, Душанбе, 06-октябр

ЗАБОНИ МО-ИФТИХОРИ МО


ЗАБОНИ МО-ИФТИХОРИ МО

“Забони тоҷикӣ дар баробари муқаддасоти миллии мо рамзи давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ, кафили мавҷудияти фарҳанги оламшумул ва мояи ифтихори мо тоҷикон аст”.

Эмомалӣ Раҳмон

Забон рукни асосии миллат аст. Ҳар ки ба қадри забон нарасад, ба қадри ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас намерасад. Охир, забон модар, забон таърих, забон маданият ва забон тақдир аст.

Маданияти сухан қисми таркибии маданияти халқ аст. Дараҷа ва инкишофи он ба таърихи халқ, ба пешрафти илму маданият, адабиёту санъат ва шароити мусоиди таълими забон ва адабиёт, ба дониш ва заковати аҳли илму адаб, маорифу маданият, матбуот, радио ва телевизион марбут аст.

Забони тоҷикӣ аз забонҳои қадимхати Осиё ба шумор меравад. Бо ин забон осори оламшумули адабиёти классикии форсу тоҷик, осори гаронбаҳои илмиву таърихӣ иншо гардидаанд, ки дар тамаддуни башарӣ мақоми хосае доранд. Ба ин забон фарҳангҳои зиёде таълиф шудаанд, ки сарвати луғавиро дар бар мегиранд.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бой ва қадимаи дунё ба шумор меравад. Бо ин забон гузаштагони мо ба мисли устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигарон асарҳои манзуму мансур эҷод кардаанд, ки то ба имрӯз қадру қиммат ва манзалаташонро аз даст надода, дар тарбияи ҳамаҷонибаи насли наврас ва ҷавонон саҳми босазою назаррасро гузошта истодаанд. Мо бо доштани чунин забони ширину хушсадо, нобу гӯшнавоз фахр мекунем ва ҳамеша баҳри тозаю покиза нигоҳ доштани он аз унсурҳои бегона мубориза мебарем. Барои ҳамин, моро лозим аст, ки дар навбати аввал бояд забони давлати худамонро ба таври пурра, бо тамоми қоидаҳояш хуб донем, зеро бе донистани тамоми нозукиҳои забонамон, мо забонҳои дигарро омӯхта ва азбар карда наметавонем.

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

Инкишофу тараққиёти забон ба тараққиёт ва пешрафти ҷамъият вобаста аст. Аз тарафи дигар, забон воситаи ташаккули маданияту маънавиёти инсоният гардид. Ин аст, ки забонро ойинаи фарҳанги халқ низ мегӯянд.

Офарандаи забони миллӣ худи миллат буда, дар баробари ташаккул ёфтани он пайдо мешавад, чунон ки асосгузори илми забоншиносӣ В.Гумболд гуфтааст: “ Миллат, агар ҷон бошад, забон рӯҳи (нафаси) он аст”. Қисми зиёди ҷанбаҳои зиндагӣ, ки моро ҳамроҳӣ мекунад-ҷои истиқомат, иқлим, дин, шакли давлатдорӣ ва қонунҳо, расму анъанаҳои миллӣ аз худи миллат метавонанд, то дараҷаи муайяне дур бошанд, аммо танҳо забон аст, ки дар шакли зинда дар мафкураи миллат вуҷуд дорад.

Дар дунё зиёда аз 6 ҳазор забон мавҷуд буда, аз нигоҳи хешигарӣ ба 24 оилаи калон тақсим шудаанд ва ин оилаҳо дар навбати худ ба гурӯҳҳо ҷудо гаштаанд. Аз он ҷумла славянӣ, олмонӣ, англисӣ, романӣ, чехӣ, ҳиндӣ, арманӣ, эронӣ ва ғайра. Гурӯҳҳо бошанд забонҳои алоҳидаро дар бар мегиранд.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадима ба шумор рафта, ба гурӯҳи эронии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ шомил аст.

Забон нишондиҳандаи ҳастии ҳар миллат аст. Миллате, ки забони модариашро фаромӯш мекунад, бо мурури замон дар майдони таърих аз ӯ нишоне боқӣ нахоҳад монд. Чунонки нависандаи шинохта Адаш Истад гуфтааст: “Забони миллат-пояи миллат”, ки имрӯз вирди забони ҳамагон аст, ба гуфтаҳои боло тақвият мебахшад. Ё ин ки адиб Баҳром Фирӯз чунин гуфтааст: “Олитарин зуҳурот ва нишони мавҷудияти ҳар як миллат забон аст. Миллат бо ҳама шукуҳу шаҳомат, урфу анъана, маърифату фарҳанг, ахлоқ, биниш ва ғайра дар забони зиндаи худ аксандозӣ мекунад. Аз ин аст, ки забони халқро надониста, ӯро шинохтан душвор аст...”

Ҳар як миллат забони миллии худро дорад. Забони милли мардуми тоҷик забони тоҷикӣ мебошад. Забони тоҷикӣ асоси ҳувияти миллӣ ва фарҳангии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Забон яке аз аломатҳои муҳимтарини муттаҳидкунандаи ҳамаи миллатҳо ба ҳисоб меравад.

Сиёсати забон- ин таъсири давлат ва фаъолияти забон дар ҷамъият мебошад. Сиёсати забон ба воситаи тадбирҳои аниқи давлатӣ ба амал оварда мешавад. Дар замони муосир сиёсати забон қонунан дар шакли Қонун “Дар бораи забон” ба расмият дароварда мешавад.

22 июли соли 1989 дар иҷлосияи даҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Қонуни дар боло зикршуда, ки пеш аз замони Истиқлол ба тавсиб расида буд, ба замони ҳозира мутобиқат намекард. Аз ин рӯ, бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-октябри соли 2009, № 1395 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд ва 5-октябри соли 2009 бо № 553 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Қонуни мазкур аз 7 боб ва 28 модда иборат мебошад.

Яке аз масъалаҳои асосии Қонуни забон таълими коргузорӣ бо забони давлатӣ мебошад. Танзими коргузорӣ ба забони давлатӣ чунин маънӣ дорад, ки мукотиба байни мақомоти давлатӣ, корхонаву муассисот, ташкилотҳи ҷамъиятӣ танҳо ба забони давлатӣ сурат гирад, фармонҳо, маромномаҳо, қарорҳо, санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ба забони давлатӣ чоп гарданд. Мувофиқаи роҳбарон дар ҳошияи ҳуҷҷатҳо ба забони давлатӣ сурат гирад, варақаҳои шахсӣ ба забони давлатӣ пур карда шавад.

Ҳақ ба ҷониби Эмомалӣ Раҳмон: “Мо дар оянда низ дар самти ҳифзу гиромидошт, тозагии забони давлатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи он ҳамаи иқдомоти заруриро амалӣ хоҳем кард”.

Хулоса, забон мисли рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ шинохта мешавад. Ифтихор аз муқаддасоти миллӣ шинохта мешавад. Ифтихор аз муқаддасоти миллӣ ва эҳтироми он вазифаи ҳар сокини Тоҷикистони азиз аст.

Мирзоева Маҳтовбӣ Мустафоевна, н.и.ф., муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!