, Душанбе, 06-октябр

УСТОДЕ, КИ БА ДИЛҲО УМЕД БАХШИДА БА ШОГИРДОН НЕКИРО ОМӮХТ


УСТОДЕ, КИ БА ДИЛҲО УМЕД БАХШИДА БА ШОГИРДОН НЕКИРО ОМӮХТ

Мехостам оғози суханро аз шеъри устод Бахтиёр Раҳмониён дар робита ба шахсияти Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз оғоз намоям:

Накӯмарди замони мо Муҳаммад Абдураҳмон аст,
Ҳамеша бо Ватан масрур ба фикри Тоҷикистон аст.
Сухансозу, суханоро: чароғи ҷумла маҳфилҳо,
Ба фаҳми ғояи миллӣ яке олим ба даврон аст.
Бидуни номи ӯ дарёи мо бемавҷу беоб аст,
Ба шаб андар самои илми мо монанди маҳтоб аст.

Дар ҳақиқат, устод Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз инсони фарҳехта, ботамкин, хушмуомила буда, кумаки хешро доимо ба шогирдон, корафтодагон дареғ намедорад. Фаъолияти баланду бобаракати меҳнатӣ, зиндагии ибратомӯз, муносибати нек бо атрофиён ва наздикон мақоми иҷтимоии устодро дар ҷамъият баланд бардоштааст.

Устод Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз муҳаққиқ, сиёсатшинос, роҳбари воқеӣ 25-июни соли 1958 дар шаҳраки Муъминободи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1984 Донишкадаи давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи А.Рӯдакӣ)-ро бо ихтисоси забон ва адабиёти рус хатм карда, фаъолияти илмӣ - таҳқиқотии худро аз ҳамин даргоҳи илму маърифат шуруъ намуданд:

- солҳои 1984-1986 - ассистенти кафедраи коммунизми илмии донишкада;

- то солҳои 1997 дар вазифаҳои сармутахассиси шуъбаи илм, саромӯзгори кафедра, дотсенти кафедра, мудири кафедра кору фаъолият намудааст.

Баъди ҳимояи рисолаи докторӣ соли 1996 фаъолияти илмию таҳқиқотии хешро дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва сохторҳои давлатӣ идома дода, ҳамзамон дар мансабҳои баланди идорӣ: ректори муассиса, сардори шуъбаҳо, сохторҳои гуногуни давлатӣ, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ соли 2017 ифои вазифа намудаанд.

Устод дар ҷомеа мавқеи баланд дошта, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва эҷодиашон барои дигар олимони соҳа намунаи ибрат аст. Бо заҳмату машақатҳои зиёди илмӣ дар тули фаъолияташон ба муваффақиятҳои баланди илмӣ ноил ва ба мукофотҳои гуногуни давлатӣ сарфарозонида шудаанд, ки номгӯяшон чунин аст:

- 2011 - бо медали “Хизмати шоиста”;

- 2017 - узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

- 2018 - бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника;

- 2023 - бо Ҷоизаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ.

Устод Муҳаммад Абдураҳмон яке аз поягузорони мактаби илмҳои сиёсатшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисоб рафта, дар рушду равнақӣ илмҳои сиёсӣ заҳматҳои зиёд кашида истодааст (аввалин номзади илмҳои сиёсӣ соли 1993, аввалин доктори илмҳои сиёсӣ соли 1996) ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода устод бо таълифи асарҳои пурғановат, бо нашри зиёда аз 60 монография, дастурњои таълимӣ-методӣ ва дигар воситаҳои ёрирасони таълимӣ, чопи зиёда аз 160 мақолаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар маҷаллаҳои дохилӣ ва хориҷӣ фонди захиравии илмҳои сиёсиро дар Тоҷикистон ғанӣ гардонидаанд, ки номгӯи зер бахше аз таълифоти устодро дар бар мегирад:

- Муҳаммад А.Н. Озодӣ ва истиқлоли миллӣ. - Душанбе: МН “Дониш”, 2024. - 380 с.;

- О свободе / Монография. Душанбе, 2022. - 127 с.;

- Истиқлол ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ (таҷриба Тоҷикистон) / Монография. - Душанбе, 2021. - 192 с.;

- Донишномаи мухтасари сиёсӣ. - Душанбе, 2016. - 378 с.;

- Амнияти миллӣ / Дастури таълими барои мактабҳои олӣ / ҳаммуалиф. - Душанбе, 2019. - 226 с.;

- Давлатдории сомониён: азамат ва ғуруби он / Таҷрибаи таҳлили сиёсатшиносии этникӣ. - Душанбе, 2019. - 110 с.;

- Сиёсатшиносӣ / Китоби дарси барои донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон / ҳаммуаллиф. - Душанбе, 2018. - 428 с.;

- Инсон, сиёсат ва ҷомеа: таҷрибаи таҳлили фалсафию сиёсӣ / Монография. - Душанбе, 2018. - 240 с.;

- Таджик венценосный. - Душанбе, 2018. - 165 с.;

- Национальное примирение: перспективы развития суверенного таджикского государства / Монография. - Душанбе, 2017. - 168 с.;

- Сиёсатшиносии этникӣ / Китоби дарсӣ барои донишҷӯён, магистрҳо ва омӯзгорони МТОК. - Душанбе, 2017. - 240 с.;

Инчунин устод дар тарбияи шогирдони соҳибилм дар сатҳи ҷумҳурӣ хизматҳои шоён намуда истодаанд. Зери роҳбарии устод 33 нафар рисолаҳои номзадӣ: Ҳакимов Р.И., Хидирова М.У., Шарипов С.И., Тураева З.Ю., Акмалова М.А., Абдуллоев Н.С., Муродов Т.Н. ва дигарон,  7 нафари дигар рисолаҳои докторӣ: Ятимов С.С., Хидирова М.У., Акмалова М.А. ва дигарон ҳимоя намудаанд. Банда Фируз Яқубзода аз давраи донишҷӯйӣ бо устод дар ҳамкорӣ будам, бо кумак ва дастгириҳои пайваста ва хайрхоҳонаи устод соли 2023 рисолаи номзадиро таҳти унвони “Давлати дунявӣ ва хусусиятҳои муҳимми он дар замони тағйирпазирии ҷомеа (таҷрибаи Тоҷикистон)” бо сари баланд дифоъ намудам.

Устод дар баробари олим ва устоди наҷиб буданашон, инчунин марди майдон, паҳлавони гуштини миллӣ буда, Устоди варзиш мебошанд. Аз оини паҳлвонӣ хуб бохабар буда, дар мусобиқаҳои дохилӣ ва берун аз кишвар фаъолона ширкат варзидааст.

Мутмаинам, ки ҳайати кормандону устодони Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, эҷодӣ ва хизмати шоистаи дастпарвардаи худ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз хушнуданд. Ба устоди иззатманд сиҳатию саломатӣ, саодату сарбаландӣ ва дар фаъолияти минбаъдаашон барору муваффақият таммано дорам.

Фируз Яқубзода, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДК ба ном А.Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!