, Душанбе, 06-октябр

УСТОДИ СОҲИБНАЗАР


УСТОДИ СОҲИБНАЗАР

Устод Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз - олими шинохтаи тоҷик - хатмкунандаи факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳоло корманди илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессори соҳибмактабест, ки дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар кишварамон мақому мартабаи хосса дорад. Аз ин рӯ, дар арафаи ҷашни 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, мехоҳам дар бораи дастовардҳои устод, ки ба қуллаи баландтарини илм расидааст, ибрози андеша намоям.

Муҳаммад Абдураҳмон хатмкунандаи факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (соли 1984) мебошад. Номбурда, баъди хатми ин боргоҳи маърифат ба ҳайси ассистенти кафедраи фалсафа ва коммунизми илмӣ ба кор қабул карда шудааст. Ӯ соли 1989 ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Мински Ҷумҳурии Белорусия дохил шуда, баъди хатми аспирантура пеш аз муҳлат рисолаи номзадиро дар мавзуи “Муоширати байнимиллатҳо дар коллективҳои истеҳсолии меҳнатӣ (Дар мисоли корхонахои саноатии Тоҷикистон), ҳимоя намудаааст. Устод дар ҳамон ҷо то охири соли 1994 рисолаи докториро дар мавзуи “Раванди муоширати байнимиллатҳо ҳамчун падидаи иҷтимоию сиёсӣ” (таҷрибаи Тоҷикистон) бо рамзи 23.00.02. равандҳои сиёсӣ (илмҳои сиёсӣ) ба анҷом расонида, бо муваффақият дифоъ намудааст.

Муҳаммад Абдураҳмон нахустин доктори илмҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо шарофияти ӯ аввалин Шурои ҳимояи рисолаҳо оид ба илмҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон кушода шуда буд.

Устод аз соли 1993 то 1997 дар вазифаҳои муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, профессор, сармутахассиси шуъбаи илми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва соли 1997 ҳамчун муаллими калони Коллеҷи ҳарбии Вазорати мудофиа кор кардааст. Аз соли 1997 то соли 2001 сармутахассиси шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2001 то 2006 дар вазифаи ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Муҳаммад А.Н. аз соли 2007 то 2012 дар вазифаи декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз соли 2012 то 2015 машваратчии калон - сардори шуъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмилалии Дастгоҳи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Аз 20-уми апрели соли 2015 то 15 марти 2017 ба ҳайси директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови АИ ҶТ фаъолият намудааст. Устод аз 15 марти соли 2017 то соли 2024 ба ҳайси ноиби Президенти Академияи милии илмҳои Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Ӯ дар тули фаъолияти 40-солаи хеш зиёда аз 400 мақолаи илмӣ таҳқиқотӣ, 40 китобу дастурҳои таълимӣ ва монографияҳои илмӣ чоп намудааст. Корҳои илмӣ-тадқиқотии устод дар бисёр кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла дар Москва, Минск, Киев, Вашингтон, Шветсия ва Эрон нашр гардидаанд.

Хидмати  профессор Муҳаммад Абдураҳмон дар пешрафти маориф ва тарбияи кадрҳои

илмӣ-номзадон ва докторони илмҳои сиёсӣ назаррас аст. Таҳти роҳбарӣ ва мушовирии бевоситаи ӯ 33 нафар рисолаҳои номзадӣ ва 7 нафар рисолаҳои докторӣ ҳимоя намудаанд, ки 10 нафарашон хатмкунандагон ва устодони Донишкадаи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошанд.

Мактаби илмии Муҳаммад А.Н. дар Тоҷикистони азиз яке аз мактабҳои бонуфузтарини илмҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ аз давраҳои гуногун то имрӯз дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ фаъолияти омӯзгорӣ намуда, дар таълими фанни сиёсатшиносӣ ба насли ҷавон корҳои зиёди методию таълимиро ба анҷом расонидааст. Саҳми ӯ дар таблиғи донишҳои сиёсӣ, сиёсати давлати дунявӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ эътироф гардидааст.

Профессор Муҳаммад А.Н. дар тӯли фаъолияти илмию омӯзгории худ китобу дастурҳои  зиёдн таълиф намудаанд, аз ҷумла, 8 китоби дарсӣ ва як “Донишномаи мухтасари сиёсӣ” барои мактабҳои олӣ. Китоби “Риторика ва баҳси сиёсӣ”-и муаллиф дар Эрон, китоби “Сиёсатшиносӣ”-и ӯ дар Афғонистон чоп шудааст.

Ҳамзамон чунин китобҳо, монографияҳо ва дастурҳо ба қалами ӯ тааллуқ доранд: Луғати мухтасари сиёсатшиносӣ (1992), Политология: предмет, структура и задачи курса (1993), Социология конфликта (1995), Асосҳои сиёсатшиносӣ (курси лексияҳо) (1995), Политические режимы (1999), Политическое поведение: социальные факторы и формы проявления (2000), Стратегияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000), Политические поведение: некоторые аспекты структурного анализа (2003), Фалсафаи варзиши Абуалӣ Сино (2005), Политическая идеология современного мира (2006), Амният ҳамчун падидаи системаи иҷтимоӣ (2007), Амнияти Тоҷикистон: масъалаҳои миллӣ ва байналхалқӣ (2007), Сиёсатшиносӣ - китоби дарсӣ барои мактабхои олӣ (2010), Риторика ва баҳси сиёсӣ: китоби дарсӣ (2011), Методикам таълим ва таҳқиқи сиёсатшиносӣ: китоби дарсӣ (2012), Муқаддимаи идеяи миллӣ: китоби дарсӣ (2013), Назарияҳои муосири сиёсӣ: китоби дарсӣ.(2014), Риторика и политическая полемика(2015), Государственная независимость Республики Таджикистан: теория, история и политическая практика. (2016), Современный Таджикистан: диалектика независимости и интеграции (политико-правовой анализ). Монография. Душанбе. (2016), (Ҳаммуаллиф), Истиқлоли сиёси ва таҳкими давлатдории миллӣ. Душанбе. Монография. «Эр-граф», (2016), Андешаҳои иҷтимоию сиёсии Абубакр Закариёи Розӣ (ҳаммуалифӣ) Душанбе, «Дониш». (2016), Сиёсатшиносии этникӣ, (2017), «Сиёсатшиносӣ» барои мактабҳои олии кишвар (2018),дар ҳаммуалифӣ, «Инсон, сиёсат ва ҷомеа» монография, (2018), Тоҷики тоҷвар (2018), Амнияти миллӣ (2019), «Озоди ва истиқлоли миллӣ» (2024), «Сиёсат» (2025) ва ғ.

Имрӯз устод Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз дар Академиям миллии илмҳои Тоҷикистон ва байни аҳли илму маорифи ҷумҳурӣ ҳамчун олими соҳибмактабу эҷодкор, бомаҳорату ибратбахш, соҳиби ҳурмату эҳтироми зиёд аст.

Устод барандаи “Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино” оид ба илму техника дар соли 2018 мебошад.

Хизматҳои ӯро дар соҳаи таҳқиқотҳои илмӣ, ташвиқу тарғиби худшиносии миллию истиқлолияти сиёсӣ ва ба камол расонидани мутахассисони баландихтисос ба назар гирифта, соли 2023 барои китоби “Инсон, сиёсат ва ҷомеа” ба ҷоизаи АМИТ ба номи академик М.С.  Осимӣ дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гумманитарӣ мушарраф гардидааст.

Устод Муҳаммад Абдураҳмон шахсияти миллӣ, ватанпарвар ва марди соҳибхирадест, ки ҳамаи мувафақиятҳои илмию таълимиашро ба донишгоҳи хатмкадрдаашон вобастаю пайваста медонад. Дар арафаи ҷашни 80-солагии донишгоҳ аз устоди азиз пурсон шудам, ки Шуморо марди ҷасур, соҳибхирад, каме оташин ва соҳибмактаб мегӯянд. Барои чи Шумо баъди хатми мактаби миёна ба марказ ба шаҳри Душанбе барои таълим нарафтед ва дар шаҳри Кӯлоб мондед. Баъдан агар имкон бошад гӯед, ки асрори ин ҳама дастовардҳои илмии Шумо дар чист?

Устод бо чеҳраи кушода ва ҷиддияти хосса гуфт “Албатта ҳама ба меҳнату заҳмат ва устодони серталаби банда, мисли Тағой Раҳмонов, Хурсанд Аъзамов, М. Ибодов, М.Саъдуллоев, А. Кабина, Иброҳим Гурез, Савронбӣ Раҳимова, муаллим Қадруллоев, А.С. Вашенко, А.Нозимов, Сабко Наталя, ректори пешина, профессор Карим Самариддин ва ноиби он кас Сайхуҷа Азиз вобастгӣ дошт. Онҳо шахсиятҳои хеле шинохта ва кордон буданд.

Масъалаи дигар дар он замон рӯзгори мо начандон аз лиҳози иқтисодӣ хуб буд. Мо имконияти дар Душанбе хонданро надоштем. Агар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб намешуд шояд ягон касби дигарро интихоб мекардам ё ин ки варзишгари касбӣ мешудам. Асрори ҳамаи дастовардҳои худро ба ҳамин донишгоҳи муқаддас ва оилаи солим доштанам вобастаю пайваста медонам. Ин донишгоҳи давраи ҷавонӣ, паҳлавонӣ ва ишқу армони ман аст, ки бароям хеле муққадас мебошад”.

Устоди азиз, барои самимимият ва посдории хотираи нек хеле миннатпазирам.

Қурбонов Давлатбек - номзади илмҳои сиёсӣ, омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДБ ба номи Носири Хусрав




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!