,
Панҷшанбе, 09-октябр
Дар саҳифаҳои пурифтихори таърихи ҳар миллат, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бахусус донишгоҳҳо, ҳамчун кохҳои маърифат ва сарчашмаҳои рушди илм нақши басо арзишманд доранд. Донишгоҳҳо маҳалли парвариши андешаҳои илмӣ ва густариши дониш буда, ҳамзамон мактаби бузурги тарбияи кадрҳои соҳибмаърифат ва ватандӯст ба шумор мераванд, ки барои рушди устувори ҷомеа ва давлат саҳми назаррас мегузоранд.
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ», ки имсол аз 80-солагии ин боргоҳи илму маърифат ҷашн мегирем, яке аз чунин муассисаҳои муҳимми илмӣ, таълимӣ ва фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад. Дар тӯли ҳашт даҳсола Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо фаъолияти пурбори устодони зиёде ифтихор дорад, ки бо заҳмату ҷонфидоӣ ва маҳорати баланди илмии худ барои шинохт ва эътирофи донишгоҳ ҳамчун як муассисаи бонуфуз саҳми бузург гузоштаанд. Дар миёни ин чеҳраҳои барҷаста, муаррихи тавоно ва устоди фарзонаи илму маърифат Юнусов Сайдаҳтам Сайдалиевич ҷойгоҳи махсусро соҳиб аст.
Устод Юнусов Сайдаҳтам Сайдалиевич бо таҳқиқотҳои илмӣ, фаъолияти омӯзгорӣ, роҳбарӣ ва бо саҳми арзандааш дар тарбияи мутахассисони ҷавон, номи худро дар саҳифаҳои таърихи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ абадан сабт намудааст. Ӯ омӯзгори фидоӣ ва шахсияте шинохта мешавад, ки тавонистааст бо илму ҷаҳонбинии васеъ наслҳои зиёдеро ба роҳи дониш, худшиносӣ ва ватандӯстӣ раҳнамун созад. Мероси илмӣ ва фаъолияти пурсамари устод барои таърихи донишгоҳ ва рушди илми таърих дар Тоҷикистон арзише дорад, ки наслҳои оянда низ аз он баҳра хоҳанд гирифт.
Юнусов Сайдаҳтам Сайдалиевич 20 июни соли 1947 дар деҳаи Дараи Оби ноҳияи Шӯрообод (имрӯза ноҳияи Шамсиддини Шоҳин)-и вилояти Хатлон, дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар мактаб-интернати «Коммунизм»-и деҳаи Саричашма (солҳои 1954–1964) гирифта, сипас ба факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил шуда, онро соли 1968 бомуваффақият хатм кардааст. Пас аз хатм, солҳои 1968–1969 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати ҳарбиро адо намуд. Баъди бозгашт, аз соли 1969 фаъолияти меҳнатии худро дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб оғоз намуд. Соли 1974 ба аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинград ба номи А.И. Герцен қабул шуда, соли 1978 рисолаи номзадиро дифоъ намуд ва соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих гардид. Маҳз аз ҳамин давра фаъолияти илмӣ ва таҳқиқотии устод Юнусов Сайдаҳтам Сайдалиевич оғоз ёфт.
Фаъолияти илмӣ ва омӯзгории устод Юнусов Сайдаҳтам Сайдалиевич зиёда аз 50-сол идома ёфта, дар ин давра вазифаҳои гуногун ва пурмасъулиятро бар уҳда доштаанд. Меҳнати содиқона ва пайвастаи устод дар рушди илму таълим барои ҳамагон маълум аст ва ниёзе ба исбот надорад. Аммо, зикри баъзе аз вазифаҳои роҳбарикунандаи устод зарур мебошад. Аз ҷумла, устод Юнусов солҳои 2002 – 2008 ва 2011 – 2012 вазифаи декани факултети таърих ва ҳуқуқ, солҳои 2010 – 2011 вазифаи декани факултети иқтисодиёт ва як қатор вазифаҳои дигарро бо масъулият ва садоқати баланд иҷро намудааст.
Ҳангоми ба зимма гирифтани вазифаи декани факултети таърих ва ҳуқуқ, бинои таълимии факултет дар ҳолати нохуб қарор дошт. Вале, бо заҳмат, масъулиятшиносӣ ва ташаббусҳои созандаи устод Юнусов Сайдаҳтам бинои таълимӣ пурра таъмир гардида, ба муҳити бароҳат ва мувофиқ барои раванди таълим табдил ёфт.
Лозим ба ёдоварист, ки устод Юнусов Сайдаҳтам пеш аз ҳама як муаллим ва пажӯҳишгари дилсӯз буданд. Шогирдон аз ӯ танҳо донишҳои фаннӣ намегирифтанд, балки дарси инсондӯстӣ, ватанпарварӣ, ростқавлӣ ва садоқат ба касбро низ меомӯхтанд. Ҳар дарси устод бо ҳикмат, меҳрубонӣ ва дилгармӣ ҷараён мегирифт ва дар зеҳну хотираҳои шогирдон ҳамчун таҷрибаи нодир ва хотирмон боқӣ мемонд.
Мероси илмии устод хеле ғанӣ буда, муаллифи 14 монография, китобҳои дарсӣ ва зиёда аз 270 мақолаи илмӣ мебошад. Асарҳои устод ба масъалаҳои таърихи халқи тоҷик, ҷанбаҳои гуногуни иҷтимоиву сиёсӣ ва нақши тоҷикон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст. Бо такя ба таҳқиқот ва маводи бойгонӣ, устод нақши мардуми тоҷикро дар зафарҳои умумӣ бо далелҳои возеҳ собит карда, ҷойгоҳ ва саҳми халқи тоҷикро дар таърихи асри ХХ ба таври илмӣ асоснок намудааст.
Юнусов Сайдаҳтам Сайдалиевич дар арсаи илмии байналмилалӣ низ шинохта шудааст. Ӯ дар зиёда аз 20 симпозиум ва конфронсҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Белорус, Украина, Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок намуда, бо маърӯзаҳои пурмазмун ва таҳқиқотии худ мавқеи таърихии халқи тоҷикро бо далелҳои илмӣ шарҳ додааст.
Фаъолияти пурсамар ва заҳматҳои содиқонаи Юнусов Сайдаҳтам Сайдалиевич бо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ ва соҳавӣ қадрдонӣ гардидаанд.
Аз зумраи ин мукофоту ҷоизаҳо Нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» соли 1980, Нишони сарисинагии «Аълочии мактабҳои олии СССР» соли 1983, Медали «2700-солагии Кӯлоби бостонӣ» соли 2006, Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2003 ва 2012, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 ба ҳисоб мераванд. Ин мукофоту ҷоизаҳо нишонаи арҷгузорӣ ба хизматҳои арзанда ва саҳми шоистаи устод дар рушду пешрафти илму маориф мебошад.
80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фурсатест муносиб барои гиромидошт ва ёдоварии шахсиятҳое, ки бо меҳнату заҳмат ва илми худ ба рушди донишгоҳ саҳм гузоштаанд. Юнусов Сайдаҳтам Сайдалиевич намунаи равшани устоди содиқ, донишманд ва роҳнамои арзандаи наслҳои оянда мебошад.
Бо таҳлили ҳаёт ва фаъолияти илмӣ-омӯзгории Юнусов Сайдаҳтам Сайдалиевич метавон хулоса кард, ки ӯ чеҳраи барҷастаи илми таърих ва маорифи тоҷик аст. Мероси илмии устод то ба имрӯз аҳамияти худро нигоҳ дошта, барои наслҳои оянда ҳамчун сарчашмаи боэътимод хизмат мекунанд. Шогирдони зиёди устод имрӯз дар гӯшаҳои гуногуни кишвар ва хориҷ аз он фаъолона ба халқу Ватан хизмат намуда, роҳи оғознамудаи ӯро идома медиҳанд.
Гарчанде, ки моҳи сентябри соли 2024 ҷомеаи илмии кишвар ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз чунин шахсият маҳрум гардид, вале ном ва осори арзишманди ӯ ҳамчун бахши ҷудонопазири таърихи донишгоҳ ва илми тоҷик ҳамеша боқӣ мемонад. Хотираи устод дар дилу ёди шогирдон, ҳамкорон ва тамоми дӯстдорони илму маърифат ҷовидона боқӣ хоҳад монд.
Рӯҳи устод шод, хонаи охираташ обод ва мақомаш ҷаннат-ул-фирдавс бод!
Каримзода Исроил Сафаралӣ-муаллими калони кафедраи таърих ва методикаи таълими таърихи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ