, Чоршанбе, 08-октябр

БОНУИ БОФАЗЛУ БОХИРАД


БОНУИ БОФАЗЛУ БОХИРАД

«Рисолати бузургтарини ҳар фарде, ки худро зиёӣ мешуморад ва дар соҳаи маорифу фарҳанг ва илму маърифат заҳмат мекашад, бо талошҳои пайгирона сатҳи донишандӯзӣ ва тафаккури илмии насли наврасро баланд бардоштан аст».
Эмомалӣ Раҳмон

Яке аз фазилатҳои беҳтарину шарифтарини инсон ахлоқи ҳамида ва маданияти баланди ӯ ба ҳисоб меравад ва инсони шарифро низ аз рӯйи ана ҳамин хислатҳои наҷибаш мешиносанду қадрдонӣ менамоянд.

Эҳтирому фурӯтанӣ на танҳо тавассути рафтору кирдор ва амали шахсе маълум мегардад, ҳамчунин тарзи гуфтору забони шахс дар ин маврид нақши асосӣ мебозад, зеро аксар вақт дараҷаи маърифату ма-данияти кас аз муносибату муошират ва хулосабарории ӯ равшан мегардад. Дар раҳи илм заҳмат кашидан ва барои халқу миллати хеш хизмати софдилона кардан, ин нишони инсони комил будан аст. Кам нестанд имрӯз дар ҷомеа инсонҳое, ки бофазлу бомаърифат, ботамкину хушсухан ва дар илм тавоною беҳамто бошанд.

Яке аз чунин шахсиятҳо номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шералиева Садбарг Маҷидовна мебошад, ки бо рафтору кирдори наҷиби хеш дар дилу дидаи ҳамкорону шогирдон ва аҳли кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҷойгаҳи махсусеро дарёфтааст. Ин шахси комил инсонест бофазл ва соҳибхираду фурӯтан. Вақте ки ба кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ ба кор омадам, устоду раҳнамоям муаллимаи азиз буданд. Ҳама муваффақиятҳои ман аз раҳнамоию серталабии ӯст. Ҳар супоришеро, ки ба шогирдон медиҳад, натиҷаашро сари вақт талаб менамояд. Дар аксар ҳолатҳо дар ҳалли мушкилот (проблемаҳо)-и на танҳо корӣ, балки дар осон намудани вазъи оилавӣ низ кумакрасони дигарон, алалхусус, мутахассисони ҷавону навкоранд. Ба рушду  нумӯъ ва пешрафти вазъи илмии аъзоёни кафедра, хосатан, ҷавонон диққати бештар медиҳад ва тавре ки мегӯянд: дасти онҳоро дар ҷодаи илм рост менамояд. Муаллима услуби махсуси кории худро дорад ва ҳамагон зери маслиҳату машвараташ амал менамоянд.

Кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо муддати сарварии муаллима хеле пеш рафт. Устодони кафедра зери сарварӣ ва дастгирии муаллима маҳорати илмиву методӣ ва педагогии  хешро пай дар пай такмил дода, як силсила васоити таълимӣ, барномаҳо, дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсиро таҳияву чоп ва дастраси донишҷӯён намудаанд, ки ҳар яки онҳо доир ба ҳар ихтисос аз рӯйи тахассус омодаву чоп шудаанд.

Дар тайёр кардани кадрҳои илмии кафедра хидмати муаллима  назаррас аст. Махсусан, дар давраи сарварии кафедраро ба ӯҳда доштани муаллима ҳамаи омӯзгорони ҷавони кафедра мавзуъҳои илмӣ-татқиқотӣ гирифта, пайи сомон додани онҳоянд. Дар назди ҳар як омӯзгори кафедра, ки дараҷаи илмӣ надорад, вазифаи масъулиятнок ва таъхирнопазир-гирифтани мавзуи илмӣ ва ҳимояи рисолаи номзадиро мегузорад ва дар давоми кор раҳнамояшон мебошад. Аз ҳар як комёбиҳои кафедра ва аҳли он шод гардида, бо таъкиди он ки меҳнату сайъ меваи ширинро ба бор меорад, ба фаъолияти беш аз пеш ҳидоят менамояд.

Доираи фаъолияти илмиву омӯзгории Шералиева Садбарг Маҷидовна хеле васеъ буда, масъалаҳои гуногуни илмиро дар бар мегирад. Дар давоми 30 соли фаъолияти  илмиву омӯзгориаш муаллима 2 монография ва зиёда аз 35 мақолаҳои илмӣ, илмиву методӣ, илмиву оммавӣ таҳия намуда, ба табъ расонидааст.

Фаъолияти илмиву омӯзгории муаллима бо корҳои таълиму тарбияи ҷавонон пайваста давом мекунад. Фаъолияти ҷавонон, бурду бохти эҷодии онҳо ҳамеша дар мадди назари муаллимаанд. Серталабӣ нисбат ба худу шогирдон ва ҳамкорон, дақиқназарӣ, пухтакорӣ, ҳалимиву хоксорӣ ҳамеша ибратбахши ҳамкорону ҷавонон мебошад. Ҳама аҳли кормандони донишгоҳ аз муаллима миннатдоранд, чунки қалбе доранд бекинаю беозор.

Оилаи муаллима дар шаҳри Кӯлоб оилаи намунавӣ ба ҳисоб меравад. Фарзандони ӯ соҳибмаълумот буда, имрӯз дар ҳар соҳаҳо кору фаъолият менамоянд. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки ҷомеа бо чунин шахсиятҳои шинохта ифтихор дорад. Барои таълиму тадриси насли ҷавон чунин шахсиятҳо лозиманд.

Ба муаллима дар кору фаъолияти минбаъдаашон бурдбориҳои беназир ва саодати зиндагиро таманно дорам.

Акбарзода Маҳрам Нусратулло - дотсент, мудири кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!