,
Якшанбе, 22-декабр
Агар ба саҳифаи таърихи таъсисёбии Артиши миллии кишварамон дида андӯзем хоҳем, дид, ки дар замони вазъи ниҳоят ҳасосу тезутунд, замони нооромиҳои ҷанги шаҳрвандӣ, замоне, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ низоми иқтисодию кишоварзии ин кишвари абарқудрат аз байн рафту алангаи ҷанги шаҳрвандии хонумонсӯз ҳама ҷои кишварро фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Мутаасифона кишвари мо мисли дигар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ аз моликияти ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР чизеро ба даст наовард. Бо ибораи дигар Артиши миллии мо бе доштани ягон пояи моддию техникӣ аз ҳисоби ҷузу томҳои ҳарбии собиқ ватани бузургамон Иттиҳоди Шӯравӣ дар холигоҳе созмон дода шуд.
Санаи 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи қисмҳои ҳарбикунонидашудаи даргири ҷанги шаҳрвандӣ таъсис ёфт. Санаи 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз давраҳои аввали ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда эътибори зиёд дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраи душвори ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ва вазъи ноороми минтақаи Осиёи Марказӣ, Аврупои Шарқӣ ва дигар қораҳои олам қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот хизмати шоистаеро ба ҷой оварданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии ходимони ҳарбӣ ғамхории пайваста зоҳир менамояд. Аз охири солҳои 90-ум тибқи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар дохили кишвар маҷмӯи машқҳои муштараки зидди террористӣ, тамринҳои васеи амалиётӣ-тактикӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ дар ҳама гарнизонҳо ташкил ва гузаронида мешаванд. Қувваҳои Мусаллаҳи мо яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб ёфта, вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар назди онҳо гузошташударо вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар сарбаландона иҷро карда истодаанд. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаву азми қавӣ ҳамаи мушкилиҳову маҳрумиятҳои дар пеши роҳбударо бартараф карда, давра бадавра шакл гирифт ва муҷаҳҳазу мусаллаҳ гардид.
Қайд бояд намуд, ки аз замони таъсисёбии артиш, хизмат дар Артиши Миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба як мактаби бузурги обутобёбии ҷавонон табдил ёфтааст. Бесабаб неаст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 23-юми декабри соли 2023 қайд намуд, ки «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад».
Роҳбари давлат ҳамчунин барои пешравию рушди Артиши Миллӣ корҳои зиёдеро анҷом додаанд. Дар Паёми навбатии дар боло ишорагашта, иброз доштанд ки : «Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷҷаҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоем». Оре дар замони пуртазоди имрӯза, норомиҳо, зуҳуроти номатлуби ҳаракту созмонҳои терроризм ва ифротгароӣ дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон артиш беҳтарин дӯсту такягоҳи давлату миллат аст!
Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи давлату миллат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванде, ки онро сарбаландона иҷро намудааст, ифтихори волоест. Шаҳрвандон, бахусус ҷавонон бояд меҳани азизамонро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст дошта, ба савганди худ содиқ монда, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда , ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ, тамоми ҳамватанони азизро ба муносибати 30 солагии Артиши миллии Тоҷикистон -мактаби бузурги тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва меҳнату мардонагӣ табрик менамояд.
Варқаи Зайниддин, ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон