, Шанбе, 27-сентябр

ИНСОНИ ВОЛОГАВҲАР ВА ОЛИМИ СОҲИБҶАВҲАР


ИНСОНИ ВОЛОГАВҲАР ВА ОЛИМИ СОҲИБҶАВҲАР

Корҳо рост кунад оқили комил ба сухан,
Ки ба сад лашкари ҷаррор муяссар нашавад.

Олим, донишманд, омӯзгор ва устод шахсонеанд, ки ҷомеаро ба пеш мебаранд, созандаву эҷодкоранд ва миллату халқро дар саҳнаи ҷаҳонӣ муаррифӣ месозанд. Онҳо ҳамчун чароғи равшани роҳи ҷомеа хизмат мекунанд ва бо заҳмати шабонарӯзии худ на танҳо илму донишро ба насли ҷавон меомӯзонанд, балки инсониятро ба сӯи маърифат, адолат ва комёбиҳои нав раҳнамоӣ менамоянд. Ба чунин ашхос касоне месазанд, ки шогирдони сазоворро тарбия намуда, дар тӯли умри пурбаракати худ номи нек ба ёдгор бигузоранд ва пас аз худ мероси гаронбаҳоеро боқӣ монанд, ки барои ояндагон намунаи ибрат гардад.

Вақте сухан аз олим, донишманд, омӯзгор ва устод меравад, мехоҳем чанд сухане дар бораи зиндагӣ ва осори шахсияти барҷаста - Ислом Ғуломов баён кунем, ки дар илму маорифи тоҷик нақши арзандаву созгор дорад. Ӯ на танҳо олими варзида ва донишманди сатҳи олӣ, балки омӯзгори асил, математики бонуфуз ва методисти шинохта маҳбуби ҳамагон аст. Ислом Ғуломов бо меҳрубонӣ ва сахтгириаш миёни шогирдон ва ҳамкорон маъруфият пайдо карда, тавонист бо заҳмати хастанопазир наслҳои зиёдеро ба роҳи илму маърифат раҳнамоӣ намояд.

Давраи кӯдакӣ ва наврасии Ислом Ғуломов ба замоне рост омад, ки ҷомеа рӯзгори бисёр душворро аз сар мегузаронд. Замони пас аз ҷанг бо мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳамроҳ буд, аммо ин ҳама монеаҳо наметавонистанд иродаи қавӣ ва орзуҳои бузурги ӯро шикананд. Ӯ аз рӯзҳои нахустини таҳсил дар мактаб нисбат ба илму дониш шавқу рағбати беандоза нишон медод. Мактаб барои ӯ танҳо ҷойи таҳсил набуд, балки макони муқаддас ва маъбади маърифат буд, ки ӯро ба сӯи қуллаҳои мурод ва комёбиҳои бузург раҳнамоӣ мекард.

Пас аз хатми мактаби 7-сола, Ислом Ғуломов таҳсилро дар омӯзишгоҳи равшаннамоии собиқи ноҳияи Ленин идома дод. Дар давраи таҳсил ӯ ҳамеша дар сафи пешсафони донишҷӯён қарор дошт ва бо масъулиятшиносӣ ва заҳмати зиёд тавонист ба муваффақияти назаррас ноил гардад. Омӯзгорон ва ҳамсабақонаш аз истеъдоду заҳмати ӯ қаноатманд буданд ва ӯро ҳамчун намунаи ибрат мешинохтанд.

Пас аз хатми омӯзишгоҳ, солҳои 1956-1958 Ислом Ғуломов дар ноҳияи Темурмалик ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёт фаъолият намуд. Ин давра барои ӯ на танҳо оғози фаъолияти омӯзгорӣ, балки марҳилаи таҷрибаомӯзӣ ва қувватбахшии ҳунари таълимдиҳӣ буд. Маҳз дар ҳамин солҳо ӯ муҳаббати худро нисбат ба омӯзгорӣ ва масъулияти бузурги ин пеша боз ҳам амиқтар дарк намуд.

Ислом Ғуломов ҳамеша ба мутолиаи китобҳои гуногун машғул буд ва ин одат ӯро ба сӯи ҷаҳони васеи дониш ва илмҳои дақиқ раҳнамоӣ кард. Шавқи беандозаи ӯ ба омӯзиш соли 1958 ӯро ба факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб бурд. Омӯхтани илмҳои дақиқ осон набуд, вале меҳри беканори ӯ ба илм ва иродаи қавияш ӯро водор мекард, ки бо тамоми душвориҳо мубориза барад ва дар ин роҳ қадам ба қадам ба комёбӣ расад.

Солҳои 60-уми асри гузашта барои донишҷӯён замоне буд, ки масъулияти зиёд бар дӯши онҳо гузошта мешуд: дар баробари таҳсил, корҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ низ талаб мешуд. Бо вуҷуди ин, Ислом Ғуломов аз ҳеҷ як мушкилот наҳаросид ва ҳамеша дар пешсаф буд. Ӯ имтиҳонҳоро бо баҳои аъло месупорид ва дар тадқиқоти илмӣ фаъолона ширкат меварзид. Дақиқкорӣ ва саҳеҳназарии ӯ имкон дод, ки дари дунёи беканори илми дақиқ ба рӯяш боз гардад ва ӯ ҳамчун муҳаққиқи ҷавон ба арсаи илм ворид шавад.

Соли 1960 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба филиали Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе табдил ёфт ва донишҷӯёни курси сеюм, аз ҷумла Ислом Ғуломов, таҳсили худро дар пойтахт идома доданд. Душанбе дар он давра ба маркази асосии илму фарҳанги ҷумҳурӣ табдил ёфта буд ва маҳз ҳамин муҳит ба Ислом Ғуломов имконият дод, ки дониш ва ҷаҳонбинии худро боз ҳам густариш диҳад. Ӯ худро чун моҳие эҳсос мекард, ки дар баҳри васеи дониш шино мекунад ва барои фатҳи мавҷҳои нав қувват мегирад.

Пас аз хатми донишкада соли 1963, бо роҳхати Вазорати маориф ӯ ба мактаб-интернати ноҳияи Ҳисор фиристода шуд. Дар он ҷо, дар баробари фаъолияти таълимӣ ва тарбиявӣ, мустақилона ба корҳои илмӣ ва эҷодӣ машғул гардид. Ӯ ҳамеша мекӯшид, ки таҷрибаи амалӣ ва таҳқиқоти илмиро ҳамоҳанг намуда, донишу маҳоратро такмил диҳад. Пас аз як соли фаъолият, ӯро ба Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб даъват намуданд, ки ин воқеа барои пешрафти фаъолияти касбии ӯ нақши бузург бозид.

Бо заҳмати пайваста ва натиҷаҳои назаррас, баъди чор соли фаъолияти босамар Ислом Ғуломов тавонист ба аспирантураи назди Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шавад. Дар ин давра ӯ на танҳо таҳсил мекард, балки ду китоб низ таълиф ва нашр намуд: яке «Масъалаҳои мунтахаби ҳисоббарорӣ» ва дигаре «Унсурҳои ҳалли баъзе масъалаҳои мантиқӣ» (ҳарду соли 1970). Ин китобҳо барои омӯзгорон ва донишҷӯёни соҳаи математика дастури гаронбаҳо ва манбаи муҳими омӯзиш гардиданд.

Дар тӯли умри пурбаракаташ, устод Ислом Ғуломов асарҳои зиёде таълиф намуд, ки наслҳои зиёди муҳаққиқон ва дӯстдорони математика аз онҳо баҳра гирифтанд. Китобҳо ва мақолаҳои ӯ на танҳо омӯзишро осонтар карданд, балки шавқ ва завқи илмиро дар миёни хонандагон бедор намуданд.

Воқеан, профессор Ислом Ғуломов бо асарҳои илмӣ ва тадқиқоти арзишманди худ дар илми математика, махсусан дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон, саҳми бузург гузоштааст. Осори ӯ, ки бо забони равону сода ва услуби ба худ хос таълиф шудаанд, дарҳои нави фаҳмиш ва омӯзиши фанни математикаи муосирро боз намудаанд. Китобҳо ва дастурҳои ӯ на танҳо барои омӯзгорон ва донишҷӯён манбаи муҳими дониш гардиданд, балки ба баланд бардоштани сатҳи тахассусии омӯзгорони математика низ мусоидат карда истодаанд.

Устод пайваста мекӯшад, ки роҳи таълиму тадриси фанни математика осон, фаҳмо ва дастрас бошад. Ӯ на танҳо ба таҳқиқи масъалаҳои назариявӣ машғул аст, балки ба таври амалӣ роҳу усулҳои самараноки омӯзишро пешниҳод мекунад. Китобҳои таълифкардаи устод бештар ба методикаи таълими математика бахшида шуда, роҳҳои баланд бардоштани тахассуси омӯзгоронро васеъ ва мушаххас инъикос менамоянд.

Соли 1972 Ислом Ғуломов таҳти роҳбарии олими машҳури шуравӣ, доктори илмҳои педагогӣ ва ходими калони илмии Донишкадаи таҳқиқоти илмҳои педагогӣ ва психологии Иттиҳоди Шуравӣ, профессор Л.М. Фридман, рисолаи номзадиро дар мавзуи «Ташкили машғулиятҳои инфиродӣ-мустақилонаи донишҷӯён ҳамчун омили баланд бардоштани тайёрии касбии онҳо» бо муваффақият дифоъ намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои педагогӣ гардид.

Дар он солҳо иқтидори илмии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) баланд набуд. Устодони дорои дараҷаҳои илмӣ ангуштшумор буданд ва муассиса ба олимони воқеан соҳибихтисос ниёзи шадид дошт. Дар чунин шароити масъулиятталаб, Ислом Ғуломов ба вазифаи декани факултети физика ва математика таъин гардид. Ӯ дар ду давра - солҳои 1972-1973 ва 1976-1981 ин вазифаро бар уҳда дошт ва бо масъулиятшиносӣ рисолати худро ба таври шоиста иҷро намуд.

Бо ташаббус ва заҳмати устод, факултети физика ва математика ба яке аз сохторҳои пешсафи донишкада табдил ёфт. Ӯ масъалаи омода кардани кадрҳои баландихтисосро шахсан зери назорат гирифта, барои тарбияи насли нави донишмандон ва омӯзгорони варзида заминаи мустаҳкам гузошт. Бо дастгирии ӯ ҷавонони боистеъдод имконияти рушди илмӣ ва касбӣ пайдо карда, ба кори пуршарафи омӯзгорӣ ҷалб гардиданд.

Ҳангоми фаъолият дар вазифаҳои масъулиятнок, устод барои боло бурдани неруи илмии донишкада хизмати арзанда намуд. Ӯ робитаҳои илмиро бо марказҳои бонуфузи ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он роҳандозӣ кард. Дар ин раванд, устод бо олимони шинохтаи замон ҳамкорӣ дошт, аз ҷумла бо профессор Л.М. Фридман аз Маскав, академики АИ ҶТ А. Ҷӯраев аз Душанбе, профессор Л.А. Ануш-Каузкасс аз Новосибирск, дотсент М.М. Масохин аз Санкт-Петербург, академик С. Одинаев ва профессор Х.У. Осимов аз Душанбе, инчунин Х.П. Забрейко аз Минск ва дигарон.

Ин ҳамкорӣ имкон дод, ки сатҳи корҳои илмии устодон ва донишҷӯёни факултет баланд гардад. Дар ин давра омӯзгорони соҳибистеъдод ба корҳои илмӣ фаъолона ҷалб шуданд. Аз ҷумла, саҳми омӯзгорон Исроилов С., А. Ниматов, Д. Ҷалилов, А. Исматуллоев, Т. Маҳмудов, В.П. Пазина, О. Ҷӯраев, Қ. Салимов, Ҳ. Шукуров, Ф. Шамсудинов, А. Пирназаров, Н. Шарипов, С. Тағайназаров, С. Абдураҳимов ва Э.Ш. Зарипов дар рушди илмии факултет назаррас буд.

Ислом Ғуломов олими сермаҳсул аст. Ӯ ҳамасола даҳҳо мақола, дастурҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ таълиф ва нашр мекунад. Асарҳои ӯ ҳамеша ба эҳтиёҷоти замон ҷавобгӯ буда, ба хонандагон дастрас ва фаҳмо мебошанд. Бо дарназардошти фаъолияти илмии ӯ, соли 1991 Комиссияи олии аттестатсионии СССР (ВАК) бе ҳимояи рисолаи докторӣ ба устод унвони баланди илмии профессор дод, ки нишони эътирофи мақоми ӯ ҳамчун олими сатҳи олӣ мебошад.

Устод имрӯз низ ба тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи махсус медиҳад ва барои онҳо на танҳо омӯзгор, балки роҳнамо ва илҳомбахш аст. Паҳлуҳои гуногуни мавзуи илмӣ-таҳқиқотӣ – тайёрии касбии омӯзгорони фанни математика дар мактаби олӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ӯст. Ин масъала яке аз муҳимтарин мушкилоти замони муосир ба шумор меравад. Дар замони шуравӣ масъалаи таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорон то ҳадде ҳалли худро ёфта буд, вале тайёр кардани устодони баландихтисоси математика мушкили ҷиддӣ боқӣ монд.

Ислом Ғуломов яке аз аввалин шахсиятҳо мебошад, ки ба ин масъала рӯй овард ва онро ба таври амиқ таҳқиқ намуд. Ӯ ин роҳро мустақилона, бе роҳнамоии касе оғоз кард ва тамоми душвориҳоро бо сабру матонат пушти сар намуд. Чунончи, гуфтаанд:

Барои аз тешаи худ ҷодаи худ,
Ба роҳи дигарон рафтан азоб аст.
Гар аз дасти ту кори нодир ояд,
Гуноҳе ҳам агар бошад, савоб аст.

Бо заҳмати пайваста ва меҳнати солҳо, моҳи декабри соли 2012 устод рисолаи доктории худро дар мавзуи «Тарбия ва тайёрии муаллимони математика дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити имрӯза» дар Шурои рисолаҳои доктории Донишгоҳи давлатии Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) бо муваффақият дифоъ намуд.

Аз соли 2013 инҷониб профессор Ислом Ғуломов вазифаи мушовири кафедраи математикаи олии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакиро ба уҳда дорад. Ӯ то ҳол бо неруи созанда дар пешбурди корҳои илмӣ ва таълимӣ саҳм мегузорад.

Муддати 60 сол аст, ки устод дар ҳамин донишгоҳ ҳамчун омӯзгори асил ва муҳаққиқи нотакрор фаъолият мекунад. Дар ин давра дар конфронсу машваратҳои зиёди илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва берун аз кишвар - Беларус, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва дигар ҷойҳо маърӯзаҳои пурмазмун ва илман асоснок ироа кардааст. Ин маърӯзаҳо боиси болоравии обрӯ ва нуфузи илми тоҷик ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб гардиданд.

Устод муаллифи монографияи мукаммале мебошад, ки дорои аҳамияти илмӣ, методӣ ва амалӣ аст ва бо ду забон - тоҷикӣ ва русӣ  таълиф шудааст: «Тарбия ва тайёр намудани муаллимони математика дар мактаби олии омӯзгории Тоҷикистон дар шароити имрӯза», Қурғонтеппа, 2009 - 138 саҳ.; «Воспитание и подготовка учителей математики в высшей педагогической школе Таджикистана в современных условиях», Душанбе, Промэкспо, 2012 - 218 саҳ.

Теъдоди китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва методии ӯ то имрӯз ба 30 адад расидааст. Аз ҷумла, китоби пурмазмуни ӯ «Таърих ва методологияи математика» дар дохил ва хориҷи кишвар шуҳрати хосса пайдо кардааст. Хонандагон тавассути мутолиаи он бо таърихи пурраи рушди илми математика ва шахсиятҳои маъруфи он шинос мешаванд. Шумораи мақолаҳои илмӣ, методӣ ва оммавии ӯ беш аз 170 адад мебошанд.

Ислом Ғуломов танҳо ба математика маҳдуд намешавад. Ӯ мақолаҳои зиёди ахлоқӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фалсафӣ низ таълиф намуда, дар ин самтҳо ҳам комёбиҳои назаррас ба даст овардааст.

Ислом Ғуломов ба зиёда аз 20 автореферати рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ тақриз навиштааст ва дар тарбияи як насли бузурги олимон саҳми арзанда гузоштааст. Шогирдон ва ҳамкорони ӯ мақолаҳо ва китобҳоеро бахшида ба фаъолияти илмӣ ва зиндагиномаи устод навиштаанд, ки дар онҳо эҳтироми самимӣ ва миннатдории ҷомеа ифода ёфтааст.

Имрӯз профессор Ислом Ғуломов ҳамчун устоди асил ва инсони бологавҳар бо фаъолияти пурсамари худ дар хидмати ҷомеа ва илми тоҷик қарор дорад.

Дар анҷом ба устод умри дароз, рӯзгори осуда, саломатии бардавом ва баракати зиндагиро таманно мекунем.

Самаридинова Зайнаб, дотсент, декани факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 

Шарипов Шамсиддин, муаллими калони кафедраи математика ва методикаи таълими они муассиса




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!