, Шанбе, 11-октябр

ХОТИРАҲО ДАР БОРАИ УСТОД ШАРИФ УМАРОВ


ХОТИРАҲО ДАР БОРАИ УСТОД ШАРИФ УМАРОВ

Шариф Умаровро ман кайҳо медонистам, аз соли 1948. Ҳанӯз дар  мактаби таҳсилоти 7-солаи ба номи Крупскаяи колхози Гулистони ноҳияи Балҷувон хонданам ба синфи мо муаллими қоматбаланде ворид шуд. Ин муаллими ҷавон Шариф Умаров буд. Ӯ барои фаҳмидани дониши талабагон аз математика синфи моро интихоб намуда будааст. Бо гузашти солҳо, тасодуфӣ буд ё не мулоқоти ногаҳонии мо дар имтиҳони дохилшавӣ ба мактаби олӣ ба вуқӯъ омад. Баъди дохилшавӣ дар Донишгоҳи давлаитии педагогии Кӯлоб соли 1958 ӯ ба донишҷӯёни курси 1 аз «Алгебраи олӣ» лексия мехонд.

Дар лексияҳои ӯ зоҳирпарастӣ (формализм) вуҷуд надошт. Ҳар вақте ки дар тахта формулаи навбатӣ  пайдо  мешуд, мо донишҷӯён дарк мекардем, ки он ба маҷмӯи зиёди мафҳумҳои математикӣ алоқаманд аст. Онҳоро устод хуб медонист. Ӯ дар ҷараёни машғулиятҳо ҳеҷ гоҳ овозашро баланд намекард, хеле одӣ буд.

Камина бисёр вақтҳо ба хонааш мерафтам ва дуру дароз роҷеи баъзе масъалаҳои математикӣ аз устод пурсон мешудам.

Бо фарзандонаш шиносоӣ пайдо кардам. Ҳамаи онҳо мактабҳои олиро хатм карда, дар касбҳои гуногун фаъолият карда истодаанд. Ин алоқамандӣ то ҳанӯз идома ёфта истодааст.

Гарчанде эшон ба навиштани мақолаҳо машғул набуд, вале ҳатман устод камина - донишҷӯи курси якумро доир ба мавзуъҳои гуногуни алгебра ва арифметикаи мактабӣ сухан гуфтан ва навиштани мақолаҳо ҳидоят мекард. Солҳои минбаъда гуфтаҳои ӯстод дар эҷодиёти илмиам зарур шуда монданд ва бисёр вақтҳо онҳоро ба хотир меовардам.

Устод одате доштанд, ки ҳар ҳафта дар рӯзи навбатдориаш ба кафедра ҳатман донишҷӯёни қобилияти сустдоштаро барои кор кардани машқҳо даъват мекард. Дар омади сухан бояд қайд кунам, ки он вақтҳо ҳамаи муаллимони кафедра Шариф Раҳмонов, Саидхӯҷа Азизов, Хоркаш Қодиров ва дигарон ин тарзи корбариро қатъӣ риоя менамуданд. Масалан, муаллими калон Раҳмонов Шариф дар вақти навбатдорӣ дафтари ҳалли масъалаҳои геометрияи мактабиро аз рӯи китоби дарсӣ дида баромада имзо мегузошт. Муаллими калон Исломов М.  бошад, дафтари амалиро оид ба  «Геометрияи аналитикӣ» месанҷид. А. Ашурмамедов дафтари машқҳои алгебраи мактабиро дида баромада баҳо мегузошт ва ғайра. Вале сад афсӯс, ки ин шахси боэътибор дар синни 50-солагӣ дунёро падруд гуфт.

Ин натиҷаҳо дар имтиҳонҳои семестрӣ ба назар гирифта мешуд.

Ба фикрам ингуна тарзи корбариро дар кафедраҳои донишгоҳ ҷоннок кардан айни мудаост, зеро ин методика барои баланд бардоштани сифати донишазхудкунии донишҷуён аз фоида холӣ    нахоҳад буд.

Умар Шариф дар қатори дигар омӯзгорони факултет унвони илмӣ надошт, вале фаъолияти педагогию методии ӯ, дар давоми зиёда аз 20 сол  мудири кафедраи математикаро роҳбари кардан ӯро дар  сафи донишмандони унвондор мегузорад гӯем хато намешавад. Ман хушбахтам, ки қисми зиёди ҳаётам дар алоқамандӣ бо ин устоди муътабар гузашт.

Ислом Ғуломов-д.и.п., профессор, Ходими шоистаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи нишони нахустини «Профессори ифтихори»-и ДДК ба номи А. Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!