,
Сешанбе, 14-октябр
С.Ятимов, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, бознашр аз рӯзномаи “Анвори дониш” №7 (115), 15.04.2015
Барои мо, бисёре аз хонандагони мактабҳои миёнаи умумии солҳои 60-уми асри гузашта, доираи парвози хаёли таҳсили оянда дар сатҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳдуд мегашт. Чун ман дар оилаи муаллими деҳа тавлид ва дар он муҳит калон шуда будам, бо нони муаллимӣ рӯзгорамон мегузашт ва аз он ифтихор доштам, касби падар бароям аз ҳама беҳтар ба назар мерасид.
Расидан ба ин орзу ҳам барои ман кори осон наменамуд. Дар мактаби миёна бо баҳои хубу аъло мехондем. Аммо аз синфи ҳаштум сар карда тамоми кӯшишҳоро барои ба он мақсад - донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб шудан сарф мекардем.
Ҳамин тариқ, чунин орзу моро ба ин боргоҳи маърифат овард. Албатта, дар бойгонии донишгоҳ маҳфуз аст, ки банда аз се имтиҳони дохилшавӣ- иншоро ба баҳои хуб ва таъриху забону адабиёти тоҷикро бо баҳои аъло супоридам. Чор сол дар гурӯҳи «Б»-и факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи Кӯлоб таҳсил кардам. Шояд хоксорӣ набошад, чун ҳуҷҷат ҳаст, бояд бигӯям, ки онро бо дипломи аъло хатм намудам.
Баъд аз ин даргоҳи муқаддас вобаста бо амри тақдир ман дар ду донишгоҳи дигар ҳам таҳсил кардам. Аз онҳо низ то ҳадди имкон, донише андухтам. Ҳуҷҷатҳои ҳамсони он марказҳои таълимиро гирифтам, аммо таҳсил дар Донишгоҳи Кӯлоб барои ман аз муҳимтарин марҳалаи ҳаётам ба ҳисоб меравад. Дар тамоми давраи донишандӯзӣ, ки асоси он омӯзиши касб, тахассусмандӣ ва дарки илмии олами ҳастӣ мебошад, Донишгоҳи Кӯлоб барои банда ҳамчун пойгоҳи аслӣ ва таҳкурсии ҳаётам маҳсуб мегардад.
Аз бар намудани донишҳои фундаменталӣ, баррасӣ кардани қонунмандиҳои пайдоиш ва инкишофи зуҳурот дар табиат, ҷамъият ва тафаккур, махсусан ҳодисаҳои вобаста ба забон, каломи бадеӣ ва дигар рӯйдодҳои ҷамьиятӣ маҳз дар ҳамин донишгоҳ ба мо муяссар гашт. Оғози андеша ва тафаккури нигаристан ба ин оламро бо чашми хирад устодони ҳамин донишгоҳ ба мо омӯхтанд. Мантиқи аслии тадриси муаллимони мо аз он иборат буд, ки дар олам ягон чизро набояд кӯр-кӯрона қабул кард, балки онро бо далелнокӣ ва орӣ будан аз тазоди мантиқӣ, инчунин бар пояи санҷиш ва дар таҷрибаи амалӣ омӯхт. Ба мо таълим медоданд, ки натиҷаи ҳама гуна амали инсон бар пояи судмандии он ба манфиатҳои аслии Ватан, аз ҷумла тараққиву пешрафти ҳақиқии ин сарзамин бар асоси арзишҳои умумиинсонӣ бошад. Устодони азиз шогирдонашонро ба он бовар мекунонданд, ки асоси илмро баҳс ташкил мекунад. Дар асоси он омӯзиш, инкишоф ва рушди ҷомеа дар назар дошта мешавад. Худи дониш ба тарзи абадӣ ва беохир наздикшавии тафаккур ба ҳастии реалии дар таҷриба санҷидашударо дар назар дорад. Чизи шахшуда ва схоластикӣ, падидае, ки қудрати осон кардан ва пешбурди ҳаёти рӯзмарра ва ояндаи табиии онро надорад, дониш набуда, марбути шаклҳои ҷаҳонбинии комил ба ҳисоб намераванд.
Дар Донишгоҳи Кӯлоб, ки он вақт таҳсил чорсола буд, кори дипломӣ наменавиштанд. Кори курсӣ, ки набояд аз сиву панҷ варақ зиёд мешуд, фатҳи қуллаи кори илмӣ дар овони донишҷӯи маҳсуб мегашт. Дар чор соли таҳсил ҳар донишҷӯ дар курсҳои болоӣ бояд ду кори курсӣ менавишт. Корҳои курсии навиштаи ман яке «Калимаҳои арабӣ дар “Шоҳнома»-и Аблуқосим Фирдавсӣ» (роҳбари илмӣ муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ C.C. Сабзаев) ва дигаре» «Сумбула»-и Абдумалик Баҳори - аввалин повести фантастикӣ дар адабиёти тоҷик» (роҳбари илмӣ муаллими калони кафедраи адабиёт тоҷик Ё. Содиқов) ном доштанд. Дар яке аз конфронсҳои илмии олимони ҷавони донишкада таҳти мавзуи «Ақидаҳои фалсафӣ дар эҷодиёти Саъдӣ» низ гузориши илмӣ карда будам. Баъдтар, ки ҳаёт барои мо имтиҳонҳои гуногунро раво дид ва банда баъзан корҳои илмии ниҳоят хоксоронае ҳам гарчанде карда бошам, давраи аслии ибтидоии аспирантура ва докторантураи худро оғоз аз замони донишҷӯии Донишгоҳи Кӯлоб меҳисобам.
Тавре ки таъкид гардид, Донишгоҳи Кӯлоб барои ман касби муаллими забон ва адабиёти тоҷикро омӯзонд. Банда ифтихор дорам, ки чанд муддат дар ин симмат кор кардаам. Ва тамоми умр- то имрӯз ҳам пешаи муаллимиро тарк накардаам. Забони рӯсиро омӯзонд. Тавассути он ин ҷониб дар Кумитаи давлатии бехатарии Иттиҳоди Шӯравӣ кору фаъолият кардам. Бо ин забон се монография ва чандин мақолаҳои илмӣ ҳам таълиф намудам. Хати форсиро омӯзонд. Аз баракати он баъдтар имкони дар Ҷумҳурии Исломии Эрон кор кардан ва ҳамзамон дар он кишвар ба фаъолияти пажӯҳишӣ машғул шуданро пайдо кардам. Забони англисиро омӯзонд. Ин бахш ҳангоми дар кишварҳои Ғарб фаъолияти дипломатӣ карданам маро ба кор омад. Бо ин забон камина ду монография ва чанд мақолаи илмӣ ҳам таълиф намудам, ки шояд то андозае дар доираи манфиатҳои хизмати давлатӣ нақш дошта бошанд.
Дониш ва панду андарзҳое, ки банда аз муаллимони мушфиқу ғамхор ва ниҳоят сахтгири Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба монанди Сангов Қаюм, Иззатулло Тамлихоев, Соат Чалишев, Рустам Ҷӯраев, Сайидалам Сайдалиев, Ёралӣ Содиқов, Аламхон Кӯчаров, Достӣ Шарифов, Раҳим Саидов, Сафар Латифов, Барот Нозимов, Галина Бобритская, Генадий Брагин, Абдусаттор Абдулвоҳидов ва бисёри дигарон гирифтаам, минбаъд роҳнамои асил барои ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии ин ҷониб гардиданд. Аз ҷумлаи муаллимоне, ки муаррифӣ кардам, фақат се нафари онон (солҳои 1972-1976) номзадҳои илм буданду бас. Дигарон ҳамагӣ унвони “муаллим” ва “муаллими калон” доштанд. Дар он солҳо Донишгоҳи давлатии Кӯлоб як доктори илм ҳам надошт. Ва дар давоми таҳсил мо доктори илмро бо чашми худ надида будем. Аммо баъди хатми Донишгоҳи Кӯлоб, вақте ки ба зиндагӣ, ба амалия ба санҷишҳои бераҳмонаи таҷрибаи рӯзгор, ки фақат он унвонгузори асили илмӣ аст, оҳиста-оҳиста ба хулосае омадам, ки ин муаллимони мо “муаллим” ва “муаллими калон”-и одӣ набудаанд. Онҳо ҳамагӣ “муаллимони бузург”, “устодони бузург” будаанд. Сифатҳои меҳнатдӯсти асил, донишу малакаи комил, содиқ будан ба илм, ба касбият, ҷоннисорона, ҳадафмандона, бо хуни ҷигар меҳнат кардани муаллими таҳсилоти олиро мо он ҷо дидем. Ватандӯстӣ ва садоқат ба халқу миллатро мо аз ин устодон омӯхтем. Аз онҳо сипосгузорам. Ва худро як умр назди устодони сахтгир ва мушкилписанди одил ва донишгоҳи азизам қарздор мешуморам.
Яке аз муҳимтарин хулосаи ҳаёт барои банда ин аст, ки муаллим масъулиятноктарин касб дар дунё аст. Барҳам задани тирагии рӯзгор ва равшан кардани роҳи инсоният тавассути муаллим имкон дорад. Амният, пояндагӣ ва сулҳу суботи комил, рушди устувори миллат аз дараҷаи маърифатнокии он вобаста аст. Калимаҳои “омӯзгор”, “муаллим”, “устод” вожаҳои умумӣ ва ҳамзамон ниҳоят дақиқ ҳастанд. Фақат шахсиятеро метавон устод номид, ки ӯ ба инсон дониш, илму маърифат меомӯзад. Ва ин заҳмат инсонҳоро комилтар, Ватанро ободтар намуда, мардумро аз зулмот мераҳонад.
Шарафмандтарин унвон Муаллим аст, Устод аст. Бузургтарини инсонҳо Устод, Раҳнамои миллат мебошанд. Онҳо ҳам бо сухан, ҳам бо қалам пуштибон ва равшангари миллат ҳастанд. Поягузорони андешаи миллӣ, раҳбар ва роҳнамои миллатҳо барҳақ аз Муаллимон ва Устодони олии миллат мебошанд. Миллат ба ҳарфи онон гӯш меандозад. Онҳоро Чароғи Ҳидояти хеш мехонад. Суханҳояшонро ба дилу дидаи худ ҷой медиҳанд. Медонанд, ки дар рӯзи мушкил, мотаму шодӣ фақат Ӯ ҳамроҳу ҳамроз ва раҳнамуду раҳбари онҳо буду ҳаст. Фақат Ӯ буд, ки ҷон дар кафи даст, мардумро бо насиҳат, бо маслиҳат сарҷамъ кард. Бо тадбир тақдири неки халқашро асос гузошт. Барои миллат аз кулбаи вайрона, аз хонаи валангор, аз чанголи сахти рӯзгори носозгор ошёни обод бунёд кард. Ӯ ба мо таълим дод: “Дар тули таърих ҳама бохти мо аз парокандагӣ буд ва имрӯз ҳама бурди мо аз Ваҳдат аст». Суғду Зарафшону Рашту Хатлону Бадахшони парешонро ба сарзамини яктан мубаддал сохт. Бародаронро гирди ҳам овард. Чашми олуданазари халқи ҷафокашидаро мувоҷеҳ ба оинаи пок намуд. Суханаш лафзи Сулҳу Ваҳдати миллӣ гардид. Ҳар ҷо пой ниҳод, дарахти дустӣ биншонду коми дили мардумаш ба бор овард. Дар суханшиносӣ, сухандониву суханварӣ бо қавлу амал, ваъдаву вафо байни миллати хеш, мардуми форсизабони дунё ва на танҳо онон вирди забон ва азизу муътабар гашт, акнун Муаллим ва Устоди бузург, Пешво ва Раҳнамои миллати мост.
Мо, хатмкардагони боргоҳи маърифат- Донишгохи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ дар тули ҳаёти пур аз фарозу шеби зиндагӣ, сӯхтанҳову сохтанҳо, бохтанҳову бурдҳои ин миллати ҷафокашидаи ҳамакнун сомонёфта оғоз аз панди Муаллимони он Даргоҳ то ба Муаллими мушкилписанди таҷрибаи рӯзгор саранҷом ҳамин ҳақиқатро пай бурдем. Ба он пайрав ҳастем ва то абад хоҳем монд.