, Якшанбе, 12-октябр

АВЛАВИЯТҲОИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУНОСИБАТ БО ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ


АВЛАВИЯТҲОИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУНОСИБАТ БО ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

(дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо шаҳри Душанбе- қалби Тоҷикистон, мизбони чорабиниҳои сатҳи баланди минтақавию байналмилалӣ гардида истодааст. Яке аз масъалаҳои мубрами сиёсати хориҷии Тоҷикистонро татбиқи принсипҳои ҳамкории минтақавӣ ва ҳамзистии осоиштаи давлатҳо ташкил медиҳад, ки ин масоил бараъло дар Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон зикр гардидааст.

Қобили тазаккур аст, ки 9 октябри соли 2025 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саммити Осиёи Марказӣ-Русия баргузор шуд. Мавқеи асосиро дар ин ҷаласа муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия  ишғол мекунад. Дар доираи ҳамкориҳои байнидавлатӣ рӯзи 8 октябри соли 2025 Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бо сафари давлатӣ  ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як иштирокдори саммитро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Раёсати ин чорабинии муҳими сиёсӣ имсол ба ӯҳдаи Тоҷикистон вогузор гардида, дар сатҳи баланд ва омодагии ҷиддӣ баргузор гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки рӯзномаи нишаст масоили муҳимми ҳамкории минтақавиро дар бар мегирад. Густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, мусоидат ба афзоиши сармоягузорӣ, рушди ҳамкории гуманитарӣ ва таҳкими амнияти минтақавӣ, аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок дониста мешавад, ки ба ҳамдигарфаҳмӣ миёни кишварҳои иштирокдори қолаби Осиёи Марказӣ - Русия замина мегузорад.

Агар ба масири таърих назар афканем ба мо маълум мегардад, ки шуруъ аз асри ХVII Русия бо манофеъи геополитикии худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад. Барои ин кишварҳо ҳамчун сипар дар низоми минтақа ва ҷаҳон боқӣ мемонад.

Дар рафти ҳамин мулоқотҳо низ ҷониби Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз ҳамкориҳои судманд ва деринаи хеш ёдрас гардиданд.Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Федератсияи Россияро шарики стратегии худ ҳисобидааст. Тарафҳо  изҳор намуданд, ки ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат, ки бар пояи усулҳои ҳамзистии осоишта асос ёфтааст, минбаъд низ устуворона ва пайгирона ба манфиати ҳар ду давлат ва миллат инкишоф меёбад.

Ҷониби Тоҷикистон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ҷиҳати зиёд намудани квотаҳои таҳсилоти олӣ барои донишҷӯёни тоҷик, бунёди 5 мактаби русӣ ва Маркази кӯдакони болаёқат дар Тоҷикистон, кумак дар омодасозии омӯзгорони забони русӣ, таъмини китобҳои дарсии русӣ ва сохтмони Театри русии драма ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе изҳори сипос намуда, бо қаноатмандӣ ба муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистону Россияро баён намуданд. Ҳамчунин ҷараёни ҳамкории миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва ниҳодҳои дифоии ду кишвар, аз ҷумла дар самти муқовимат бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир баҳои баланд дода шуд.

Владимир Путин аз ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Федератсияи Россия бо хушнудӣ изҳори сипос доштанд. Дар рафти саммит қайд карда шуд, ки беш аз 170 ширкати Федератсияи Россия омода ҳастанд, ки дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ намоянд. Дар ҳолати ҳозира ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 2 миллиард доллари ИМА аз тарафи Россия маблағгузорӣ шудааст. Имрӯз нақлу ҳамли мол ба ҳолати 8 моҳи соли 2025  1 миллиарду 440 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки он 21 фоизи тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Дар рафти саммити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон бо Федератсияи Россия бо сарварии Владимир Путин 16 санади ҳамкории байнидавлатию байниҳукуматии зеринро имзо ва табодул карданд.

  1. Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия дар бораи таъмини муносибатҳои шарики стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия;
  2. Нақшаи чорабиниҳо оид ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2025-2030;
  3. Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсуми гурӯҳи ширкатҳои БТК оид ба амалисозии лоиҳаи ташкили кластери саноати сабуки гурӯҳи ширкатҳои БТК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  4. Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия;
  5. Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Русия бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ;
  6. Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия аз 17 апрели соли 2019;
  7. Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии қӯшунҳои Гвардияи миллии Федератсияи Русия;
  8. Созишнома миёни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ бо мақсадҳои рушд ва ғанӣ гардонидани Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
  9. Харитаи роҳ оид ба ҳамкориҳо дар самти нақлиёт барои солҳои 2025-2030 миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия;
  10. Ёдошти тафоҳум дар самти мубориза бар зидди вабо миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федеролии назорат оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некуаҳволии инсони Федератсияи Русия;
  11. Ёддошти тафоҳум миёни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, таълими касбии дахлдори иловагӣ ва таълими касбӣ;
  12. Харитаи роҳ миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи давлатии энергияи атомии Росатом оид ба татбиқи санҷиши пешазлоиҳавии радиатсионӣ ва тадқиқоти партовгоҳи Деҳмой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи асосҳои молиявии иқтисодии безараргардонии он;
  13. Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорат дар соҳаи тандурустии Федератсияи Русия;
  14. Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорати алоқа, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи оммавии Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои истифодаи спектри радиобасомад, муқовимат ба паҳншавии иттилоот ва (ё) захираҳои иттилоотии ғайриқонунӣ дар шабакаи интернет, муқовимат ба зангҳои қаллобӣ ҳангоми расонидани хизматрасониҳои алоқа;
  15. Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД Коргоҳи мошинасозии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахси ҳуқуқии ваколатдори Федератсияи Русия оид ба таъсиси Парки саноатии Тоҷикистон ва Русия.
  16. Созишномаи ҳамкорӣ миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи русиягии хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия.

Ба хотири оромии минтақа, муколамаи дуҷонибаву бисёрҷонибаи роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия ҷиҳати амалишавии натиҷаҳои мусбат аз рӯйи натиҷаи кори ҳамоиши “Осиёи Марказӣ-Россия” Эъломияи ҷамъбастии Ҳамоиши Осиёи Марказӣ – Русия ва Нақшаи амали якҷоя барои солҳои 2025-2027 қабул гардид. Ин ва дигар омилҳо боиси ба шарикии стратегӣ табдил ёфтани робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия гардиданд.

Дар фарҷоми саммит Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо шарики стратегии худ, аз қабили Федератсисия Россия қайд намуда, ҳамкориҳои дӯстонаи байни давлатҳоро ба манфиати ҳарду кишвар арзёбӣ намуданд.

Ҳамин тариқ, сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба туфайли кӯшишҳои пайваста ва хастанопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуда, аз ҷониби кишварҳои узви ИДМ мавриди дастгирӣ қарор гирифтааст. Бо баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ Тоҷикистон метавонад мавқеи худро дар минтақа ва дар арсаи байналмилалӣ таҳким башад.

Зарифов Ҳабибулло - омӯзгори кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!