,
Душанбе, 06-октябр
Чунон кун зиндагонӣ дар замона,
Ки аз вай зинда монӣ ҷовидона.
Амирхусрави Деҳлавӣ
Рушди илму техника, пешрафти ҷомеа ва прогресси илм боиси кашфиётҳо ва фаъолияти бемайлони марказҳои илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ гашт. Яке аз марказҳои дар айни замон тавонои илмӣ-техникӣ Институти физика ва техникаи АМ ИТ ба номи устод Султон Умаров мебошад. Ин маркази илмӣ-таҳқиқотӣ барои илми тоҷик садҳо мутахассисони баландихтисос ва ситораҳои намоёни илми ҷаҳониро ба ҷомеаи башар додааст. Аввалин олимони бузурги тоҷик, ки ба ин даргоҳ ворид шуда, бо тӯшаи гаронвазни илмию маърифатӣ ва фалсафӣ баромаданд: М. Осимӣ, А. А. Адҳамов, Р. М. Маърупов, Р. А. Қориева, М. Улуғхоҷаева, С. Одинаев ва дигарон мебошанд. Бояд тазаккур дод, ки дар рушд ва инкишофи илмҳои табиатшиносии тоҷик саҳми яке аз дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат Каримов Самариддин хело калон аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳояшон соҳаи маориф, мутобиқ гардонидани сатҳу сифати таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва омодасозии мутахассисони соҳибихтисосе, ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ бошад вазифаи аввалиндараҷаи мамлакат мешуморад. Суръати баланди пешрафти илмию техникӣ ва татбиқи амалии технологияи муосири иттилоотию иртиботӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёт ба рушди илмҳои табиӣ, риёзӣ ва технологияҳо марбут месозад. Тоҷикон аз қадим фарҳанги бою ғанӣ дошта, бо кашфиётҳои худ роҷеъ ба илмҳои табиатшиносӣ дар ҷаҳон маъруф буданд.
Дар гузаштаи начандон дури таърихӣ тоҷикон шахсиятҳое буданд, ки бо таълифи асарҳои оламшумули хеш дар ҷаҳон машҳур гашта, номи тоҷикон ва шахсияти худро дар таърих гузоштаант, ки то имрӯз башарият аз онҳо: Абӯалӣ Ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Ибни Ҳайсам, Умари Хайём, Закариёи Розӣ, Ал-Хоразмӣ ва дигар муттафакирон ном мебаранд.
Саҳми шахсият дар таърих гардишҳои куллиро дар ҷомеа ба вуҷуд меорад. Миллати куҳан ва бофарҳанги мо фарзандони бонангу номус ва бошараферо парвариш намудааст, ки онҳо бо арзишҳои маънавию ахлоқии хеш аз худ мерос монда, саҳифаҳои таърихи башариро зебу зиннат дода, барои хазинаи умумибашарӣ дурдонаҳои бебаҳо мебошанд.
Дар таърихи навини миллати мо абармардон чун Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Султон Умарович Умаров, Акобир Аадҳамович Адҳамов, Тошбой Бобоев, Одинаев Ҳайдар Одинаевич, Фарҳод Раҳимӣ, Ҳикматов Мумин Ҳалимович ва бисёри дигарон рӯи саҳнаи зиндагӣ омада, бо таълифоти пурмуҳтаво ва тадқиқотҳои илмии пурсамари худ, осори гаронбаҳоеро боқӣ гузоштаанд.
Яке аз шахсиятҳои намоёни дигари миллати мо, ки барои илми ватанӣ ва дунявӣ аз даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ то ба даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон хизматҳои басо сазовор кардаасту барои омода ва ба камол расонидани кадрҳои илмӣ дар бахшҳои гуногуни физика ва кимиё саҳми намоён гузоштааст, доктори илмҳои кимиё (1968) , профессор, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ (1995), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2000), академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон (1992), академики филиали Академияи муҳандисии байналмилалӣ (ФР, 1994), узви пайвастаи Академия ва пажуҳишгоҳҳои муҳандисии давлатҳои исломӣ (2000), академик Каримов Самариддин Каримович мебошад.
С. К. Каримов 27-уми декабри соли 1939 дар деҳаи Салмонидашти ноҳияи Балҷувони собиқ вилояти Кӯлоб аз оилаи деҳқони асилзода ба дунё омадааст. Ӯ дар сини 3-солагӣ аз волидонаш маҳрум гашта, дар тарбияи бародараш Каримов Абдулмуъмин, ки маҷруҳи ҶБВ буд, ба воя мерасад. Соли 1953 ӯ синфи 7-умро дар зодгоҳаш хатм карда, худи ҳамон сол ба омӯзишгоҳи омӯзгории ш. Кӯлоб дохил мешавад. Соли 1957 омӯзишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуда, дарҳол ба шуъбаи физикаи факултаи физика ва математикаи ДДТ (ҳоло ДМТ) дохил мешавад. Соли 1961 баъди хатми курси чорум ӯ ба Институти физикаи нимноқилҳои АИ СССР дар ш. Ленинград (ҳоло Санкт - Петербург) фиристода шуда, зери роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, Лауреати ҷоизаи давлатии СССР А. В. Семенкович рисолаи дипломӣ навишта, соли 1962 онро бомуваффақият ҳимоя намуда, ба ДДТ бар мегардад. Бо дархости роҳбарияти АИ ҶШС Тоҷикистон ӯ ба шуъбаи математика ва физика ба кор қабул карда мешавад. Қобилияти кордонӣ, сатҳи баланди дониши физикӣ ва корчалонии Каримов С. К. - ро Президенти ҳамонвақтаи АИ ҶТ шодравон С. У. Умаров, ки худ олими намоёни соҳаи физика ва аввалин физик-назариячӣ дар Осиёи Миёна мебошад, пайгирӣ намуда, ӯро ба ҳузурашон хоста, доир ба таҷрибаи истеҳсолӣ, рисолаи дипломӣ ва роҳбари илмиаш пурсон шуда, мефармоянд, ки рисолаи дипломиашро наздашон биёрад. Кори дипломии ӯро С. У. Умаров аз назар гузаронида, пай бурданд, ки боз як олими намоёни дигар дар ҳоли рушдёбӣ қарор дорад. Ин буд, ки бо дастгирӣ ва роҳнамоии ӯ аввалин мақолаи Каримов С. К. дар маҷаллаи Ахбороти АИ ҶТ, Шуъбаи физика, математика, химия ва биология соли 1962 аз чоп мебарояд.
Баъди аз чоп баромадани мақолаи аввалин дар дили Самариддини ҷавон шӯълаи илмӣ авҷ гирифта, то соли 1964 паи ҳам 3 мақолаҳои илмиаш аз чоп мебароянд. Бо дастгирӣ ва мусоидати С. У. Умаров, С. К. Каримов соли 1964 ба шуъбаи аспирантураи МИСИС ҳуҷҷат месупорад. Моҳи ноябри соли 1964 С. К. Каримов ба аспирантураи кафедраи физикаи кимиёвии МИСИС дар кафедраи академикии АИ СССР, Лауреати мукофоти давлатии СССР А. Н. Крестовников дохил шуд. Ӯ мувофиқи нақшаи кафедра ба кори илмӣ ва навиштани рисолаи номзадӣ шуруъ кард. Соли 1968 рисолаи номзадии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физика ва математика дифоъ намуда, ҳамон сол ба Душанбе баргашта, дар Институти физика ва техникаи АИ ҶТ ба кор оғоз намуд. Ӯ дар Институти физика ва техникаи АИ ҶТ то соли 1971 фаъолият бурда, моҳи июли соли 1971 бо қарори бюрои КМ ҲКТ ва фармони ВМ ҶТ ба ҳайси ҷонишини ректор оид ба таълим, тарбия ва илми Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Кӯлоб ба кор фиристода шуд. Соли 1971 баъди ба ш. Кӯлоб омаданаш, дар донишкада ҳамагӣ чор факулта, 3 нафар номзадҳои илм, дотсентон фаъолият мекарданд. Дар тӯли адои вазифаи хизматӣ ва ректориаш дар ДДК (аз соли 1993 то соли 2004), шумораи факултаҳо то 11, номзадҳои илм, дотсентон то 130 нафар, докторони илм аз сифр то ба 27 нафар расонида шуд, ки ин аз фаъолияти пурсамар ва илмдӯстиву ташаббускории ӯ дарак медод. Соли 1987 С. К. Каримов зери роҳбарии академик В. М. Глазов рисолаи докториашро дар Донишкадаи техникаи электронии ш. Москва бо мувафақият дифоъ намуда, дараҷаи доктори илмҳои кимиёвиро аз рӯи ихтисоси 02.00.04 «Физикаи химиявӣ»- соҳиб гашта, ба Донишкадаи омӯзгории ш. Кӯлоб барои адои вазифа бар мегардад, ки яке аз аввалин доктор дар Донишкадаи мазкур маҳсуб меёфт. Дар тули фаъолияти хеш ӯ беш аз 600 мақола, манаграфия ва китобҳои илмӣ - таълимиро таълиф намудааст, ки аксарияти онҳо бо забонҳои руссӣ ва англисӣ дар давлатҳои хориҷа таълиф шудаанд.
Ҳаминтавр, устод Каримов С. К. дар донишкада баъдан Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, мактаби илмии худро таъсис дода, дар он як зумра шогирдонро фаро гирифта, ба корҳои илмӣ - тадқиқотӣ дар соҳаи нимноқилҳо ҷалб намуд. Яке аз шогирдони С. К. Каримов, н.и.ф-м, дотсент Ғафоров С. мебошанд, ки айни ҳол роҳбарӣ ва пешбуди корҳои илмӣ-тадқиқотиро дар мактаби мазкур ба зимма доранд.
Гарчанде устод С. К. Каримов дар қайди ҳаёт нестанд, номашон бо анҷом додани корҳои бузург дар таърихи илми тоҷик сабт шудааст ва ёдашон ҳамеша дар забони шогирдон ва дӯстдорони илм зинда мемонад.
Исозода Собир Қурбон, дотсент, сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ