,
Шанбе, 27-сентябр
Замони донишҷӯиро давраи тиллоии умр гӯем, хато намекунем. Бо ҳама шебу фароз, пастию баландӣ ва мушкилиҳои ҷойдошта лаҳзаҳои хотирмон дорад. Агар як лаҳзаи он бо ҳамкурсону дӯстон сипарӣ гардад, лаҳзаи дигар раванди таълими дарси омӯзгорон буд. Ҳар яке аз онҳо бо технологияи баланди педагогӣ дарсро гузаронида, бо баҳсҳои илмӣ миёни донишҷӯён маъруфияти дучанд касб намуданд. Донишҷӯён нағз медонистанд, ки дар кадом фанни таълимӣ баҳсҳои илмӣ сурат мегираду омӯзгорон тариқи далелҳои илмӣ ҷавоб медоданд.
Дар миёни ин гурӯҳи омӯзгорон барои мо донишҷӯён машғӯлиятҳои назарӣ ва амалии устодони сухан, ки воқеан қобили ситоишу васф ва ифтихори мо буд, дарсҳои устодон Алиев Аҳмад, Мирзоев Ғоиб, Раҳимов Саид, Тамлихоев Иззатулло, Сангов Қаюм, Содиқов Ёралӣ ва монанди инҳо ба шумор мерафт.
Ин гурӯҳи забоншиносон дар миёни шогирдон қадру манзалати баланд доро буда, дар ҷомеа низ мақоми махсусро доштанд ва то имрӯз бо суханҳои нек фаъолияти гусутурдаашон дар ёди мо-шогирдон ва доираи васеи хонандагон боқӣ мондааст. Забоншиноси маъруф, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик ва журналистика- Алиев Аҳмад Қурбонович, аз зумраи забоншиносоне ба шумор мерафт, ки дар олами илм ситораи дурахшону қутбнаморо ба хотир меорад.
Агар ба корномаи илмии дотсент Аҳмад Алиев (руҳашон шод бод) назар намоем аён мешавад, ки дар пешрафти илми забоншиносии тоҷик саҳми арзанда гузоштааст ва умри мубораки хешро дар пайи омӯзишу пажуҳиш, таълифи китобу мақолаҳо ва таълиму тарбияи шогирдон гузаронидааст.
Дар рафторашон хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, сахтгирӣ, хоксорӣ, адолатпешагӣ бараъло эҳсос мешуд. Яке аз хислатҳои дигари устод Аҳмад Алиев маҳорати хуби ҳозирҷавобӣ ва нақл кардани латифаҳои халқӣ буд. Дар суҳбатҳо бо сабку услуби гуфторашон боз ба маҷолис ҳусну қубуҳи тоза зам мекард. Масъулиятнокӣ дар фаъолияти кориашон хуб эҳсос мешуд. Худро ҳаргиз донишманд намудор намекард, лекин донишу маҳорати баланди ӯро дар аввалин дидор фаҳмидан мумкин буд. Дар давоми 8 соле, ки зери роҳбарии ӯ ба навиштани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул будам, боре дар ҳолати асабонӣ ва ғамгинӣ ӯро надида будем. Вақтро самаранок истифода намуда, ҳамеша мутолиа мекард. Дар ҳамаи бахшҳои забоншиносӣ дониши кофӣ дошта, аз фанни «Хат ва имлои матни классикӣ» дарс медод. Ҷолибияти дарси устод барои мо шогирдон он буд, ки хатти зебои устод дар тахтаи синф то дарси оянда боқӣ мемонд. Гоҳ-гоҳ ҳамкурсон бо шухӣ мегуфтанд, ки устод Алиев Аҳмад хати зебо дошта, аз хатти настаълиқ, ки «арсуи хатҳои форсӣ-зеботарин ва бадеътарин хат» эътироф мешуд, зеботар аст.
Замоне ба беморӣ гирифтор шуд. Дар давоми маризиашон низ масъулияти баланди роҳбарӣ, ки ба ҳайси мудири кафедраи забони тоҷикӣ фаъолият дошт, аз даст надода буд. Хуб дар ёд дорам, ки охирин маротибае, ки ба утоқи кориашон омаданд, рӯзи 24-уми июни соли 2016 буд. Он лаҳзаҳо ҳеҷ аз хотирам намеравад, зеро охирин дидор ва суҳбати ман бо устоди меҳрубонамон буд. Бисёр бемадор буд ва то поёни Донишгоҳ худро чунон вонамуд намуд, ки дигарон эҳсоси бемории ӯро дарк накунанд. Суханҳои охирин ва пандҳои устод то имрӯз дар хотирам ҳаст. Ҳамеша таъкид мекард, ки «барои вазифа гирифтан ҳеҷ вақт кушиш накунед, фаъолияти Шумо пеши роҳбарияти Донишгоҳ ва муассисае, ки оянда кор мекунед, аён аст. Аз ҳамин зинаи лаборанти кафедра корро оғоз намуда, зина ба зина ба вазифаҳои дигар гузаред, хуб аст».
Сари таъзим меорам ба номат ман,
Ки аз ту гаштаам шогирди доное.
Ки аз ту гаштаам умре ба қиммат дар ҳама ҷое,
Ки аз ту фахр дорам ман, ки буди солҳо омӯзгори меҳрафзое.
Алиев А.Қ. баъди хатми Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) соли 1970 бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи забони тоҷикӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар тули фаъолияти корӣ Аҳмад Алиев худро ҳамчун мутахассиси хуби соҳаи забоншиносӣ нишон дода, аз фанҳои таърихи забони тоҷикӣ, услубшиносӣ, назарияи луғатнигорӣ, хат ва имлои матни классикӣ, забони адабии муосири тоҷикӣ ва маданияти нутқ дарс мегуфт. Ҳар як лаҳзаи дарси устод дар хотири шогирдон чун нақш дар сангро мемонд.
Дар фаъолияти илмии худ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии зиёд даст зада, соли 1997 дар мавзуи «Хел ва воситаи алоқаи калимаҳо дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» зери роҳбарии Абдулғанӣ Мирзоев рисолаи илмии худро дифоъ намудааст. Муаллифи як монография ва беш аз 200 мақолаи илмӣ ва илмию методӣ мебошад.
Ҳамаи ин таҳқиқоти арзишманди устод, боиси баланд шудани обрӯй ва сазовор шудани ӯ ба дараҷаю унвонҳои баланди илмӣ, медалу ифтихорнома, аз қабилӣ: медали ҷашнии «ХХ соли Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ»-и солҳои 1941-1945» (1965, Москва), Ифтихорномаи Комитети Марказии комсомоли Ҷумҳурии Тоҷикистон (1967, Душанбе), Ифтихорномаҳои Комитети Марказии комсомоли умумииттифоқӣ (1968, Москва), Ифтихорномаҳои КМ ВЛКСМ (1968), нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2002, Душанбе), Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2007), Ифтихорномаи раиси шаҳри Кӯлоб (2014) ва ғайра гардиданд.
Устод иштирокчии нахустини слёти умумииттифоқии барандагони стипендияҳои номӣ дар шаҳри Москва (1968), «Ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ» (1974) буда, ба ҳайси омӯзгор, муаллими калон, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1970-2004), аспиранти Институти забон ва адабиёти АИ ҶТ (1984-1985), мудири кафедраи забони тоҷикии Коллеҷи омӯзгории назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1999-2004), мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2004-2012) фаъолият намудааст.
Солҳои тӯлонӣ раиси татбиқи Қонуни забон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буд.
Ба қалами ӯ таълиф ва таҳрири беш аз 200 асару мақолаи илмӣ тааллуқ дорад. Таҳқиқоти илмиаш ба таҳлилу таҳқиқи анвоъ ва васоити алоқаи калимаву ҷумлаҳо дар забони адабии тоҷикӣ ва насри асри XVI бахшида шудаанд.
Хуш он кас, ки кораш накӯӣ бувад,
Ба некӯ бадаш некхӯйӣ бувад
Чи дар вақти мурдан, чи дар зиндагӣ,
Бувад рӯзгораш ба фархундагӣ.
Муҳаққиқони бахши забоншиносиро агар нукоти фарроху муншикофонаи донишманд ба худ ҷалб карда бошад, мо шогирдону дӯстдорони каломи модариро инсонияти баланду хоксории эшон тасхир карда буд. Воқеан, устод дили ҳар касро ба даст оварда, яке аз он кас асосҳои илми забоншиносӣ аз бар мекард, дигаре бо роҳнамоии эшон масъалаи печидаи нозуки илмро мекушод, севумӣ бо кумаки ин марди накӯном мушкилоти ногаҳонии рӯзгори хешро бартараф месохт. Ӯ дар шоҳроҳи илм шахси шинохтае буд, ки сабки хосаи таҳқиқ дошту мактаби нави забоншиносиро дар Донишгоҳ бунёд гузошт.
Устод дар байни коллективи омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журналистика ва Донишгоҳ обрӯю эътибори хосса дошт ва номи неки ӯ ҳамеша вирди забон хоҳад монд. Ӯ инсони комил, фурӯтан, инсондӯсту дурандеш буданд, суҳбаташон гуворо ва дилнишин буд. Кас ҳеҷ гоҳ дар ҳузури эшон худро нороҳат ҳис намекард ва бо як суҳбат гумон мекардед, ки солҳо бо он кас наздику ошно ҳастед. Дар муҳовараҳои муқаррарию одӣ, кас аз устод ҳам панди зиндагӣ ва ҳам ҳунари касбӣ меомӯхт. Устод дар тӯли зиёда аз 13 сол мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳро ба уҳда дошт.
Гарчи моро сею чору панҷ дод,
Ӯ ба дасти мо калиди ганҷ дод.
Гар замона буд бо ӯ бевафо,
Гарчи даврон дод ӯро бас ҷафо.
Қадри ӯ аз симу зар болотар аст,
Ҷовидонӣ дар дили мо гавҳар аст...
Руҳатон шоду охиратат обод бошад, устоди азизу меҳрубон!!!
Рустамшозода Шаҳбоз, директори филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб