, Ҷумъа, 10-октябр

СИТОРАИ ДУРАХШОНЕ ДАР ОСМОНИ ИЛМУ АДАБ


СИТОРАИ ДУРАХШОНЕ ДАР ОСМОНИ ИЛМУ АДАБ

Дар арсаи адабиётшиносии тоҷик, профессор Аламхон Кӯчарзода ҳамчун фарзонаи матншиносӣ ва олими пурталош ва покназар шинохта мешавад, ки бо заҳмату иродаи устувор асарҳои арзишманд офарида, ба рушду таҳкими илми адабӣ ҷовидонӣ бахшид.

Олиме ҳаст боамал, донишманде ҳастд, ки аз илмашон ҳазорон толибилмон баҳраманд гашта, шоире ҳаст, ки аз хондани ашъори баландмазмунашон дилҳо саршор аз меҳр ва муҳаббат нисбат ба модар, Ватан, диёр гардида. Хулоса, устод Аламхон Кӯчарзода ба маънои томаш инсони комил, олими боамал, донишманди асил ва арзанда ба ҳама гуна қадрдониҳост.

Кӯчарзода Аламхон 4-уми феврали соли 1946 дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод, дар оилаи муаллим ба дунё омадааст. Падарашон – Кӯчари Додар, солҳои 1938-1945 дар деҳоти Саричашма ва атрофи он муаллимӣ карда, дар охирҳои соли 1945 аз олам чашм мепӯшанд. Аламхон дар тарбияи модарашон – Суратмоҳи Наим, ки зани оқилу порсо буданд ва хешовандони модариашон калон мешаванд ва соли 1952 ба мактаб мераванд.

Соли 1959, вақте ки дар деҳаи Саричашма мактаб-интернат барпо мешавад, ӯро модари илмдӯст барои идомаи таҳсил ба ҳамин макони илму адаб месупоранд.

Аламхон Кӯчарзода мактаб-интернатро бо баҳои аъло хатм намуда, соли 1964 ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мешаванд ва онро соли 1969 бо муваффақият ба итмом расонида, ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб роҳхат мегиранд ва дар кафедраи адабиёти тоҷик ба фаъолият шурӯъ мекунанд.

Кӯчарзода Аламхон дар кафедраи мазкур дар вазифаҳои муаллим (1969-1972), муаллими калон (1972-1981) кор карда, солҳои 1972-1976 чун аспиранти ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳти роҳбарии узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ш. Табаров дар мавзуи «Масъалаҳои матншиносии повести «Одина»-и С. Айнӣ» таҳқиқот бурда, соли 1978 ба дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ ва соли 1982 ба гирифтани унвони дотсентӣ сазовор гардиданд.

Кӯчарзода А. солҳои 1980-1988 роҳбарии маҳфили адабии «Адибони ҷавон»-и факултети филологияи Институти давлатии омӯзгории ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Кӯлобро ба уҳда доштанд. Солҳои 1994-1996 бошад, муҳаррири рӯзномаи умумидонишгоҳии «Анвори дониш» буданд. Устод, ҳамчунин, яке аз фаъолони ҷамъияти «Дониш»-и ҷумҳурӣ ба шумор мерафтанд.

Устод Кӯчарзода Аламхон солҳои 1989-1991 ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон буданд. 10-уми июни 1997 дар Шӯрои дисертатсионии Пажӯҳишгоҳи мазкур дар мавзуи «Мавқеи нақди матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои матншиносии насри С. Айнӣ» (мушовир академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шукуров) рисолаи докторӣ дифоъ намуданд ва моҳи сентябри ҳамон сол ба кафедраи назария ва адабиёти навини форсӣ- тоҷикии ДДМТ аз тариқи интиқол ба кор омад. Солҳои 2002-2010 дар кафедраи мазкур мудир буданд ва якчанд сол чун сарходими илмии Институти тадқиқоти илмӣ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуданд. Айни замон ба ҳайси профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсӣ-тоҷикии ДМТ, инчунин профессори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чун ҳамкори беруна фаъолият карда истодаанд.

Доктори илмҳои филолгӣ, профессор Кӯчарзода Аламхон дар ҳаёти илмӣ ва фарҳангии мамлакат ширкати фаъолона доранд. Моҳи ноябри соли 1997 ва моҳи марти соли 2003 вакили анҷуманҳои ХI ва ХII нависандагони Тоҷикистон буданд. Аз соли 2003 то ҳол узви бахши нақди адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастанд. Солҳои 2007-2009 узви Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буданд. Аз соли 2007 то ҳол узви комиссияи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника мебошанд.

Кӯчарзода А. соҳиби рисолаҳои «Тадқиқи текстологии «Одина»-и С. Айнӣ» (1982), «Хусусиятҳои миллӣ ва интернатсионалии назми М. Турсунзода» (1988), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» (1994), «Нақди матни осори С. Айнӣ» (2000), «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри С. Айнӣ» (2002), Адабиёти тоҷик барои синфи 11-и мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ (бо ҳаммуаллифӣ -2007, 2011, 2014), «Турсунзода: маҳорат ва садоқат» (2011), «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи С. Айнӣ» (2013), «Муҳаққиқи соҳибмактаб» (2014), маҷмӯаҳои шеърии «Сад рубоӣ» (2012), «Бобо ва набераҳо» (2013), «Матншиносӣ» (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ), Душанбе: ТоРус, 2017, «Фаъолияти муҳассилӣ ва омӯзгории устод Садриддин Айнӣ» Душанбе: Донишварон, 2018 ва ғайраҳо. Дар маҷмуъ, устод муаллифи зиёда аз 620 таълифот мебошанд.

Кӯчарзода А. оид ба эҷодиёти Абуадбдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Ҳофизи Шерозӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шамсиддин Шоҳин, С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, Ҷ. Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Муъмин Қаноат, Ашӯр Сафар, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, С. Турсун, А. Самад, Ҷ. Акобир, А. Муродӣ, М. Ғоиб ва дигарон мақолаҳо навиштааст. Матни илмии қиссаҳои «Одина» (1992), ва «Марги судхӯр» (2010)-и С. Айнӣ ва матни саҳеҳи рисолаҳои «Қуддусия» (1993), «Маърифати нафс» (1994) ва «Дарвешия» (2014)-и Мир Сайид Алии Ҳамадониро ба табъ расонидааст. Ба муносибати 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии ЮНЕСКО соли 2015 дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардид, се рисолаи ин мутафаккирро ҳам бо ҳуруфи кириллӣ ва ҳам бо алифбои ниёгон ба чоп омода намуданд.

Зери роҳбарии А. Кӯчарзода унвонҷӯёни зиёде аз Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ гардидаанд ва ҳоло чанд унвонҷӯи дигар ба кори илмӣ машғул мебошанд.

Профессор А. Кӯчарзода «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (1995) ва Корманди шоистаи Тоҷикистон (2008) буда, ба ордени Дӯстии халқҳо (2001) ва Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2013) сазовор гардидаанд.

Аз соли 1997 устод узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз соли 2017 узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳастанд.

Вақте ки устод дар хусуси мавзуи рисолаи номзадиам огаҳӣ ёфтанд, ки рӯзгору осори Сомеи Одиназодаро таҳқиқот бурда истодаам, дарҳол аз солҳои аввали омӯзгории хеш хотиротеро чунин нақл карданд: «Тахминан соли 1971 буд. Ду сол боз дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ дарс медодам. Рӯзе аз айёми тирамоҳ, баъди дарс донишҷӯе аз ман маънӣ ва муаллифи байти:

Доно ба ҳар диёр азизу мукаррам аст,

Лаънат бар он диёр, ки доно бувад азиз» - ро

пурсид. Рости гап, ба ман калимаи «азиз» аз мисраи дувум ба матн номувофиқ намуд, Бинобар ин, маънои ин калимаро бори дигар аз луғатҳо дидан хоста, ба доншҷӯ гуфтам: «Пагоҳ ин байтро дар дарс таҳлил мекунем». Бегоҳи ҳамон рӯз корам ба муассисаи меваву сабзавотзахиракунии шаҳр афтод ва он ҷо ба шоиру мутафаккири рӯзгордида Сомеи Одиназодаи Хатлонӣ вохӯрдам. Чун медонистам, ки ин шахс суханшиноси ҳассосу нуктадон ҳастанд, аз фурсат истифода бурда, маънои байти болоро аз эшон пурсидам. Сомеъ Одиназода як табассум карду гуфт: «Писар, дар мисраи дуюми ин байт калимаи «азиз» маънои «камёфт, нодир, ноёб»-ро дорад. Ба ин пири хирад изҳори ташаккур карда, ба хона омадам ва дарҳол ба «Фарҳанги забони тоҷикӣ» муроҷиат кардам. Дар ҳақиқат, калимаи «азиз» чор маъно (1) гаронбаҳо, боарзиш, қиматнок; 2) баландмартаба, олиқадр; 3) камёб, нодир, ноёб; 4) порсо, диндор, муқаддас) доштааст ва барои тасдиқи маънои сеюми ин вожа байти боло оварда шудааст». Банда, ки ба пажӯҳиши рӯзгору осори Сомеи Одиназода машғул будам, ин суханони устодро дарҳол гирифта, чун маводи хубе дар кори илмиам ҷой кардам.

Устод Кӯчарзода Аламхон дили пур аз меҳр нисбати касби интихобнамудаи хеш, яъне касби пуршарафи омӯзгориашон доранд, худашонро бидуни дарсу синфхона ва шогирдон тасаввур карда наметавонанд. Ӯ шахсест ҳалиму меҳрубон, хоксор, ботамкин, ботаҳаммул, донандаи хуби луғот, тафсиргари каломи бадеъ. Ҳар шогирде ва ё омӯзгори ҷавоне аз устод маънии байтеро, ё калимаеро пурсанд, новобаста аз оне ки устод дар роҳ ҳастанд, ё дар синфхона, дарҳол посух мегӯянд бо тафсири луғоташ ва таъкид менамоянд: «дафтари луғат гиред, нависед ва аз ёд кунед. То маънии калимаро нафаҳмед, шумо шеърро маънидод карда наметавонед». Мо шогирдон насиҳатҳои падаронаи устодамонро сармашқи кори омӯзгории хеш намудаем ва то имрӯз ба шогирдон он тавсияҳое, ки устод ба мо медоданд,  мо ба шогирдони хеш медиҳем.

Олимону донишмандони тоҷик ба устод Кӯчарзода Аламхон баҳои сазовор додаанд. Масалан, Шаҳбоз Кабиров – профессори ДМТ чунин менигоранд: «Аламхон дар ҷодаи илм хеле ва хеле заҳматкаш ва ҳалолкору пухтакор аст. Самти пажӯҳишаш – матншиносӣ саррофиро мемонад. Самти хеле мушкил ва тоқатталаб аст. Бо бедорхобиву заҳматҳои пайваста таҳаввулу ташаккули тафаккуру ҷаҳонбинии адибро ҷилвагар месозад. Натиҷаи заҳматҳои муттасили ӯ боиси тавлиди китобҳои дарсиву рисолаҳои илмӣ гардид ва аз ин ҷост, ки дар илми матншиносӣ соҳибмактаб эътироф шудааст».

Ҳамин тавр, устод Кӯчарзода Аламхон шахсе ҳастанд Худодод ва лоиқи сутуданҳо. Ботаҳаммул ва бо ҷиддияти ба худ хос сухан мегӯянд, боандеша ҳарф мезананд. Аз ҳар суханашон манфиате ба аҳли адаб расида. Устод дарахти серҳосилеро мемонанд, ки аз меваҳои он ҳамаи толибилмон ком ширин мекунанд.

Мо шогирдон даст ба дуо мебардорем ва аз Худованди мутаъол илтиҷо менамоем, ки умри устодамон дароз бод, ҳаргиз хастагиро набинанд ва қаламашон чун барқи дамон доимо дар ҳаракат бошад.

Холиқова Зайналбӣ Кенҷаевна - номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!