҷик ва журналистика, ки тӯли фаъолияти кориашон дарс гуфтаанд, идеали воқеист, хосатан барои каминаи кам. Устод тамоми умрашро ба таълиму тарбияи шогирдон сарф намуда, бо заҳмату меҳнати ҳалол ва канор аз дурӯғу фитна ба сар бурдааст. Устодону дигар ҳамсолони устод, ки тамоми умр бо эшон кору фаъолият намудаанд, қисса мекунанд, ки «… боре нашунидаанд, ки Сангов Қаюм дар дарсаш дер монда бошад ва ё дарсшиканӣ намуда бошад». Ҳар дарсаш мисли ин ки дарси аввалинаш бошад, бо шавқ оғоз мегардид, зеро нахустин дарс барои омӯзгор, албатта лаззати онро омӯзгор медонад, ки дигар шарҳаш намедиҳам. Яъне то вопасин лаҳзаи ҳаёт ишқи дарсу омӯзгорӣ дар қалбаш шуълавар буд.
Охирин дидор бо устод
Гӯшиам садо дод, ки устод Сангов Шуморо мепурсад. Он вақтҳо декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика будам. Дарҳол рафтаму дидор дидем, ҳол пурсидам, суҳбат кардем. Устод гуфт, ки агар сиҳат шавам сарбориам медиҳед, дар ҳоле, ки пояшро бурида буданд. Хоҳиши сарборӣ пурсидани Устод ба хотири эҳтиёҷот набуд, ишқи омӯзгорӣ буд, ки ӯро водор бо шогирдон будан мекард, вагарна шароити зиндагӣ, нигоҳдорӣ ва бемордориаш хеле хуб буд. Гуфтам, ки чанд соате майлатон ҳаст, медиҳем, ректор (ин шабу рӯз сарварии муассисаро профессор Мирализода А.М. ба зимма доштанд. Аз ман дар мавриди саломатии устод ҳамеша мепурсиданд) дастур дод, ки устод сиҳат шавад, дар ошёнаи аввали бино ҷой медиҳем, дарс гӯяд. “Агар сиҳат нашавам, фанни методикаи забони тоҷикиро соҳибӣ кунед. Нотавонбинон чанд маротиб кӯшиши барҳам доданашро карданд, кафедраи тахассусиашро бастанд, боз чунин вазъият мешавад. Машғулиятҳоро Бобоев Б. пеш барад. Ӯро кафедраи худамон биёред ва фанни методикаи забони тоҷикиро соҳибӣ кунад” – гуфт, шодравон Сангов Қ.
Вақти хӯроки шоми ҳамон рӯз, баъди чанд соати суҳбат ҷон ба ҷонофарин таслим кард. Устод то вопасин нафас фикру зикраш дар таълиму тадриси насли наврас буду ишқу муҳаббаташ аз омӯзгорӣ канда нашуд. Рӯҳат шоду хонаи охиратат обод, устоди азиз. Шумо барои мо шогирдон ҳамеша чуни як идеали воқеӣ зиндаву ҷовидонед.
Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ