, Сешанбе, 30-сентябр

54 – СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ШАРАФМАНДОНА ДАР РОҲИ ИЛМУ МАЪРИФАТ


54 – СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ШАРАФМАНДОНА ДАР РОҲИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

Дар ҳама давру замон дар таърихи халқу миллатҳо шахсиятҳое ба дунё меоянд, ки дар афкори маънавӣ, муҳити зеҳнӣ ва таҳаввулоти фикрӣ таъсири калон гузошта, зиндагӣ ва фаъолияти онҳо намунаи ифтихору сарбаландӣ ва идеали барҷаста барои наслҳои минбаъда мегардад. Яке аз чунин шахсиятҳо чеҳраи дурахшони илму фалсафаи муосири тоҷик, доктори илмҳои фалсафа, профессор Ибодов Маҳмадулло Орифович мебошад, ки зиёда аз 54 соли умри худро бо фаъолияти шарафмандонаву инсонмеҳварона сарфи соҳаи илму маориф ва таълиму тарбияи шогирдон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида, дар рушду нумуи ин муассисаи муътабар саҳми босазо гузоштаанд.

Ибодов Маҳмадулло Орифович 15 октябри соли 1948 дар деҳаи Дошманди ноҳияи Муъминобод дар оилаи деҳқон ба дунё омада, соли 1964 мактаби миёна ва соли 1969 факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм намудааст. Солҳои 1969-1971 дар қисми ҳарбии № 77800 (ш. Алма - ато) хизмати ҳарбиро бо сарбаландӣ адо намуда, моҳи августи 1971 бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Шуравии Тоҷикистон ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) ба кор фиристода мешавад. Аз соли 1971 то соли 1973 дар вазифаи муаллим, аз соли 1973 то 1975 муаллими калони кафедраи фалсафа кор мекунанд. Соли 1975 бо дархости маъмурияти ДДОК ва роҳхати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Тоҷикистон ба Пажуҳишгоҳи фалсафаи АИ ИҶШС (ш. Москва) барои идомаи таҳсил дар аспирантура (1975-1977) фиристода мешаванд. Дар ин давра бо олимони маъруф ва намоёни соҳаи фалсафа В.А. Лекторский (сармуҳаррири маҷаллаи «Вопросы философии»), И.Т. Фролов, Р.С. Карпинская, Г.И. Рузавин, Л.В. Фесенкова, И.К. Лисеев, В.С. Швирёв, И.Н. Смирнов ва дигарон ҳамкории илмӣ-эҷодӣ пайдо менамоянд. Соли 1978 таҳти роҳбарии В.А. Лекторский рисолаи номзадии хешро дар мавзуи «О диалектическо-материалистических основах концепции структурных уровней материалных систем» дифоъ намуда, ба дараҷаи илмии номзади илми фалсафа мушарраф мегарданд. Баъд аз баргаштан ба ДДОК (1978), омӯзгорони ҷавони кафедраи фалсафаро бо файласуфони дар боло зикргардида барои ҳамкории илмӣ-эҷодӣ пайваст менамоянд. Аз байни онҳо файласуфи ҷавони боистеъдод М. Садуллоев (собиқ ноиби ректор оид ба илми ДДК) бо роҳи тайкардаи М.О. Ибодов рафта, бо роҳбарии профессор В.А. Лекторский дар мавзуи «Субъект и объект познания» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа мегардад.

М.О. Ибодов аз соли 1978 то 1980 ба ҳайси декани факултаи забон ва адабиёти рус дифои вазифа намуда, майи соли 1980 тибқи озмун ба Ҷумҳурии Булғория роҳхат гирифта, дар шаҳри София муддати як сол дар Институти фалсафаи ба номи Тодор Павлов таҳсил Менамоянд. Дар ин давра дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ, аз ҷумла декабри соли 1980 дар симпозимуми байналмилалӣ бахшида ба 1000-солагии олим, энсиклопедист, файласуф, табиб, шоир Абуаблӣ Ибни Сино устод М.О. Ибодов бо маърӯзаи илмӣ баромад намуданд. Ҳамзамон бо файласуфони маъруфи булғорӣ Сава Петров, И. Калайков, Т.Я. Сутт ва дигарон ҳамкории бевоситаи илмӣ-эҷодӣ менамоянд. Баъди баргаштан аз Ҷумҳурии Булғория  (1981) то соли 1987 ба ҳайси дотсенти кафедраи фалсафа адои вазифа намуда, солҳои 1987-1989 курси докторантураро дар Институти фалсафаи АИ собиқ Иттиҳоди Шуравӣ мегузаранд. Соли 1991 дар мавзуи «Направленность и прогресс в эволюции живой природы» рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, ба дараҷаи илмии доктори илмҳои фалсафа мушарраф мегарданд. Дар ин замина, аввалин шуда асосҳои фалсафӣ ва методологии дараҷаҳои сохтории материяи зиндаро мавриди омӯзиш қарор дода, таърифи мафҳуми «самтнокӣ»-ро пешниҳод намуда, онро бо дарназардошти бинишҳои нави фалсафӣ ҳамчун категорияи фалсафӣ шарҳу тафсир додаанд.

Солҳои 1990-1993 ба ҳайси мудири кафедраи фалсафаи ДДОК адои вазифа намуда, аз декабри соли 1993 ба вазифаи муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ таъйин гардида, солҳои 1999-2000 ҳамчун муовини ректор оид ба таълиму тарбия фаъолият менамоянд. Фаъолияти якҷояи шуъбаи таълиму тарбия дар давоми солҳои 2000-2005 дар донишгоҳ ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки мавҷудияти воқеии муовини ректор оид ба тарбия талаботи рӯз мебошад. Аз ин хотир, бо пешниҳоди М.О. Ибодов шуъбаи тарбия аз таълим ҷудо мегардад ва профессор М.О. Ибодов вазифаи муовини ректор оид ба таълимро ба зимма мегиранд.

Устод М.О. Ибодов аз соли 2005 то соли 2013 ба ҳайси муовини ректор оид ба таълим иҷрои вазифа намудааст. Дар ин давра тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармонҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузаштан ба Стандарти нави давлатии таълими маълумоти олии касбӣ ба миён омада буд. Бо ташаббусу роҳбарии профессор М.О. Ибодов дар як муддати кӯтоҳ нақшаҳои таълимии нав барои гузаштан ба низоми таҳсилоти кредитӣ таҳия ва дар Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки фаъолияти ҷамъиятӣ-сиёсии профессор М.О. Ибодов низ паҳлуҳои бисёреро дарбар гирифтааст. Ӯ дар давоми 20 сол чаҳор даъват (то моҳи марти соли 2015) вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, 20 сол раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб «Оид ба маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва оила», раиси Шурои тарғибу ташвиқи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб буд. Ҳамзамон устод ду муҳлат аъзои Шурои диссертатсионии Д047.019.02 ва айни ҳол узви Шурои диссертатсионии нави 6D.КОА-089-и назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ мебошанд.

М.О. Ибодов аз декабри соли 2013 то ба имрӯз ҳамчун профессори кафедраи фалсафа ва аъзои Шурои олимони ДДК ба номи А. Рӯдакӣ кору фаъолият намуда истода, яке аз шахсиятҳое ба ҳисоб мераванд, ки осору эҷод ва кору фаъолияташон рамзи ифтихору сарбаландӣ ва худшиносию худогоҳист. Мавсуф чун олим, омӯзгор, ҷамоатчӣ ва инсони ҳалиму мушфиқ тамоми ҳастии худро ба таълиму тарбия ва пажуҳишу таҳқиқ бахшида, сазовори эҳтироми зиёд мебошанд. Хизматҳои шоёни профессор М.О. Ибодов дар соҳаи таълиму тарбия бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1995), ордени «Дӯстӣ» (2000), медали «2700 солагии Кӯлоб» (2006), «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (2009) ва даҳҳо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.

Устод яке аз шахсиятҳои барҷаставу намоён дар соҳаи фалсафаи илм ва масъалаҳои фалсафии табиатшиносӣ буда, ӯро ҳамчун олими дурандеш ҳам дар доираҳои илмӣ-фарҳангии ватанӣ ва ҳам берун аз кишвар хуб мешиносанд. Таҳқиқоти ӯро асосон масоили вобаста ба тамоюлҳои навин дар инкишофи манзараи илмии олам, идеяи таҳаввулотгароии глобалӣ, принсипи антропӣ, синергетизм, назарияи ноосфера, ки мавзуъҳои марказии фалсафаи илм мебошанд, ташкил медиҳад.

Профессор М.О. Ибодов муаллифи 10 монография, 4 дастури таълимӣ-методӣ ва зиёда аз 100 мақолаи илмӣ мебошад. Муҳимтарин осори ӯро монографияҳо: «О диалектико-материалистических основах концепции структурных уровней материальных систем» (Душанде, 1987), «Направленность и прогресс в эволюции живой природы» (Душанбе, 1991), «Экология ва маданият» (Душанбе, 1992), «Ответственность личности перед обществом и окружающей средой» (Душанбе, 1999), «Экологическое образование и воспитание студентов» (1999), «Такмили ҷараёни таълиму тарбияи фанҳои гуманитарӣ» (Кӯлоб, 2001), «Баъзе масъалаҳои фалсафӣ-методологии манзараи илмии олам» (Кӯлоб, 2019), «Философско-методологический анализ проблем направленности и прогресса в эволюции живой природы» (Душанбе, 2020), «Хусусиятҳои навини инкишофи манзараи илмии олам дар фалсафа ва илми муосир» (Душанбе, 2023) ва ғайра ташкил медиҳанд. Зери роҳбарии ӯ 4 нафар рисолаҳои номзадӣ ва 2 нафар рисолаҳои докторӣ ҳимоя намудаанд. Ҳоло бошад, ҳамчун профессори кафедра роҳбарии илмии муҳаққиқони ҷавон ва мавзуи илмӣ-таҳқиқотии фармоиширо таҳти унвони «Проблемаи таҳаввулотгароии глобалӣ дар фалсафа ва илми муосир» ба уҳда доранд.

Бояд гуфт, ки таҳқиқоти профессор Ибодов М.О. як такяи маънавии инсоният дар замони авҷгирии бесобиқаи зиддиятҳо буда, устод яке аз пешоҳангҳо аз муҳаққиқони ватанӣ дар ҷодаи методологияи диалектикӣ, манзараи илмии олам, пажуҳиши фалсафаи табиат, принсипи антропӣ ва ғояи таҳаввулотгароии глобалӣ мебошанд.

Чунонки маълум аст, инсоният имрӯз бо проблемаҳои глобалии экологӣ, демографӣ, озуқавӣ, тағйирёбии иқлим, ҳифзи саломатии инсон, экстремизм, терроризм, гардиши маводи мухаддир, ҷанг ва сулҳ ва ғайра рӯ ба рӯ гардида истодааст. Дар марҳалаи имрӯзаи инкишофи тамаддуни инсонӣ таҳаввули зисткурраро хатари фоҷиаи ҷанги атомӣ низ таҳдид менамояд. Аз ин рӯ, масъалаи ҳифзи ҳаёт, тамаддуни инсонӣ дар Замин ва зисткурра ба мадди аввал баромада истодааст. Инсони имрӯза, беш аз пеш дарк менамояд, ки танҳо бо афкор ва хиради баланди экологӣ метавонад пайомадҳои ногувори таъсири омили антропогениро ба зисткурра муайян ва пешгирӣ намояд. Пӯшида нест, ки яке аз сабабҳои сар задани проблемаҳои умумибашарии номбурда ин аз тарафи олимон пешгӯӣ нагардидани оқибатҳои манфии кашфиётҳои илмӣ мебошад.

Ҳамчун олими варзида, зарурати гузариши тамаддуни инсониро дар ягонагӣ бо зисткурра (биосфера) ба зинаи нави таҳаввулот ноосфера (курраи хирад) яке аз масъалаҳои муҳим шумурда, қайд менамоянд, ки имрӯз инсониятро мебояд зарурати ин гузаришро аз мавқеи хираднокӣ дарк намояд, вагарна як қадами беэҳтиётона кофист, ки ӯро ба хавфи ҳалокатбор оварда расонад. Хулосаи ин раванд чунин аст: инсониятро зарур аст, ки дар иҳотаи проблемаҳо (мушкилот)-и умумибашарии имрӯза зиндагӣ карданро омӯзад, вагарна ӯ бо қадамҳои беэҳтиётона худро ба нестӣ хоҳад бурд. Тамоюли шаклгирии техносфера (курраи техникӣ) дар бештари самтҳои таҳаввулоти хеш ба заҳролудшавӣ майл гирифтааст ва аз ин сабаб дар оянда ба мавҷудият қодир нест. Бояд ҷомеаи муосир бо роҳи самти нав дар ҳамбастагӣ, ҳамҷӯрӣ ва якнавохтагии инсон бо табиат ва зисткурра пеш равад. Бо суханони дигар, имрӯз зарурати гузариши тамаддуни муосири инсонӣ дар ягонагӣ бо зисткурра (биосфера) ба зинаи нави таҳаввулоти худ-ноосфера (курраи хирад) бавуҷуд омада, робитаи байни инсон ва табиат, ҷомеа ва зисткурра, ҳамтаҳаввулотии онҳо бояд дар заминаи хиради инсонӣ идора карда шавад.

Ҳамзамон масъалаи аз назари ахлоқӣ мавридӣ баррасӣ қарор додани натиҷаҳои таҳқиқотҳо ва кашфиётҳои илми муосирро ба миён мегузорад. Махсусан, дар яке аз таҳқиқоти худ («Философско-методологический анализ проблем направленности и прогресса в эволюции живой природы». – Душанбе, 2020) хулосаҳои муҳимми фалсафиро ҷамъбаст намуда, пешниҳод менамояд, ки танҳо «хирад»-и дар шароити заминӣ бавуҷудомада, барои густариши худ, ҳатто барои мавҷудияти худ бояд аз мавқеи тамошобину мушоҳидачӣ ба иштирокчии бевоситаи тамоюли ҷаҳонии инкишоф табдил ёбад. Ин гувоҳи он аст, ки суоли «Барои чӣ зиндагӣ кард?», ки ҳазорсолаҳо зеҳни инсонро пайгирӣ менамояд, имрӯз ба «Чӣ тавр бояд зиндагӣ кард» табдил ёфтааст.

Бояд гуфт, ки ин масъалаҳое мебошанд, ки бисёр печида буда, танҳо зеҳнҳои ҳақиқӣ ба онҳо метавонанд даст зананд. Дар ин замина, М.О. Ибодов ҳамчун намунаи мустақилияти зеҳнии мутафаккир хулосаҳои асосноки моҳияти ҷаҳонбинӣ ва фалсафидоштаро пешниҳод намудааст, ки гувоҳи зеҳни дараҷаи ҷаҳонист. Профессор М.О. Ибодов, бо масъулияти баланди инсонӣ, тамоми ҳастии худро баҳри рушду равнақ ва манфиати ҷомеа бахшида, дар таҳқиқоти худ кӯшиш намудаанд масоили мураккаби фалсафиро боз карда, баррасӣ намояд. Аз ин бармеояд, ки дар ҷодаи таҳқиқ  профессор Ибодов М.О. чунин як олиме менамоянд, ки дар ӯ ҳатто худи Олам ғунҷоиш ёфтааст.

Айни ҳол устод ба магистрантон, докторантони PhD, аспирантону унвонҷӯён аз фанҳои «Фалсафа ва методологияи илм», «Методологияи таҳқиқоти илмӣ» ва «Таърих ва фалсафаи илм» дарс гуфта, шогирдонро бо масъалаҳои мубрами фалсафа ва илми муосир шинос менамоянд. Таҷрибаи бой ва фаъолияти босамари устод намунаи амалу фаъолият ва як дастурамали зиндагӣ мебошад. Барои ӯ, пеш аз ҳама, дониш ва таҷриба аз ҳама чизи муқаддас буда, шогирдонро дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ, дарку фаҳмиши воқеӣ роҳнамоӣ карда, пайваста шавқу мароқ ва ҳисси кунҷковии онҳоро талаб менамоянд. Устод услуби хоси баёни фалсафиро дошта, ҳангоми баррасии масоили гуногун бо оромиши махсус, шарҳу тафсири илмӣ ва дар сатҳи академӣ суҳбат менамоянд. Ҳамзамон эҳсоси баланди зебоиписандӣ, дидгоҳи хоси эстетикӣ, тарзи ороишу либоспушӣ ва ё як имиҷи хоса дошта, ҳамчун як шахсияти фарзона, хирадманд, некхоҳу хайрандеш ва фарҳехтаи миллат дорои беҳтарин хислату фазилатҳои инсонӣ, самимӣ ва хоксору дилсӯз мебошанд.

Ифтихор аз он дорем, ки дар назди устод ҳаққи шогирдӣ дошта, аз нерӯи маънавии устод баҳравар гашта, ҳамзамон бо ӯ дар як кафедра ҳамкорӣ намуда, аз дунёи илму маърифати ӯ бархӯрдор гардида истодаем.

Камолзода Шодмон, дотсент, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!