, Чоршанбе, 08-октябр

УСУЛҲОИ ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ТАЪЛИМИ ФАННИ ХИМИЯ


УСУЛҲОИ ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ТАЪЛИМИ ФАННИ ХИМИЯ

Маориф як системаи мураккаб ва гуногунҷанба мебошад, ки ҳадафи асосии он рушд бахшидан ба донишомӯзону хонандагон дар самтҳои гуногуни илм мебошад. Ҳоло бошад, донишомӯзон ва хонандагон ба замони таҳсилоти асри XXI ворид шудаанд, ки ин таӯйироти ҷиддиро дар раванди таълим нишон медиҳад. Ин давра усулҳои нави таълимро ба вуҷуд оварда, имкониятҳои васеъро барои донишомӯзон муҳайё месозад, ки омодаанд бо ҷаҳоне рубару шаванд, ки пайваста дар ҳоли рушд ва инкишоф бошад. Дар ин давра аз омӯзгорон талаб карда мешавад, ки ҳамеша эҷодкору навовар ва пайваста дар ҳоли омӯзиш бошанд. Бо пешрафти технология дар замони муосир, таълим танҳо ба гирифтани дониш маҳдуд намешаванд, балки рушди малакаҳо, мутобиқшавӣ ба усулҳои нави таълим ва эҷодкориро низ дар бар мегирад.

Яке аз навовариҳо дар замони муосир усулҳои истифода бурдани зеҳни сунъӣ дар раванди таълим ба ҳисоб меравад. Зеҳни сунъӣ тағйиротҳои бузургеро дар соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла раванди таълими химия гузошт ва ҳамчунин дар пешравии ин илм нақши муҳим мебозад. Боиси зикр аст, ки имрӯзҳо бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявиро баҳри дарёфти чеҳраҳои нав дар самти илмҳои дақиқ ба роҳ мондааст. Бояд хотирнишон сохт, ки дар соли 2025 ба озмуни Ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” номинатсияи нав бо номи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ илова гардид, ки метавонанд хоҳишмандон дар ин номинатсия иштироки фаъолона намоянд. Раванади баргузории ин озмунҳо аз як тараф ҳавасмандсозии иштирокчиён ба ҳисоб рафта аз ҷониби дигар метавонанд дар ин самт шогирдонро талқин намуда, чеҳраҳои навро дарёфт намоянд.

Ин чеҳраҳо метавонанд дар оянда дар рушди босубот ва пешравии иқтисодиёти кишвар нақши арзандаи худро гузошта бошанд. Зеҳни сунъӣ дар раванди фаҳмонидан, таҳлил ва татбиқи дониш дар бораи сохторҳои малекулавӣ, реактивҳо ва тарҳрезии моддаҳои химиявӣ метавонад, саҳми босазо гузорад. Истифода зеҳни сунъӣ дар раванди омӯзиши фанни химия якчанд ҷанбаҳои муҳимро метавонад ҳаллу фасл намояд. Яке аз онҳо пешгӯйи хосиятҳои химиявӣ дар асоси сохтори молекулавӣ мебошад. Зеҳни сунъӣ метавонад ба омӯзгорон ва донишомӯзон дар раванди таълим ёрӣ расонад. Яке аз роҳҳои фаъолгардонии зеҳни сунъӣ дар ин соҳа ин тавлиди расм мебошад, ки метавонад мафҳумҳои мураккаби химиявиро ба тасвир табдил диҳад, ки дар натиҷа фаҳмиш ва омӯзиш осон мешавад. Аз ҷониби дигар зеҳни сунъӣ воситаи муколамавие мебошад, ки метавонад ҳамчун омӯзгор ё ёвар амал кунад. Зеҳни сунъӣ метавонад нисбат ба саволҳои донишомӯзон посух дода шарҳи мафҳумҳоро пешниҳод кунад ва дар иҷрои вазифаи хонагӣ кӯмак расонад ин ду омили зеҳни сунъӣ метавонад нисбат ба усулҳои анъанавии таълим натиҷаи мусбат диҳад.

Дар натиҷаи таҳлилҳо муайян гардидааст, ки шакли тасвири расм метавонад дар фаҳмиши структураи молекулавӣ, равиши реаксияҳои химиявӣ ва фаҳмиши дигар мафҳумҳои химиявӣ мусоидат намояд. Илова бар ин ба тасвир кашидан як унсури муҳими таълимӣ самаранок мебошад, ки тавассути он донишомӯзон метавонанд маълумоти мураккабро дарк кунанд. Бояд кайд намоем, ки зеҳни сунъӣ боз метавонад барои шарҳи истилоҳҳои душвор маълумотҳои иловагӣ пешниҳод намояд. Бо посух додан ба саволҳо ва пешниҳоди мисолҳо метавонад муҳити таълимиро ба вуҷуд оварад. Бо вуҷуди ин истифодаи зеҳни сунъӣ дар таълим бояд бо назорат ва роҳнамоии омӯзгор сурат гирад. Аммо ин раванд беназорат бошад, гирифтани маълумотҳои нодуруст ё нофаҳморо ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ омӯзгорон бояд дар истифодаи чунин технологияҳои муосир нақши муҳимро иҷро кунанд. Истифода ва маҳорати кор бо зеҳни сунъӣ яке аз қисматҳои муҳими таълимӣ мавзуъӣ ба ҳисоб меравад. Барои ин баҳри самаранокии зеҳни сунъӣ дар раванди таълими фанни химия, омӯзгорон бояд аввал худ малакаҳои истифодаи зеҳни сунъиро дар дарсҳо дошта бошанд. Дар асоси ин омӯзгор бояд дониши технологӣ ва технологияро донад, истифодаи онро дар таълим ва омӯзишҳо ба роҳ монда тавонанд.

Рӯз то рӯз истифодаи технологияи зеҳни сунъӣ дар ҳама соҳаҳои таълими фанни химия истифода мешавад. Аз ин рӯ, барои донишҷӯён хеле муҳим аст, ки усулҳои истифодаи зеҳни сунъиро омӯзанд. Донишомӯзон аллакай чанд даҳсола аст, ки усулҳои омӯзишии маводро аз барномаҳои таълимӣ дар раванди дарсҳо меомӯзанд ва аз онҳо самаранок истифода мебаранд. Имрӯзҳо бошад шабакаҳои нейронӣ, яъне зеҳни сунъиро дар раванди омӯзиш метавонанд ба таври васеъ истифода баранд, ки амалҳои зиёдеро ба монанди тасвири графикӣ, молекулавӣ, таҳлил ва ҳамчунин қобилияти баланди натиҷагирӣ ва хулосабарориро дорад. Ҳамчунин зеҳни сунъиро барои усулҳои омӯзиши дақиқ ба ҳама соҳаҳои химия воридкардан имконпазир аст. Ба монанди химияи органикӣ ва ғайри органикӣ, химияи тиббӣ, химияи таҳлилӣ ва илм дар бораи маводро истифода бурда метавонанд.

Зеҳни сунъӣ ҳамчунин метавонад қобилияти пешгӯйи хосияти моддаҳои химиявӣ ва иваз кардани методи ҳисобарории квантӣ, ҷараёни омӯзиши реаксияҳои химиявӣ ва шиносоии тасвирҳо, инчунин чандзинагии синтези моддаҳоро иҷро намояд. Дар ҳоле, ки вайро метавон ҳамчун воситаи муколамавӣ барои омӯзиш истифода намуд. Бо дарназардошти ин гуфтаҳо метавон хулоса кард, ки зеҳни сунъӣ дар омӯзиши химия метавон раванди таълимро пурмазмун, шавқовар ва муассиртар кунад. Дар замони муосир зеҳни сунъӣ дар тарақиёти раванди таълими фанни химия ва корҳои илмӣ дар ин самт нақши бузург хоҳад гузошт.

Ҳусниддини Сайфуддин, Бобоев Маъруф - донишҷӯёни курси сеюми факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!