, Сешанбе, 14-октябр

УСТОДИ ҲАЁТ-ОИНАИ ВАФО


УСТОДИ ҲАЁТ-ОИНАИ ВАФО

Зан - модар будан, мураббӣ будан, роҳнамо ва оинаи ахлоқу маърифат гаштан, шарафест, ки танҳо ба инсонҳои бузург насиб мешавад. Агар дар ин масири ниҳоят пурмашақат ва пурифтихори омӯзгорӣ зан-модар гом мениҳад, пас ӯ натанҳо ҳаёт мебахшад, балки бо лутфу меҳрубонӣ ва инояту фарзонагӣ ба ҷомеа равшанӣ мебахшад. Ба сифати омӯзгору муаллим наслҳоро ба суйи хубиҳо, созандагиҳо ва камолоти одамӣ ҳиддоят мекунад.

Аз ҷумлаи чунин фарзонагон, ки дар радифи масъулияти бузурги модарӣ пешаи пурифтихори омӯзгориву роҳнамоии насли наврасу ҷавонро интихоб кардаву аз ин кор худро хушбахту сарафроз медонад, омӯзгори асил, номзади илмҳои педагогика (2010), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2010) дорандаи медали “Хизмати шоиста” (2018) Сайдаҳмадзода Дилором ба ҳисоб меравад.

Дилором Сайдаҳмадзода, ки 17 марти соли 1968 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар хонадони зиёӣ ба дунё омада, омӯзгори асил, шахсияти фарҳехта ва роҳбари кордон аст. Ӯ аз оғоз ба омӯзишу парвариш муҳаббати хосса дошт. Мактаби миёнаи №2 ба номи Бобоҷон Ғафуровро дар шаҳри Кӯлоб бо муваффақият хатм намуда, ба факултаи химия-биологияи Институти давлатии педагогии ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) роҳ ёфт. Чунин баназар мерасад, ки ин интихоб танҳо интихоби касб набудааст, балки  ин интихоби роҳи зиндагӣ, интихоби хизмат ба инсон, миллат ва фардо аст.

Муаллима аз он замон то имрӯз тамоми рӯзгори худро ба маориф, тарбия ва рушди насли наврас бахшидааст. Ӯ дар ҳама зинаҳо фаъолият дошту дорад. Ба сифати муаллими мактаби миёна, муаллими донишгоҳ, декани факултет, муовини ректор, муҳаққиқ ва ниҳоят шахсияти сатҳи давлатӣ дар соҳаи таълиму тарбия кор карда истодааст. Масири тайнамудаашон ва ҳар масъулияти дар ин роҳи пурифтихор ба зимма доштаашон яке аз дигаре пурмасъулияттар аст. Аз ҷумла, декани факултаи химия-биологияи ДДК ба номи А.Рӯӯдакӣ, муовини ректор оид ба тарбияи ДДК ба номи А.Рӯдакӣ, мудири кафедраҳои гуногун дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази омӯзишии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ аз кордониву масъулиятшиносии муаллима гувоҳанд. Ин номгӯ, натанҳо рӯйхати вазифаву корҳои иҷронамудаи устод, балки  шоҳиди заҳматҳои ин зани фазона ва таърихи зиндагии омӯзгори асилест, ки пурра сарфи таҳқиқу таҳсили дигарон шудааст.

Муаллима Сайдаҳмадзода Дилором омӯзгорест, ки дарсро бо эҳсос пеш мебурд. Ӯ дарсро на ҳамчун уҳдадорӣ, балки ҳамчун шаъни омӯзгор медонист. Дар вақту соати дарсӣ дар ҳар вазифа ифои масъулият доштан ҳамеша худаш ба донишҷӯён дарс медод, ба муҳассилин на фақат дониш, балки инсоният, худшиносӣ ва ватанпарвариро меомӯзонд.

Ман - ҳамчун шогирд ва ҳамзамон ҳамкори наздики ӯ (замони ба сифати декани факултети химия ва биологияи ДДК фаъолият доштанашон масъулияти ҷонишини декан оид ба корҳои тарбияро дар факултети мазкур ба ӯҳда доштам), ҳар рӯз шоҳиди он будам, ки чӣ гуна бо диққати хоса ба масъалаи тарбияи донишҷӯён муносибат мекард. Ҳар як маслиҳати ӯ чароғе буд дар роҳи ман. Ҳар роҳнамоии ӯ дарси ҳаёти ман гардид.

Бо вуҷуди сахтгирӣ ва талаботи ҷиддӣ, ҳамеша қалби меҳрубону дасту дили кушод дошт. Ба унвони омӯзгор, роҳбар, роҳнамо ва муҳаққиқ - шахсияти тавоно аст. Бо вуҷуди серкориҳо, вақт меёфт, ки ба шогирдон маслиҳат диҳад, дарди онҳоро бишнавад, ҳамкоронро роҳнамоӣ кунад. Ӯро дар донишгоҳ ҳамчун омӯзгори намунавӣ мешиносанд, ки на танҳо ба донишҷӯён, балки ба тамоми муҳит фазои эҳтиром, муҳаббат ва фидокорӣ мебахшид.

Сайдаҳмадзода Дилором на танҳо омӯзгор, балки муҳаққиқи варзида низ ҳаст. Дар мавзуи «Таъминоти педагогии таълими тафриқа дар мактабҳои деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2010, Душанбе) рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Муаллифи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва монографияҳои сершумор аст. Аз ҷумла: «Асосҳои анатомия ва физиологияи синусолӣ», «Асосҳои педагогии таълими тафриқавӣ дар мактабҳои деҳот», «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», «Педагогика ва психологияи мактаби олӣ» ва даҳҳо маводи илмии дигар, ки барои наслҳои оянда роҳнамои илмӣ ва амалӣ боқӣ хоҳанд монд.

Муаллима бо дарназардошти фаъолияти муназзаму пурмасъулият соли 2010 бо унвони “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, соли 2018 бо Медали хизмати шоиста қадрдонӣ шудааст.

Вақте аз Дилором Сайдаҳмадзода ёд мекунем, на танҳо як унвони илмӣ, на танҳо як мақоми давлатӣ, балки мактаби инсонгароӣ, мактаби садоқат ба илм ва ахлоқ, мактаби зани ватандӯсту равшанзамир дар ёд меояд.

Имрӯз, ки ба сифати омӯзгор фаъолият дорам, дарк ва эҳсос мекунам, ки муаллим будан шараф аст, вале омӯзгоре мисли Сайдаҳмадзода Дилором будан- ифтихор ва шарафи ҷовидонӣ хоҳад буд.

Гадоев Шералӣ, дотсент, мудири кафедраи география ва сайёҳии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!