, Шанбе, 27-сентябр

ИСТИҚЛОЛИЯТ – ЗАМИНАИ РУШДУ ШУКУФОИИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН


ИСТИҚЛОЛИЯТ – ЗАМИНАИ РУШДУ ШУКУФОИИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

(бахшида ба 27 сентябр - Рӯзи умумиҷаҳонии туризм)

Таваҷҷуҳи сайёҳони ҷаҳон аз нигоҳи туризм ба он кишварҳое равона гардидааст, ки мероси бою пурғановати фарҳангӣ, таърихӣ ва табиӣ, инфрасохтори рушдкардаи сайёҳӣ доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин миён ба дастовардҳои беандоза зиёди мероси фарҳангӣ, таърихӣ ва табиӣ набояд дар канор монад. Бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва тинҷиву осудагии Тоҷикистони биҳиштосо имрӯз дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат пешравиҳо ба чашм мерасад, ки ин ҳама аз самараи Истиқололият ва ваҳдати милли кишвар аст. Мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки бо талошҳои хастанопазир, сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари рӯ ба суи пешрафту тараққиёт бо таъриху тамадуни қадима, фарҳангу табиат ва анъанъаҳои қадимаи миллии яке аз кишварҳои иқтидори бузурги сайёҳидошта муарифи гардидааст. Тоҷикистон бо табиати дилфиребу қуллаҳои осмонбӯс, дарёҳои хурӯшон ва обҳои мусаффо, чашмаҳои дармонбахшаш биҳишти рӯйи заминро мемонад. Табиати биҳиштосои ватанамон аз назари сайёҳон пинҳон намемонад.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, туризмро яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ ном мебарад. Ин беҳуда нест. Зеро дар қаламрави Тоҷикистон 900 геокомплекси табиӣ бо 40 намуди ландшафт мавҷуд аст. Мавҷудияти ёдгориҳои таърихию меъморӣ ва иқлими мӯъҷизаосои табиати кишварамон ба мо имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон якчанд намуди бахшҳои туризмро инкишоф диҳем.

Соҳаи сайёҳӣ дар ҷуҳурии мо сол то сол рушд карда истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 аъзои комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳони Туристӣ гардидааст, ки дар ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ 158 давлати ҷаҳон аъзо мебошанд ва ҳамасола барои рушуду такомули ин соҳа давлатҳои шомил буда, дар самтҳои гуногуни туризм семинару машварат ва конфронсу гирдиҳамоиҳои махсус мегузаронанд, ки ҳар яки ин вохўриҳо албатта такони ҷиддие баҳри афзалияти кори сайёҳӣ ба шумор меравад.

Аъзо шудани Ҷумҳури Тоҷикистон ба ин созмони бонуфўз ба мо имконият медиҳад, ки ҳарчӣ бештар муаррифии мавзеъҳои сайёҳӣ ва бо ширкатҳои сайёҳии мамлакатҳои хориҷӣ ҳамкориро ба роҳ монем.

Бо ташаббуси Пешвои миллат Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» таҳия ва қабул гардид.

Ҳадаф аз қабули қонун фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги сайёҳии ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон оид ба таъриху тамаддун, урфу одатҳои миллӣ, дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ва тақвияти рушди инфрасохтори сайёҳӣ мебошад.

Инчунин, бо мақсади рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ, танзими давлатӣ, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби бештари сармоя, ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои соҳа ва андешидани чораҳои иловагӣ соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Инчун бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, соли 2018 дар кишвар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуданд.

Барои таъмини бехатарии сайёҳон аз соли 2018 инҷониб дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи милитсияи сайёҳӣ фаъолият намуда истодааст, ки ин таҷрибаи давлатҳои аз лиҳози сайёҳӣ рушдкарда мебошанд. Ҳамкорӣ ва робитаи мустақим миёни ин шуъба ва ширкатҳои сайёҳӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар таъмини дархостҳои сайёҳон саҳми бориз дорад.

Ҷиҳати ҳимояву дастгирӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа аз тарафи Ҳукумати мамлакат дар солҳои охир иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуд. Имкон дод, ки шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ сол аз сол зиёд гардида, ҳоло дар як сол аз ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 1,5 млн сайёҳ дидан намуда истодаанд. Самтҳои фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ба танзим дароварда шуда, шумораи онҳо мутаносибан зиёд гардида истодааст.

Бо мақсади дастгирии давлатии соҳаи сайёҳӣ аз 1 январи соли 2017 воридоти таҷҳизоту техника ва маҳсулоти сохтмонии иншооти сайёҳӣ (аз ҷумла, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ), ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда аст, аз боҷи гумрукӣ ва андозҳо озод гардиданд, инчунин, даромад аз фаъолияти сайёҳии субъектҳои соҳибкорӣ ба муҳлати 5 сол аз санаи бақайдгирии давлатӣ аз андоз аз фоида озод карда шуданд.

Бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона, рушди ҳунарҳои мардумӣ, такмил додани меҳмонхонаҳои сарироҳӣ ва фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ аз 1 январи соли 2018 аз пардохти ҳама намуди андоз озод карда шуданд. Ин ба он оварда расонид, ки инфрасохтори деҳот такмил ёфта, аҳолӣ бо ҷойи кор таъмин ва даромад аз фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ зиёд ва соҳаи хизматрасонӣ беҳтар гардад.

Дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат соҳаи сайёҳӣ пайваста рушд ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самти муҳими стратегӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуд ва дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯю эътибори хосса гардид. Дар феҳристи Юнеско шомил гардидани объектҳои табиӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ, ба монандӣ: чакан, фалак, қалъаҳо ва хӯрокҳои миллӣ аз ҷумлаи хизматҳои хастанопазири Пешвои миллат ба ҳисоб мераванд, ки заминаи асосии ташаккулдиҳии соҳаи сайёҳӣ мансуб меёбанд.

Дар баробари ин пойтахти ҷумҳурии азизамон - шаҳри Душанбе ҳамчун дарвозаи асосии қабули сайёҳон ва садҳо ҳазор меҳмонони хориҷӣ ҳамасола рисолати худро барои сайёҳоне, ки ба самти Бадахшон, манзараҳои зебову дидании минтақаи Хатлону Зарафшон, Ромит ва Варзоб равонаанд, ба нуқтаи истиқомати бароҳату фароғатӣ табдил додааст.

Сол аз сол мавқеи кишварамон дар самти соҳаи сайёҳӣ баланд гардида истодааст. Мисоли ин гӯфтаҳо, мувофиқи рейтинги ҷаҳонии кишварҳо оид ба хулосаи сомонаву шабакаҳои байналмилалӣ дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии шабакаи иҷтимоии «Globe Spots» Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои саёҳати саргузаштӣ ҷой гирифтааст.

Пайваста дар рӯзномаҳою маҷаллаҳои сатҳи байналмилалӣ мақолаҳо оид ба рушди соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ нашр мегарданд. Дар маҷаллаи ТОП-100 дар соли 2015 пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини шабона ворид гардид. Тибқи таҳлилҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид, Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари сайёҳиаш дар ҳоли рушд қарордошта муайян гардидааст. Инчунин соли 2025 дар байни 144 давлати ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати бехатарии сайёҳон ҷои дуюро соҳиб гардид.

Бо ифтихор ва қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ҳамаи ин пешравию дастовардҳо дар рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон натиҷаҳои дастовардҳои фараҳманду арзишманди даврони истиқлолият, шоҳкориҳою фидокориҳо ва сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои миллат мебошад.

Ҳоло Тоҷикистон бо ибтикору дастгирӣ ва заҳматҳои доимии Пешвои миллат ва бо саҳмгузории пайвастаи сокинони шарафманди мамлакат ба кишвари воқеии сайёҳиву фароғат табдил ёфтааст.

Рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти фаровон дорад, мо боварӣ дорем, ки ин соҳа дар оянда ба яке аз соҳаҳои афзалиятноки хоҷагӣ табдил хоҳад ёфт.

Каримҷони Музаффар, ассистенти кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!