, Душанбе, 06-октябр

ОМӮЗГОР-КАСБИ ПУРШАРАФ


ОМӮЗГОР-КАСБИ ПУРШАРАФ

Рушду такомули бемайлонаи ҷомеа ба номи пуршарафи омӯзгор ва фаъолияти пурсамари ӯ иртиботи ногусастанӣ дорад. Омӯзгор метавонад дар як соати дарсии худ оламро ба сомон расонад, ки шахси дигар шояд дар тӯли ҳаёти худ иҷро карда натавонад. Омӯзгор дар ҳақиқат афрӯзандаи машъали илму ирфон ва бунёдгузори кохи тамаддун мебошад. Муаллим, омӯзгор-вожаҳое, ки барои фарзанди инсон ошною муқаддас. Зери ин калимаҳои бузург омӯзандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва пешвою оинаи миллат таҷассум меёбад. Ӯ бузургшахсест, ки дар баробари волидон мунису ғамхор, касро олами маънӣ меомӯзад. Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нуре гӯйем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкилиро осон мегардонад. Сарчашмаи ҳамаи хӯшиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси рӯҳи инсон аст. Ё дар ҷойи дигар муаллимро оинаи халқ ном мебаранд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне омӯзгор ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст. Хуррам онест, ки сазовори номи бузургу касби пуршарафи омӯзгор аст. Наметавон бе муррабӣ алфозе омӯхт, наметавон бе роҳнамо дониш андӯхт, наметавон худ бевосита ба ҷое бирасид, наметавон омӯзгорро омӯзандаи алфози бузург наномид.

Боиси зикр аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳар сол ҳафтаи аввали моҳи октябр ҳамчун ҳафтаи иди омӯзгор таҷлил карда мешавад. Вобаста ба қадру манзалати омӯзгор аз ҷониби давлат ва ҳукумат махсусан Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳо суҳбату вохуриҳо гузаронида таъкид менамояд, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидӣ ба ҳисоб рафта дар рушду нумуи давлати соҳибистиқлол нақши мубориз гузоштааст. Пайваста дар суханрониаш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадру манзалати омӯзгорро дар мадди аввал гузошта, ба наслҳои оянда ҷиҳати эҳтироми баланд доштан нисбати омӯзгор таъкид намуда, мақоми омӯзгорро дар бунёди давлати соҳибистиқлол дар мадди аввал мегузорад. Лозим ба ёдоварист, ки омӯзгор пешаест, ки нури хирад ва шамъи маърифатро дар дили шогирдони худ ҷой намуда, онҳоро ба роҳи дурсти ҳаёт раҳнамуд месозад.

Тамаъ ҳаргиз зи шогирдон надорӣ,
Ба ҷуз одобу дониш сарвату мол,
Ҳалолат бод ҳар як пораи нон,
Ки бо ин пораи нон ҳастӣ хушҳол.

Омӯзгорӣ  танҳо касб нест, балки рисолати муқадасест, ки дар заминаи меҳрубонӣ, донишу фидокорӣ бунёд ёфтааст. Омӯзгорон дар ҳар гушаву канори дунё хиради шогирдонро бо чароғи илму дониш мунаввар сохта ба онҳо роҳи ростро омӯхта, дар қалбашон умеду орзуҳои нав мепарваранд. Ҳар як фарди соҳибхираде, ки дар зиндагӣ ба комёбӣ ноил мегардад ин ҳам бошад аз заҳматҳои пайвастаи омӯзгор шаҳодат медиҳад. Омӯзгор шахсест, ки ба шогирди худ илму зиндагӣ, ахлоқи ҳамида, ростиву накукориро меомӯзад. Иди омӯзгор имрӯзҳо дар Тоҷикистони биҳиштосои мо ҳафтаи аввали моҳи октябр таҷлил гашта дар ин самт чорабиниҳои идона баргузор мегарданд, ки шогирдон метавонанд хотири омӯзгорони худро бо шеру сурур шод гардонанд. Бояд таъкид сохт, ки ҳар як ҷомеъа бояд нисбат ба табақаи омӯзгор эҳтироми хоса дошта ва ин самимиятро ба наслҳои оянда низ омӯзанд. Бо бовари метавон гуфт, ки

Шогирдонро лозим меояд, ки ҳар рӯз устодони худро гироми доранд, зеро ҳар лаҳзаи дарс ҳар гуфтаи он ба шахс самари абади мебахшад. Дар охир бо камоли эҳтиром ва муҳаббати бепоён шумо омӯзгоронро, ки чароғи илму маърифат муаррифӣ гардидаед дар ин рӯзи муборак бо самимияти беандоза шодбош мегӯем. Бигзор доимо кабӯтари бахту иқболатон дар олами илму маърифат баландпарвоз бошад.

Бобозода Бахтиёр-номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи биология ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!