, Чоршанбе, 15-октябр

ШАХСИЯТИ ПОКИЗАРОЙ, ПОКИЗАРӮЙ ВА ПОКИЗАСИРИШТ


ШАХСИЯТИ ПОКИЗАРОЙ, ПОКИЗАРӮЙ ВА ПОКИЗАСИРИШТ

Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосӣ мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони худ медиҳад ва хешро хушбахт мешуморад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар роҳи камолоти маърифати ҳар инсон устод, омӯзгор нақши аз ҳама барҷаста дорад. Ҳарчанд тарбияи падару модар ва таъсири муҳит низ омилҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб мераванд. Беҳуда Шайх Саъдии бузургвор нагуфтааст:

Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.

Тақдиру насиб будааст, ки баъди хатми донишгоҳ ҳамкори устоди азиз Ибодов Маҳмадулло Орифович гаштам, ки мояи ҳамешагии ифтихор ва сарфарозии банда аст. Бо устод Ибодов М.О. ғоибона аз солҳои донишҷӯиям  шинос будаму дар раванди дарсҳо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултаи фалсафа аз забони устодон дар васфаш  зиёд мешунидам. Дар борааш устодони факултет хотироти нек доштанду аз эшон ба некӣ ёд мекарданд. Ҳама аз маърифатнокию файласуфи табиатшиноси замони муосир буданашу аз гуманизми баланд доштанаш ҳарф мезаданд. Асрори муваффақияти хубгуфторӣ ва тавсиф нисбати устод Ибодов Маҳмадулло Орипович баъди гузашти як муддати кутоҳ яъне баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба ҳайси ассистенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таъин гардиданам бароям рушан шуд.  Инак, муддати 10 сол аст, ки паҳлуи ҳам дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб машғули таълиму тадрис ҳастем. Қариб панҷсол мешавад, ки зери роҳбарии устоди гиромиқадр доктори илмҳои фалсафа, профессор Ибодов М.О. корҳои илми тадқиқотӣ бурда истодаам ва дар ин роҳи пурмасъул ҳамеша раҳнамову маслиҳатгари ман мебошанд.

Дар қатори таълиму тадрис устод Ибодов Маҳмадулло Орипович олими сермаҳсули илми фалсафа  мебошад, ки бо қалами эшон чандин таълифоти барҷаста, китобу рисола ва мақолаҳои арзишманд ба нашр расиданд. Ҳар касе, ки бо навиштаҳои пурмуҳтавои устод ошноӣ пайдо мекунад, аз илмият, маъниофаринӣ, маънибахшӣ, дақиқназарӣ, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии фавқулода ва касбияти эшон бохабар мешавад. Устод Ибодов Маҳмадулло Орифович дар ин самт дониши академикӣ дорад, ки эътирофи ҳамагон ва сазовори ҳама унвон ва ситоишу қадрдонист. Аз ҳама наҷибтару шарифтар хизмати арзандаву мондагорӣ ин шахсияти муҳтарам барои давлату миллат таълиму тарбияи ҳазорҳо нафар шогирдон мебошад, ки имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият доранд ва дар пешрафту инкишофи кишвари азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм мегузоранд. Дар бораи одамият, инсоният, муносибату муошират, хулқи неку писандидаи устод агар рисолаи алоҳида нависем ҳам, кам аст. Шахсияти покгавҳар, покдил, покизаназар, покизанафс, покизарой, покизарӯй, покизасурат, покизасиришт, покизатабъ, покизақавл, покизаҷон аст.

Дар ҷомеа инсонҳо бо сифатҳои гуногун ва наҷиби инсонӣ дар дилу дидаи наздикон ҷой мегирад. Ибодов М. О.  аз зумраи он шахсиятҳоест, ки дар миёни ёру дӯстон бо ширингуфториву ростқавлӣ, поквиҷдонию поккирдориаш на танҳо дар   миёни назди наздикону шогирдон ва ҳамкорон балки дар сатҳи ҷумҳурӣ мақому мартаба ва обурую эҳтироми хоса пайдо намудааст.   

Устод барои мо шогирдон нишони худшиносӣ, инсони комил, омӯзгори асил, олиму донишманди воқеӣ, шахсияти беназир, фарди равшанзамиру равшандил аст. Фазилатҳои бешумори эшон аз қабили ҳалимӣ, меҳрубонӣ, самимият, қадрдонӣ, хоксорӣ, шикастанафсӣ ва ғайра мояи ифтихору сарманшаи илҳоми дигарон аст.  Дидори устод боиси хушҳолӣ, ифтихормандӣ, болидаруҳӣ ва хушбахтии доимии мост.

Ифтихор аз он дорам, ки чунин устоди бузургворе дорем, хуш ба ҳоли ҳар як шогирд, ки аз дарсу таълими ӯ ғизои маънавӣ мегирад. Хуш ба ҳоли миллат ва Ватани азизамон, ки чунин шахсияти беназирро дар канор дорад, хуш ба ҳоли Модари покдомане, ки чунин фарзанди фарзона ва барӯмандро дар маҳди хеш парваришу тарбият кардааст.  Ҳастии устод Ибодов М. ифтихору эътибори миллат аст. Фардият, шахсият, одамият ва пеш аз ҳама инсонияти устоди азиз симо ва чеҳрае аз фарзандони бузурги ин миллату меҳан аст, ки модари покдомани тоҷик ба дунё овардааст. Шири модар ва гаҳвораи парваришу тарбияташ ҳалолат бод, ки барои Модар-Ватан хизмати босазое, арзанда ва мондагоре анҷом додаӣ!

Матлабро бо камоли эҳтиром ва иродатмандӣ ба устоди иззатманд Ибодов Маҳмадулло Орифович бо мисраъҳои зер ба охир мерасонам.

Аё устод ҳазор аҳсан ба номат,
Ба он заҳмат, ба он лутфу каломат.
Намегардӣ фаромӯш аз дили ман,
Ҳамеша саҷда меорам ба номат.

Аминҷон Раҷабов, муаллими калони кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!