,
Шанбе, 27-сентябр
Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хосатан, забони англисӣ дар замони муосир яке аз шартҳои муҳимми раванди ҷаҳонишавӣ мебошад ва пешрафти босуръати илму техника талаб менамояд, ки дар мамлакат забони англисӣ, дар сатҳи баланд роҳандозӣ ва корбандӣ гардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронию мулоқот бо аҳли маориф ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, таъкид бар он менамоянд, ки мо забондон ва ҳамқадами замон бошем.
Яке аз нахустин санадҳое ки раванди омӯзиши забонҳои хориҷиро дар кишвар ба танзим медаровард, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1996, таҳти № 194 «Дар бораи такмили сохтори низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд. Тибқи ин қарор ҳангоми омӯзиши забонҳои русию англисӣ синфҳо ба гурӯҳҳои хурд (5-11 нафарӣ) бояд ҷудо карда мешуд, вале дар он солҳо кишвар гирифтори ҷанги шаҳрванди буд, ҳамчунин инфрасохтори лозима мавҷуд набуд. Қабули ин қарор нишонаи он буд, ки ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар маорифро новобаста аз вазъи мавҷуда нақши калидӣ медиҳанд.
Шурӯъ аз соли 2000 маориф самти афзалиятноки сиёсати кишвар эълон гардида, аз соли 2004 ислоҳоти низоми маориф шурӯъ гардид ва гузариш ба низоми таълими кредитӣ дар ду донишгоҳи пилотӣ – Донишгоҳи давлатии тиҷорат ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон амалӣ карда шуд.
Ҳамаи ин корҳои дар боло иҷрошуда заминаи сиёсати ҳукумати кишвар дар самти омӯзиши забонҳои хориҷро поярезӣ кард. Бо омӯхтани сиёсати кишвар дар самти омузиши забонҳои хориҷӣ метавон гуфт, ки он аз се марҳила иборат буд. Ҳар як марҳила бо қабули барномаҳои махсуси дахлдор оғоз меёбад.
Марҳилаи якум:
Бо мақсади ба зинаи сифатан нав баромадани омӯзиши забонҳои хориҷӣ 4 апрели соли 2003 фармони дахлдори Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон «Дар хусуси такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад, ки сиёсати забонии давлатро дар оянда муайян менамуд. Дар асоси фармони мазкур 2-юми декабри соли 2003 таҳти №508 Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004 – 2014 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии тасдиқ гардид, ки ин оғози марҳилаи якум аст.
Ин нахустин барномаҳои дахлдор дар самти омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар кишвар мебошад. Мақсади ва вазифаҳои барнома аз рушди забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, халқҳои муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва забони англисӣ ҳамчун яке аз забонҳои дар ҷаҳон васеъ паҳншуда маҳсуб ёфта, ҷорӣ кардани омӯзиши пайвастаи забонҳои фавқӣ шурӯъ аз муассисоти томактабӣ дар ҳамаи зинаҳои омӯзишӣ иборат буд. Навсозии мазмуну методҳои таълими забонҳои русию англисӣ мутобиқи Консепсияи миллии таҳсилотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодаю бозомӯзонидани мақсадноки мутахассисони миллии забонҳои русию англисӣ, фароҳам сохтани заминаҳои моддию методӣ, техникӣ ва асосҳои мӯътамади омӯзиши забонҳои русию англисӣ, ва таъмини асосҳои ҳуқуқии таълими забонҳои русию англисӣ дар бахши хусусӣ, тарғиби забонҳои русию англисӣ бо ёрии матбуоти даврӣ, телевизиону радио ва дигар чораҳое, ки боиси рушду такмили таълиму омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуд, ба ҳисоб мерафт.
Инчунин, дар асоси ин барнома нахустин китобҳои дарсии забони англисӣ барои синфҳои ибтидоӣ (2-4) луғатномаю фарҳангҳои дузабона таҳия ва нашр гардид. Кушодани ихтисосу факултетҳои дахлдор ва шуроҳои диссертатсионӣ самти дигари ин барнома буд.
Марҳилаи дуюм.
Пас аз бомуваффақият татбиқ гардидани барномаи нахустин, 3-юми июли соли 2014 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №427 “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” қабул гардид. Қабули барномаи мазкур оғози марҳилаи дуюм ва, инчунин, дуюмин барномаи дахлдор дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар кишвар мебошад.
Мақсад ва вазифаи Барнома рушд, такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳадафҳои дар барномаи нахуст гузошташуда, инчунин, вазифаҳои навбатии рушди забони русӣ ва англисӣ дар фазои таълимӣ ҳамчун забони фазои умумитаълимӣ воситаи муоширати байналмилалиро муайян мекард. Азнавкунонии босифати мазмуну мундариҷа ва такмили услубу усулҳои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ мутобиқ ба стандартҳои давлатии таҳсилот. Мақсаднок омода намудани мутахассисони баландихтисоси забоншиносӣ дар самти омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, бозомӯзии кадрҳои педагогӣ дар ин самт. Ташакккули забондонии самарабахш, муоширати байнифарҳангӣ, озодона истифода бурдани забонҳои русӣ ва англисӣ дар фаъолияти касбӣ ва амалӣ. Омода намудани барномаҳои таълимии санҷидашуда, модулҳо ва лоиҳаҳо доир ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ.
Инчунин тибқи барномаи мазкур ташкил кардани шуроҳои дисертатсионӣ, таъбу нашри луғатномаҳо, кушодани ихтисосҳои нави дахлдор, зиёд кардани Квотаҳои президентӣ дар ин самт, ба хориҷа фиристодани донишҷӯёну омӯзгорон ва табодули онҳо дар назар гирифта шуда буд. Аз он ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ихтисосҳои нав «Забонҳои англисӣ-олмонӣ» ва «Забонҳои англисӣ-хитоӣ» (2015) дар ин марҳила таъсис дода шуданд. Қобили зикр аст, ки табдил додани номи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода расман ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода тибиқи ин барнома амалӣ карда шуд.
Марҳилаи сеюм.
Марҳилаи сеюми сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омӯзиши забоҳои хориҷӣ аз соли 2020 оғоз гардид. Бо мақсади муайян намудани мушкилоти мавҷуда дар соҳаи таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, дарёфти роҳҳои имконпазири ҳалли онҳо ва муҳайё намудани шароит баҳри рушди таҳсилоти бисёрфарҳангию бисёрзабонии насли наврас бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №438 «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба тасвиб расид. Барномаи мазкур якҷо бо стандартҳои давлатии таҳсилот, ки тибқи қонунгузорӣ тасдиқ шудаанд, такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ муайян менамояд. Барномаи мазкур нисбат ба барномаҳои қаблӣ фарогиртар мебошад.
Дар баробари мақсад ва вазифаҳои ду барномаи қаблӣ, ҳадаф ва вазифаҳои ҷадид пеш гузошта шуд. Мақсади асосии барнома фароҳамсозии шароити нав барои такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ бо мақсади ворид шудан ба фазои байналмилалии коммуникативӣ, таҳия ва тасдиқи барномаҳои таҳсилоти зинадори забономӯзӣ дар асоси стандарти байналмилалии омӯзиши забонҳо мебошад.
Вазифаҳои асосии барномаи мазкур дар 14 банд тазаккур ёфтааст. Аз қабилӣ, таҳияи барномаи таълимӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ, такмили низоми таҳсилоти муттасили бисёрзабонӣ (томактабӣ, умумӣ, касбӣ, баъдидипломӣ ва амсол ба инҳо). Таҳия намудани луғатҳои рақамии тафсирӣ ва дузабона (тоҷикӣ-русӣ, русӣ-тоҷикӣ, тоҷикӣ-англисӣ, англисӣ-тоҷикӣ ва монанди инҳо), аз ҷумла, луғатҳои истилоҳот бо дастрасии озод дар шабакаи Интернет, таъмини муассисаҳои таълимии тамоми зинаҳои таҳсилот бо кадрҳои педагогӣ, ташкил ва гузаронидани курсҳои забономӯзӣ дар давраи таътили тобистона дар муассисаҳои таълимӣ, дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он, ворид кардани таҷрибаи забономӯзӣ дар давраи таътили тобистона.
Омӯхтану самаранок ва дар асоси талаботи давр аз бар намудани забонҳои хориҷӣ яке аз шартҳои асосии муваффақ шудан ба ҳадафҳои давлату ҳукумат мебошад. Айни замон ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди бархӯрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ қарор дорад. Ин раванд наврасону ҷавонон алалхусус мо-донишҷӯёнро вазифадор менамояд, ки аз забонҳои хориҷӣ огаҳ бошад, зеро яке аз воситаи ҳифзи арзишҳои миллӣ донистани забонҳои хориҷӣ мебошад. Забони хориҷӣ инчунин, метавонад пуле бошад, ки ду соҳилро ба ҳам мепайвандад, халқу миллатҳои гуногунзабонро ба ҳам ошно месозад, ки ин низ яке аз ҳадафҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.
Бегими Шарифӣ - донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ