,
Якшанбе, 05-октябр
Падарам дар ҳамаи хотираҳоям пайдост,
Падарам як ғазали хастадили пурмаъност...
5 - уми сентябри соли 2016 рӯзи душанбе буд, дунёи рушан дар назарам якбора торик гашт, бори гарони андуҳ шонаҳоямро шикаст, эҳсос кардам, ки азизтарин инсон- падаррамро аз даст додаам, аммо чӣ илоҷ тақдири Илоҳӣ будааст.
Дуруст, ки ҳама чиз дар рӯи замин месабзад, гул мекунад ва оқибат баъди хазон боз эҳё мегардад, ба ҷуз инсон.
Падарам дар ҳақиқат ҳам шахсияти наҷиб, инсони ниҳоят хайрхоҳ, самимӣ ва бошарафе буд, бо ҳама сарфи назар аз вазифа, унвон ва мавқеи иҷтимоияшон бо эҳтиром муносибат мекард ва мегуфт, инсоният дар ҷои аввал аст.
Боре надидаам, ки падарам баланд ҳарф зада бошанд, ё асабӣ шуда бошанд. Ҳамеша зиндагии хешро чун як неъмат бо пайванду дӯстон қисмат менамуд.
Падарам, Алиев Аҳмад Қурбонович 20.05.1944 дар деҳаи Боғгаии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, дар хонадони деҳқон таваллуд шуда буд. Ӯ забоншинос, номзади илмҳои филология (1997), дотсент (2011), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2002), узви ИЖ Тоҷикистон (2008) буд. Иштирокдори нахустин слёти умумииттифоқии барандагони стипендияҳои номӣ дар шаҳри Москва (1968), хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1970) аст. Таҳсилро дар мактабҳои 7-сола ва миёнаи №7 ва №3 ноҳияи Муъминобод (1950-1960), донишҷӯи омӯзишгоҳи педагогии Кӯлоб (ҳоло коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1960-1962) ва ИДПК (1963-1970) фаро гирифта, хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ (1963-1966) адо намуда буд. Ба сифати омӯзгор, муаллими калон, дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДК (1970-2004), мудири кафедраи филологияи коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1999-2004), мудири кафедраи забони тоҷикии ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2004-2012),мудири кафедраи забон ва методикаи таълими он (2014-2016 ), аспиранти Институти забон ва адабиёти АИ ҶТ (1984-1985), ҳамзамон сармуҳаррири «Анвори дониш» (нашрияи донишгоҳ, 1998-2002) ва аз соли 2012 дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДК буд. Дар мавзуи «Хел ва воситаҳои алоқаи калимаҳо дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ (1997, Душанбе) рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Ба қалами ӯ таълиф ва таҳрири беш аз 120 асару мақолаи илмӣ тааллуқ дорад. Таҳқиқотҳои илмиаш ба таҳлилу тадқиқи анвоъ ва васоити алоқаи калимаву ҷумлаҳо дар забони адабии тоҷикӣ ва насри асри XVI бахшида шудаанд. Бо медали ҷашнии «ХХ соли Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» (1965, Москва), Ифтихорномаҳои Комитети Марказии комсомоли умумииттифоқӣ (1968, Москва) ва Комитети Марказии комсомоли ҶТ (1967, Душанбе) ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2002, Душанбе) сарфароз гардонида шудааст.
Ҳамкоронам дар донишгоҳу кафедра, ки тамоми умр бо ӯ кору фаъолият намуда буданд, аз падар бо некӣ ёд мекунанд...
Инсонҳои нек зиёданд, бахусус, дӯстони падарам. Дӯстони бовафои падар – Мирзоев Ғоибназар, Сангов Қайюм (рӯҳашон шод бод), Содиқов Ёраливу Латипов Барот ва Кӯчаров Аламхон ҳамеша пандам медоданд, ки модари меҳрубон, додарону хоҳаракони гирёнатро дилбардорӣ намо, аммо ихтиёр дар дасти ман набуд:
Падар пуштам шикаст аз рафтани ту,
Падар шодӣ тамом шуд аз ғами ту...
Падар танҳо шудам, танҳоӣ сахт аст,
Падар танҳоиям чӣ рӯзи сахт аст...
Падар он ҳама ҳарфҳоят куҷо рафт,
Ҳама рафтанд, баъд аз рафтани ту...
Падарам лаҳзаҳои охири ҳаёт, медонист, соатҳои вопасини умраш боқӣ мондаанд, мехост, баъд аз сараш мо, фарзандон парешон набошем, балки аз ҳамдигар муроғибат кунем. Ҳатто дар лаҳзаҳои охири умраш дар андешаи мо буд. Ба назар чунин менамояд, ки ҳоло ҳам дар фикри мо аст, зеро вақти беморӣ ва ғамгинӣ ба хобамон медарояд ва гӯё аз чизе огоҳамон мекунад.
Падарам меҳрубонтарин ва наздиктарин шахс барои мо, фарзандон буд, ҳама буду набуди хешро фидои ҷигарбандонаш намуд. Ӯ офтоберо мемонд, ки бо нуру зиёи худ ба қалбу руҳи фарзандон равшанию гармӣ бахшид, дарёро мемонд, ки аз баракаташ замини умеди фарзандон шодоб гардид, куҳеро мемонд, ки бо салобаташ ба фарзандон ғуруру сарбаландӣ бахшид ва такягоҳи мо буд ва кош ҳамеша бо мо мебуд.
Ҳоло ки падар дар бари мо нест, ёдҳо, хотираҳои ӯ қалби мо фарзандонро ба сӯзу фироқ меорад...
Чеҳраи нурониву моил ба табассум, лабханди малеҳ, садои ширину табии ӯ, корҳои некашро, ки дар ёдҳо нақш бастааст, меҷӯям, аммо дар ёдҳо дармеёбам. Дафтари хотираҳоям тагурӯ мешавад. Замоне вориди донишгоҳ мешавам, ба гумонам, ӯ ҳозир ҳам дар (аудитория) синфхона аст ва бо шавқ дарс медиҳад, хатти зебои ӯ чи кириллӣ ва чи форсӣ аз пеши чашмонам дур намераванд, чун ишқи дарсу омӯзгорӣ дар дилаш ҷо гирифта буд. Ва худ, ҳар гоҳе ки дар тахтаи синф менависам, лаҳзае ба андешаи падар меафтам, ки онро танҳо худам медонаму Худо.
Ба марги нобаҳангомат падар бисёр месӯзам,
Ба худ мепечам аз андуҳи оташвор месӯзам.
Зи хоки сарди гӯри ту, ба дил афтода як сӯзе,
Миёни оташу андуҳи одамхор месӯзам...
Аммо дигар ӯро на дар хона, на дар донишгоҳ, на дар зодгоҳаш меёбам, садояшро, ки пазмонаш шудаам, дигар намешунавам. Дигар хонаи падар аз муҳаббати гарми ӯ холист, ҷойи падарам дар ҳама ҷо холист, ба ҷуз қалби мо, фарзандон ва наберагонаш. Падар дигар дар байни мо нест, вале ёди наку аз ӯ дар дили мо фарзандонаш ба таври абадӣ маъво гирифтааст.
Ёдатон ба хайр, манзили охирататон обод, падарҷони азизам!
Зиндаю ҷовид монд, ҳар ки накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро...
Алиева Бахтинисо Аҳмадовна, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ