,
Шанбе, 11-октябр
Аз таърихи башарӣ ҳувайдост, ки заминаи асосӣ, замонати ташаккул ва рушду пешрафти ҳар тамаддун, фарҳанг ва давлату давлатдорӣ ба бунёди марказҳои пуриқтидори илмӣ, таълимӣ ва густариши илму маърифат, парвариши ақлҳои ҷӯё, зеҳнҳои пӯё, ашхоси эҷодкор, фарзандони шоистаи замон марбут аст. Анъанаи ба марказҳои маъмурии давлатдорӣ ҷалб намудани олимону адибон аз атрофу акнофи сарзамини паҳновари Хуросону Мовароуннаҳр дар замони Сомониён ва эъмори заминаи пурсамари парвариши фозилони бемисли давру замон далели возеҳи ин гуфтаҳо буда метавонад. Дар ҳама давру замон ашхоси худогоҳу маърифатгаро мекӯшанд, бо истифода аз ҳама имконот, фарзандони хешро дар беҳтарин мактабу марказҳои илмӣ-таълимӣ ба таълиму тарбият фаро гиранд. Ҳарчанд, бо тақозои рушди марҳилаҳои таърихӣ, баъзе арзишҳо тағйир меёбанд, меъёрҳо иваз мешаванд, фаҳму дарки воқеияти рӯз дигар мешавад, аммо ҷойгоҳи илму таълим, фарҳангу маърифат, ҷаҳонбинии солим ҳамоно арзиши аслӣ, меҳварӣ, тақдирсоз, кафолати пойдории фарҳангу ҳифзи давлату давлатдорӣ боқӣ мемонад.
Ниёгони пурифтихори мо маҳз аз самараи илму хирад марказҳои бузурги илмиву ҳавзаҳои адабӣ эҷод намуда, бо фарҳанги волои давлатдорӣ, ба ганҷинаи башарӣ осори гаронбаҳову мондагори илмиву ахлоқӣ ва маърифатӣ эҳдо намудаанд. Ахтарони пурҷилои илми тоҷик зиннати безаволи гунбади тамаддуни инсонӣ буда, таълифоти эшонро метавон гиреҳкушои муаммоҳои илмӣ, заминаи ташаккулу равнақи ҷаҳонбинии илмии наслҳо, рушду пешрафти илму техника ва дастовардҳои замони муосир арзёбӣ намуд.
Корнамоиҳо, ташаббусҳо, ислоҳот, рисолатшиносии фарзанди барӯманди халқи тоҷик, фарзанди шоистаи замон, меросбари ганҷи ниёгон, Исмоили ғаюри даврон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ далели возеҳи нақши фарзандони халқи тоҷик дар густариши илму маърифат, ҳалли масоили байналмилалии рушд буда, қабули қатъномаи ниҳоии Маҷмааи Умумии СММ дар робита ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» боз ҳам ифодагари азму иродаи қавӣ ва иқдомҳои инноватсионии рушд ва зимнан, башардӯстонаи Роҳбарияти Олии Ватани азизу маҳбуби мо мебошад.
Бешак, муассисаҳои илмӣ-пажуҳишӣ ва таҳсилоти оливу миёнаи касбӣ дар таҳияву амалисозии консепсияҳои татбиқи ин ташаббусҳои байналмилалӣ, бунёди кохи бегазанди маърифат, ташаккули худшиносии миллии насли наврасу ҷавон, тақвияти асосҳои конститутсионӣ, ҳифзи арзишҳои соҳибистиқлоливу давлатдории миллӣ, татбиқи босамари стратегияву барномаҳои давлатӣ, аҳдофи стратегии миллӣ ва ба кишвари армониву зинати саёраи Замин табдил додани Тоҷикистони азиз нақши сарнавиштсоз доранд.
Яке аз чунин муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии касбии кишвар бо рисолати маърифатгустарӣ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад, ки инак, аз фаъолияти пурсамару рисолати пуршараф, масири илмгустариву зиёафрӯзии он 80 соли рангину пурҷило рақам мехӯрад.
Донишгоҳ дар марҳилаҳои гуногуни ташаккули худ ҳамчун муассисаи олии таълимӣ, кохи муҳташами илму маърифат, маъвои ташаккули фарзонагони миллат ходимони зиёди варзидаи давлатӣ, абармардони илму сиёсат, адибони номвару муътабар, рӯзноманигорони шуҳратёр, пешгомони арсаҳои созандагиро парвардаву дар хидмати халқу Ватан шарафёр гардонидааст.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз муассисаҳои таълимии кишвар дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ба ҳисоб рафта, баҳри татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои илму маориф, дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба баланд бардоштани дараҷаи касбияти омӯзгорон, хоса омӯзгорони ҷавон, такмили барномаҳои таълимӣ, тақвияти заминаҳои моддӣ-техникӣ ва зарфияти илмии муассиса, ташкили озмоишгоҳҳои замонавӣ, кашф ва парвариши насли ихтироъкор, таъмини ҳамгироии илм бо истеҳсолот, мусоидат ба саноатикунонии босуръати мамлакат, тадбирҳои омодасозии шогирдон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ миёни омӯзгорону донишҷӯён пайваста иқдомҳои судмандро рӯйи кор меоварад.
Ин боргоҳи илму маърифат дар шароите таъсис дода шуд, ки баъди қатъи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, Ғалабаи Иттиҳоди Шуравӣ бар Олмони фашистӣ, хоҷагии халқи Тоҷикистон, мисли соири мамолики Шуравӣ, ниёз ба барқарорсозии куллии сохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ дошт. Дар минтақаи Кӯлоб ягона муассисаи таълимӣ буд, ки дар баробари рисолати таълиму тарбия, пешбарандаи сиёсати идеологӣ, руҳиябахшии халқи ҷафодида, қурбониҳои ҷанги тулонӣ, ба ҳаёти осоиштаи равонӣ баргардондани мардум табдил ёфта буд. Қишри зиёӣ, муаллим, омӯзгор меҳвари ҷамъият, ҳодиву раҳнамои халқ дар масири барқарорсозӣ, ободкориву созандагӣ, саводноксозиву парвариши кадрҳои зарурӣ барои хоҷагии халқи мамлакат буд. Самараи заҳматҳои синасӯзи он насл имрӯзҳо низ мушоҳида мешавад: онҳо муаллимоне тарбияву ба макотиби таҳсилоти миёнаи умумии кишвар сафарбар намуданд, ки дар ташаккули насли босаводу дониш, эъморони ҷомеаи рӯ ба пешрафту шукуфоӣ саҳми таърихӣ гузоштаанд.
Фаъолияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо номҳои Институти дусолаи муаллимии Кӯлоб (1945-1952), Институти давлатии педагогии Кӯлоб (1953-1959), филиали Институти давлатии педагогии Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) (1960-1962), Институти давлатии педагогии Кӯлоб (1962-1992) ва аз баракати истиқлолу озодӣ ва ваҳдату якдилӣ, бо номи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (1992-2009) ва аз 24 апрели соли 2009 – Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бозгӯкунандаи марҳилаҳои рушди он, бо назардошти тақозои замон, талаботи рӯзафзун ба кадрҳои омӯзгорӣ ва зимнан, самараи соҳибистиқлоливу рисолати рӯзафзуни ин боргоҳи пурмаҳсули илму маърифат мебошад. Ба номи сардафтари адабиёти классикии тоҷик, малик-уш-шуарои Сомонӣ, авҷрасони шеъри порсии тоҷикӣ, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ номгузорӣ шудани Донишгоҳи давлатии Кӯлобро метавон таваҷҷуҳи хоссаи Роҳбарияти Олии мамлакат ба ин кохи нуру маърифат ва нақши вижаву таърихии он дар ташаккули давлатдории навини мо тоҷикон арзёбӣ намуд.
Илова ба фазилатҳои зикршуда, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои банда аз чанд ҷиҳати дигар азизу муқаддас буда, пайванди амиқу қавӣ, ба ибораи дигар, аҳамияту арзише ҷонпайванд дорад. Падару модари арҷманди мо таҳсилдида ва хатмкардагони ин боргоҳ буда, маҳз фазои пурмеҳру самимияти донишгоҳӣ маъвои зуҳур ва ташаккули муҳаббати мудовиму пурбаракати эшон будааст.
Қиблагоҳи азиз, ки худ солҳои зиёд омӯзгоре синасӯз буданд, аз даврони донишҷӯӣ, аз раванду тартиби дарсҳои устодони зиндаёд, мактаби кадрпарварии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамеша бо ифтихору сурур ёдоварӣ карда, мартабаи омӯзгориро аз ҳама мақомҳо афзал медонистанд. Маҳз аз шавқи меҳру арҷгузорӣ ба заҳматҳои устодон, эътирофи нақши калидии омӯзгор дар ранггирии ҳаёти толибилм, ҳамеша ба мо фарзандон, ки пайроҳаи илму омӯзгориро интихоб карда будем, таъкид мекарданд, ки кӯшишу ғайрати хешро ба пуррагӣ баҳри тақвияти донишҳои соҳавӣ ва хислатҳои наҷиби омӯзгорӣ сафарбар намоем, донишҷӯро ҳамчу фарзанди хеш азизу баҳри тарбияташ худро масъул бидонем, омӯзгоре некному соҳибмактаб шавем, ҳамрозу ҳаммаром ва болбахши шогирдон бошем, ҳаёте шоистаи зистан ба сар барем.
Модари арҷманд низ ҳамоно аз овони донишҷӯӣ, хотироти рангини ҷавонӣ, дарсҳои хотирмону завқангези устодони соҳибмактаб, манзараҳои саҳну акнофи Донишгоҳ, ҳамдарсону ҳаммаслакон хотираҳо рӯшан карда, зимни иҷрои рисолати пурмасъул ва пурифтихории банда ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб маслиҳатҳои муфид дода, таъкидҳо мекарданд, ки эҳтирому иззати пирони кор, устодони собиқадор ба таври шоиста ба ҷо оварда шавад.
Аз файзи таваҷҷуҳ ва тадбирҷӯиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвияти рӯзафзуни нақши ҷавонон дар идоракунии давлатӣ, 10 июни соли 2022 барои банда шарафи афзун ва масъулияти бузурги роҳбарии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вогузор гардид.
Нахуст, шоистаи шукргузорӣ ва изҳори сипоси фаровон аст, ки аз рӯзи аввали муаррифӣ ва шиносоӣ бо коллективи муътабари Донишгоҳ истиқболи самимии аҳли коллектив ва фазои гарму ошноро дарёфтам. Дар баробари шиносоиву омӯхтанҳо, ноаён, ҷӯёи манзараҳову шахсиятҳо аз нақлҳои волидайн мерафтам. Суҳбатҳову машваратҳои устодони иззатманд, собиқадорони соҳибмактаб, пирони кор як-як саҳфаҳои нави масъулиятшиносиро бароям боз мекарданд. Аҳли раёсатро коллективи ҷавону пурғайрат, бо салиқаҳои баланди касбӣ, пурталошу ватандӯст дарёфтам. Бо назардошти масъулият дар Парлумони кишвар, мунтазам сафарҳои кории хориҷӣ пеш меомаданд, аммо бо аҳли раёсат дар ҳамоҳангиву фаъолияти муназзам ва иртиботи онлайнӣ, раванди таълиму тарбия ва чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ ва сиёсиро дар сатҳи баланди ташкилӣ ва аз ҷиҳати тарғиби арзишҳои давлатдорӣ, тақвияти маорифи миллӣ мақсадноку борвар баргузор намуда, муаррифии шоистаи дастовардҳоро дар фазои маҷозӣ таъмин менамудем. Таҳсину тавсифи холисонаи дӯстону ҳаммаслакон роҷеъ ба нишондиҳандаҳои рушди Донишгоҳ, инчунин, махзани тарғиботии сомонаҳо тақвиятбахши ин гуфтаҳо буда метавонад.
Дар давраи фаъолият, бо сафарбарсозии неруи зеҳнии аҳли раёсат, назарпурсии пирони кор ва роҳнамоии масъулин аз Вазорати маориф ва илм, Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барои солҳои 2023-2028, бо назардошти талаботи бозори меҳнат, беҳтарсозии вазъи таълиму тарбия, ҷалби бештари довталабон ба Донишгоҳ, ҳавасмандсозии омӯзгорони ҷавон, тақвияти заминаи моддӣ-техникӣ ва зарфияти илмии таълимгоҳ, бунёди биноҳои нави таълимӣ, хобгоҳҳо барои донишҷӯёну омӯзгорон, такмили озмоишгоҳҳои мавҷуда ва ташкили озмоишгоҳҳои наву замонавӣ, рушди хоҷагии минтақа ва ҷумҳурӣ, таҳия ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илм тасдиқ гардида, нақшаи миёнамуҳлати татбиқи он барои солҳои 2023-2025 босамар амалӣ шуд.
Дар партави тадбирҷӯиҳо, заҳмати аҳлонаву пурсамари коллективи муътабари Донишгоҳ, натиҷаҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии ҳайати профессорону омӯзгорон, фаъолияти муассиса дар самти робитаҳои байналмилалӣ ва корҳои ободониву хоҷагидорӣ, дастовардҳои донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ қобили таваҷҷуҳ буданд.
Аз ҷумла боиси нишоти афзуни коллективи Донишгоҳ аст, ки дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкории Ҳукумати мамлакат бахшида ба истиқболи шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншоотии ҳукуматӣ корҳои мартуб ба бунёди бинои наву замонавии таълимӣ дар шафати чапи бинои маъмурии муассиса, ба ҷойи бинои 2-ошёнаи факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг оғоз гардида, бомаром ҷараён дорад. Илова бар ин, тадбирҳои ҳамоҳангсозӣ роҷеъ ба бунёди бинои 10-ошёнаи хобгоҳ барои омӯзгорону донишҷӯён бо тарҳи муосиру шароити муносиб дар рӯ ба рӯйи бинои факултети физика ва математика, пушти бинои кӯдакистони донишгоҳ пурра ба анҷом расид.
Дар шароити кунунии таҳаввули рӯзафзуни сохтори иҷтимоии кишварҳо бар асари тараққиёти илму техника ва технологияи рақамӣ, тақозои такмили пайвастаи низому барномаҳои таълимӣ, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳисоб меравад. Донишгоҳ бо зиёда аз 100 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ҳамкории судманд дорад, ки ба самтҳои табодули таҷриба, дастовардҳои соҳаи таълим, иштирок дар чорабиниҳои илмии якдигар ва ғайра равона шудаанд. Дар зарфи 3 соли охир бо наздики 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст, ки аз тавсеаи нуфузу эътибори Донишгоҳ дарак медиҳад.
Банда солҳои фаъолияти роҳбарӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро солҳои файзбору таърихӣ, саршори хотироти рангин, як навъ руҷуи таърихӣ бар аслу пайванди хеш, ошноии амиқ бо таърихи маорифи кишвар, саргузашти бузургону фузалои минтақаи гурдхез дониста, хурду бузурги коллективро бародари ҳампаймону хоҳари ғамхор, устоди азизу раҳнамои нек дарёфтам. Ҳаёт инсонҳоро бо риштаҳои гуногуну рангин пайванд медиҳад: солҳо бо ҳам фаъолият кардем, ҷаласаҳову вохӯриҳо доир карда, сари ин андеша будем, ки чӣ гуна сатҳу сифати таълим, нишондиҳандаҳои таҳсилотии муассисаро боло бардорем, баҳри омӯзгорону шогирдон шароити беҳтар фароҳам оварем, таълифоти илмиро бештар намоем...; дар хурсандиву шодмонӣ ва ҳамчунин, мусибатҳои ҳаётии якдигар шарик будем, бо ҳам шаҳди муваффақиятҳо чашидем, аз дастовардҳои шогирдон болидем...
Аз сафарҳои хориҷӣ зикр рафт, қабл аз ҳар сафар мекӯшидам ба аёдату дидорбинӣ ва хони маънавии устодони собиқадор, пирони нексиришту нектабир рафта, дуои сафар бигирам. Суҳбат бо пирони кор, таҷрибадорони рӯзгор, воқеан, муаммоҳои сардаргумро барои кас боз карда, масирро равшан мегардонад. Шахсан барои банда, аёдат ва дуои сафари устодони синасӯз, ки солҳои ширини ҳаётро дар синфхонаҳои Донишгоҳ сипарӣ намудаву нури чашму неруи ҳаёт коҳондаанд, як навъ муттакои қалбӣ, афзояндаи неруи зеҳнӣ ва шавқи ислоҳоту ободкорӣ буд.
Сад дареғ, ки қонуни ҳаёт бе истисност: пирони бисёр азизу муътабари мо, ба мисли устодон Изатуллоев Куган, Зафар Мирзоён, Юнусов Сайдаҳтам, Мирзоев Ғоиб, Санг Қаюм, Муродалӣ Набиев, Қурбонов Бозор, Маҳмудов Тӯйчӣ (ёдашон гиромӣ бод!), ки дарахти пурбору серсояеро монда, дар атрофи худ нахлҳои пурсамару шоиста ба ҳосил расондаанд, моро тарк гуфтанд, бо хирмани хираду таҷриба ва корномаи бисёр пуршараф ба олами бақо пайвастанд, ба қавли маъруф «ҷояшон дар дида буд, акнун ба дилҳо рафт». Умедворем, умри пурсаодати устодони арҷманд Ғуломов Ислом, Ибодов Маҳмадулло, Иброҳим Грез, Содиқ Ёралӣ, Аъзам Хурсанд, Абдуллоев Маҳмуд, Мирзоев Салим, Холиқов Сафар, Ғаффор Саттор, муаллимаҳои бисёр азиз Иззатова Муҳаббат, Худойдодова Шарофат, Савронбӣ Раҳимовна дарозу тансиҳатиашон бардавом ва фазои Донишгоҳи азиз аз нури вуҷудашон ҳамеша мунаввар бошад!
Аминем, коллективи муътабари Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ зери роҳбарии олими ҷавону пурғайрат Сафарзода Мунир Ватан, бо азму иродаи созандагӣ, иттиҳоду якдилӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, зиракии баланди сиёсӣ, рисолати пуршарафи омӯзгорӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои илму маориф, дастуру ҳидоятҳои саодатбори Пешвои муаззами миллат саҳмгирӣ намуда, баҳри афзоиши рӯзафзуни нишондиҳандаҳои таҳсилотӣ ва нуфузу эътибори Донишгоҳ кӯшишу талоши ҳамешагии хешро равона месозанд.
Ҷашни бошукӯҳи 80-солагии кохи пурҷилои зиёбахш, боргоҳе ғарқи анвори маърифат - Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро ба коллективи азизи Донишгоҳ, омӯзгорону донишҷӯён, хатмкардагон ва ба ҳама нафароне, ки риштаи ҳаёташон бо ин муассисаи таърихии олии касбии кишвар пайванде дорад, самимона табрику таҳният гуфта, таманнои осмони софу беғубори Ватани азизу маҳбуб, тантанаи донишу хирад, равнақи маорифи миллӣ, зуҳури нобиғаҳои таҳаввулбахш, фарзандони содиқи меҳан, пайравони асили Пешвои муаззами миллат, ҳомиёни сохти конститутсионӣ, меъморони ҷомеаи намунавии ҳуқуқбунёд, пойдории наҷибтарин армуғони таърих - давлатдории миллии тоҷикро арза медорем.
Раҳмон Дилшод Сафарбек - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ ректори Донишгоҳ (солҳои 2022-2025)