, Душанбе, 06-октябр

РОҲБАРИ КОРДОН ВА МАТЕМАТИКИ НАМОЁНИ ТОҶИК


РОҲБАРИ КОРДОН ВА МАТЕМАТИКИ НАМОЁНИ ТОҶИК

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои солона ва суханрониҳои худ, ки ҳамасола бахшида ба Рӯзи дониш ироа мегарданд, ба мақому манзалати омӯзгор таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, пайваста таъкид месозанд, ки дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф ҳамеша самти калидӣ боқӣ монда, омӯзгор ҳамчун чеҳраи дурахшони ҷомеа таҳкимбахши рушду пешрафти он маҳсуб меёбад.

Зеро нақши омӯзгор дар баланд бардоштани сатҳу сифати дониш, маърифатнок намудани насли наврасу ҷавон, ташаккули тафаккури фарҳангӣ ва техникиву эҷодкорӣ, инчунин таҳкими соҳаҳои дигари ҷомеа басо муассир аст. Қадру қимат ва манзалати ҳар шахс дар ҷомеа ба рафтору гуфтор ва муносибати ӯ вобаста мебошад. Шахсиятро атрофиён мувофиқ ба хизмату мавқеаш эътироф мекунанд ва меписанданд. Барои мақбул шудан дар назди ҷомеа инсон ҳамеша бояд роҳи росту ҳақро интихоб карда, то ба охир ба ҳақиқат ва адолат содиқ монад.

Ҳар гоҳ сухан аз бузургиву муқаддасоти касби омӯзгорӣ, нақши муаллим дар тарбияи шахсият ва рушду камолоти ҷомеа меравад беихтиёр симои равшану барҷастаи яке аз фидоиёни илму маърифат-олими шинохтаи соҳаи физикаю математика, профессор Азизов Сайхӯҷа дар назарамон ҷилвагар мегардад: шахсияте, ки бо дониши амиқ, заҳмати пайваста ва садоқати беназираш ба кори омӯзгорӣ тавонистааст дар қалби шогирдонаш шуълаи умеду маърифатро фурӯзон созад ва дар рушду пешрафти соҳаи маориф саҳми арзишманд гузорад.

Азизов Сайхӯҷа дар тамоми вазифаҳои хидматиаш баҳри рушди соҳаи маориф, фаъолияти донишгоҳ, тарбия ва тайёр кардани мутахассисон ҳамеша ғамхорӣ зоҳир намудааст. Ӯ дар тайёр кардани олимони соҳаи математика саҳми арзанда гузоштааст.

Ғановатмандии олами ботиниву маънавии устод аз сиришти поки аҷдодӣ, ҷавонмардӣ, хоксорӣ, меҳнатдӯстӣ ва рисолати шоистаи омӯзгорӣ дарак медод. Ӯ олими дақиқназар, инсони шарифу нармгуфтор ва омӯзгори навовар буд. Дар байни аҳли маорифи ҷумҳурӣ бо кору амалҳои неки созанда, фидокорӣ, ҳақталошӣ ва поктинатӣ соҳиби мақом гардид. Шогирдонро ҳамеша ба донишандӯзӣ, ҳунаромӯзӣ, хизмати содиқона ба Ватан ва маърифатгароӣ даъват мекард.

Зиндагиномаи профессор Азизов Сайхӯҷа барои наслҳои имрӯзу фардо пандомӯз ва мактаби илмии ӯ намунаи ибрат мебошад.

Азизов Сайхӯҷа 15 декабри соли 1933 дар деҳаи Чинораки ноҳияи Муъминобод дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби ибтидоӣ озими шаҳри Душанбе гардида, соли 1956 Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Т. Г. Шевченкоро (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) хатм намуд.

Бо назардошти он ки дар донишкада олимони унвондор набуданд, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати маориф ҷавононро барои таҳсилу такмили ихтисос ба марказҳои илмии Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ мефиристоданд.

Солҳои 1956-1957 ӯ ҳамчун муаллими мактаби миёна дар ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) фаъолият кард. Сипас солҳои 1958-1965 омӯзгори кафедраи математикаи олии Институти давлатии педагогии Кӯлоб буд. Солҳои 1965-1968 таҳсилро дар аспирантураи Институти давлатии педагогии шаҳри Калинин (Россия) идома дода, соли 1982 рисолаи номзадиашро дар мавзуи проблема ва назарияҳои математика - тавзеҳи функсияҳои ратсионалӣ ва ирратсионалӣ, таълими элементҳои математикаи олӣ ва ададҳои комплексӣ - дифо намуд.

Соли 1970 устод ба ҳайси мудири кафедраи «Анализи математикӣ» таъин шуд. Дар як саф бо устодони шодравон Азизов С.А., Султонов М., Раҳмон Шариф, Қодиров Х., Умаров Ш. ва Сафаров Д.Х. барои ободу пешрафт намудани кафедра, факултет ва донишкада содиқона меҳнат мекард.

Аз соли 1968 то соли 2000 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар вазифаҳои гуногун, мудири кафедра, ҷонишини декан, декани факултети математика ва муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ фаъолият кард. Аз соли 2000 то охири умр профессори ҳамин донишгоҳ буд.

Саҳми профессор Азизов Сайхӯҷа дар табдил додани Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ба донишгоҳ хеле назаррас аст. Бо соҳиб шудани мақоми донишгоҳ, нуфузу обрӯи он боло рафта, шароити муносиб барои таҳсили донишҷӯён ва фаъолияти омӯзгорон муҳайё гардид.

Фаъолият ва заҳматҳои устод бо мукофоту унвонҳои Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1960), Аълочии маорифи ИҶШС (1978), Узви вобастаи Академияи илмҳои Россия (1996), Аъзои Ҷамъияти математикҳои Америка (1996), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998) ва бо ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Тоҷикистон қадршиносӣ гардидаанд.

Ӯ дар доираи назарияҳои математика зиёда аз 50 таълифоти илмӣ дорад ва иштирокчии конференсияҳои байналмилалии математикҳо дар шаҳрҳои Москва (1978), Киев (1982) ва Новосибирск (1986) мебошад.

Дар маҷмӯъ, ин инсони наҷиб ва олими фидокор дар ду самт, роҳбарӣ ва устодӣ, содиқона хизмат намуда, дар ҳар ду ҷабҳа барои мардум ва миллати худ хизматҳои шоиста анҷом додааст. Корнома ва ёди ин шахсияти комил, устоди арҷманд ва олими забардаст, дар хотираҳо боқӣ хоҳад монд.

Агар аҳли маориф бигзарад, боқӣ бувад номаш,
Ҳаёти ҷовидон илм асту бурҳонаш бувад таълим.

Ҷуразода Шоҳмурод Ҷура, номзади илмҳои биология, декани факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Имомов Зафар - муаллими калони кафедраи математика ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!