,
Ҷумъа, 03-октябр
"Агар муаллим муҳаббати кор ва шогирдонро дар худ пайваст кунад, ӯ муаллими комил аст". Л. Н.Толстой
Дар воқеъ, муаллимон касоне ҳастанд, ки ба мо маънои ҳаётро меомӯзонанд ва санъати олие, ки муаллим дорад, ин қобилияти бедор кардани завқ аз ифодаи эҷодӣ ва гирифтани дониш аст.
“Гирди номи падар чӣ мегардӣ, Падари хеш бош, агар мардӣ” ба қавле бо баҳонаи амалӣ намудани чунин як сухани зебои бузургони илму адаб ва пайравӣ аз касби падар, пас аз чанд соли хатми Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (2008) бо тавсияи падар роҳ пеша кардам ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. Чун падарам омӯзгор буд ва дар шароити вазнини ҷанги шаҳрвандӣ, ки гурусангӣ мардумро таҳдид мекарду асоси таваҷҷуҳи мардум дарёфти як пора нон буд, касби омӯзгориву мактабро тарк накард. Меҳри касби падар аз он солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ бо андуҳи гарон бароям боқӣ монда буд.
Соли 2014, вақте ки бори аввал ба факултети молиявию иқтсиодии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ даромадам бо Куганов Неъматулло ном устоди донишгоҳ шинос шудам. Он замон ба ҳайси мудири кафедраи баҳисобгирии бухлатерӣ иҷрои вазифа менамуданд. Бо устод Куганов Н.К. оид ба шароит ва фазои кору фаъолият дар донишгоҳ суҳбат намудем ва ҳамон замон бо ман чун як омӯзгори аллакай ба кор қабулгашта суҳбати самимӣ намуд. Аввалин саволе, ки устод Куганов Н.К. ба ман дод, ин буд, ки “Кадом доншгоҳро хатм кардаӣ?” пас аз ҷавоби дар куҷо таҳсил намуданам ба ман гуфтанд, ки “Бояд ба назди ректори донишгоҳ равем ва пас аз розигии раёсати донишгоҳ ман туро дар ҳамин кафедра ба кор мегирам”. Ҳамон рӯз ба қабули ректори ҳамонвақтаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор Абдулло Ҳабубилло даромадем ва ректор низ бо самимият моро пазируфт ва оид ба кор бо мо суҳбат намуда, ба устод Куганов Неъматулло таъкид намуд, ки “Омӯзгори асил кардани ҳамин бача ба зиммаи худат” ва мо омадему аз фардои он рӯз ба кор шуруъ намудам.
Фикр мекунам мақсади аслии ҳар як муаллим на он аст, ки фикри худро ба дигарон таҳрик диҳад, балки ақли дигаронро барангезад. Албатта, хислатҳои накуи устод Куганов Н.К. барои коллективи меҳнатии донишгоҳ ошност. Дар давоми фаъолити корӣ бо устод Куганов Н.К. аз наздик шинос шудам ва бузургтарин арзиши инсоние, ки дар фаъолияти устод Куганов Неъматулло дарёфтам ин ғайрати бузурги бе миннат ба дигарон омӯхтани дониш, маҳорат, таҷриба ва дониши бузургшон аст.
Чун дар факултет аксарияти омӯзгорон ҷавон буданд, устод Куганов Н.К. ҳамеша кӯшиш менамуд, ки роҳу усулҳои роҳбарӣ, суханварӣ, методу усулҳои кориро ба мо дуруст омӯзад ва роҳнамоӣ ба пайкори ҷавонон хислати ҳамешагии устод буд. Зимни суҳбат бо чандин хатмкардаҳои риштаи иқтисодии донишгоҳ, ки дар роҳу кӯча ё ҷои дигар ҳамсуҳбат мегаштем, аввал аз устод Куганов Н.К. пурсон гаштаву ӯро ба некӣ ёд мекарданд. Ҳамон замон дарк мекардаму ба худ мегуфтам, “Беҳтарин устод он аст, ки шогирдон ӯро ба некӣ ёд кунанд”. Фатуҳллозода Абдухолиқ, н.и.и, дотсент, собиқ декани факултет, дастпарвари устод Куганов Н.К. дар ҷаласаҳои корӣ пайваста аз хислатҳои накуи устод мисол оварда, ба коллективи омӯзгорон таъкид менамуд, ки аз таҷрибаи кории устод бояд омӯзем ва ибрат гирем. Устод Куганов Н.К. танҳо бо донишу қобилият ва амри тақдиқр такя мекарду боре ҳам талошҳои ӯро барои ноил гардидан ин ё он вазифа надида будам. Дар давоми 11 соле, ки устодро мешиносам бемасъулиятии ӯро нисбат ба кор надидаам. Сухан бисёр намегӯяд, танҳо рафтори дурусти инсонӣ дорад. Ҳар субҳ соати 07:00- 07:20 дар ҷои кор ҳозир аст. Мо ҳамеша кӯшиш мекардем, ки пеш аз устод ба кор биёем, аммо меомадем, ки аллакай устод дар ҷои кор аст.
Куганов Неъмат Камолович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосбӣ ва аудит соли 1990 ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, факултети математика, ихтисоси математика ва информатика дохил шуда, соли 1995 донишгоҳро хатм намудааст. Баъди хатм дар ҳамин донишгоҳ ба кор шуруъ намуда, солҳои 1995-2004 ба ҳайси ассистент, солҳои 2004-2013 муаллими калон, муовини декан оид ба таълими факултети иқтисодӣ, солҳои 2013-2014 (июн-апрел) декани факултети иқтисодӣ, солҳои 2014-2016 мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, солҳои 2016-2018 мудири кафедраи молия ва қарз ва аз санаи 20-уми ноябри соли 2018 то 2021 мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, аз соли 2021-то инҷониб мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит фаъолият карда истодааст.
Куганов Н.К. рисолаи илмии худро дар мавзуи «Асосҳои институтсионалии ташаккул ва рушди бахши давлатии иқтисодиёти Тоҷикистон» зери роҳбари доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи акеадемияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирсаидов Аврор Бобоевич ҳимоя намудааст.
Муаллифи беш аз 30 мақолаи илмӣ, ду монография, ду дастури таълимӣ мебошад.
Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар арафаи ҷашни 80-солагии ин боргоҳи илму адаб қарор доранд. Ифтихормандам, ки бо ин коллективи муътабар шарафи ҳамкорӣ дораму аз таҷрибаи бузургои онҳо дар пешбурди кору фаъолият баҳраварам. Беҳтарин коллективи меҳнатие, ки дарёфтам ин коллективи бузурги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абубадуллоҳи Рӯдакӣ аст. Дар воқеъ кору фаъолият намудан бо ҳайати бисёрҳазорнафараи ин муассиса бароям мояи ифтихор ва сарфарозист.
Имрӯз дар ҳайати роҳбарикунанда ва ниҳодҳои дигари ин муассисаи бонуфузи таълимии кишвар аз зумраи беҳтарин ҷавонони фаъол, аз ҷумла ректори Донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовини ректор оид ба таълим Абдусамадзода Э.А., оид ба илм ва ииноватсия Камолзода Ш.В., оид ба муносибаҳои байналмилалӣ Аюбзода С.А. ва дигарон кору фаъолият менамоянд, ки боиси ифтихори мо кормандон аст.
Муҷиби ифтихору шукргузорист, ки аз самари Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷкистони азизи мо ба фатҳи қуллаҳои сарафрозӣ расида, дар ин масири пурифтихор Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо фаъолияти муназзаму густурда дар рушду пешрафти маориф саҳмгузор аст.
Ҷашни 80-солагӣ муборак, коллективи заҳматкаши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ!
Холматов Баҳром Маҳмадсултонович, котиби Шурои олимони ДДК ба номи А.Рӯдакӣ