, Чоршанбе, 08-октябр

ОЛИМЕ БУД ХОКСОРУ ФУРӮТАН


ОЛИМЕ БУД ХОКСОРУ ФУРӮТАН

Дар ҷодаи илм роҳи ҳамвору осонгузар нест. Танҳо касе роҳҳои пурпечутоби онро тай зада метавонад, ки аз душвориҳо наҳаросида, онҳоро пушти сар намуда, ба сӯйи фатҳи қуллаи мақсуд равон мегардад. Хушбахту муваффақ касест, ки бо азми ҷиддию иродаи қавӣ аз гирудору талошҳои зиндагӣ хаставу дилгир нашуда пеш меравад, киштии вазнину пурбори орзуҳои хешро бо неруи ақлу хирад аз мавҷҳои пурталотуми зиндагӣ, ки худ имтиҳон аст, беосеб гузаронида ба соҳили мақсуд мерасонад ва дигаронро низ ба пукртоқатию босабр будан ташвиқу талқин менамояд.

Устоди волоназар, инсони равшанзамир, шахси одию фурӯтан, меҳрубону нармсухан, ботамкину дурандеш Абдукарим Ҳалимов бо кордонию ташкилотчигӣ ва забондонию лутфи хуш меҳру муҳаббати хешро дар дили мо, ҳамкорон ҷо кардааст.

Дарвоқеъ, инсонҳои бомаърифат, соҳибназару покизаманиш ва фидоиёни роҳи илму дониш ба мисли ситораҳои пурҷилои осмони мусаффо, чун нурҳои заррини хуршеди оламафрӯзанд, ки дунёи дили моро, хосатан, олами наврасону ҷавононро нуру зиё мебахшанд.

Доктори илмҳои педагогӣ, собиқадори меҳнат, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон устоди донишманду озодсухан, ҳамкор ва дӯсти азизи банда Абдукарим Ҳалимов барои кулли ҳаводорони илми педагогика ошною маҳбуб аст. Маҳбубияти ӯ аз ҷидду ҷаҳд, заҳмату бедорхобӣ ва меҳнати беғашу софи устоди хирадманд ва инсони комил дар ҷодаи омӯзиши масъалаҳои гуногуни педагогика ва таълимоти арзишманди илмиашон сарчашма мегирад.

Устоди ҳалиму меҳрубон ва инсони нексиришт Абдукарим Ҳалимов бо хислатҳои неку ахлоқи ҳамида, кордонию муносибати холисонаю беғаразона меҳру садоқати хешро дар замири ҳамкорон ва, хосатан, шогирдон ҷо кардааст. «Падарам марди камбағал буд, мо, фарзандонро ба омӯхтану саводнок шудан талқин мекард. Мегуфтанд, ки хонеду соҳибсавод шавед, зеро марди бесавод дар зиндагӣ азоб мекашад. Илму дониш одамро роҳнамо ва осонкунандаи мушкилиҳои зиндагӣ мегардад. Хонед, бачаҳоям, азоб ҳам бошад ба норасоиҳои рӯзгор тоқат кунед, хонеду одам шавед, то муҳтоҷ ва дастнигари дигарон нагардед, некхоҳу мададгори мардумон бошед...», солҳои бачагии хешро ёдовар шуда буданд устод.

Маҳз ба туфайли тарбияи хуби оилавӣ Абдукарими дӯстрӯю хушзеҳн ва ташнаи илму ҳунар ба омӯхтану саводнок шудан майлу рағбати зиёд пайдо мекунад ва пас аз хатми мактаби ҳаштсолаи деҳа ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб (ҳозира Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб) дохил шуда, онро соли 1975 бомуваффақият ба итмом расонид.

Шавқи илмомӯзӣ ҳанӯз дар давраи донишҷӯи омӯзишгоҳи омӯзгорӣ будан дар дилаш ошён гузошта буд ва ҳамин завқ ӯро ба Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб (ҳозира Донишгоҳи давлатии Кӯлоб) овард. Имтиҳонҳои дохилшавиро бо сарбаландӣ супорида, соҳиби номи пуршарафи донишҷӯ гардид ва соли 1982 онро бо баҳои хубу аъло хатм намуд. Дар омӯзишгоҳи педагогӣ ба ҳайси муаллим ва дар як замон раиси иттифоқи касабаи омӯзгорон шуда фаъолият кард. Абдукарими ҷавон дар ин давра худро ҳамчун омӯзгори уҳдабаро ва ташкилотчии фаъол муаррифӣ карда тавонист.

Собиқ директори омӯзишгоҳи педагогӣ марди хирадманду закӣ Саид Шариф (руҳашон шод бод), фаъолият ва дараҷаи дониши ин ҷавони лаёқатмандро эҳсос намуда, рӯзе ӯро наздаш хонда падарвор мегӯяд: «Писарам, аз ту дар оянда олими хуб ба воя расиданаш мумкин, агар маслиҳати маро пазирӣ ба кори илмӣ машғул шав, донишатро сайқалу маҳорати касбиатро ташаккул деҳ, дар ҷодаи илм боло рав, хоксору фурӯтан бош ва дар тарбияи муаллимони оянда софдилона хизмат намо…».

Ана ҳамин маслиҳати падаронаи сарвари омӯзишгоҳ сабаб гардиду Абдукарими ҷавон ба кори илмӣ-таҳқиқотӣ машғул шуд. Соли 2002 мавсуф рисолаи илмиро дар мавзуи «Таълим ва тарбияи экологии хонандагони синфҳои ибтидоӣ» дифоъ намуда, сазовори унвони илмии номзади илмҳои педагогика гардид.

Абдукарими ҷавон барои беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии худ дар омӯзишгоҳ дарс мегуфту ҳамзамон чун узви ҷамъиятии «Дониш»-и вилоят ба навоҳиҳои дуру наздики вилоят рафта, назди гурӯҳҳои меҳнатию коргарӣ дар мавзуъҳои мухталиф маърӯзаҳо мехонд.

Ӯ ба пастию баландиҳои рӯзгор нигоҳ накарда, ҳамеша пайи ҷустуҷӯи илму дониш буданд. Ин буд, ки мавсуф соли 2012 дар мавзуи «Тарбия инкишофи мактаб ва афкори педагогии халқи тоҷик дар замони Сомониён» рисолаи докторӣ дифоъ намуда, ба гирифтани унвони доктори илмҳои педагогӣ мушарраф гардиданд. Устод Абдукарим Ҳалимов иштирокчии даҳҳо конференсияҳои илмӣ-методии вилоятӣ, ҷумҳуриявию байналмилалӣ буда, то шаҳрҳои Санкт-Петербург, Тифлису Боку, Киеву Москва сафар карда, оид ба масъалаҳои муҳимми риштаи педагогика бо лексияву маърӯзаҳои пурмазмун баромад кардааст.

Дар фаъолияти омӯзгории хеш устод Абдукарим Ҳалимов мақолаҳои зиёди илмӣ-методӣ, дастурномаҳо ва як қатор китобҳои илмию таълимиро пешкаши хонандагон намудааст. Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба масъалаҳои баҳсталабу замонавӣ таҷдиди назар дорад. Китобҳои таълифнамудаи ӯ «Ақидаҳои педагогӣ ва гуманистии Абдулқосим Фирдавсӣ» (1991,62 саҳ), «Система профориентации учебно-воспитательном процессе старщих школьников Куляба» (1992, 27 стр), «Таълиму тарбияи экологии хонандагони синфҳои ибтидоӣ» (2003, 112 саҳ), «Мактаб ва ақидаҳои педагогии халқи тоҷик дар давраи Сомониён» (2010, 94 саҳ), «Инкишофи илм ва мактабҳо дар давраи Сомониён» (2009, 119 саҳ), «Инкишофи мактабу мадрасаҳо дар давраи Сомониён» (2010, 140 саҳ), «Воспитание зарождение школ и педагогической мысли таджикского народа», (2011, 311 стр), «Асосҳои психологии умумӣ», (дар ҳаммуаллифӣ) (2012, 410 саҳ) дар таълим гирифтану тарбия додани наслҳои наврас нақши муҳим доштанд.

Устод ҳадафи ба табъ расонидани китобҳои хешро чунин арзёбӣ доштанд: «Наслҳои наврас, бахусус, ҷавонон бояд доир ба таърихи илму фарҳанги ниёгон  дониши баланду мукаммал дошта бошанд. Биноан, ба мо ниҳоят зарур аст, ки тамоми дониш, маҳорат ва истеъдоди худро ба нафъи ҷомеа равона созем ва дар рушду нумуи илми муосир ва тарбияи ҳаматарафаи ҷавонон ва, алалхусус, дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони озоду ободамон ҳиссагузор бошем».

Дар воқеъ, устод олими сермаҳсул, ҷӯянда ва дурандешу нозукбин буданд. «Ҳоло ки сарнавишти халқу миллат ба дасти худи мост, бояд ба илм, ба донишу фарҳанг бо масъулияту ҳисси баланд ва завқи махсуси ватандорӣ муносибат намоем, -мегуфтанд андешамандона устод Абдукарим Ҳалимов. -Бо он имконоти мавҷуда ва бо ворид кардани ақидаҳои ҷадиду судманд мо метавонем ба ҷаҳони маънавии аҳолии кишвар, алалхусус, ҷавонон таъсир расонида, дар ба воя расонидани созандагони ҷомеаи кунунӣ, ки мақсад ва мароми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, орзуи Сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар ҳамин аст, комёб гардем».

Мавсуф ҳамчун муҳаққиқ дар густариши педагогикаи ниёгону муосир саҳм гузоштааст. Нигоштаҳои илмии ӯ дар матбуоти даврии ҷумҳурӣ ва хориҷ бо теъдоди зиёд ба табъ расидаанд.

 «Тарбияи хираду хирадманд аз нигоҳи дини ислом», «Таҷассуми арзишҳои миллӣ дар фарҳанги ниёгон, мактаб, таълим ва тарбияи мусиқӣ дар аҳди Сомониён», «Тарбияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ дар аҳди Сомониён», «Хираду хирадмандӣ аз нигоҳи мутафаккири форсу тоҷик Абдулқосим Фирдавсӣ», «Хат ва нақши он дар аҳди Сомониён» ва амсоли инҳо маҳсули эҷоди ин педагоги шинохтаанд.

«Дар масири зиндагии хеш устод Абдукарим Ҳалимов ҳамчун марди хоксору фурӯтан, қавиирода, садоқатманди ғояҳои инсонию дӯстдори ватану миллати хеш буданд. Ва тамоми фаъолият ва маҳорату донишашонро ба рушди илми кишвар нигаронида, ҳамеша пайи ҷустуҷӯи навгониҳост, - гуфта буданд академики академияи таҳсилоти Тоҷикистон Қодиров М.Б.дар яке аз суҳбатҳояшон.

Устод Абдукарим Ҳалимов дар зиндагӣ роҳи дурусту шарафмандро баргузидааст, ба мардуми ватани азизаш хизмати хоксоронаю содиқонаро дареғ намедошт. Шогирдони зиёдеро дар роҳи илму маърифат, ватандӯстию ватанпарварӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва амсол ба инҳо тарбият карда, баҳри рушду ташаккули илми педагогика ва рушду шукуфоии Тоҷикистони азизамон ҳидоят намудааст. 

«Боиси ифтихор аст, ки инсони комил, хоксору фурӯтан ва орифу донишманд ҳамкори мо буд, ҳамеша маслиҳатчию мададгоре буд дар ҷодаи илму фарҳанг ва бурду бохти зиндагӣ,-мегӯяд номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогика, н.и.п. дотсент Назаров Ҳ.С.

Устод Абдукарим Ҳалимов дар тӯли фаъолияти пурсамари худ даҳҳо нафар шогирдонро дар ҷодаи илму омӯзиш ва таҳқиқ раҳнамоӣ кардааст. Тавассути маслиҳату машварати ин устоди донишманд шогирдони зиёде ба дараҷаи олимӣ расидаанд ва ба нафъи ҷомеа хизмати софдилона карда, дар тарбияи донишҷӯён-ҷавонони ояндасоз ва ворисони сазовори миллат чун устоди хеш ҳиссаи арзанда гузошта истодаанд.

«Ҳар боре худро дар ҳалқаи шогирдон мебинам ва мебинам, ки онҳо ба таълиму тарбияи насли наврас ҷиддан машСуланд ва дар баробари ба шогирдон таълими ба талаботи давр ҷавобгӯ ва тарбияи неки инсониро арзонӣ доштан, онҳоро ба роҳи росту ҳақиқатҷӯӣ ва ҳақиқатпарастӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ ва дӯст доштану эҳтиром намудани Ватан, расидан ба қадру ҳифзи истиқлолияти миллӣ ва амсол ба инҳо барин хислатҳои нек раҳнамун месозанд, шукри Ватани озоду обод ва шукри соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамонро, ки он ба осонӣ ба мо муяссар нашудааст, карда, пойдорию бардавомии мамлакати тозабунёдамонро таманно мекунам»,- мегуфтанд устоди хирадманд Абдукарим Ҳалимов

Устод олиме буд худогоҳу худшинос, хоксору фурӯтан, хайрхоҳу росткор, саховатпешаву поксиришт, устоди маънавии ҷавонони бомаърифат ва машъалафрӯзи роҳи дурахшони шогирдон, яке аз барӯмандтарин омӯзгор ва аз беҳтарин донандагони илми педагогика маҳсуб меёбанд. Баҳри рушду нумуи илму дониш монанди шамъ сӯхтану дар қалби шогирдон мисли хуршед нури маърифатро фурӯзон кардан шиори рӯзмарраи ин марди асил ва инсони наҷиб буд.

Бошад, ки шумури чунин олимони равшанзамиру донишманд ва фидоии роҳи таълиму тарбияи наслҳои ҷавон-донишҷӯён дар Донишгоҳи азизамон бештару бештар гардад.

Аз ҷониби ҳамкорону шогирдон суханони зиёде оид ба саҳми профессор Абдукарим Ҳалимов дар рушди илми педагогика собит месозад, ки устод воқеан ҳам хушбахту муваффақ буданд ва умри бобаракати худро дар ҳаёт ба зоеъ надодааст.

Мо, ҳамкорон танҳо аз он афсӯс мехурем, ки ин олими хоксору сермаҳсул имрӯзҳо дар байни мо нестанд, вале хотираи некашон ҳамеша бо мо ва дар қалби мо, шогирдону ҳамкорон побрҷову абадӣ аст.

Бобохон Ҷӯраев, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!