,
Шанбе, 27-сентябр
Инсон дар миёни дигар махлуқот ягона мавҷудотест, ки моҳияти вуҷуди хешро дар танҳоӣ ҳеҷ гоҳ ба маънӣ кашида ва дарк кардан имкон надорад. Чун моҳияти ӯ дар робита ва ҳамбастагӣ бо дигарон буда, кӣ будани ӯ ва чӣ мақом доштанашро дар ин олами ҳастӣ метавонад муайян намояд. Аз чӣ гуна устувории ҳамбастагию вобастагӣ доштани ин робитаҳо инсон дар ченаки чунин меъёрҳо ба сатҳи худшиносӣ ва худогоҳӣ мушараф мегардад. Барои маърифат кардани ин меъёру ченак ҳамоно барои инсон вуҷуди шахси дилогоҳ, роҳнамо ва ҳидоятгари фардои дурахшон - Устод зарур аст. Бузургони мо мақому мартабаи устодро аз падар кам намондаанд, ӯро равшангари роҳи фардо, муҳандис ва меъмори руҳу ақли одамизод, тарбиятгари башарият, ҳастии ӯро маънии зиндагӣ мепиндоранд, воқеан чунин ҳам ҳаст.
Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест,
Дар роҳи маънӣ рафиқе беҳатар аз устод нест.
Имрӯз ба худам ҳақ медиҳам, то бо ифтихормандию шарафмандӣ аз наслу насабам, аз устодони азизу муътабарам, аз дабистону таълимгоҳу донишгоҳи азизам каломи шукр баҳри якоякашон намоям. Чунки дар тули марҳилаҳои ҳаёти хеш ҳар кадоми онҳо ҳамчун роҳнамо дасти моро гирифта, дар ҷодаи ҳаёт, илму маърифат ва бинои маънавии мо саҳми арзишмаде гузоштаанд. Хуш ба ҳоли касе, ки дар ин роҳ бо зумраи чунин омӯзгорони ҳирфаӣ вомехӯрад ва зиндагии шоистаро пеша мекунад.
Банда аз он хушбахтоне ҳастам, ки дар обу хоки муҳити фарҳангсолору тамаддунхези бостонии Кӯлобшаҳри азиз парвардаву бузург шудам ва айёми таҳсил дар факултаи “таърих ва филологияи тоҷик”-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ тақдир маро бо иддаи омӯзгорони барҷаста ошно намуд ва ба мо ҳақи устодию шогирдӣ бахшид, ки онҳо роҳи маро дар илму маърифат бо чароғи дониш равшан ва бо меҳру муҳаббати худ дилгарм намудаанд. Аз устодони некзамирам Ш. Сайҷъфаров, А. Маҳмуд, Н. Барот, А. Кучаров, С. Раҳим, С. Чалишев, Ҳ. Солиев, И. Тамлихоев, М. Ғоиб, С. Ёралӣ, А. Алиев, Қ. Сангов, Қодир Р., И.Искандар, А. Абдувоҳидов, Х. Аъзамов, М. Ибодов, Ф. Борон, Ш. Хатлонӣ, С. Мадисоев, Ш. Гулахмедов, Ҳ. Раҷаб, С. Раҷабов, Ф. Юнусова, Р. Бобохонова, Ғуломова С., П. Сайҷаъфарова, Ф. Мирзоева ва дигарон ёдовар шуда, гуфтан мехоҳам, ки аз онҳо танҳо дарси одаму одамгарӣ омӯхтем, ки ин сабақ дар фарозу ноҳамвори зиндагӣ барои мо ба кор омад.
Айёми дониҷӯӣ хуб ёдам ҳаст, ки агар ягон ҳамсабақамон раванди дарсро гоҳе халалдор карданӣ мешуданд, устодони мо бо ишораи шеърӣ рафъи ин ноҷуриро мефаҳмонданд. Бо фарҳангу ахлоқи баланд, бо лаҳни зебои забони адабӣ бо мо муошират мекарданд ва моро низ таъкид мекарданд, ки бо забони ноби тоҷикӣ сухан гӯем ва онро ҳамеша поку беолоиш нигоҳ дорем. Каломи устодон доимо дар ҳушу зеҳни мо шогирдон аст.
Баъди хатми Донишгоҳ ман ҳамчун ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ҳамин даргоҳи маърифат фаъолияти таҳқиқотию таълимии худро оғоз намудам. Сабаби ба фалсафа рӯ овардани ман як дарси пурмуҳтавои устоди ҳамин кафедра шуда буд. Омили асосӣ ва ангезиши аслии ба таҳқиқи фалсафа рӯ овардани ман аз тадрису таълими омӯзгори фанни мантиқи донишгоҳ Шамсиддин Гулаҳмадов сарчашма мегирад.
Рӯзе, зимни дарс, муаллим Шамсиддин Гулаҳмадов як ҳикояи муаммобарангези мантиқиро бо завқу маҳорати баланди омӯзгорӣ нақл кард. Баробари ба итмом расидани нақли устод занги танаффус садо дод ва аз ин рӯ, мазмуни мантиқии ҳикоя нокушода боқӣ монд. Бинобар ин, дар вақти танаффус ман ба назди устод рафтам, то аз мантиқи ҳикоя пурра огоҳӣ пайдо намоям. Устод ба ман нигоҳ карда, чунин таъкид намуд: «Духтарам, агар хоҳӣ, ки маънии аслӣ ва ҷавҳари мантиқии ҳикояи гуфтаи маро дарк намоӣ, фалсафаро омӯз». Воқеан ин маслиҳату раҳнамоӣ дар қалби ман шуълаи омӯзиши ҳикмати фалсафаро афрӯхт ва манро ба ҷодаи пурпечутоби олами фалсафа ҳидоятгар шуд.
Ман ҷонибдори он андешаам, ки рисолати олами фалсафа дар инсонсозӣ аст. Дуруст аст, ки вақте инсон аз модар ба дунё меояд, ҳама имкониятҳояшон баробаранд. Ва вақте дар раванди ҳаёт инсон ба фалсафа рӯ оварда, онро меомӯзад, ӯ аз разолат, ҷаҳолат ва ваҳшоният дур мегардад. Устодони мо мақоми фалсафаро ба ҳайси ҷаҳонбинӣ боло мегузоштанд ва таъкид менамуданд, ки ҳар нафаре фалсафаро биомӯзад аз разолату ҷаҳолат ва ваҳшоният ҳамоно дур гашта, рӯ ба худшиносӣ меоварад. Агар ҳар касе худро шинохт, пас гузаштаи худро мешиносад ва ояндаи худро месозад. Ин аст ҳикмати инсонсозии фалсафа.
Ҳамонгуна, ки адиби номвар Муҳаммад Иқбол ҳикмати ин нуктаро дар риштаи назм чунин фармуда:
Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст,
Дар дами шӯъла фурӯ рафтану нагдохтан аст...
Ҳикмату фалсафаро ҳиммати мардӣ бояд,
Теғи андеша ба рӯи ду ҷаҳон охтан аст...
Фазои кории кафедра барои фаъолият намудани мо ҷавонон бениҳоят ҳукмфармо ва мусоид буд. Дар ҳамкорӣ бо устодони азизамон, ки давраи донишҷӯӣ ба мо дарс мегуфтанд, хеле осону манфиатбахш буд, чун ҳамешагӣ аз машварату роҳнамоияшон баҳраманд будем. Бо эҳтиром ва самимият бо мо муносибат мекарданд. Ҳузур ва суҳбати чунин донишмандон барои мо шабеҳи мутолиаи чандин асарҳоро мемонд.
Дар он солҳо мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносиро устоди зиндаёди мо-номзади илмҳои фалсафа, дотсент Абдулвоҳидов Саттор ба зимма доштанд. Ин шахсият инсони серталаб, принсипнок, сахтгир ва бениҳоят хайрхоҳ буданд. Барои рушд намудани мо ҷавонон ҳамеша дастгиру мададрасон ва роҳнамо буданд, то дар пешаи интихобнамудаи хеш муваффақ гардем.
Ин зумра устодон сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф сарбаландона пеш мебурданд. Ёд дорам, ки ҳанӯз дар давраи донишҷӯ буданамон, 23-юми майи соли 1997, дар вохӯрӣ бо ҷавонони кишвар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид доштанд: “Фақат шахсият қодир аст ба ташаккул ва пешрафти шахсияти дигар таъсир расонад. Фақат муҳити одоб метавонад фазои ахлоқии ҷомеаро солим, мукаммал ва устувор гардонад”.
Устоди азизи мо Абдулвоҳидов С. аз зумраи чунин шахсиятҳои хайрхоҳу некзамир буданд, ки чунин сифатҳои ӯро роҳбарияти ҳамон вақтаи Донишгоҳ ба назар гирифта, вазифаи раиси Иттифоқи касабаи кормандонро ба ӯ вогузор намуда буданд. Устод Абдулвоҳидов С. дар ин вазифа низ боадолатона масъулияташонро иҷро менамуд, ки аз кумаку дастгириҳои пайвастаи эшон тамоми устодону донишҷӯёни ин даргоҳи маърифат баҳравар мегардиданд.
Абдулвоҳидов Саттор 2-юми майи соли 1947 дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон, дар хонадони хизматчӣ ба дунё омада, 10-уми июни соли 2021 сол дар шаҳри ш.Кӯлоб аз дунё гузаштанд. Абдулвоҳидов С. - файласуф, номзади илмҳои фалсафа (1982), дотсент (1991), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1978), хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1969) буд. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи №16 ба номи А.С.Макаренкои ноҳ.Кӯлоб фаро гирифтааст. Муаллим ба сифати ассистент (1969-1974), муаллими калони ИДПК (1974-1991), аспиранти кафедраи фалсафаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ, 1977-1979) фаъолият намудааст. Рисолаи номзадии хешро дар мавзуи «Барҳам додани фарқияти иҷтимоӣ-психологии синфҳо - омили табдилёбии якҷинсии ҷамъияти шуравӣ» соли 1982 зери роҳбарии доктори илмҳои фалсафа, профессор Наврӯзов Султон Наврӯзович дифоъ намудааст. Баъдан дар вазифаи мудири кафедраи фалсафа (2004-2013) ва дотсенти кафедраи фалсафа ва ҳамзамон раиси иттифоқи касабаи омӯзгорон ва кормандон (2013-2016) фаъолияти босамар намудааст.
Хизматҳои шоистаи устод Абдулвоҳидов Саттор аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Вазорати маориф ба мукофоти давлатӣ ва соҳавӣ, бо медали «Рӯзи КМ СССР барои ташвиқу тарғиботи идеологӣ» (1995) ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1978) қадрдонӣ гардидааст.
Абдулвоҳидов С. муаллифи беш аз 350 асару мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ мебошад. Фаъолияти илмию эҷодии ӯ гуногунҷанбаъ буда, тадқиқ ва омӯзиши масъалаҳои фалсафӣ-иҷтимоиро дарбар мегирад. К вопросу об особенностях изменения психологии крестьянства в условиях некапиталистического развития //Материалы республиканской научно-теоретической конференции молодых ученых и специалистов Таджикистана. Душанбе, 1979; Основные тенденции социально-психологического сближения рабочего класса и колхозного крестьянства. //Коммунисти Тоҷикистон, 1980, №8; Сотсиология (китоби дарсӣ). Душанбе, 2012; Вольнодумство и свободомыслие Востока. Куляб, 1988; Человек в современном мире. Куляб, 1989; Доир ба Монию Маздак. //Аз Авесто то Ҳамадонӣ. 1994; Мақсад ва моҳияти ҳаёти инсон воситаи муҳими фаъолгардонии ҷараёни таълим. Кӯлоб, 2001; Проблемаи ҳақиқат дар фалсафаи Носири Хусрав, тафаккури пешқадами башарӣ. Қӯрғонтеппа, 2003 ва ғ.
Устоди азиз, Абдулвоҳидов Саттор то лаҳзаҳои вопасини умри хеш дар пешбурди илм ва омода намудани мутахассисони варзида кӯшиши зиёд ба харҷ додааст, ки ин хизматҳои шоёни ӯ барои ин миллат мондагор хоҳад буд. Мутаассифона, устоди зиндаёди мо имрӯзҳо бо мо нестанд, аммо меҳри ба илму дониш парваридаи эшон дар қалбҳои ҳамкорон, шогирдон ва дӯстону наздиконаш абадӣ боқист. Руҳашон шод бошад!
Абилзода Гуландом Сардор-номзади илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ