,
Ҷумъа, 10-октябр
Зиндагии мардони наку ва шоистаиқбол рангину пур аз таззодҳост. Ҳар нафаре, ки дар ҷомеа дорои мақоми шоиста аст ва ҷомеа ӯро ҳамчун улгу мепазирад, саргузашти зиндагиаш низ омӯзандаву риққатбор аст. Албатта, чунин сарнавишт пур аз ранҷ, заҳмат, талош ва кӯшишҳост.
Замоне қадам ба осотонаи факултети он вақт забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (соли 2006) (ҳоло факултети филологияи тоҷик ва журналистика) гузоштам, фазое маро ба оғӯши худ гирифт, ки ҷуз аз талошу заҳмат дигар авомил чораи раҳоӣ аз он набуд. Танҳо мутолиа ва заҳмати шабонарӯзии таҳсил ягона роҳи гирифтани санҷиш ва баҳо буд. Мафҳумҳои “тағову хола” барои он коллектив тамоман ба кор намерафт, баръакс, агар аз чунин усул кор гирифта мешуд, дарди сар мегардид. Он ҳайатро профессор Раҳим Саидов, дотсентон Шовалӣ Сайҷаъфаров, Ғоиб Мирзоев, Қаюм Сангов, Аҳмад Алиев, Барот Латифов, Абдулҳай Қаландаров, Грез Иброҳимов, муаллими калон (инсони фарҳехта) Иззатулло Тамлихоев, омӯзгорони ҷавон, аммо донишманд Маҳтовбӣ Мирзоева, Нодира Ашурова, Зайналбӣ Холиқова, Озода Кенҷаева, Бахтинисо Алиева, Аминҷон Амлоев, Рустам Наботӣ, Бахтиёр Сафаров ва чанде дигарон зиннат медоданд.
Назари банда ба рафтору гуфтори марди хушсалиқаву хушсухан, ботамкин, аз ҳама муҳим инсони шариф ва хеле ҷиддӣ Ғоиб Мирзоев банд шуд. Устод Ғоиб Мирзоев барои аксар мавриди таваҷҷуҳ буд, аз ҷумла барои банда. Кӯшиши инҷониб мисли эшон-сухан гуфтан, роҳ рафтан, либос ба бар кардан ва чанд рафтори дигари аҷиби ӯ, ки то кунун он ҳама тақлид побарҷост.
Тақдир ба мо имкон дод, ки бо устод фаъолиятро аз як кафедра - кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик, ки он вақт устод Ғоиб Мирзоев роҳбарии онро ба зимма доштанд, оғоз намоям. Рӯзҳои охири хатми донишгоҳ буд, як рӯз устод ман ва ҳамсабақам Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳро даъват карда, гуфт: “Шуморо дар кафедра ба кор мегирам, агар мудирони дигар гӯянд, гӯед, ки устод Мирзоев, аллакай маро ба кор гирифт. Боз гапамро фаромӯш накунед”. Ин лаҳзаест, ки ҳеҷ гоҳ аз хотир намеравад. Дар хобу хаёл ва тасаввурам кор дар донишгоҳ набуд. Худро дар ҳайати онҳо дидан ғайри қобили андеша буд, яъне “мо куҷову дар он ҳайат будан куҷо” - чунин меандешидем ба худ. Маҳз бовариву самимияти устод сабаб гардид, ки ин роҳро интихоб намоям. Яъне муҳаббату самимияти нафаре, ки бо ӯ итминони комил дорӣ, метавонад роҳи зиндагиатро тағйир бидиҳад. Ин гуна дастгириҳо бо тавсияи устод баъди фаъолият дар кафедраи мазкур идома ёфтан гирифт. Пас аз фаъолияти начандон зиёд ба вазифаи ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявӣ (дар он замон роҳбарии факултетро устод Грез Иброҳимов ба зимма доштанд) таъйин гардидам. Дар воқеъ, фаъолият бо чунин афрод хастанопазир буд. Албатта, дар давоми фаъолият камбудиҳо зиёд буданд, боре ҳам нашудаст, ки сухани ноҷое, носазое ва ё дуруште гуфта бошанд. Боз тавсия медоданд, ислоҳ мекарданд, меомӯзониданд ва тарбия мекарданд. Ҳеҷ гоҳ аз ёдам намеравад, ки устод Грез Иброҳимов наздам меомаданду ҳолпурсӣ мекарданд ва мегуфтанд: “Ман факултетро бо туву туро ба Худо месупорам. Нигоҳ кун, ки маро коре пеш омадааст ва супориши маъмурияти донишгоҳро бояд иҷро намоям”. Яъне чунин самимияту боварӣ ба зердаст, волотарин хислати инсонист. Чунин дастгириҳо дар ҷараёни дарс ва баромадҳо дар семинари илмӣ-методии назди кафедра устод Ғоиб Мирзоев беинтиҳо аст. Дар ҳар ҷаласааш ба мо омӯзгорони ҷавон таъкид мекарданд, ки нисбати насли ҷавон, хосатан духтарони ҷавон мисли бародару хоҳар муносибат намоед. Маҳз тавсияву тарбияи ин мардони озмуда буданд, ки имрӯз идомадиҳандаи кору пайкори эшон ҳастем. Хеле миннатдорам аз чунин мардони фидоӣ ва инсонҳои наҷиб.
Баъди фаъолият ва омӯзиши ҳаёти устод Ғоиб Мирзоев яқинам гардид, ки дар ҳақиқат заҳмату талошҳои ҳаётиаш ӯро номдору обрӯманд ва соҳибмақом намудааст. Ҳаёти ширину бобарор ва талошҳои шабонарӯзии эшон аз майдони кор дар колхоз оғоз ёфта, то ба мақоми олим, забоншинос ва ба унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон эшонро расонидаанд. Мақомҳои тайкардаи муваффақиятҳои устод аз рӯзи худро шинохтан оғоз гардидааст.
Устод Ғоиб Мирзоев аввалин хатмкардаи ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакист, ки дар аспирантураи Институти забоншиносии АИ ИҶШС (ш.Санкт-Петербург) таҳсил намуда, бо роҳбарии эроншиноси маъруфи рус, доктори илмҳои филология В.С.Соколова дар мавзуи «Калимасозии пасвандии ҳиссаҳои номии нутқ дар забони муосири тоҷикӣ» (1987, Душанбе) рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Ӯ бори нахуст дар забоншиносии тоҷик калимасозиро чун соҳаи худмухтору мустақил асоснок намуда, мавзуи баҳс, мафҳум, воҳидҳои алоҳидаи он ва фарқи таҳлили калимасозиро аз таҳлили морфологии таркиби калима мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор додааст. Устод яке аз поягузорони назарияи калимасозӣ дар забоншиносии тоҷик ба шумор меравад. Таълифоташ ба масоили назарияи калимасозӣ, забоншиносии умумӣ, лаҳҷашиносӣ, овошиносӣ ва ғайра бахшида шудаанд. Муаллифи як монография ва беш аз 90 мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ, илмӣ-омавӣ мебошад. Дар бисёр конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии дар шаҳрҳои Кӯлоб, Душанбе, Қӯрғонтеппа, Санкт-Петербург иштирок ва маъруза кардааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2012) ва медали «Бист соли Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании 1941-1945» (1965), «100-солагии Армияи Сурх» (2018), «75-солагии Гвардияи Шӯравӣ» (2019) сарфароз гардидааст.
Устод Ғоиб Мирзоев дар баробари таҳсили илм намуданаш гом дар сафи мардони далеру шуҷои Ватан баҳри ҳифзу нигоҳдошти марзу буми кишвар аз соли 1964 то 1967 дар сафҳои Артиши Иттиҳоди Шуравӣ (Карелия, Петродворец, Волхве, Вологда, Абакам) дар қисмҳои низомии 2673 ва 61361 дар вазифаи курсант, командири отделение, ҷонишини командири взвод, командири взвод хизмат кардааст. Маҳз хизматҳои софдилонаву шуҷоатмандонаи устод Ғ. Мирзоев буд, ки дар дилу дидаи коллективи ҳамхизматон ва роҳбарияти қисмҳои низомии номбурда обрӯ ва мақоми шоста насибаш гардид.
Устод Ғ. Мирзоев фаъолияти илмӣ-таҳқиқотиаш низ назаррас буда, аз зумраи забоншиносони мактаби забоншиносии АИ Иттиҳоди Шуравӣ маъруф ба мактаби забоншиносии Ленинград маҳсуб меёфт. Ӯ нафаре буд, ки аз забоншиносони маъруфи Санкт-Петербург академик М.Н. Боголюбов, авестошиноси забардаст, дотсент С.Н. Соколов, профессорон Л.Г. Герсенберг, А.Л. Гренберг, С.Д. Катснелеон, А.В.Бандарко, И.Б. Долинина, А.В.Деснитская оид ба забоншиносии умумӣ, ҳиндуаврупошиносӣ, овошиносӣ, забонҳои авестоӣ, форсии бостон, форсии миёна сабақ гирифтааст.
Фалаки бебасар чанг ба ресмони умри боқии устоди азизам (07.04.2025) Ғоиб Мирзоев заду Ӯро аз мо рабуд. Марги эшон барои ҷомеи донишмандон, хосатан забоншиносони кишвар талафоти бузургу андӯҳи гарон аст.
Хулоса, натиҷаи заҳмату талошҳои бесобиқаи устод Ғоиб Мирзоев бори дигар исбот намуд, ки воқеан, дар ҳаёти худ новобаста аз мушкилоту рӯзгор, норасоиҳои рӯзгор, монеаҳои ноҳамвори зиндагӣ тавонист мавқеи худро муайян намояд ва дар дилу дидаи шогирдону коллективи меҳнатии худ ҷой бигирад. Тавонист то худро идеал барои шогирдон ва ҳар нафаре, ки ӯро мешиносад, гардонад. Эшон сабақи зиндагист барои мо шогирдон. Мо бар онем, ки ёду хотири устод Ғоиб Мирзоев то абад бо мост ва таълифу эҷод ва маслиҳату дарси эшон дар ҳаёти илмию кории мо дастгиру мададгори шогирдон хоҳад монд. Ёду хотирашон гиромӣ бод!
Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ