, Якшанбе, 05-октябр

ҲИДОЯТГАРИ ИЛМИ ДАҚИҚ


ҲИДОЯТГАРИ ИЛМИ ДАҚИҚ

Дар интихоби илми дақиқ гоҳо дарк наметавон кард, ки то чӣ андоза дар ин самт ба даст овардани натиҷаҳои саҳеҳ душвору заҳматталаб аст. Бахусус, барои бонуе, ки модар асту ҳамсар, бибӣ асту ғамхор ва дар  ин радиф, пайи ҷустуҷӯву ихтироот дар соҳаи илмҳои дақиқ.

Маҳрамби Акбарова дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳайси дотсент, мудири кафедра фаъолият дорад. Ифтихорманд аз кор ва интихоби пешакардааш мебошад.

Соли 2002 факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро бо гирифтани ихтисоси муаллими математика хатм намудааст. Дар солҳои аввали фаъолият ба ҳайси ассистенти кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кору фаъолият намуд.

Дар ин боргоҳи илм ба андешае омад, ки ба илм пайвандад. Дар ин росто, фаъолияти илмӣ – педагогии худро чун ассистенти кафедраи таҳсилоти ибтидоии факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ идома дод.

Баъдан ҳамчун роҳбари бахши таҷрибаомӯзии факултети мазкур фаъолият намуд. Баробари фаъолият ҳамчун саромӯзгори кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ дар таълиму тарбияи шогирдон саҳм гузошта, дари илму маърифатро ба рӯяшон боз намудааст. Агарчӣ дар ҷодаи омӯзгорӣ ба таълим сахтгиру дақиқ буд ба гоҳи комгориҳои шогирдон ҳалиму меҳрубон мегардид. Шогирдонро ба сӯи илмомӯзӣ ташвиқ ва меҳри илмҳои дақиқро дар замири донишҷӯён бедор мекард.

Соли 2019 дар мавзуи «Методикаи истифодаи технологияи иттилоотӣ – иртиботӣ ҳамчун омили рушди зеҳнии хонандагон зимни таълими математика», зери роҳбарии доктори илмҳои физика математика, профессор Табарӣ Абдулло Ҳабибулло ва машваратҳои доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шарифзода Ҷумъа Шариф дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-035 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Раёсати Донишгоҳ фаъолияти хубу самарабахши омӯзгори ҷавонро дида онро соли 2019 ба ҳайси декани факултети Омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ тайъин намуданд. Фаъолияти омӯзгори ҷавон дар ин самт хуб буд.

Соли 2022 ӯро ба ҳайси мудири кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо тайъин намуданд. Муаллима ба ҳама мушкилиҳо нигоҳ накарда тавонистааст, ки муаллифи як китоби дарсӣ,  3 дастури таълимӣ, 2 монография бошад. Инчунин, зиёда аз 60 мақолаҳои илмию оммавиаш дар маҷаллаҳои бонуфӯзи кишвар ва маҷаллаҳои  илмӣ – байналмиллалӣ нашр гардидаанд. Соли 2022 шогирдаш донишҷӯйи курси 2-юми ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ Мадинаи Диловаршо аз фанни математика миёни донишҷӯёни 41 муассисаи таҳсилоти олии кишвар сазовори ҷойи дуюм ва дипломи дараҷаи 2 гардид. Соли 2023 тибқи лоиҳаи “Биё ҳамроҳ омӯзем” дар ҳамкорӣ бо барномаи ЮСАИД барои омӯзгорони ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти ибтидоӣ бо иловаи забони русӣ дастури таълимие таҳти унвони “Методикаи таълими математика” дар ҳаҷми 3 қисм дар ҳаммуалифӣ бо олимони муътабари кишвар бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр намуданд.Бояд гуфт, ки ягона нафаре, ки аз вилояти  Хатлон ҷиҳати таҳияи ин китоби дарсӣ даъват шуда буд муаллима Маҳрамбӣ Акбарова буданд. Фаъолияти хуби муаллимаро аҳли илми кишвар эътироф карда, соли 2020 бо ҷоиза ва “Ифтихорнома” – и раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, бо “Ифтихорнома”-и вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2022 унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадршиносӣ намуданд. Моҳи июни соли 2017 муаллима дар симпозиюми байналмиллалӣ, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон миёни якчанд давлати дунё шуда гузашт иштирок ва баромад намуда, бо сертификати байналмиллалӣ мушарраф гардид. Солҳои фаъолияташ муаллима аз курси омӯзишии “Занҳои роҳбар” гузашта, сазовори сипоснома ва ифтихорномаи ҲХДТ гардидааст. Фаъолияти назарраси муаллимаро раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб пайваста бо сипосномаю ифтихорномаҳо қадршиносӣ менамояд. Маҳз, барои як зане, ки дар самти илмҳои дақиқ дар ҷомеа нақши муассир гузошта, пайваста шогирдонро аз фанҳои дақиқ таълим медиҳад ин кори осон нест. Муаллима пайваста дар тадбиқи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор аст ва мекӯшад ки шогирдонро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва эҳтирому арҷгузоштан ба ин ватану ин миллат тарбия намояд. Муаллима дар ин роҳи интихобкардааш аз оилаи худ бисёр миннатдорӣ менамояд, чун тамоми муваффақияташро дар дастгириҳои аҳли оилааш мебинад. Мо аҳли кормандону бонувони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ифтихор аз он дорем, ки чунин як бонуи бомаърифат, соҳибхираду бофазилат, иззатманду равшанфикр дар паҳлуи мо кору фаъолияти назаррас дорад.

Шералиева Садбарг Маҷидовна-н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!