,
Шанбе, 04-октябр
Бе мураббӣ зери гардун муътабар натовон шудан,
Моҳи навро рафта рафта чарх оламгир кард.
Ҳар як инсон дар зиндагӣ барои худ шахсияти маҳбуб, соҳибэҳтиром ва вораста дорад. Яъне шахсияте, ки аз ҷиҳати руҳиву маънавӣ дар ҳаёти ӯ таъсиргузор мебошад. Барои ман чунин шахсият устоди азизам Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад мебошад. Баробари ба забон овардани исми ин шахсият пеши назарам инсони басо хоксору ботаҳаммул, нигоҳаш соф, рафтораш шоиста, гуфтораш андешамандона, кирдораш накӯ ҷилавгар мешавад.
Устоди азизи мо чунин хислатро доро мебошанд. Он кас ҳамеша дақиқу мухтасар ва бо мулоҳиза ҳарф мезанад ва кӯшиш менамояд, ки дар суҳбаташон ягон хатогие сар наравад. Суҳбат бо эшон лаззатбахш аст.
Дар тули 14 соли ошноӣ борҳо хислатҳои ҳамидаву наҷиби устодро мушоҳида кардам, ки шоистаи таҳсин ва пайравист.
Устод Абдусмадзода марди ҳақҷӯву ҳақпарсат буда, бешубҳа раҳнаварди роҳи ҳақиқатшиносони накӯном мебошанд. Дар баробари ин он кас дили бузург доранд. Самимияташон, инсонияташон, меҳрубониву дилсӯзиашон гувоҳи гуфтаҳои болост.
Яке аз хислатҳои ҳамидаи Абдусамадзода Эраҷ дар он аст, ки он кас бисёр як шахсияти некбин ва дурандеш мебошанд. Дар тули солҳои зиёди шиносоӣ ҳаргиз мушоҳида накардам, ки дар бораи нуқтаҳои заъфи мардум сухане бигӯянд, он кас ҳамвора кӯшиш менамоянд, ки перомуни корҳо ва хислатҳои неки ҳар як инсон гуфтугӯ кунад. Эшон инсони хеле накӯкоранд ва пайваста талош мекунанд, ки ба касе кумак расонад.
Файласуфи Амрикоӣ Дейл Карнегӣ гуфтааст: “Мардони бузург азамат ва бузургии худро дар тарзи рафтор бо мардумон ошкор месозад”. Устод Абдусмадзода аз зумраи чунин ашхос мебошанд.
Устод ҳамчун инсони фарҳехта ва муаддаб дар рафтору гуфтори хеш одоби муоширату муносибатро дар ҳадди олӣ риоя мекунад. Ҳеҷ гоҳ дар бораи нафаре қазоват намекунад ва касеро ҳам мавриди муҳокима ва сарзаниш қарор намедиҳад. Ин ҳақиқати бебаҳс аст, ки онро мо дар доираи фаъолияти кории он кас ҳамчун декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика эҳсос карда будем ва ҳоло шоҳиди ин хислату рафтори накуи устод, ки ба сифати муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ фаъолият доранд, ҳастем.
Дар баробари муносибати хуб бо ҳамкорон дар доираи фаъолияти корӣ ҳамчун декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика бо донишҷӯён низ хеле самимӣ ва хушмуомила буданд. Дар байни коллективи ҳамкорон низ як шахсияти намунавӣ мебошанд. Дар тули чанд соли роҳбарӣ устод бо дониши васеъ ва малакаи баланд тавонистанд, ки дар доираи факултет як муҳити хуби илмӣ ва таълимиву тарбиявиро ба вуҷуд оранд. Борҳо дар суҳбатҳо ба колективи факултет таъкид мекарданд, ки ба ҷои он, ки мо айби дигаронро биҷӯем бояд худ намунаи ибрат бошем.
Муаллими камназири мо бисёр як инсони накӯкор ва саховатманд мебошанд. Дар баробари дастгирӣ ва машварату тавсияҳои судманд, ба ҳар як донишҷӯи факултет суҳбатҳои инфиродӣ анҷом дода, аз ҳолашон пурсон мешуданд, инчунин ба даҳҳо донишҷӯи ятиму камбизоат кумакҳои моливу пулӣ расонидаанд, ки ин амали он кас то кунун вирди забони донишҷӯён аст.
Муносибати донишҷӯён низ бо устод хеле ҳасана буд. Шахсан банда борҳо мушоҳида намудаам, ки дар роҳравҳои факултет донишҷӯён мегуфтанд: “Абдусамдзода беҳтарин, ягона инсон ва декани нотакрор буданд”.
Аз ин бар меояд, ки агарчи имрӯз устод ба вазифаи дигар гузашта бошанд ҳам, дар дили ҳар як шогирду ҳамкорон маъво гирифтаанд. Ин нишонаи маҳбубияти ҳар як инсон вобаста ба муносибату муомилааш мебошад ва ногуфта намонад, ки на ҳар кас дар ин рӯзгори мо дорои чунин хислат аст.
Мегӯянд, ки дар зиндагӣ ҳар кас вобаста ба дилу нияташ подош мегирад. Ҳарчанд мақоми инсон дар зиндагӣ ба кӯшишҳои ӯ вобаста аст, аммо гуфтаҳои боло низ беасос нест. Ин ҳолатро ман дар рӯзгори Абдусамадзода Эраҷ мушоҳида кардам, ки ба касе кумак мерасонад аз дили соф буда, намегӯяд, ки ман ба ту кумак кардам, ҳоло он, ки дар рӯзгори имрӯзаи мо ашхосе ёфт мешаванд, ки барои кумаки ночизи худ инсонҳоро садҳо маротиба мавриди миннату сарзаниш қарор медиҳанд.
Қалби устоди азизи мо софу забонаш пок ҳаст, фикрашон равшану тасмимашон оқилона аст, аз муваффақияти шогирдон ва атрофиён, мисли он ки худ комёб шуда бошанд, сидқан шод мегарданд. Дар маслиҳату машварат ва кумаку дастгирӣ дили бузург доранд, ҷавонмард мебошанд. Он кас кумак ба дигаронро ҳадафи зиндагии худ медонанд.
Дӯстдории ватану миллат дигаре аз хислатҳои ҳамидаи устоди арҷманди мо мебошад. Дар суҳбатҳои хеш доимо аз ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба расму оин ва анъанаҳои миллатамон сухан мегӯянд ва фарҳанги миллиро ташвиқ менамоянд.
Дар охир, ба устод, дӯст ва бародари арҷманд Абдусамадзода Эраҷ рӯзгори босаодат ва дар корҳояшон барору комёбӣ таманно дорам.
Алишери Абдулмаҷид - дотсенти кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ