, Ҷумъа, 03-октябр

СУЛАЙМОН СУЛТОНОВ - ИНСОНИ КОМИЛ, ОЛИМИ АСИЛ, УСТОД ВА РАФИҚИ ҶОНӢ БУД


СУЛАЙМОН СУЛТОНОВ - ИНСОНИ КОМИЛ, ОЛИМИ АСИЛ, УСТОД ВА РАФИҚИ ҶОНӢ БУД

Зи ҳар кас н-ояд ин устоду шогирдӣ, на ҳар кӯҳе,
Бадахшон бошаду ҳар сангпора лаъли рахшонаш.

Соли 1967 буд. Дар ин сол ман Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кулобро бо дипломи аъло хатм намуда, бо роҳхати Вазорти морифи РСС Тоҷикистон барои давом додани таҳсил ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб супоридам. Дар комиссияи қабул ду нафар муаллимони фанни физика Гулаҳмадов Абдулҳамид ва Султонов Сулаймон бо ихтисоси физика ва Чалишев Соат бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик нишаста буданд. Ин лаҳза барои тақдири ояндаи ман нақши ҳалкунанда бозид. Устод Чалишев Соат бисёр кӯшиш мекард, ки  ман ҳуҷҷатҳоямро ба факултети забон ва адабиёт супорам, чунки вай дар имтиҳонҳои хатми Омӯзишгоҳ ҳамчун раиси имтиҳонҳои давлатӣ аллакай маро мешинохт. Аммо Сулаймон Султонов ва Абдулҳамид Гулаҳмадов маро ба шуъбаи физикаи факултети физика ва математика ҷалб намуданд. Дар ҳамон давраҳо, 12 апрели соли 1961, Юрий Алексеевич Гагарин ба кайҳон роҳ кушода, дар тамоми давлатҳо вохӯриҳо мегузаронд ва ҷавонон ба факултети физика ва математика бештар майл доштанд, чунки фикр мекарданд ва ҳақиқат буд, ки хизмати илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ буд, ки аввалин одами советӣ ба кайҳон парвоз кард. Ҳамин тариқ имтиҳонҳои дохилшавиро супорида, донишҷӯи факултети физика ва математика шудам. Рӯзи сеюми таҳсил декани факултет Солиев муаллими калони кафедраи физика ва математика Султонов Сулаймонро ҳамчун куратори гурӯҳи мо таъйин намуд ва маро сардори гурӯҳ эълон намуд. Аз ҳамон рӯз сар карда, муносибати устоду шогирдии мо сар шуд.

Давраи донишҷӯӣ – давраи тиллоии умри инсон, давраест, ки шахсият ташаккул меёбад ва дар ҳамин давра бо инсонҳои сину сол ва характери гуногундошта вомехӯред. Аз устодони худ сабақ мегиреду ҷиҳатҳои беҳтарини онҳоро ба худ қабул мекунед. Дар байни устодони факултети физика ва математика дар ҳамон давра ва то охирин нафаси вопасин мавқеи махсусро ҷавони қоматбаланди симои нуронидошта, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Сулаймон Султонов ишғол мекард.

Шогирдон аз таълиму тарбияи он кас доимо изҳори миннатдорӣ мекарданд. Ӯ бисёр меҳнатдӯст, эҷодкор, ташаббускор буд ва гузаронидани маҳфилҳои физикиро хеле дӯст медошт. Ба донишҷӯёни фаъол ва завқманд такя карда, дар рӯзҳои таърихӣ, монанди «Рӯзи кайҳоннавардон» ва «Рӯзи радио»  шабнишиниҳои физикиро  дар сатҳи хеле баланд мегузаронд. Барои гузарондани як шабнишинӣ ё чорабиниҳои факултет ё донишкада моҳҳо тайёрӣ медиданд, то ки чорабинӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ илмию техникӣ гузарад. Таҷрибаҳои бисёр шавқовари физикӣ ба намоиш мебароварданд ва дар дили мо донишҷӯён меҳри фанни физикаро боз ҳам зиёдтар афзун мегардонданд. Донишҷӯён бо роҳбарии устод дар чорабиниҳо ва ҷашнҳои давлатӣ фаъолона иштирок мекарданд. Шогирдонаш Назаров Худоёр, Гафоров Сатор, Гурезов Мусо, Бурихонов Хонҷон, Файзов Субҳон, Алимардонов Эгамбердӣ ва бисёр дигарон доимо дар паҳлӯи ӯ буданд. Ҳамин буд, ки баъди хатми донишкада онҳоро дар факултет ба кору фаъолият қабул карданд ва дар ин ҷо кор ва фаъолият намуданд.

Банда бо амри тақдир, баъди хатми донишкада дар факултет ба сифати омӯзгор ба кор қабул шуда, бо устоди муҳтарам Султонов Сулаймон якҷоя дар Душанбе, дар Москва ва дар Кӯлоб то рӯзҳои охирини ҳаёташ фаъолият мекардам.

С. Султонов дар вазифаҳои гуногун, аз муаллими оддӣ сар карда, то декани факултет фаъолият намуд ва дар кадом вазифае, ки кор мекард, онро софдилона, бо дили гарм ва махсусан ҳамчун мутахассиси соҳа иҷро менамуд. Ҳамин буд, ки солҳои тӯлонӣ дар тамоми олимпиадаҳои мактаббачагон аъзои ҳакамон буданд. Азбаски ҳаёт ва фаъолияти ман бо устод С. Султонов якҷоя дар ҳамкорӣ гузаштааст, аз ин лиҳоз, хотираҳои бениҳоят зиёде маро фаро гирифтааст, ки рости гап, дар бораи ҳамаи онҳо сухан рондан барои ман кори осон нест. Ба ҳар ҳол яке аз хотираҳоро кӯшиш мекунам, ба қалам диҳам.

Соли 1973 буд. Маро ба Донишкадаи физикиву техникии ба номи С. Умарови  АФ  собиқ  РСС  Тоҷикистон роҳхат доданд. Вақте ки ба он ҷо рафтам, С. Султонов  ҳамчун аспиранти шуъбаи рӯзона таҳсил дошт. Он ҷо ҳам бо амри тақдир маро ба ӯ вобаста намуданд ва мо боз дар як лабораторияи илмӣ кор мекардем ва дар як хобгоҳ зиндагӣ мекардем. Хулоса, корҳо хуб пеш мерафтанд. Ҳамон вақт яке аз кормандон моро ба тамошои шаҳри бостонии Самарқанд ба хонаашон таклиф намуд. Рости гап, ман чандон хоҳиш надоштам, чунки то ин вақт фақат Душанберо каму беш дида будаму халос. Ҳамин ҷо устод маро талқин кард, ки рафтан лозим, ман сухани ӯро не гуфта натавонистам, розӣ шудам. Баъд ба сафари якҳафтаина баромадем, то Самарқанд самолёт як соат парвоз намуд. Он ҷо моро хуб пешвоз гирифтанд, бо ҷои хоб таъмин намуданд, шароитҳо муҳаё намуданд. Аввалин чизе, ки дар ёди ман аз ин сафар монд, ин буд, ки ҳар саҳар ӯ таклиф мекард, ки аввал моро ба мағозаҳои китобфурӯшӣ баранд ва баъд аз он ҷо ба дигар ҷойҳо. Вақти бисёри мо дар китобхонаҳо мегузашт. 

Устод бисёр ботафсил ҳар як китобро аз назар мегузаронид, махсусан, китобҳои ба ихтисос наздик ва баъд китобҳои бадеиро. Ин дарсе шуд барои ман. Китобҳои бисёре харидорӣ намудем, дар ҷойҳои таърихии ш. Самарқанд аксҳо гирифтем. Хулоса, сафари мо бо беҳтарин хотираҳо анҷом ёфт.

Лаҳзаи дигаре ба ёдам омад:  устод Сулаймон Султонов ба пӯхту паз хеле завқу шавқи калон дошт, махсусан пӯхтани оши палавро дӯст медошт. Ҳангоми дар Душанбе буданамон анъана буд, ки рӯзҳои истироҳат рафиқон ҷамъ шуда, маслиҳат карда, дар назди кули «Комсомол» ва «Боғи ҳайвонот» як рӯз дам мегирифтем ва баъд ба тамошои футбол ба стадиони ба номи Фрунзеи пойтахт рафта тамошо мекардем. Дар ҳамин нишастҳои дӯстон ва рафиқон устод худаш ошро мепӯхт. Дар ҳақиқат ошпази хуб буд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳатто баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ, дар кафедраи методикаи таълими физика вазифаи мудир ва баъдтар вазифаи декани факултетро адо мекард, лекин дар рӯзҳои ид: Соли нав, 23-феврал-Рӯзи артиши СССР ва шабнишиниҳое, ки барои 1 май- Рӯзи якдилии меҳнаткашони ҷаҳон ва дигар ҷашнҳо, ки коллектив нишастҳо ташкил мекарданд, пӯхтани оши палавро ба уҳда мегирифт. Агар дар хонааш меҳмон мешудед, ҳатман худаш барои меҳмон ош мепӯхт. Аҷиб инсоне буд, ки пӯхтани оши палавро ҳам дар коллектив, ҳам дар хонааш, ҳам дар дигар маъракаҳо ба ҳеҷ кас бовар намекард. Мо шогирдон ҳамчун ёрдамчӣ доимо дар паҳлӯи он кас ҳамроҳӣ мекардем.

Сулаймон Султоновро инсони комил, хоксор, олим, устод ва рафиқи наздику ҷонӣ мепиндоштам. Асарҳои илмии навиштаи ӯ дар маҷаллаҳои бонуфузи СССР: «Химияи ғайриорганикӣ», «Электронная техника», «Физика и техника полупроводников» ва дигарон нашр шуданд.

Дар ҳамин ҷо ҷолиб аст, қайд намоям, ки шогирдони устод Бурихонов Хонҷон ва Ҳайдаров Шомуддин маҳз бо тавсияи устод ба аспирантура дохил шуданд. Хонҷон Бурихонов дар зери роҳбарии дотсент Раҳматов А. Ш. “Доир ба омӯзиши мустаҳкамии нахҳои пахтаи Тоҷикистон” кори татқиқотӣ ва Шомуддин Ҳайдаров дар зери роҳбарии академик Одинаев С. дар мавзуи “Ҳаракатҳои гармӣ дар муҳитҳои ғайриякҷинса” татқиқот мегузарониданд. Сад афсӯс, ки ба ҷавонмардон умр вафоӣ накард ва корҳои илмии онҳо ормонҳои онҳоро нашикаст.

Умри одамро, ки мегӯянд як дам будааст,
Нек бинам, сӯҳбати ёрони ҳамдам будааст…

Сатор Ғафоров-номзади илмҳои физика ва математика, дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва назариявии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!