, Душанбе, 06-октябр

АЗ ШОГИРДӢ ТО ҲАМКОРӢ - ДАР ПАҲЛУИ УСТОД


АЗ ШОГИРДӢ ТО ҲАМКОРӢ - ДАР ПАҲЛУИ УСТОД

Дар шароити ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон занон яке аз қишрҳои фаъоли ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Онҳо дар бахшҳои муҳими ҳаёт, аз илму маориф ва тандурустӣ то сиёсату иқтисод, нақши назаррас мебозанд. Дар солҳои охир фаъолияти занон дар идоракунии давлатӣ ва дигар соҳаҳо вусъати бештар пайдо намуда, имрӯз қисми зиёди кормандони соҳаи маорифро занон ташкил медиҳанд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ (28.12.2024) Пешвои миллат ба нақши созандаи занон дар рушди соҳаи маориф баҳои баланд дода, чунин зикр намуд: «Дар соҳаи маориф 73 фоиз бонувону занон фаъолият мекунанд. Боиси хушнудист, ки имрӯз дар ҷодаи илм беш аз 37 фоизи занони донишманд ва бомаърифати тоҷик, пурмаҳсул заҳмат мекашанд».

Дар воқеъ, вақте сухан аз омӯзгор- зан меравад, дар зеҳни мо пеш аз ҳама симои як инсони фурӯтан, боҳунар, меҳрубон ва саропо фидокор ҷилвагар мешавад. Бо вуҷуди ҳама мушкилоти зиндагӣ, ӯ ҳар саҳар бо чеҳраи хандон ва диле пур аз умед вориди муассисаи таълимӣ мегардад, то шуълаи донишро дар қалби шогирдон фурӯзон созад.

Оё осон аст роҳ ёфтан ба дили садҳо нафар? Оё ҳар кас метавонад бо ҳар шогирд он гуна рафтор кунад, ки ӯ худро муҳиму азиз эҳсос намояд? Не! Танҳо омӯзгори воқеӣ, хусусан зан-омӯзгор, ба чунин бузургӣ қодир аст. Зеро ӯ бо қалб меомӯзад, на танҳо бо забон.

Зан-омӯзгор сутуни нопадидест дар пояи устувори ҷомеа. Ӯ дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо омӯзгор, балки офарандаи шахсият, ҳомии фарҳанг ва бунёдгузори фардои миллат аст. Ӯ модар аст - модари маънавӣ, тарбиятгар аст - тарбиятгари ахлоқ, роҳнамо аст - раҳнамои роҳи ҳаёт.

Дар мактабҳо занон аксаран танҳо дар мақоми омӯзгор нестанд. Онҳо ҷойгузини падару модар барои шогирдон мешаванд. Дар чеҳраи омӯзгори зан хонанда оромиш, меҳрубонӣ ва бовариро меёбад. Маҳз ҳамин муҳаббати поку беғараз робитаи самимӣ ва боварии мутақобилро миёни омӯзгор ва шогирд тақвият мебахшад.

Зан-омӯзгор танҳо донандаи фан нест. Ӯ равшанкунандаи рӯҳ, зиндакунандаи арзишҳои миллӣ ва парчамбардори фарҳанги халқи худ аст. Аз ҳар сухани ӯ на танҳо дониш, балки эҳсосу нур, муҳаббату ҳаёт ба қалби шогирдон мерезад.

Ин суханҳо, ки саршор аз меҳру муҳаббат ва эҳтироми беандозаанд, ба устоди гиромиқадрам, муаллимаи ширингуфтор, меҳрубон ва дилсӯз - Собирова Уғулбӣ Садуллоевна бахшида шудаанд. Ин инсони наҷиб на танҳо маро, балки садҳо шогирди дигарро ба роҳи росту равшани илму маърифат раҳнамоӣ карда, дар зеҳнамон донишу ахлоқи некро ҷо намудаанд.

Муаллима Собирова на танҳо омӯзгор, балки як модари маънавӣ, як чароғи фурӯзони роҳи зиндагии мо буданд. Бо суханони нарм ва нигоҳи пурмуҳаббаташон дилҳои моро ба худ ҷалб мекарданд ва моро меомӯзониданд, ки дар баробари донишандӯзӣ инсон бошем - инсони боҳаё, инсони бомаърифат, инсони бошараф.

Арзиши заҳматҳои эшонро наметавон танҳо дар як мақола ба пуррагӣ баён кард. Ҳар боре ки ба комёбиҳо ноил мешавем, ҳар боре ки сухане нек мегӯем ва ё дигарон ба мо бо эҳтиром менигаранд, ин ҳама аз он сабақҳоест, ки аз устоди муҳтарам гирифтаем. Ҳамеша бо ифтихор мегӯям, ки як шогирди Уғулбӣ Садуллоевна ҳастам.

Собирова Уғулбӣ Садуллоевна, забоншинос, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд. Ӯ 1-уми феврали соли 1958 дар шаҳри Кӯлоб, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1975 ба Институти давлатии педагогии ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОД ба номи С. Айнӣ) дохил шуда, соли 1979 онро аз рӯйи ихтисоси «забони англисӣ» бомуваффақият хатм менамояд. Бо роҳхат аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб фиристода шуда, аз ҳамон сол фаъолияти касбии худро оғоз мекунад.

Аз соли 1979 то соли 2013, собиқаи беш аз 30-соларо дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ҳайси муаллим, муаллими калон ва мудири кафедраи забони англисӣ паси сар кардаанд. Ҳамзамон, аз соли 2000 то 2003 дар ширкати «ВАССКО» ва «Маркази Оғохон» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  ба ҳайси тарҷумон фаъолият доштанд.

Муаллима шахсе буданд, ки бо ҷиддияти хоса, аммо бо меҳру самимияти нотакрор, фазои дӯстона ва ҷаззобе дар синф эҷод менамуданд. Дарсҳои эшон ором, пурмазмун ва шавқовар мегузаштанд. Донишҷӯён на танҳо аз дониши фаннӣ, балки аз ахлоқу муносибати касбӣ низ баҳра мебурданд.

Бисёре аз шогирдони муаллима имрӯз дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва муассисаҳои мухталифи ҷумҳурӣ ва ҳатто дар хориҷи кишвар фаъолият доранд, ки далели бевоситаи таъсири амиқи омӯзгори асил ба наслҳои пайдарпай аст.

Аз соли 2013 фаъолияти худро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо идома доданд. Соли 2023, бо роҳбарии профессор А. Мамадназаров, диссертатсияи илмии худро дар мавзуи «Нақш ва мавқеи омонимҳо дар забонҳои гуногунсохт (дар асоси фарҳангҳои тафсирӣ ва дузабонаи англисӣ-тоҷикӣ, тоҷикӣ-англисӣ)» дифоъ намуданд.

Муаллима Собирова дар тӯли фаъолияти илмии худ зиёда аз 50 мақолаи илмӣ, 4 дастури таълимӣ, як фарҳанги омонимии англисӣ-тоҷикӣ ба нашр расондаанд. Ба наздикӣ бо ҳаммуаллифии профессор А. Мамадназаров як луғати калонҳаҷми тоҷикӣ-англисӣ ба чоп мерасонанд. Ҳоло эшон барои ҳимояи рисолаи докторӣ дар мавзуи «Хусусиятҳои хоси герунд дар забони англисӣ ва ҳаммаъноҳои он дар забони тоҷикӣ» омодагӣ мебинанд. Хизматҳои муаллима бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудаанд.

Ман ифтихор мекунам, ки соли 2011 Донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуда, бо дастгирии декани ҳамонвақта-Самардинов Қурбон, ман ва панҷ нафари дигар ба ҳайси ассистент ба кор қабул шудем. Фаъолияти худро ҳамчун лаборант дар кафедраи забони англисӣ оғоз кардам- кафедрае, ки роҳбарии онро маҳз устоди бузургвор, Собирова Уғулбӣ Садуллоевна, бар уҳда доштанд.

Лаҳзаи нахустинеро, ки маро омӯзгори дигар, Назарова Матлуба, барои шиносоӣ ба назди муаллима бурданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Бо диле пур аз тарсу ҳаяҷон вориди кафедра шудам, фикрҳо ва саволҳои зиёде дар сар доштам: «Оё ман сазовори эътимоди эшон ҳастам? Метавонам бовариро дар амал исбот кунам?» Аммо вақте бо муаллима рӯ ба рӯ шудам, эшон бо чеҳраи пурмеҳр, самимона ва орому меҳрубон маро қабул карданд ва бо суханоне маро рӯҳбаланд намуданд, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард: “Акнун, шогирди азиз, дар ин ҷо ману ту на ба мисли устоду шогирд, балки ба мисли ҳамкор ҳастем. Шумо акнун ба мартабаҳои устодӣ расидед ва ояндаи кафедра дар дасти шумост. Шумо бояд идомадиҳандаи кори мо бошед-фаромӯш накунед”- гуфту табассум намуд».

Он табассум, он муҳаббати беғараз ва он меҳрубонии модарона то имрӯз дар хотирам боқист. Аз ҳамон рӯз ба худ гуфтам: «Ман бояд арзандаи боварии чунин устод бошам».

Муаллима Собирова барои ман намунаи комили омӯзгори ҳақиқӣ мебошанд. Машваратҳо, дастгириҳо ва сабақҳои зиндагии эшон то имрӯз дар роҳу равиши кори ман ҳамчун омӯзгор раҳнамо ҳастанд. Ман ба шогирдони худ ҳамон чизеро меомӯзонам, ки замоне устод ба ман ёд дода буданд.

Меҳру талоши эшонро наметавон бо ҳеҷ ченаке баркашида тавсиф кард. Ба чунин занон бояд бо эҳтироми амиқ сари таъзим фуруд овард, зеро онҳо чароғҳои фурӯзони роҳи маърифатанд.

Ба муаллимаи азизу меҳрубонам дар роҳи илм ва тарбияи насли наврасу ҷавон комёбиҳои бештар, тандурустии комил ва рӯшноии ҳамешагӣ таманно дорам. Ифтихор мекунам, ки шогирди Шумо ҳастам ва ҳамеша хоҳам монд.

Сайдалиева Зуҳро, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_a0a262cmrl4cqnb7au14uo49vq): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_e3r1lajhfqj0v3ce2qatmet6vg in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_e3r1lajhfqj0v3ce2qatmet6vg): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274