, Панҷшанбе, 21-ноябр

АМНИЯТИ КИШВАРРО ЭҲТИЁТ МЕКУНЕМ!

 24.02.2023 243

АМНИЯТИ КИШВАРРО ЭҲТИЁТ МЕКУНЕМ!

Ман намояндаи насле мебошам, ки дар пайкари худ даҳшати ҷанги байнихудии тоҷиконро эҳсос кардаам. Соли 1992, ки ман донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб будам, бо сар задани даргириҳо худ ва хонадони худро дар зери хатари марг медидам, зеро ҳукумате набуд то ки мардумонро сарпарастӣ кунад. Ҳар ки силоҳ дар даст дошт худро шоҳ медонист ва ба аҳли илму маърифат таҳдид мекард. Ҳама дасти дуо бармедоштанд, ки сарваре пайдо шаваду онҳоро аз вартаи фоҷеа наҷот бахшад. Хушбахтона, пас аз гирудорҳо, сарсониву оворагиҳо ва дигар ошуфтагиҳо дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарваре пайдо шуд, ки бо худгузариҳо кафили раҳонидани мардум аз нокомиҳо гардид.

Дар бораи ба чоҳи нокомиҳо тела додани тоҷикон аз ҷониби гурӯҳҳои дингароёни силоҳбадаст, мо насли калонсолтар ҳарчи бештару бештар мебояд ҷавононро ҳушдор бидиҳем, ки душманони миллату давлати мо аз тамоми имкониятҳои дар даст дошта кор гирифта, нақшаи ноором сохтани кишвари моро тарҳрезӣ кардаанд ва бо дасти ифротгароёни динӣ мехоҳанд онро татбиқ намоянд.

Мутаасифона, имрӯз на ҳама медонанд, ки сабабгори асосии сар задани ҷанги байнихудии тоҷикон мутаассибини динӣ, бо роҳбарии Ҳизби наҳзати исломӣ буд, ки сабабгори кушта шудани 150 ҳазор нафар ҷавонону наврасон гардида, кишварро ба як харобазор табдил дод, ки зарари молии кишвар7 миллиард доллари амрикоиро ташкил мекард. Беш аз 1 миллион шаҳрвандони кишвар гуреза шуда, ба хоки давлати Афғонистон паноҳ бурданд ва ба азобу ранҷи зиёд рӯбарӯ гаштанд. Албатта хисороти моливу иқтисодӣ дар баробари талафоти 150 ҳазор ҷавонон ҳеҷ аст, зеро молу манолро метавон барқарор кард, вале марги инсон бебаргашт аст. Он талафот ба генофонди миллат зарбаи сахт ворид кардааст ва даҳсолаҳо сипарӣ гарданд то миллати тоҷик он талафотро ҷуброн намояд.

Пас аз ба оштии миллӣ расидан, ин ҳизб бо баҳонаи ҷонибдорӣ аз дини ислом ва густариши арзишҳои демократӣ, сияҳкориҳои хешро идома медод. Ба дастовардҳо ва пешравиҳои фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат бо чашми бахилӣ нигоҳ мекард. Худро ҳомии демократия намоён мекард. Гарчанде ба сиёсатпешагон маълум аст, динҳо ҳамеша аз арзишҳои демократӣ дур буданд ва ба вижа давлатҳои исломӣ хостҳои диниву мазҳабии худро бар сари шаҳрвандонаш таҳмил мекунанд ва дар сурати напазируфтан шаҳрвандро ё ба зиндон меафкананд, ё ба қатл маҳкум мекунанд.

Мо бо чашми худ дидем, ки чӣ гуна сарсупурдагони ҳизби исломӣ, дар симои генерал Назарзода ҳамлаи мусаллаҳ ба ниҳодҳои ҳукумат бурда, кӯшиши табаддулоти давлатӣ карданд. Нерӯҳои амниятии кишвар, пас аз саркӯби онҳо тамоми нақшаҳои сиёҳи ҳизби сияҳкорро ошкор намуданд ва Суди олии мамлакат Ҳизби Наҳзати Исломиро ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ эълон намуд.

Ҳоло низ ин хоинони давлату миллат ба хориҷа фирор карда, бо пули гурӯҳҳо ва давлатҳои бадхоҳи миллати тоҷик фаъолияти таблиғотии худро ба роҳ мондаанд. Онҳо ба идеяҳои пучу подарҳавои худ номи давлати тоҷиконро сиёҳ кардан мехоҳанд. Ҳодисаи ғамбору нанговари солҳои наздик рухдода - кушта шудани чанд тан сайёҳони хориҷӣ, ки ба дидани ватани ободу мардуми меҳмоннавози Тоҷикистон омада буданд, натиҷаи амали ин гурӯҳҳои террористӣ буд ва мо ватандорон имрӯз бояд фаромӯш накунем, ки душман дар камин аст ва метавонад ҳар лаҳза бо амали нангину ҷароҳатбори худ сулҳу осоиштагии ватанамонро халалдор созад. Ногуфта нагузорем, ки онҳо чанде пеш дар пойтахти кишвари Лаҳистон шаҳри Варшава гирд омада бо ҷамъе аз тоҷирони ҳанноти гуреза, бо сарварии хоини Ватану миллат Муҳиддин Кабирӣ ба ном ҳаракате созмон доданд, ки мехоҳанд боз аз исломи сиёсӣ истифода карда, қудрат ба даст оранд.

Аммо онҳо ба мақсадҳои шуми худ нахоҳанд расид. Дигар имрӯз он солҳои 92 – уми асри гузашта нест. Ба истилоҳи мардумӣ «кӯр як бор асояшро гум мекунад». Нерӯҳои амниятии кишварамон тамоми тавоноӣ ва ҳушёриро соҳибанд, ки бар фуки ҳар бадхоҳи оромиву осудагии халқамон мушти обдор занад. Ва чуноне шоири тавонои адабиёти форсу тоҷик Сайидои Насафӣ гуфтааст:

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Нодира АШӮРОВА, доктори илмҳои филологӣ, муаллимаи кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат